Пули аксизро кӣ супорад ширкатҳо ё мардум?

Илм ва фановарӣ 07.06.2012 16:32

networkСар аз 1 июни имсол арзиши истифода аз Интернет дар Тоҷикистон беш аз чаҳор дарсад боло рафтааст.

Ба гуфтаи Парвина Ибодова, раиси Анҷумани фароҳамгарони Интернет дар Тоҷикистон, ин амр дар ҳоле сурат мегирад, ки додгоҳ ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернетро барои пардохти андози аксизӣ (3%) муваззаф кардааст.

Ӯ мегӯяд, якуним соли пеш Кумитаи андози Тоҷикистон аз ширкатҳои фароҳамсози интернет ва мобилии кишвар талаб карда буд, то 3 дарсад андози аксизиро пардохт кунанд. Ширкатҳои мобилӣ аз ҳамон давра ба пардохти ин намуди андоз шурӯъ карданд. Аммо ширкатҳои дастраскунандаи Интернет тасмими мазкурро ғайриқонунӣ арзёбӣ намуда, ба додгоҳ шикоят бурданд ва аз пардохти он сарпечӣ карданд. Ва тӯли ин муддат онҳо ба порлумон, раисиҷумҳур ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон муроҷиат карда, хостори бекор кардани андози аксизӣ барои фароҳамгарони Интернет шудаанд. Аммо ин талошҳо натиҷае ба бор надода, акнун бо қарори додгоҳ ширкатҳои фароҳамсози интернет ногузир бояд ба буҷаи давлат 3 дарсад андози аксизиро ҳам пардохт намоянд.

Парвина Ибодова меафзояд, додгоҳ ин ширкатҳоро ҳамчунин муваззаф кардааст, ки андози мазкурро барои соли 2011-ум ва шаш моҳи соли 2012 низ аз ҳисоби даромадҳои худ пардохт намоянд. Ба қавли ӯ, бори андози аксизӣ ба дӯши муштариён меафтад.

Эҳтимол меравад, пардохти қарзи якунимсолаи андози аксизӣ ширкатҳои хурди фароҳамсози интернети Тоҷикистонро ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад кард. Порлумони Тоҷикистон қонун дар бораи андози аксизӣ барои фароҳамкунандадони Интернет ва ширкатҳои мобилиро ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 тасвиб карда буд.

Он замон вазири молияи Тоҷикистон, Сафаралӣ Наҷмуддинов, гуфта буд, ки роҳандозии андози аксизии сефоиза ба давлат имкон медиҳад, солона 30 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ба буҷа ворид намояд. Ин маблағҳо ба гуфтаи вазир, барои коҳиши мизони камбизоатӣ равона хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки корбарони аслии Интернет дар Тоҷикистон хонаводаҳои муҳоҷиронанд, ки ба хотири муошират бо фарзандони фарсахҳо дури худ аз он истифода мекунанд. Ба хусус фароҳам шудани интернет тариқи телефонҳои мобил ахиран ин шароитро фароҳам оварда буд, ки муҳоҷирон бештар бо хонаводаҳои худ тамос барқарор кунанд. Рӯз аз рӯз болоравии қимати билети ҳавопаймо ва эҷоди мушкил дар роҳҳои қатори сарҳадгузар, ба хусус Узбакистон монеъи дидорбинии муҳоҷирон аз ёру диёр шудааст ва хеле аз муҳоҷирони кории тоҷик мегӯянд, роҳкирои худро ба хонавода ирсол карда, бо суҳбат тариқи телефони мобил ва Интернет бо онҳо иктифо мекунанд.

Бо вуҷуди он ки тайи солҳои охир раванди муҳоҷират мушкилтар мешавад ва муҳоҷирон таҳти фишорҳои сиёсиву равонӣ қарор гирифтаанд, ҳеч сабукие аз сӯйи давлати Тоҷикистон барои онҳо дода намешавад. Ҷорӣ кардани аксиз ва бо ин баҳона чор дарсад боло бурдани қиммати интернет, яке аз воситаҳои муколамаи муҳоҷирон бо хонаводаҳояшон аст, мушкили навбатист, ки гулӯгири ин қишри осебпазири ҷомеа хоҳад шуд.

Тибқи омори расмӣ шумори истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафар арзёбӣ мешавад, ки аксарият тариқи телефонҳои мобилӣ аз он истифода мебаранд. 

Аксиз чист?

Ба хотири он ки дар мавриди аксиз дар матбуот тайи чанд соли ахир зиёд гуфта мешавад. Шояд хелеҳо аз ин навъи андоз огоҳ нестанд ва сарфаҳм нахоҳанд рафт, ки чӣ мегузарад. Аз ин рӯ қарор додем, то ин ҷо ин навъи молиётро шарҳ бидиҳем.

Асосан аксиз ҳамчун андози федеролӣ маҳсуб мешавад, ки болои маҳсулоти масруфии умум вазъ карда шудааст. Дар бештари маврид ба чунин маҳсулот, маҳсулоти машруботӣ ва сигор дохил мешаванд.

Фақат маҳсулотҳое, ки ба территорияи кишвари муайян кашонида мешаванд, мавриди пардохтҳои гумрукӣ қарор мегиранд. Дар маҳсулотҳои кашонида шуда, аксиз дар дохили хоки кишвар таҳмил карда мешавад.

Аз он ҷост, ки тавлидкунанда қаблан арзиши аксизро бо арзиши коло якҷоя месозад, ки худи истеъмолкунанда барои он маҳсулот ҳақ пардохт менамояд. Бештари мамолик аз ҳисоби андози аксизи даромади зиёде ба даст меоранд, ба унвони мисол Русия то инқилоб бо таври амалӣ нисфи пули буҷаи давлатиашро аз ҳамин ҳисоб ба даст меовард.

Ин равиши ба даст овардани фоида бисёр муассир маҳсуб мешавад, зеро ки маҳсулот ба кишвар ба таври доимӣ ворид мешавад. Махсусан он вақт ки рӯйхати маҳсулотҳои аксизӣ бештар бошад.

Бештари колоҳо шояд якуним баробар қиматтар шаванд, ба ин хотир ки аксиз 50% фисадро аз колоҳои истеҳсолшуда ташкил менамояд.

Ба молҳое, ки он қадар фоиданок нестанд, давлат андози аксизӣ ҷорӣ намекунад, зеро бе ин ҳам фоидаи он андак аст. Ба унвони мисол, агар сигор ва маҳсулоти машруботиро аҳолии кишвар бисёр харидорӣ намоянд, мусалламан аксизи дар болои онҳо фоидаи зиёд ба даст меоварад, нисбат ба аксизҳое, ки болои васоити автомобилӣ, ё худ чангкашак мегузоранд.

Ин намуди андозро на танҳо истеҳсолкунандаҳо, балки фурӯшандаҳо низ пардохт менамоянд. Барои он рӯйхати маҳсулотеро, ки андози аксизӣ муқаррар шудааст, давлат акти қонунгузории махсус тартиб медиҳад.

"Дар бораи аксиз" - аз ҳама бештар ба таври сода  ва аниқ  дар актҳои Русияи Федеративӣ дарҷ ёфтаанд. Зераксизҳои маҳсулотро худи ҳукумат ҷо ба ҷо гузорӣ хоҳад кард. Ин аз он дарак медиҳад, ки ҷо ба ҷо кардани нархи андози муайяншуда, ки тадриҷан нархи маҳсулот дар кишвари мазкур боло рафта истодааст.

Пардохт барои андози аксизӣ метавонад моҳона, ё ба таври кварталӣ бошад, ин бештар аз намуди истеҳсолот бастагӣ дорад. Инчунин зарур аст, то ҳисоботи муфассал дар ниҳодҳои хадамоти андоз пешкаш намоянд.  Формулаҳо барои чунин ҳисоботҳо дар қонунҳои дар бораи аксиз гузаронида шудаанд.

Озод намудани корхонахо аз чунин андозҳо, фақат ба воситаи зераксизи маҳсулот, ки барои содирот истеҳсол шудааст ба роҳ монда мешавад. Агар фаъолияти миёнаравиро иҷро намоянд бо истеҳсоли чунин маҳсулот, дар ин маврид аксизҳое, ки пардохт шуда буданд, баъд аз он ҳатман баргардонида мешаванд.

"Миллат"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97