Тухмдузд рӯзе Айфон медуздад

Илм ва фановарӣ 30.11.2011 08:50

_iphone-3gsДунёи муосирро бидуни телефони ҳамроҳ тасаввур кардан имконнопазир аст. Имрӯз ҳар фард навобаста аз чӣ кора будан, ногузир ҳамеша бо касе дар тамос аст. Аммо телефони мобилӣ дардисарҳое ҳам дорад. Масалан, гум кардани телефони мобилӣ аз ҷумлаи ин дарди сарҳост. Бино ба маълумоти вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, тайи як соли ахир 2969 далели дуздӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 2719 ҳодиса ошкор шуда, 250 далели дигар норӯшан боқӣ мондааст, Маҳмадулло Асадуллоев, сӯхангӯи вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, мегӯяд, "ба вазорат аз тарафи шаҳрвандон аризаҳои шикоятии зиёд ворид шудааст, ки бисёре аз он бо ҷурми телефондузӣ аст.

Айфон -1000$

Як дӯстам ҳафтае қабл бо маблағи 500$ аз фурӯшгоҳи марказӣ телефони ширкати Айфон харид. Вақте ба бозор меравад, онро аз ҷайбаш медузданд. Ӯ мехост, ба милиса муроҷиат кунад, вале дӯстонаш мегӯянд, ки ёфтани дуздон кори осон нест ва ба ӯ сад дар сад кафолат дода намешавад.

Шаҳноз Комилзода, рӯзноманигор, соле қабл дар нақлиёт бо телефонаш сӯҳбат мекунаду сипас онро ба ҷузвдонаш мегузорад. Мегӯяд, дар вақти аз нақлиёт фаромадан ҳушаш ба кӯдаконаш банд буд ва аз ин фурсат истифода бурда, дузде телефонашро рабудааст.

Гуфта мешавад, дар кишварҳои пешрафта, агар нафаре телефонашро гум кунад, сарфи назар аз он ки кадом симкорти дигар ба он телефон гузошта мешавад, ба воситаи як асбоби махсуси дарёфти рақамҳои мушаххаси телефон онро зуд меёбанд. Дар Тоҷикистон низ чунин асбобҳо вуҷуд доранд, ки онро IMEI (International Mobile Equipment Identity) меноманд, ки дар ҳар як телефон рақами хосе гузошта мешавад ва аз рӯи ин бо дархост кардан ба вазорати корҳои дохилӣ пайдо намудани телефон осон аст.

Шоҳонаи Бегмуҳаммад, донишҷӯи ДМТ, телефони навъи "Самсунг"- ашро дар дохили нақлиёт гум кард, пас аз чанд моҳ ба телефонбозор меравад. Он ҷо нафаре телефонеро ба ӯ нишон медиҳад, ки айнан мисли телефони худаш аст, ҳатто сабти мусиқиҳояш ҳам ҳамон, вале аз аксҳо осоре нест: "Аз фурӯшанда мепурсад, ки ин телефонро барои чӣ мефурӯшад ва он аз кӣ аст? Телефондузд ба ӯ нигоҳ кардау "аз апаам" гуфта, ғайб мезанад".

1 сомонӣ барои ворид шудан ба бозор

Бо қарори шаҳрдории Душанбе аз моҳи марти соли гузашта барои хариду фурӯши телефонҳои мобилии истифодашуда бозори хосе таъсис шудааст. Сардори ин бозор Ҷамшед Хоҷаев мегӯяд, "дар сари роҳҳо аввал телефонҳоро мефурӯхтанд ва дар он ҷо қонуншиканиҳои зиёде аз қабили занозанӣ ва монанди инҳо мешуд, мо аз ин сабаб ҷои алоҳидаеро муайян кардем. Ин ҷо нисбати кӯча амнияташ таъмин аст ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ назорат мебаранд, ки қонуншикание аз тарафи шаҳрвандон рӯй надиҳад". Дарвоқеъ вақте мо вориди телефонбозор шудем, беш аз 1000 нафар онҷо буданд ва ҳар нафаре, ки вориди Телефонбозор мешуд, як сомонӣ пардохт мекард. Ҷамшед Хоҷаев дар шарҳи ин мавзӯъ мегӯяд: "Мо бо маблағи худ ин ҷойро сохтем ва бояд сарфи онро пардохт кунем. Мо кӯшиш мекунем бо ин маблағ мағозаҳои алоҳида барои фурӯши телефонҳо созем". Инчунин, ӯ афзуд, ки ба нафароне, ки телефонҳои мобилии худро гум кардаанд ва ё дар ин ҷо телефонҳои дуздӣ мефурӯшанд, ҷавобгар нестанд.

Мо аслан нияти бо сардори бозор ҳамсӯҳбат шуданро надоштем ва мехостем бо фурӯшандаҳо ва харидорон гуфтугӯ кунем. Ҳамкорам хост, ин додугирифтро аккосӣ кунад, дар ин ҳангом ду ҷавон омада, ӯро бо худ бурданд. Баъд аз чанд дақиқа ӯ омад ва гуфт, ки "шаҳодатнома дорӣ"? Гуфтам: Оре. Ва ҷузвдонамро дидам, ки шаҳодатномаам дар ҷузвдони дигарам мондааст ва худ назди сардор рафтам, ба ӯ фаҳмонидем, ки бо супориши ҳафтаномаи "Миллат" омадаем, ки вазъи телефонфурӯширо гузориш кунем. Сардори бозор маро огаҳ кард, ки бидуни шаҳодатнома ва бе иҷозати онҳо мо ҳуқуқи ворид шудан ва акс гирифтанро надорем. Сабаб пурсидем, гуфт, ки Телевизиони "Сафина" ва аз як ҳафтанома омада, бе иҷозати мо ҳар гуна наворҳо гирифтаанд ва мақолаҳои танқидӣ навиштаанд.

Аммо ҳадафи мо гузориш аз вазъи телефонбозор набуд, балки дар ҷустуҷӯи телефони соҳибони аслӣ гузорамон ин ҷо афтода буд.

Дилам сӯхту телефонамро додам, вале…

Нафароне низ ҳастанд, ки бо роҳи фиреб телефони нафари дигарро аз они худ кардаанд. Беҳрӯз Дӯстов, сокини шаҳри Хуҷанд аз зумраи онҳост, ки нафаре аз ӯ хоҳиш мекунад, то телефонашро барои як дақиқа ба ӯ бидиҳад ва бо ҳамин ғайб мезанад. Беҳрӯз гуфт: "Боре бегоҳӣ бо як дӯстам ба маҳаллаи "Пивзовод"-и Душанбе рафтем. Азбаски тобистон буду ҳаво гарм каме барои рафъи хастагӣ оби ҷав (пиво) нӯшидем. Рафиқам бо ман хайрухуш карду рафт. Ман нишаста оби ҷав менӯшидам, ки як марде ба наздам омада, иҷозаи нишастан пурсид. Бо ӯ ҳамсӯҳбат шудему дар бораи якдигар каме маълумот пайдо намудем. Он мард аз он ки нӯшида будам, истифода карда телефонамро, ки дар рӯи миз буд гирифта гуфт, ба якҷо занг занам? Ман бе ягон дудилагӣ розӣ шудам. Ӯ телефонро гирифту куҷое занг зад, баъд гуфт, ки шахси зангзадааш банд асту пасон аз нав зангаш мезанад. Ман хуб гуфтам. Баъди 5 дақиқа телефонро гирифту боз занг зад. Гуфт, ин ҷо алоқа хуб нест, садоро хуб шунида намешавад ва аз бино берун баромад. Баъд аз чанд дақиқаи интизорӣ хостам телефонамро бигираму ба хона равам. Аз думболаш берун баромадам, аз ӯ дарак набуд. Телефони пешхидматро гирифта, ба рақамам занг задам, вале аллакай хомӯш буд". Аз сабаби он ки Беҳрӯз барои истироҳат ба Душанбе омада буд, натавонистааст, ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар бораи "дӯст"- и наваш, ки телефонашро дуздида буд, хабар диҳад.

Муҳсин Эшназаров низ аз зумраи онҳост. Ӯ афзуд, ки чандин маротиба телефонҳояшро гум карда ва ягон маротиба ба милиса муроҷиат накардааст, зеро ба қавли ӯ "намедонистам, ки дар куҷо онро гум кардам, дар донишгоҳ, дар нақлиёт ё дар роҳ, аз ин хусус ба касе муроҷиат накардам".

Агар хоҳед, ба ин мушкилиҳо гирифтор нагардед, беҳтар аст, ки телефонҳои арзонро харидорӣ кунед. Пас агар ин тавсияро ба назар гиред, итминон дорем, ки телефонҳоятонро гум нахоҳед кард, чун назари дузд ин гуна телефонҳоро намегирад.

Зимнан, аз рӯи омори Созмони Милали Муттаҳид қариб нисфи аҳолии дунё аз телефони мобилӣ истифода мебаранд. Аз ҳама афзоиши зиёди шумораи истифодабарандагони телефони мобилӣ ҳоло дар Африқо ба мушоҳида мерасад.

Фархундаи ФУРҚАТДУХТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97