Вақте аробаро пеш аз аспҳо мебанданд…

Илм ва фановарӣ 12.08.2011 09:56

Asp ho ba pesh 02Калимаҳои калидӣдониш, маориф, ҷомеъа, Қуръон, сарвати маданӣ, худӣ, қудрат, Макаренко, Лотард, хурофот, «бӯҳрони ҳаққоният», машруияти дониш, «ҷомеъаи театрикунонидашуда», технология... 

АГАР ДАВРАИ ГУЗАРИШ АСТ, БО ИН АҲВОЛ БА КУҶО ГУЗАШТАНИЕМ?
Бӯҳрон (кризис) ин як нуқтаи гардиш дар ҷомеъа аст. Ин рӯйдодест, ки зиндагии мардум дар ҷомеъа ва умуман ҳаёт ё беҳтар ва ё бадтар мегардад.  Дар Тоҷикистон инсоне, ки қобилияти фаҳмидан ва дидани он сӯи суратҳо, калимаҳо ва доду фарёдҳои гуногуни мансабдорон ва мансабталабони ин ҷомеъаро дорад,  хоҳад дид, ки бӯҳрони ҳамарофарогиранда вуҷуд дорад ва ҷавҳари онро ҳолати бади маориф ва дониш ташкил медиҳад. Имрӯз шояд ҷомеъаи Тоҷикистон ягона ҷомеъа бошад, ки дар он дониш ва таҷриба амалан қадр карда намешаванд; арзишҳои ҳувияти ягонаро дар китобҳои дарсӣ ва дар ҳаёт дар муқобили ҳам дар ҳолати ҷанг ниҳодаанд, пул ба он хотир дода мешавад, ки дониш нагиранд (баҳо, шаҳодатнома, дипломҳоро мехаранд); маънавиёт қадр карда намешавад; вазифаҳоро мехаранд ва ё чун «тӯҳфа» мегиранд; дониш дар вуҷуди инсонҳо ва ҷомеъа кор намекунад; ҳаққонияти дониш дар ҷомеъа гум шудааст ва он дигар ойинаи зиндагии мардум нест; ҳамбастагии иҷтимоии байни иқтисод, сиёсат ва иҷтимоиёту фарҳанг вуҷуд надорад; одамон дар бораи вазъи зиндагии хеш бештар аз рӯи тағироти сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои беруна хулоса мебароранд ва дар дохил дониши яқини ҷомеъаи худро надоранд; алоқамандии донишро бо истеҳсолот наметавон дидан; ҷавонони зиёд дар ҷустуҷӯи кор на ба дониш, таҷриба ва  маънавиёт, балки ба «бадан» ва ба «бозу» такя мекунанд… Вазъи дониш ва маориф гувоҳ аст, ки чӣ гуна ҷомеъа дорем, чӣ гуна мутахассисонро тайёр мекунем ва ояндаи ҷомеъаи мо чӣ гуна хоҳад шуд. Зиёд мегӯянд, ки  «ин як давраи гузариш аст», вале агар гузарише бошад мо бо ин аҳвол ба  куҷо гузашта истодаем? Ин саволест, ки ҳар як тоҷики соҳибфикр, ҳатто ғайри иродаи ӯ ҳам бошад,  бояд дар бораи он биандешад ва ҷавоби дуруст пайдо кунад.

МАОРИФ, МАОРИФ ВА БОЗ ҲАМ МАОРИФ!!!

Дониш ва маориф дар давоми ҳазорсолаҳо барои Тоҷикон, навобаста ба он ки дар кадом системаи сиёсӣ ва фазои дониш ва илмӣ зиндагӣ накардаанд,  ҷузъи муҳим дар сохтмони худии (ҳувияти) онҳо   буд ва онҳо метавонистанд ҳар давре, ба истилоҳи ҷомеъашиноси маъруф Пиер Бордюе,  «сарвати маданиро» ба вуҷуд овардан. Набудани ҳамбастагии иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ- фарҳангӣ дар ҷомеъа бойиси вайрон шудани ҳамоҳангии дониш, маориф, худӣ (шахсият) ва қудрат дар ҷомеъа  шудааст ё баръакс. Ин ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангиро ба вуҷуд овардан вазифаи аввалин ва муқаддаси ҳар як давлат ва яке аз шохаҳои муҳими он роҳбарӣ дар маориф буд.  Беҳуда  собиқ сарвазири Британия Тони Блейр такрор намекард, ки бунёди ҳама чиз ин “Education, Education and Education” (Маориф, Маориф ва Маориф)  аст  ва англисҳо мӯътақиданд, ки  маориф худ болои се «R», “Reading, Writing and Arithmetic” (аз рӯи овози калима), меистад. Аз он ки дар мамлакати мо, ки аз англисҳо бештар ба дониш ва маориф арзиш қойиланд, дониш ва маориф ба ҷои раҳоиши ҷомеъа ба  мушкилоти тамоми ҷомеъа табдил ёфтаааст, метавон гуфт, ки роҳбарӣ дар маориф (educational leadership)  аслан суст аст ва ҳанӯз аз чорчӯбаи системаи маорифи даврони Шӯравӣ набаромадаанд ва қудрат ва қобилияти моҳияти онро дигар кардан ҳам надоранд...

ҶОМЕЪАИ ФАҚИРИ МО ВА Ё “ХОНДАГИҲО ЧӢ ШУДАНД?”

Бешак ин таназзули ‘худист”,  ки гурӯҳи  мавқеъи роҳбарӣ дар маорифро дошта худ ба он гирифторанд ва  аз сабаби надоштани дониш ва таҷрибаи худӣ ва дигарон  ба саддӣ амал кардани дониш ва маориф дар ҷомеъа гаштаанд. Вале чун амиқтар дар ин масъала фикр кунем хоҳем дид, ки ин як вазъияти мураккабтар аз он чӣ  аст, ки мебинем. Ин вазъро набудани бозори озоди иқтисодӣ, нагузаштани либерализасияи сиёсӣ ва кор накардани арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои Тоҷикӣ ва умумиинсонӣ дар ҷомеъа, ки бо ҳам сахт бофтаанд ва ба дониш ва маориф имкони нафас рост кардан ва ҳаракат медиҳанд, ба вуҷуд овардаанд. Ҳолате, ба вуҷуд омадааст, ки оила ва мактаб дигар қобилияти тарбия кардани инсони қобили ҳаётро барои ҷомеъа надоранд. Ҷомеъаро бо мактаб ва оила дар муқобили ҳам қарор додаанд. На ҳама ҷомеъаро аз худ мебинанд ва ин саволоти оиладору мактабдорҳост, ки оё ҳамин  ҷомеъаи барномаҳои TV аз они мост? Дигар ин ки тайёр кардани инсон ба чӣ гуна ҷомеъа? Оё ҳамин ҷомеъаи пароканда ва фақир,  ки имрӯз мо дорем,  метавонад намунаи ҷомеъаи солими инсонӣ бошад? Чаро ҷомеъаи мо ҷойе нест, ки дар он инсонҳо тахайюлот, хоҳишҳо, қобилиятҳои худро амалӣ созанд? Чаро пояҳои бунёдии ҷомеъаи мо, яъне ақл ва имон кор намекунанд? Чаро мо дар бораи худ ва ҷомеъаи худ ба ғайр аз ахбори таърихӣ ҳеҷ дониши дигар надорем? Ин ҳама ҷузъи саволҳоест, ки вақт пеши мо гузоштааст ва муаллифи мақолаи мазкур кӯшиши ба онҳо ҷавоб доданро кардааст, вале ин саволҳоро мебояд дар воқеъияти мардум ҷавоб дод.  Оре, ба ҷуз мо қариб ҳама инсоният ин мушкилоту бӯҳронҳоро аз сар гузаронидаанд, балки ҳолати бадтаре аз Тоҷикон доштанд, вале худшиносиро гум накарданд ва  офарандагони  «сарвати мадании»  худ- муаллимон, олимон ва фарҳангиёни дигарро  ғорат ва ба сарҳади нестӣ нарасониданд. Ин сарватест, ки аз арзишҳо ва ормонҳои ҳазорсолаи оила ва мактабдорӣ ҷон мегирад ва оила, мактаб ва ҳама таркибҳои ҳаётро зинда нигоҳ медорад. Ин сарват, ки ҷомеъаро аз нав метавонад зинда кардан тақдираш бо як сухани мардуми омӣ хулоса шудааст, ки  «хондагиҳо чӣ шуданд?»

МАОРИФ, АСП, АРОБА ВА СУҚУТИ ШӮРАВӢ

Дон Кихот ва Ҳамлет персонажҳое буданд, ки ҳосили бархурди суннат ва дунёи нав (modernity) буданд, вале имрӯз дар Тоҷикистон дар рӯзгоре, ки дунёи нав, воқеъияти нав ва ҳастиро рӯ ба рӯем, ҳамон падидаи шинохтаи тамаддун ва фарҳанги тоҷик - сустаносирро -  метавон дучор шуд,  ки тоқати дардро надорад, мушкилотро рӯ ба рӯ шудан намехоҳад ва дар ҳама сатҳҳо дастнигаранд ва роҳи осони ҳалли мушкилоти худро меҷӯяд. Ин гурӯҳ дониш ва маорифро, ки сарчашмаи қудрат ва сохтмони худӣ, муҳаррики асосии ҷомеъа ва фарҳанганд, ба тормози он табдил додаанд, яъне аробаро пеш аз аспҳо бастаанд. Дониш ва маориф бояд ҳаракати созандаро ба вуҷуд биёранд ....

“Бисёр вақт ҳастии моро на  хулосаҳои ақлонии мо, балки хурофотҳои мо шакл медиҳанд.”

Ҳанс Георг Гадамер
Таърихи тафаккури Тоҷикон шоҳид аст, ки ин мардум аз қадим боз соҳиби фикри таҳлили –танқидӣ (фалсафӣ) буданд, ба ақл имон доштанд  ва шинохта буданд ки дониш ва маориф дар сохтмони худӣ ва инчунин ҷомеъа нақши бунёдӣ дорад. Ба хусус дар даврони Шӯравӣ дар шинохти ин масъала се таҷрибаи зарурӣ ва равшанро  аз сар гузарониданд ва ин се таҷриба бояд бораи онҳо сахт омӯзанда мебуд. Аввал  бояд меомӯхтанд, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол бунёди ҷомеаи худро бо мустаҳкам кардани  сатҳи донишҳо бораи шинохти инсон,  ҷомеа  ва дунё ва инчунин илмҳое, ки боиси тараққиёти ҷомеъа мегарданд, оғоз   мекунад. Аз ин рӯ ба роҳбарияти дуруст дар маориф  ниёз дорад. Дуввум,  аз як тараф диданд ва ҳис карданд, ки чӣ гуна илм ва дониш истеҳсолотро ба вуҷуд меорад, симои ҷомеъаро ва сифати ҳаётро дигар мекунад. Барои ба ин сатҳи тараққиёт расидан илм ва дониш дастраси ҳамагон шуд ва дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва пажуҳишгоҳҳо беҳтарин роҳҳои донишомӯзӣ ва таҷриба ба роҳ монда шуда буд. Сеюм,  аз тарафи дигар шояд донистанд, ки дониш дар сохтмони худӣ ва ҷомеъа нақши асосӣ дорад, вале аз ҳад зиёд ба идеологияи яктарафа дода шудан дар Шӯравии собиқ сабаби қафомониҳо ва маризиҳои ҷомеъа гардид. Махсусан улуми иҷтимоӣ  натавонист ба таври даркорӣ тараққӣ кунад, ки ин бойиси набудани озодии фикр ва шикасти фардият ва оқибат суқути Шӯравӣ гардид.

БОЗОР СОБИР ЧӢ ГУФТАН МЕХОСТ?
Ва шояд ин аз маризиҳои давраи Шӯравӣ буд ва ё мо аз шароби «озодӣ» ва «истиқлол» саргаранг будем, ки  аз рӯзҳои аввали пош хӯрдани Шӯравӣ ба идеологиябозии «ҷаҳонӣ» ва «маҳалӣ» овора шуда, масъалаҳои асосии бунёдиро фаромӯш кардем. Ҳарчанд, ки истеҳсолот ва иқтисодиёти мустаҳкам доштем, вале чун ҷомеъа аз тарафи дигарон ташкил ёфта ва идора карда мешуд, маризиҳои таърихии тоҷикон ба мисли маҳалчигӣ, худшиканӣ, худкамбинӣ ва  душмантарошӣ, ки дар даврони шӯравӣ ба таври пинҳонӣ вуҷуд доштанд, ба ҷойи нест шудан аз ниқоб баромада, пурқувваттар ва боз дар ниқобҳои нав пинҳон шуданд. Аз он сабаб ин маризиҳо дар муносибати байни тоҷикон аз байн нарафтанд, ки роҳбарияти онвақтаи Тоҷикон «давлат», «миллат» ва «ҷумҳурият»- ро аз дигарон ҳамчун тӯҳфа қабул карда имконияти   дар маънии онҳо дигаргунӣ ворид карданро надоштанд ва дар системаи дониш ва маорифи шӯравии мо арзишҳо ва ормонҳои миллии мо ба таври даркорӣ кор намекарданд. Ва роҳбарияти ҷумҳурӣ дар ин масъалаҳо аз бозии ҳақиқатҷӯӣ дур монда, бештар ба сиёсати «тақсим куну ҳукмронӣ намо» машғул шуд ва бо он ҳама имкониятҳо,  ки давлати Шӯравӣ барои тараққиёти илм ва истеҳсолот фароҳам оварда буд, натавонист маданиятҳои парокандаи маҳаллиро ҳамчун як миллат ҷамъ кунад. Шояд устод Бозор Собир ҳаминро дар назар дошта гуфта буд, ки  «ленинободиҳо миллат сохта натавонистанд, инҳо ҳам наметавонанд, агар...».  Албатта наметавон аз роҳбарияти собиқ аз ин зиёдтар талаб кардан зеро ки имкон надошт, ки мо худро аз ҷомеъаи халқиятҳои дигари Шӯравӣ, аз роҳи пешгирифтаи «партияи ҷоноҷон», берун ва мустақил ҳатто тасаввур кунем, эълон кардан он тараф истад.

БО ЯК МАҲАЛ НАМЕТАВОН МИЛЛАТ СОХТ

Бо вуҷуди ин рӯйдод метавон гуфт, ки ба диктатураи сахти шӯравӣ ва нобуд шудани қариб ду насли огоҳи тоҷик нигоҳ накарда, тоҷикон тавонистанд арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳои худиро то ҷое дар барномаҳои дарсӣ ва таҳқиқотии мактабҳо, донишгоҳо ва пажӯҳишгоҳҳо дохил намоянд. Дар даҳсолаҳои охирини давлати Шӯравӣ буд, ки ҷавонони Тоҷик  ба рӯҳи илм ва тафаккури асли суннатии Тоҷикон, махсус аз асарҳои Акбари Турсон, Мӯсо Диноршоев ва дигарон, акнун шинос мешуданд. Имрӯз, хушбахтона ба мушкилиҳои дохилӣ ва беруна нигоҳ накарда, мо имконият дорем ин маданиятҳои- зебои тоҷикии маҳаллиро ба сатҳи миллат расонем ва дар ин роҳ нақши асосиро дониш, илм ва маориф  метавонанд бозидан.  Инчунин илм ва дониш метавонанд сабаби пешравии ду омили муҳими дигари барои тараққиёти миллат ва мустаҳкамшавии давлат муҳим, яъне  институтҳои боэътибор дар байни ом (public) ва инкишофи роҳҳои махсуси ташкили истеҳсолот ва савдо (иқтисодиёт), бошанд. Ва дар ин роҳ мебояд,  маризиҳои таърихӣ ва имрӯзаи хешро, махсусан маҳалчигӣ ва фасодро,  шинохт ва аз хатогиҳои миллатҳои пешрафта омӯхт. Шояд имрӯз Тоҷикон дарк кардаанд, ки дар ин сарзамин бо як маҳал миллат наметавон сохтан ва ҳама маданиятҳои- зебои тоҷикии маҳаллии мавҷуда бояд дар атрофи давлати имрӯзаи Тоҷикон муттаҳид шуда ин назария ва ормонро, ки «миллат» номида мешавад, амалӣ созанд. Вале афсӯс, ки пинҳонӣ аз давлати марказӣ мардуме, ки ба вазифаҳо соҳиб мешаванд, муассисаҳоро авлодӣ ва ба давлатчаҳои мустақили худ табдил мекунанд.  Мафҳуми «миллат» имрӯз барои инсонҳои огоҳ дар ин сарзамин маънии ҳаёти сифатан беҳтари инсонӣ, иқтисодиёти ягонаи дар асоси илм ва технологияи ҷаҳони пешрафта, фарҳанги нави баланди инсонии аз маризиҳои таърихӣ  наҷот ёфтаро дорад, ҳарчанд ки барои баъзеҳо он танҳо назарияе барои суханпардозӣ ва барои баъзеҳо ниқобе барои пӯшонидани беамалии онҳо гаштааст...

ҶАВОНОН АНДЕШАИ МУСТАҚИЛ НАДОРАНД

Чунон ки медонем ҳаққоният (машруъият) ва манзалати донишро давлати коммунистӣ, ки аслан ба назарияи марксистӣ ба даричаи фарҳанги русӣ  нигоҳ мекард ва аз ин рӯ ба забону фарҳанги русӣ афзалият медоданд, муайян мекард. Заъифии улуми иҷтимоӣ дар ҷомеъаи Шӯравӣ бойиси  пайдо шудан ва инкишофи маризиҳо дар системаи донишомӯзӣ ва маориф гардиданд. Шояд бештари мардум ёд доранд истилоҳҳои «через», «по блату»  ва ғайраро, ки ҷузъи маданияти мо дар давраи Шӯравӣ шуданд. Вақте муҳаққиқони хориҷӣ ба ин рӯйдод рӯ ба рӯ шуданд иқрор шуданд, ки «ин назарияро тарҷума кардан мушкил аст», вале аз рӯи хусусиятҳояш онро метавон шарҳ додан. Дигар ин ки таъсири зиёди идеология руҳӣ, таҳқиқот ва таҷрибаро кушта буд. Лексияҳои аз воқеъият дури устодон, ки солҳо боз бетағйир монда варақҳояшон зард мегардиданд, наметавонист донишҷӯи фикркунанда тарбия кардан ва ин бойиси дуздии фикр, рӯйбардор кардан (plagiarism) ва гуфтаи устодони худро чун тутӣ такрор кардан мешуд. Ин рӯйдодро имрӯз ҳам метавон мушоҳида кардан, ки чӣ хел фикри академикӣ ва усулҳои нави таҳқиқотӣ дар донишҷӯёни мо вуҷуд надорад ва аз назарияҳои нави улуми иҷтимоӣ хабар надоранд. Масалан, дар яке аз рӯзҳои моҳи май дар барномаи ТВ «Сафина» донишҷӯёни шӯъбаи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллӣ дар бораи «ҷаҳонишавӣ» баҳс доштанд, ки мутаассифона ҳама қариб як суханро такрор мекарданд, ки «ҷаҳонишавӣ тарафи мусбат ва манфӣ дорад» ва ба осонӣ дидан мумкин буд, ки фикри мустақил дар онҳо вуҷуд надорад ва умуман маълум аст, ки  моҳияти ҷаҳонишавиро на фақат онҳо, балки устодонашон ҳам нафаҳмидаанд. Онҳо қобилияти таҳлил, танқид ва шинохти дурусти рӯйдодҳо ва воқеъиятро  надоранд. Дурусттар аст гуфтан, ки ҷавонон қобилият ва зарфиятро барои шинохт доранд, вале чизе дигар, ҳолате дигар аст, ки ба онҳо имкони фикри мустақили нав доштанро намедиҳад...

НОБОВАРӢ БА АФСОНАҲОИ БУЗУРГ

Агар дар шӯравии собиқ солҳои 70 -80 –уми асри ХХ бо имони мустаҳкам ба идеологияи болшевикӣ бунёди фардияти мустақил ва ҷомеа вайрон карда мешуд, дар ғарб дониш ва илм дар сатҳи муносибатҳои солимтар меистод. Албатта набояд фаромуш кард, ки ғарбиён бо бархурд бо идеологияи фашистӣ чи будани  идеологиябозиро хуб шинохта буданд.  Ин вазъиятро яке аз муҳаққиқони мактаби танқидии Франкфурт М. Ҳорхеймер дар мақолааш «Анҷоми ақл» бисёр олӣ тасвир кардааст, ки чӣ тавр «мани шахсӣ аз тарафи мани дурӯғини нақшаҳои тамомиятхоҳӣ фурӯ бурда шудааст». Бо он ки Олмон дар ҳамин солҳои 30-юми асри ХХ беҳтарин мутафаккирон, файласуфон ва олимони табиатшинос дошт,  қудрати идеология ва сухани сиёсӣ зиёдтар буд, чаро ки аксарият- омма тарафдори он буд. Он чӣ дар Шӯравии собиқ ва дар Олмони фашистӣ гузашт, барои ғарбиён сахт омӯзанда буд. Дар фарқият бо он чӣ дар Шӯравӣ мегузашт ва мардум «дар роҳи сохтмони коммунизм буданд», дар охирҳои солҳои 70- ум дар ҷомеъаи Аврупо акнун илм дар баробари «афсонаҳои бузург» (grand narratives) меистод. Ва ҳамон вақт муаллифи китоби машҳури «Шароити постмодернӣ: Ҳисобот дар бораи дониш» Лотард хусусияти асосии ин давраӣ постмодерниро «нобоварӣ ба афсонаҳои бузург» (incredulitytoward metanarratives) номида буд. Китоби Лотард баъди ба забони англисӣ чоп шудан дар соли 1984 дар муддати ду даҳсола яке аз китобҳои калидӣ дар фалсафаи маориф ба ҳисоб мерафт ва имрӯз ҳам қимати худро гум накардааст. Ин нобоварӣ, ба гуфти ӯ маҳсули пешравии илмҳо буд. Яъне ба таври дигар гӯем, донишҳои нақлиро акнун донишҳои ақлӣ иваз хоҳанд кард.

ДОНИШФУРӮШӢ ВА “МАРГИ ПРОФЕССОРҲО”

Ба гуфти Лотард фаҳмиш ва арзиши пештараи дониш, ки бо педагогика (омӯзиш ва парвариш) алоқаманд буд аз байн рафтааст ва он худ ба чиз, ба ашёи барои фурӯш табдил ёфтааст. Дониш акнун истеҳсол карда мешавад, то фурӯхта шавад.  Дониш ба ҷуз  ин ки худ қудрати истеҳсол кардан дорад, акнун худ ба қудрат табдил ёфтааст. «Дониш ва қудрат ин ду тарафи  як масъалаанд,» – менависад Лотард.  Ин ҳамон гуфтаи гуфтаи файласуф Бекон «Дониш ин қудрат аст» , ки дар замони дигар ва дар сатҳи дигар  такрор шуд. Дар  ҳамин китоб Лотард изҳор кард, ки дар муддати чил соли охир  илм ва технология дар якҷоягӣ бо назарияҳои забоншиносӣ имконият дод, ки дониш ва илм ба  қудрати асосии истеҳсолоти  давлатҳои миллӣ табдил ёбанд. Ба гуфти ӯ омӯзиш ва ахбори донишбунёд «мағзи ҷомеъа» (brain of society) гардидааст ва дар оянда давлатҳо барои соҳиб шудан ба ин ахбори донишбунёд мубориза хоҳанд бурд ... Лотард гӯё гуфтаи Мавлоноро тасдиқ мекунад, ки фармуда буд; 

Ҷон набошад
ҷуз хабар дар озмун,
Ҳар киро афзун хабар ҷонаш фузун...

Мо натиҷаи гуфтаҳои Лотардро баъди пош хӯрдани Шӯравӣ акнун дида ва ҳис мекунем. Бояд қайд кард, ки вақте китоби Лотард нашр шуд ва ақидаи ӯ дар бораи компютерикунонии ҷомеъаҳои ғарбӣ паҳн гашт, бисёриҳо дар хусуси «марги профессорҳо» (death of professors) дар системаи таълимии донишгоҳҳо ҳарф мезаданд, ки компютер бисёр корҳои устодонро иваз хоҳад кард. Имрӯз дар ҷомеъаи мо компютерикунонӣ ва истифодаи он дуруст ба роҳ монда нашуда кайҳо «марги профессорҳо» фаро расидааст, яъне олимони мо шароит барои таҳқиқот ва имкони амали кардани назарияҳо ва ихтирооти худро надоранд.  Дурусттар мебуд, ки дар мо ин масъалаҳоро дониста бештар манзалати илму донишро баланд мекарданд, ки он метавонист сифати зиндагиро беҳтар ва қиссаҳои моро дар бораи мо ба воқеъият наздиктар нишон диҳад. 

ВАҚТЕ МУАЛЛИМ БА САРҲАДИ ХАРОБӢ МЕРАСАД
Метавон гуфт, ки дар  ҷомеъаи Тоҷикон  чун системаи дониш ва маорифи шӯравиро ба мерос гирифтанд, мебоист ин чорчӯбаро шикаста, моҳияти онро ба воқеъият ва худии Тоҷик наздик мекарданд. Ва аввалин қадамҳо барои ҷомеъаи донишбунёд бояд аз боғча, мактаб ва донишгоҳҳо оғоз мегардид. Роҳбарияти маориф аз хатоҳои системаи маорифи шӯравӣ ва ҷаҳонӣ омӯхта, бояд ба ҳар як кӯдаки Тоҷик ва ба маориф ҳамчун ба як воқеъият муносибат мекард ва ба як ҳаракати созандае бунёд мегузошт. Таҷрибаи инсоният исбот кардааст, ки иқтисодиёти харобро метавон барқарор кард, вале сахт мушкил аст чизеро барқарор кардан, вақте ки офарандаи ҳамагуна сарватҳо – муаллимон, олимон ва фарҳангиён дар ҷомеъа ба сарҳади харобӣ расонида шаванд.  Шояд ин вақти зиёдтарро талаб кунад, вале мо дониши созандаи сатҳи ҷаҳониро дар истеҳсолот ва дар вуҷуди кӯдакон ҷойгир кардан натавонистем. Агар аз рӯи мантиқӣ лотардӣ, ки омӯзиш ва донишро мағзи ҷомеъа гуфтааст, ҳарф занем  метавон гуфт, ки ҷомеъаи мо имрӯз мағз надорад. Яъне набудани ташкили ақлонӣ ва истифода накардан аз дониш ба парокандагии системаҳо (иқтисодӣ, иҷтимоӣ- фарҳангӣ ва сиёсӣ) ва ниҳодҳои ҷомеъа оварда расонидааст. Ин ҳолат моро на фақат ба анҷоми ақл, балки ба анҷоми ахлоқ ҳам бурда истодааст.

ДЕВОРҲО ПУР АЗ ШИОРУ ДОНИШ, МАҒЗУ ДИЛИ ТИФЛОН ХОЛӢ
Дигар падида, ки ба дониш ва илм имкони дар бунёди худӣ (фардият) ва ҷомеъа амал карданро намедиҳад, ин зиёд ба идеологиябозӣ ва сиёсатбозӣ   дода шудан дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳо мебошад. Дар зоҳир, чун ба хотири намоиш зиёд мекӯшанд, роҳбарияти маориф шояд яке аз ҷойҳои аввалинро соҳиб шуда бошад, вале дар сират аминам, ки сахт номуваффақ мондаанд. Аслан диққати зиёд ба либоси талаба ва донишҷӯён  ва тавқи онҳо дода мешавад на ба дониш, фикр ва фаҳмиши онҳо. Деворҳои мактабҳо ба ғайр аз рӯзномаҳои ҷашнҳои гуногун боз аз нусхаи қонунҳо, шиорҳои сиёсӣ пур шудааст. Синфхонаҳо пур аз «айёният» шудааст, яъне дониш ҳам ба шиор ва ба унсури рӯякии «мусобиқаҳо» табдил  ёфтааст. Донишро дар деворҳо  метавон дид, на дар мағзу дили кӯдакон.  Ин вазъият дар якҷоягӣ бо шароити бади муаллим ҳолатеро дар мактабҳо ба вуҷуд меоранд, ки бойиси шикасти «мани» кӯдак ва ё «худии» ӯ, яъне нест шудани он унсури равонӣ мегарданд, ки  метавонад ӯро аз ҳолатҳо ва зинаҳои гуногуни дониш ва таҷриба гузаронида шахсияти мустақил созад.
Ва албатта он чи дар ҷомеъа мегузарад дар ташаккули шахсияти кӯдак нақши муҳим дорад. Талабаҳо дар синф як чизро мешунаванд ва бар воқеъият дар ҷомеъа дигар чизро мебинанд ва мешунаванд. Кӯдакон алоқамандии донишро бо ҷомеъа намебинанд. Кӯшишу ғайрат, донишандӯзӣ барои бисёриҳо як чизи «беҳуда» аст аз он ки дар ҷомеъа такягоҳе, нишонае барои кӯшиши худ  пайдо намекунанд. Шиорбозӣ ва намоишкорӣ ба сатҳе расидааст, ки ба ҷои ба кӯдакон дониш омӯхтан, қудрати эҷодии онҳоро бедор кардан - онҳоро ба чизҳое овора мекунанд ки аз воқеъияти маориф дур аст.  Масалан, магар модарро дӯст доштан ё ватандорӣ ва кишвар дӯст доштанро дар мактаб меомӯзанд? Ин арзишҳо дар ҳастии инсон, оила; дар ҷомеъа ба вуҷуд меоянд ва қувват мегиранд. Ва чун ин арзишҳо дар мактаб ҳам омӯхта мешаванд, бо санъат ва ҳунари дигар омӯзонда мешаванд на бо фармон ва қонунҳои талабагӣ.

(давом дорад)

Меҳмоншоҳ Шарифов

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97