Тафаккури ғуломӣ барҳам мезанад

Илм ва фановарӣ 18.01.2011 10:11

Агар таълим дуруст бошад

ПЕДАГОГИКА ФАРОМӯШ ШУД 

 MaktabЛоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» имрӯз касеро дар канор гузошта наметавонад. Дар шароите, ки муоширати одамон дар пояҳои паст ва дурушт қарор дорад, ин ҳама аз тарзу усули таълиму тарбияи нодурусти кӯдак ва инсонҳо дар ҷомеъа гувоҳӣ медиҳад.

Агар дар даврони Шӯравӣ таълиму тарбия ва риояи одоби муошират дар мадди аввал қарор дошт, имрӯз ин масъалаи ҷиддӣ ва масъул кайҳост аз ёдҳо фаромӯш шуда, дар баъзе мавридҳо кӯдак бо пайравӣ аз калонсолон ба дуруштгӯӣ ва дурӯғгӯӣ мепардозад, ки ин як падидаи шум дар ҷомеъа аз бурузи худ дарак медиҳад. Улуми педагогӣ дар радифи илмҳои фаромӯшуда қарор гирифта, ҳатто волидайну муаллимон, ки тарбиятгари асосии кӯдаконанд, вазифаҳои хешро аз дӯш қариб соқит карда, ба ин масъала хеле саҳлангорона менигаранд. Ҳол он ки илми педагогика яке аз манбаҳои ба эътидол овардани муоширати байни инсонҳо ва иҷтимоъ ва ҳамчунин таълиму тарбияи дуруст маҳсуб меёбад.

Дар ҳудуди панҷ ҳазор сол қабл барои омӯхтани савод муассисаи таълимии махсус ба миён омад, ки ба номи мактаб ёд мешуд. Ҳамзмон бо эҷоди мактаб моликияти хусусӣ низ эҷод гардид ва ҷомеъа ба табақот тақсим гардид, ки дар натиҷа хосияти тарбият низ тағйир ёфт ва шакли ҳамагонии худро аз даст дод.

Мактаб барои истифодаи сарватмандон ва ашхоси соҳибнуфуз бештар мусоид буд ва бачаҳои сарватманд дар мактаб барои раҳбарӣ тарбият мешуданд ва рӯҳониён ин вазифаро ба ӯҳда доштанд. Дар Юнони қадим мактаб ҷое дониста мешуд, ки бузургсолон ва ашхоси донишманд ҳамроҳи атфол мубоҳиса мекарданд. Баъдҳо мактаб шакли як муассисаи таълимӣ ва тарбиятиро ба худ гирифт, ки то алҳол ба ҳамон ном ёд мешавад.

Суқрот усули омӯзиш ва методи машвараро эҷод кард ва рисолаи Афлотун, ки ҷомеъаи идеоли ӯ бар пояи таъбире аз адолат матраҳ ва муаррафӣ мешуд, рисолаи тарбиятӣ низ мебошад. Вай давраҳои таълимро барои атфол қабл аз мактаб, дохили мактаб ва таълимоти бузургсолон тақсим намуд. Арасту низ дар китоби «Ахлоқи некӯ ва сиёсат» дар мавриди моҳияти таълиму тарбия  назариёте ироа кардааст. Мавсуф ҳаққи таҳсилро барои ҳамаи афроди ҷомеъаи башарӣ баробар эълон намуд.

Қобили зикр аст, ки як идда аз муаррихини ғарбӣ дар баррасии таърихи таълиму тарбия, маншаъ ва манбаъи нахустини низоми таълиму тарбиятиро Юнон ва Руми қадим медонанд, дар ҳоле ки қабл аз Юнону Рум тамаддуни бузурге дар соири кишварҳои ҷаҳон, ба хусус дар кишварҳои шарқӣ монанди Миср, Байнаннаҳрайн, Ҳинд, Чин, Ирону Хуросонзамин низ низомҳои таълимӣ, ки намоёнгари тамаддунҳои мӯътабаре буда, ки аз дурахшандагӣ ва хусусиёти вижае бархӯрдор будааст, ки андешаҳои тарбиятии Юнонро таҳти таъсир қарор додааст.

ГУЗАШТАГОНИ МО МУАЛЛИМИ АХЛОҚ БУДАНД

Суханварон ва мутафаккирони мо низ беҳтарин намунаҳои таълиму тарбия, усулу роҳҳо ва пешниҳодоти арзишманду илмиро дар асарҳои худ ҷо дода, барои миллат ба ёдгор мондаанд. Ҷойи муболиға нест, ки усули таълимии Унсурулмаолӣ, Имом Ғаззолӣ, Форобӣ, Бӯалӣ Сино, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва даҳҳо тан аз донишмандон  дар беҳтарин муассисоти таълимии Бритониё, Амрико, Олмон, кишварҳои қораи Африқо ва соири мамолики дунё мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтааст.

Тоҷикон аз қадимулайём аз зумраи мардумонеанд, ки ба таълиму тарбияти дурусти кӯдакон таъкидҳои махсус кардаанд ва ин як масъалаи муҳиму фарҳанги ин миллат аст, ки садсолаҳо инҷониб таблиғу таълим дода мешавад. Ин масъалаи басо муҳим дар китобҳои фарзандони фарзонаи ин миллат тавре рангу тоб гирифтаанд, ки аз ҳамон даврони бостон  китобҳое ба исми «Андарзнома», «Насиҳатнома» ва соири китобу ашъори шуъарои мо дар одобу русуми зиндагии фардӣ ва иҷтимоъӣ нигошта шудаанд. Дар ин миён китобҳои «Қобуснома» ва  «Саъодатнома» аз ҷойгоҳи махсусе дар ин замина бархӯрдор аст.

Беҳтарин атои худовандӣ таваллуди фарзанд барои волидайн аст, ки бад- ин хотир маросими махсусе баргузор мегардад. Маросиме аз қабили ном ниҳодан, ба доя супурдани кӯдак, хатна кардан ва дар интиҳо ҷалби кӯдак ба таълиму тарбия.

Унсурулмаолӣ дар тарбияи кӯдак аз нахустин рӯзе, ки по ба арсаи ҳастӣ мегузорад, таъкид меварзад, ки ҳамвора аз бадви таваллуд ба забономӯзии кӯдак таваҷҷӯҳи бештаре дода шавад ва ақида дорад, ки бо кӯдак аз он замон бояд ҳарф зад, гуфтугӯ намуд ва таваҷҷӯҳи кӯдакро ба худ ҷалб кард. Нахуст аз ҳама таъкид менамояд, ки дар таълиму тарбияти писарон ба омӯзиши Қуръон ва сипас омӯзиши пеша ё касбе таваҷҷӯҳи бештаре бояд зоҳир кард. Ӯ мегӯяд: «Бояд ҳар чӣ омӯхтанӣ бошад, аз фазлу ҳунар фарзандро ҳама биомӯзӣ, то ҳаққи падарӣ ва шафқати  падарӣ ба ҷой оварда бошӣ».

 

БА КӮДАК ЧИРО БОЯД ОМӮХТ?

Ӯ зимнан дар бораи таълиме, ки дар даврони кӯдакиаш гирифта буд, матлаберо зикр намудааст, ки аз фойида холӣ нест. «Чун даҳ сола шудам, моро ҳоҷибе  (ҳоҷӣ) буд, роизиву фурусият неку донистӣ, падарам маро ба вай супурд то маро савориву зубин андохтан ва найза андохтан ва найза бохтан ва каманд афкандани ҷумла асбоби фурусият ва руҷулият биёмухтам…,то маро шино биёмӯхтанд». Аз гуфтаҳои Унсурулмаъолӣ бармеояд, ки қаблан волидайни огоҳ аз нахустин рӯзҳои навҷавонӣ мекӯшиданд фарзандонашон на танҳои улуми ҷангӣ, балки соири илмҳои замонавӣ аз қабили ҳикмат, нуҷум, ҳисоб ва дигар фанҳои нофеъро биёмӯзанд ва фарзандонашон дурусту муассир таълиму тарбият шаванд.

Дар китоби «Кимиёи саъодат»-и Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ ба таълиму тарбияти кӯдак аҳамияти махсус дода мешавад, ки дар ин ҷанба қабл аз ҳама овони кӯдакиро ин фақеҳи бузург давраи аз ҳама ҳассосу масъулиятнок мешуморад.

Ғаззолӣ бо як масъулият ва огоҳии комил дар бораи тарбияти фарзанд менигорад, ки солҳои аввали зиндагии кӯдак муҳимтарин давраи тарбиятии ӯст. «Бидон, ки кӯдак амонатест дар дасти падару модар ва он дили поки вай аст. Чун гавҳарест нафису нақшпазир. Чун мум ва аз ҳама нақшҳо холӣ аст.  Чун замин пок аст, ки ҳар тухм , ки дар вай афканӣ бирӯяд ва агар тухми хайр афканӣ ба саъодати дину дунё расад ва модару падару устод дар он савоб шарик бошанд ва агар бар хилофи ин бошанд, бадбахт шавад ва эшон дар ҳар чӣ бар вай равад шарик бошанд». Тавре мебинем падару модару устод дар якҷоягӣ барои расидани кӯдак ба саъодат баробар масъулу саҳиманд ва дар идомаи фикри худ мегӯяд: «Ба адаб кардану омӯхтани ахлоқи некӯ ба вай ва дур доштан аз ҳамнишини бад. Ҳамчунин вайро сахтӣ додан то ба таносоӣ хӯ накунад».  Доир ба дояи кӯдак тавсия медиҳад: «То зане, ки вайро шир медиҳад, ба салоҳу некӯхӯй ва ҳалолхора буд, ки хӯи бад аз доя сироят кунад. Чун забони вай кушода шавад, аввал сухани вай Аллоҳ бошад».

 

ҒАЗЗОЛӢ ДАР БОБИ ТАЪЛИМ ВА МУАЛЛИМ

Ишон дар мавриди рафтору кирдори кӯдак дар аввалин солҳои таваллуд ба ин ақида аст, ки бояд ӯро ба сахтиҳо одат дод, то: «Вай андар танаъум ва оростани ҷома, хӯй фаро накунад» ва дар ин маврид ишора мекунад, ки : «Нагзорад, ки ба рӯз хусбад, ки коҳил шавад ва шаб бар ҷойи нарм нахобонад, то тани вай қавӣ шавад ва ҳар рӯз як соат ӯро аз бозӣ боз надорад, то фарҳехта шавад ва тангдил нашавад». Таъкид мекунад, ки нахуст шаҳватеро, ки дар кӯдак падид меояд аз таъом аст ва изҳор медорад, ки ба вай одоби ғизо хӯрдан омӯзонда шавад: «То ба дасти рост хӯрад, бисмиллоҳ гӯяд, ба шитоб нахӯрад, хурд биҷояд, чашм бар луқмаи дигаре наяфканад, дасту ҷома олуда накунад…даҳану бинӣ пеши мардум наяндозад ва пушт ба касе накунад, бо одоб биншинад, бисёр нагӯяд, савганд нахӯрад ва ҳаркӣ меҳтари вай буд, вайро ҳурмат дорад ва андар пеши вай наравад».

Дар мавриди танбеҳ ва ташвиқи кӯдак мегӯяд: «Чун кӯдак кори нек бикунад, вайро бар он биситояд ва агар хатое бикунад, чанд боре нодида бигирад ва сипас ӯро тавбих бикунад».

Ба ақидаи Имом Ғаззолӣ «Муаллим бояд аз аҳли салоҳ ва покдоману амин, ҳофизи китоби Худо ва хушхату ошно ба илми ҳисоб бошад ва беҳтар аст, ки издивоҷ карда бошад ва набояд мӯҳтасиб ба шахси азаб (издивоҷ нокарда) иҷоза диҳад, ки мактабхона доир кунад, магар ин ки пирмарде маъруф ба диндорӣ ва некӯкорӣ бошад». Таъкид мекунад, ки шароити таҳсил дар мактабхона муҳайё ва аз назари мӯҳтасиб дур набошад: «Бояд мӯҳтасиб ҷойҳоеро дар атрофи бозор барои таълими кӯдакон таъйин кунад ва низ набояд дар хонаҳо ба таълим бипардозад. Омӯхтан дар масоҷид раво нест, зеро Паёмбар (с) фармуд, масоҷидро аз бачаҳо ва девонагон покиза доред».

Ӯ оид ба тарзу равиши таълим назарияҳоеро пеш меорад, ки аҳамияти махсусеро доро мебошанд: «Мураббӣ бояд нахуст ҳуруф ва навиштани онҳоро ба тадриҷ ёд диҳад ва пас аз ошноии комил эшон ба ҳуруф, сураҳои кӯчаки Қуръонро биёмӯзад ва сипас ақоиди динӣ ва пас аз он усули ҳисобу номанигориро ёд бидиҳад ва ононро муваззаф бидорад, ки ба ҳангоми бекорӣ ба фаро гирифтани хушнависӣ тибқи сармашқ бипардозанд».       

(идома дорад)

Ибодуллоҳи Оқилпур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97