Мактаби тоҷикӣ Устод Алӣ надорад

Илм ва фановарӣ 13.01.2011 14:46

Ustod_Ali-1Хоҳари дӯстам, ки Ширин ном дорад, дар сӯҳбатҳои якҷояамон қисса мекард, ки замоне мо дар мактаб таҳсил мекардем, муаллим бароямон то ба он ҳадде шахси бузург ва муқаддас менамуд, ки гумон доштем, ӯ на зан дорад, на фарзанд, на манзил ва на ғайраву ҳоказо. Дар хаёли мо кӯдакони айёми шӯравӣ муаллим нафаре буд, қариб монанд ба фариштаҳо, фарқ ҳамин буд, ки фариштаҳоро дида намешуд, аммо мо муаллимро медидем. Бо ӯ сӯҳбат мекардем. Ҳатто ин «фаришта» ба мо дарс мегуфт. Ва мо ба ӯ монанд шудан мехостем, ҳар гуфтаашро иҷро мекардем, гӯё ӯ фақат барои мо зиндагӣ мекард, мо низ ба хотири муаллим мактаб мерафтем…

МУАЛЛИМ АМОНӢ МИСЛИ УСТОД АЛӢ БУД

Дар радифи қиссаҳои айёми мактабии Ширин ва инчунин хотираҳои худ, мактабхонии кӯдакони имрӯзро назар медӯзам. Зиёд тағйироту дигаргуниҳоро мебинам. Писари бузургам ҳанӯз ҳам бо ёди устод Амонӣ, ки ҳамагӣ ду сол ба ӯ алифбои ниёкон омӯхт ва пас аз он ба дигар коргоҳ рафт, дафтару қалами мактабиашро ба даст мегирад. Мутаассифона ӯ ҳам мисли дигар бачаҳои имрӯз камтар китоб мутолиа мекунад, аммо аз устодаш зиёд ёд мекунад, афсӯс мехӯрад, ки барномаи таълимие, ки устод Салоҳиддин Амонӣ аз он фан дарс мегуфт, ҳамагӣ як муддати кӯтоҳе буд: «Муаллим Амонӣ на танҳо ба мо устод, балки дӯст ҳам буданд. Дар дарсҳо ба ҷуз аз омӯзиши алифбои ниёкон якчанд лаҳзаи дарсро барои тарбияи ахлоқии хонандагон сарф мекарданд. Сарфи назар аз синну соли муайян, бо мо бачаҳо сӯҳбатҳои дӯстона меоростанд. Он кас аз мактаб рафтанд, мо ҳам дигар дар он мактаб таҳсилро идома додан нахостем. Мисли устод Алӣ, қаҳрамони асосии филми туркии «Рӯ ба сӯйи маърифат» буд.» - мегӯяд писарам.

 

МУАЛЛИМ БУЗУРГ АСТ Ё ПАДАР?

Банда дар мактабхониам муаллиме доштам бо насаби Ҳикматуллоев Абдуқайюм, ки аз фанни математика дарс мегуфт, мутаассифона банда дар азхудсозии ин фан шогирди муваффақе набудам. Аммо хуб ёд дорам, ки сарфи назар аз ин, муаллим  ҳар рӯз чун ба синфхона ворид мешуд, аввал аз табъи онрӯзаи шогирдон ва омодагиҳои эшон пурсида, баъдан ба дарс гуфтан шурӯъ мекард. Устоди меҳрубони мо ҳар ҳафта барои якчанд нафар шогирдоне, ки нисбат ба дигарон, ба мактабу хондан шавқи зиёд доштанд, китобҳои бадеиву таълимии гуногунро, ки дар китобхонаи мактаб мавҷуд набуд, оварда бароямон медод. Охири ҳафта аз натиҷаи мутолиаи китобҳо моро санҷиш мекард. Муаллим Ҳикматуллоев ба ифодаи маъмулии соҳавии солҳои шӯравӣ математик буд, аммо вақт ҷудо карда аз адабиёти ниёкону ҷаҳонӣ ба мо қиссаҳо мекард. Устод ба назари мо он қадар шахси бузург менамуд, ки гоҳо хислатҳояшро бо падарам, ки ӯ низ муаллим аст, қиёс мекардам. Худ ба худ суол медодам: «Падарам бузургтар бошад, ё муаллимам?»

Қисса кӯтаҳ аз он айёме, ки мактаби миёнаро хатм намудем, зиёда аз бист сол сипарӣ гашт, акнун муаллими ман солҳост, ки дар дигар соҳа кор мекунад…

 

ЧАРО МУАЛЛИМ ҶОЙИ СЕРПУЛ МЕХОҲАД?

Нигоштани ин хотирот на ҳамагӣ як воситаест ҳамчун арзи сипос ба устоди худу муаллими як нафар дӯст ва инчунин устоди фарзанди хеш. На, ҳаргиз чунин нест. Он ҳама заҳмату умедҳое, ки барои ҳамаи мо замоне муаллимони мо кашидаанд, пас аз гузашти солҳо дигар на ба васфу на ба тасвиру на ба суханҳои пуробу ранг шояд батамом, ҳатто тасвир нашаванд, аммо ин хотирот ва ёдрас карданҳо думболи хеш суолҳое дорад зиёд, ки ҳар кадом ҷавобе мехоҳад. Масъала он ки дигар бештари ин гуна муаллимон мутаасифона якҷоя бо вақту бо замони худ аз майдони таълим ва тадрис дур рафтанд. Замона ононро водор сохт, балки маҷбур кард, ки аз дунёи поки бачаҳо ва маориф дур бишаванд.

Имрӯз ҳангоми ибрози андеша ва қиёс карданҳо, мавриди дарсазхудкунии наврасон андешагарон батамом худи насли наврас ва ҷомеъаро гунаҳкор карда, санги маломатро ҳамагӣ ҳамин ҷониб ҳаво медиҳанд. Шояд то андозае ин андеша заминаи воқеъӣ дошта бошад, аммо оё бамаврид нест, ки бори дигар дар зеҳнҳои худ тарзи рафти таълиму тарбияро дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва олии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор бидиҳем? Чаро солҳои пешин вақте муаллим ба мактабе ба кор қабул мешуд, то ҳадде шарм медошт, ки аз ҳаҷму шумораи моҳонаи худ бипурсад, ҳарчанд ин рафтор лоиқ ба дастгириву тарғиб ҳам нест, аммо он як ҷавҳари хеле шаффофе дошт. Муаллим он замон худро ҳатто бемаош ҳам масъули тарбияи фарзандони аҳли ҷомеъа медонист. Аммо имрӯз агар сатҳи моҳонаи муаллим каме ба табъу дили худи ӯ нафорад, аллакай завқи дарсгӯиаш куллан гум мешавад. Мусаллам аст, ки гузаштаҳо гузаштанд, дигар барнамегарданд. Аниқ аст, ки талаботу хароҷоти зиндагии имрӯз тамоман дигар аст, имрӯз ба қавли Рӯдакии бузург «Замона дигар гашту мо ҳам дигар гаштем», аммо ба ин тағйироту дигаргуниҳо кӯдакони бечораи мо ҳеҷ муносибате надоранд. Ҳама дигарсозиҳову тағйирот моли «тахайюли рангаи» мо бузургсолон буд, пас чаро бояд аз натиҷаи ин аъмол бачаҳо бегуноҳ ҷабр бикашанд? Агар бепарда ва ошкоро бигӯем, муаллиме, ки имрӯз дар мактабҳо бо маблағи ночиз кор мекунад, анқариб куллан шавқи ба бача дарс гуфтан надорад. Ва саҳв намекунем, агар бигӯем, ки дар ҳамин гуна макотиб муаллимон то ҳамон рӯзе кор мекунанд, ки ягон ҷойи «серпул»-и дигар пайдо накунанд. Ба қавли маъруф «гӯшбақимор» меистанд, то аз куҷо дараки мактаб ё коргоҳеро ёбанд, ки он ҷо «пули ғафс» ба даст овардан мумкин бошад.

 

ЧУН КӮМАК КАРДЕМ, ТИФЛОНРО ЯТИМУ НОДОР НОМ НАБАРЕМ!

Масъалаи дигар он аст, ки оё бачаҳое, ки ҷурми сарнавишташон ҳамагӣ он аст, ки волидонашон на маблағи калон доранд, ва на онҳо ба сарашон мушкилӣ оварда, қарз гирифта, фарзандонашонро хонондан мехоҳанд, оянда чӣ гуна савод мегирифта бошанду кӣ мешуда бошанд? Ва дар ин росто ҷавоби тақдири ояндаи эшонро кадоме аз мо мегуфта бошад?

Сари сӯҳбати сарироҳӣ рӯзе бо якчанд нафар модарон ҳамсӯҳбат будам, мавзӯъи он сӯҳбат ҳам пулакӣ таҳсил намудани фарзандон дар мактаб буд. Яке мегуфт, ки ман розиям, ки мактаб барои таълими фарзандҳои мо пули муайяне бигираду бачаҳоямонро хуб дарс диҳад, чунки бе пули хуб онҳоро ягон муаллим дарси хуб намедиҳад. Дигаре мегуфт, ки ман барои се чор нафар бачаи мактахонам ҳар моҳ аз куҷо пул ёфта медиҳам, як шавҳари нимкорасиҳатам кор мекунаду худам хонанишинам?... Воқеан андешаи ҳар ду ин занон воқеъияте дорад, ки ягон нафар шунавандаро бетараф гузошта наметавонад. Болои ин ба назар бояд гирифт, ки мактаббачаҳое ҳастанд, ки ба камбизоатии волидон коре надоранд, қатори дигар ҳамсинфонашон бо сари баланду ифтихор  таҳсил  кардан мехоҳанд.

Шоҳиди гиряҳои дардолуди мактаббачаи камбизоат ва ятиме будам, ки бо дарду ҳасрат намехост аз дасти муаллимаш кӯмакпулии барои камбизоатон ва ятимон ҷудогаштаро бигирад. Алами ин кӯдак аз он буд, ки дар ин рӯйхат номи ӯ низ буд. Ҳарчанд аҳли оилаи ӯ ба кӯмак сахт ниёз дорад. Аслан мо калонсолон бояд кайҳо сари он андеша мекардем, ки чӣ гуна ва бо кадом роҳҳо ин гуна кӯмакҳоро ба оилаҳои зикршуда бирасонем, то бачаҳо онро на ботантанаву ошкоро миёни ҳама ва бо такроран шунидани мафҳуми ногувори камбизоату ятиму сағир ва ғайраву ҳоказо бигиранд. Мо кӯмак расонидем- гуфта, бояд болои сӯхтаи бачаҳо ҳеҷ гоҳ намак напошем. Сари анҷом додани кори хайр шояд аз ҳикмати; «Аз кардаи як даст, дасти дигар бояд дарак наёбад» панд бигирем? Чӣ хеле ки дар боло ба ин маънӣ  қайд карда будем, табиати беолоиши кӯдакон дар ҳама гуна ҳолату шароит як аст, онҳо ҳама бо орзуҳову тахайюли ба ҳам монанд зиндагӣ мекунанд. Ва ягон нафар кӯдак намехоҳад худро аз дигар ҳамсинну солаш пасттар бубинад.

 

РАҲМОНОВ МЕГУФТ, КИ ВОҚЕЪИЯТРО БИГӮЕМ

Бойиси зикр ва қайд аст, ки барои беҳбудии ҷараёни таълиму тарбия дар соҳаи маориф Ҳукумати Тоҷикистон ва вазорати маорифи кишвар иқдому тозакориҳои бешеро ҳамарӯза ба харҷ медиҳад, андозаи иқдомоти тайи солҳои охир дар соҳа ба амал баровардаи вазорати маорифро агар бишмарем бе муболиға аз падидаҳои ҷараёни як таҳаввулоти касбии ҷаҳони муъосир  кам нестанд. Он ҳама шароиту воситаҳои таълимие ки имрӯз дар соҳа фароҳам оварда шудааст, дар ягон давру замон ба чашм намерасид. Бачаи имрӯз озодона донандаи чанд забону технологияи пешрафтааст, ҳамзамон барномаҳое амал мекунанд, ки мактаббачаҳоро имкон фароҳам меорад, то таҳсилу забономӯзии худро дар хориҷи кишвар идома бидиҳанд, ин ҳамаро сарфи назар намудан ва нодида гирифтан, албатта гуноҳ мебуд, аммо боз ҳам барои дурусту замонавӣ ба роҳ мондани ин раванд, ҳанӯз ҳам  зиёда нобудаҳо мавҷуданд, ки мавҷудияташон хеле заруру  саривақтӣ аст. Ва зиёдтарини ин муҳимот зич ба худи омӯзгорон вобастагӣ дорад.

Вазири маорифи кишвар, ки умри хешро пайи ободии соҳаи мазкур сарф мекунанд, устоди айёми донишҷӯии бандаанд ва шояд хуб дар хотир доранд, ки ҳангоми ба вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шуданашон ҳама дам ба мо шогирдони рӯзноманигор талқин мекарданд, ки дар кори худ ҳеҷ гоҳ шаффофиятро аз даст надиҳем ва сухани ҳақ дошта бошем. Аз таърифи сар-сарӣ даст бикашем ва ҳар чӣ воқеъият аст, ҳамонро бигӯем. Бинобар ин, мехоҳам батакрор бигӯям, ки маорифи моро имрӯз дар самти тарбия ва тадрис кори тоза ва шаффоф мебояд.

 

«БУЗ»-ИВУ «СТУКАЧӢ» ДАР МАКТАБ

Донишҷӯи нав аз деҳа ба шаҳр омадаи соли аввали таҳсил ба ҷӯраи ҳамдеҳааш ҳайратзада нақл мекунад, ки муаллимам гуфт:- Бачаҳо, ҳафтаи дигар «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо меравем! Барои ин ҳар кадоматон бист сомонӣ ҷамъ кунед. Агар касе пула намеорад, яку якбора ҳафт «энбэ» мегирад. Ва донишҷӯ хуб медонад, ки «энбэ»-и муаллим ҳам беқадр нест, НАРХ дорад! Умуман ба ин монанд найрангҳои баъзе аз муаллимини макотиби олии кишварамон хеле зиёданд, вале фақат бо гуфтани он ҳама ҳалли масъала ба даст нахоҳад омад.

Барои бартараф намудани ин ва ба ин монанд хатоҳои ҷомеъа, на танҳо шахсони аввал, балки соҳибмансабони дигар ва умуман тамоми ҷомеа бояд масъул бошанд. Ҳатто худи донишҷӯён ва мактаббачаҳо. Ҳарчанд воқеъият аст, ки бачаҳои гоҳо аз норасоиву камбудии мактабҳо ё донишкадаҳояшон дар ҷое даҳон кушода, мувоҷеҳи мушкилоти мухталиф ва чапгирии муаллимонашон мешаванд, инчунин соҳиби унвонҳои «хабаркаш», «буз», «стукач» ва боз ким кадом «унвонҳо»- и дигар мегарданд, аммо фаромӯш набояд кард, ки бетарафиву тарсӯӣ бадтар аз ҳамаи дигар «унвонҳост».

 

ОМӮЗГОРОНИ ХУБ ҲАНӮЗ ЗИЁДАНД

Агар масоили зикршуда дар соҳа ҳалл пайдо кунад, бовар ҳаст, ки боз ҳам омӯзгорони моро мисли солҳои пешин қалбашон ба касби худ ва мактабу бачаҳо гарм гашта, содиқона дарс бигӯянд.

Албатта ҳар чи ки аз норасоиҳои соҳа гуфтему навиштем, на ба ҳама мактабу муаллимон дахл дорад, бешубҳа имрӯз дар соҳаи маориф омӯзгороне ҳам ба тарбияи насли наврас машғуланд, ки фаъолияту кори онҳо метавонад шоёни таҳсину намунаи кори бештари муаллимони дигари кишвар бигардад, вале ин ҳамаро бори дигар бо орзуи он навиштем, ки кормандони соҳаи мазкур мисли солҳои пасисаршуда мақоми аз ин ҳам баландтар ва эҳтироми хосаро соҳиб бигарданд.

Муҳимтар аз ҳама он аст, ки имрӯз бояд ба сатҳи камбизоати ҷомеъа бештар диққат дода шавад. Табақаи соҳиби дороиву имконият дар ҳар давру замон метавонистанд ва метавонанд орзуву хоҳишҳои худро ба табъу хоҳиши дилашон амалӣ созанд, аммо фаромӯш набояд кард, нафароне, ки имконияти ками молӣ доранд, ниёзи зиёдтар ба кӯмак ва дастгирӣ доранд. Ва далел ҳаст, ки ҳатто орзуҳои ками эшон дар бештар маврид амалӣ нашуда, дар кунҷи қалбҳошон хомӯш мегардад. Шояд миёни ин гурӯҳи  хонандагон оянда аҳли илму адаби кишвари мо ба воя бирасанд.

 

Моҳсафари Яҳёзод,

журналист

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97