Президенти «Шаҳри Хуршед»

Фарҳанг ва адаб 10.07.2008 17:32

Мехостам, ки дар унвони ин матлаб вожаи "Шаҳриёр"-ро ба ҷои истилоҳи "Президент" нависам, аммо андеша кардам, ки на ҳар хонандаи имрӯз маънои вожаи мазкурро мефаҳмад. Ба монанди он солҳое, ки ба хотири як нафар шахси расмии русзабон ҷаласаҳо бо забони русӣ доир мешуданд, ин матлаб ҳам ба хотири фаҳмидани тамоми хонандагон бо истифода аз калимаи интернатсионалӣ унвонгузорӣ шуд. Пеш аз муаррифии Президент бояд зикр кард, ки "Шаҳри Хуршед" унвони маҷмӯаи ашъори Рустами Ваҳҳоб аст. Ин китоб моҳи июни соли равон аз ҷониби Фарҳангистони байналмилалии Шеъри ҷаҳон дар матбааи ҶДММ Анҷумани "Деваштич" ба табъ расидааст.

"Шаҳри Хуршед", чуноне ки муаллифи маҷмӯа дар саҳифаи 26 тавзеҳ додааст, номи аврупоии Хирадшаҳр ("Мадинаи фозила") мебошад ва дар истилоҳи "Ҳафт иқлим" Хуршед ба Хуросон ихтисос меёбад. Ҳамчунин қобили тазаккур аст, ки истилоҳи "шаҳр" дар замони гузашта ба маънои "кишвар, мамлакат, сарзамин" истифода мешуд.
Шаҳриёри "Шаҳри Хуршед" Рустами Ваҳҳоб кист? Ӯ муҳаққиқи борикбини адабиёти форсии тоҷикӣ ва шоири муваффақ аст.
Рустами Ваҳҳоб даъво ва парвои мансабу вазифа ва унвону мукофот надорад ва ин, ки ӯ дар сарсухани ин матлаб ҳамчун Президенти "Шаҳри Хуршед" муаррифӣ гардид, ба он хотир аст, ки ӯ дар ҳақиқат бунёдкори "Шаҳри Хуршед" аст. Рустам "Шаҳри Хуршед"-ашро аз солҳои донишҷӯӣ то имрӯз месохт ва агар замоне дар он шаҳр танҳо мезист, имрӯз, яъне баъди чоп шудани китоб, танҳо нест, хонандагонаш "шаҳрвандон"-и "Шаҳри Хуршед"-анд.
Гулрухсор дар сарсухани маҷмӯа қайд мекунад, Рустам номи рустояшро баргирифта аз номи фа-риштаи бостонии баракат ва фаровонӣ - Капила тахмин мекунад ва ба ривояти мардумӣ ҳам, ки "Капаи Алӣ" мегӯянд, эҳтиром дорад.
Рустами Ваҳҳобро бори аввал моҳи сентябри соли 1982 дида будам. Он замон мо донишҷӯи соли аввали факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будем. Вақте ки ҳангоми танаффус ба долон баромадем, як нафар донишҷӯе, ки дар назди тиреза (агар ба форсии тоҷикӣ "панҷара" нависам, эҳтимол дорад, ки баъзе хонандагон панҷараҳои атрофи биноро тасаввур кунанд, ҳарчанд ки он замон перомуни биною боғҳо панҷараҳо вуҷуд надоштанд) китоб мехонд, диққати маро ҷалб кард. Ӯ ба мутафаккир мемонд ва тарзи хонданаш на хондани сарсарӣ, балки мутолиа буд. Дар вақти танаффусҳои дигар ҳам мушоҳида кардам, ки ӯ ба монанди дигар донишҷӯён ба шӯхию бозию сигору носкашӣ машғул набуда, мутолиа мекунад. Донишҷӯёни огоҳ ба пурсиши кунҷковонаи ман посух доданд, ки он шахс донишҷӯи соли панҷум Рустами Ваҳҳоб аст. Баъди ин кӯшиш мекардам, ки ба ӯ монанд бошам.
То ин замон агар донишҷӯи идеалиро тасаввур карданӣ шавам, дар пеши назарам симои ҳамонвақтаи Рустам меояд ва Донишгоҳи азизамонро бидуни Рустами Ваҳҳобу муаллимони донишмандамон Раҳими Мусулмониён, Мукаррама Қосимова, Худоӣ Шариф, Абулҳай Маҳмадаминов тасаввур карда наметавонам.
То соли 1988 намедонистам, ки Рустам шеър мегӯяд, ҳарчанд ки донишҷӯён дар ғайбаш ӯро шоир мегуфтанд. Ӯ дар "Шаҳри Хуршед" хоксорона мегӯяд:


Чун барам қатра бар он қавм, ки Кавсар дорад,
Чӣ кунад ҳарфи маро он, ки Паямбар дорад.

Соли 1988 Рустам ҳангоми сӯҳбати ду ба ду чанд варақ коғази чопиро супорида, шарҳ дод, ки шеъри нав гуфтааст. Он "Соқинома" буд, ки дар маҷмӯаи "Шаҳри Хуршед" интишор шудааст.
Рустам чуноне ки ишора шуд, аз носу сигору нӯшокиҳои сархушкунанда дар парҳез аст ва муроҷиати ӯ ба соқӣ муроҷиати суннатӣ буда, манзураш аз май бода нест:


На бодаст ин май, ки хуни дил аст,
Ҳама дурди дарди даруни дил аст.


Соқии Рустам ҳамон шахси идеалии дардошно ва дӯсти наздиктарин аст, ки бо дарди дили шоир ошност:


Бидеҳ, соқӣ, он оби афшурдаро,
Зи нав зинда кун ин дили мурдаро.
Маро бо ту ҳарчанд миқдор нест,
Ҳарифе дигар ҳам сазовор нест.
Биёвар чунон бодаи хушгувор,
Ки гар маст нӯшад, шавад ҳушёр.
В-агар тифл нӯшад, шавад шергир,
Ҷавонӣ биёбад аз ӯ марди пир.


Рустам дар "Соқинома" ба чанд масъалаи умумимиллӣ ишора кардааст, ки яке аз онҳо маҳалгароӣ мебошад. Ӯ тифоқии замони каёнро таъкид карда, аз ҳолати имрӯза ва маҳалгароӣ афсӯс мехӯрад:


Зи деҳе барояд якешермард,
Дигар деҳ нишинад ба андӯҳу дард.
Ниҳон ному ком асту ҷанге ниҳон,
Таҳи домани ҳар кӣ санге ниҳон.
Ниҳон меҳру кину ниҳон ройу дин,
Ба каф гурз на, гурза дар остин.


Ҷои дигар мегӯяд:


То чанд гӯри ҳам канем, то чанд доми ҳам танем,
Охир на аз Оҳарманем, эй баччаҳои Моҳаво.
Мо мисли кабкони ватан сайди ҳама зоғу заған,
Аммо ба ҳам минқорзан бо ғайрати бемунтаҳо.


Шоир таъкид мекунад, ки ҳар фард бояд дар хидмати ватану миллат бошад, на баръакс:


Эй дӯст, биё, ки мешу гургӣ накунем,
Кори сутурон аст сутургӣ, накунем.
Бар фарқи сари миллати уфтода зи пой
По мондаву даъвои бузургӣ накунем.


Ба андешаи Рустам худкушиву бегонапарварӣ боиси аз даст рафтани давлат ва пароканда гардидани миллат мешавад. Ӯ дар ин маврид аз Заҳҳоки морон ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки фарзандони Кова ғамхори ҳамдигар бошанд:


Аҷамро аз он тира шуд рӯзгор,
Ки бар Ҷам гузин кард Заҳҳоки мор.
Мабодо, к-аз он ҳаждаҳи Ковиён
Яке ҳам намонад кунун дар ҷаҳон.


Искандари Мақдунӣ ҳам дар шеъри Рустам бо симои аслии худ ҳамчун истилогар таҷассум шудааст. Шоир бо ишора ба "Искандарнома"-ҳо таъкид мекунад, ки ситоиши Искандар танҳо ба хотири панд гирифтан аст:


Сикандар даре бар Аҷам боз кард,
В-аз он гоҳ тороҷ оғоз кард.
Сикандар сутудан аз он рӯзгор,
Шуда дар Аҷам панди омӯзгор.
Касе з-ин раҳ омад ба боди бурут,
Аҷам з-ӯ паямбар тарошиду бут.


Тоҷикистон, аз назари Рустам, кӯлбори дарди ҳазорсола ва модари бемори мост. Ӯ дар шеъри "Тоҷикистон" ба мардум муроҷиат карда, таъкид мекунад, ки дар Ватан зистан кам аст, бояд дасти ҳамдигарро гирифта, аз паи ободӣ бошем ва дар навбати худ Ватан низ пуштибони ватандорони муҳоҷир бошад:


Гар бидонӣ, беватанбон нестӣ,
Гар ба Чинӣ, кам зи Хоқон нестӣ.


Ин даъвати Рустам ба ҳар як шаҳрванд дахл дорад:


Кист ғамхори Ватан - гар на ту бошиву на ман?
Чашми бедори Ватан - гар на ту бошиву на ман?
Кист, то санг агар нест, сари худ биниҳад
Пойи девори Ватан, гар на ту бошиву на ман?
Тан ба хорӣ кӣ диҳад, то наканад дасти адӯ
Гул зи гулзори Ватан - гар на ту бошиву на ман?


Ҳар шахс, ба андешаи Рустам, лоиқи биҳишт аст, аммо набояд ба хотири "ваъдаи фардои зоҳид" мунтазир нишинад, балки ҳар лаҳза барои ободӣ талош варзад, зеро ки Худованд имтиёзи интихобро додааст:


Ту ҳамонӣ, ки баҳои ту баҳор асту биҳишт,
На абулҳавл зи сангу на абарбурҷ зи хишт.
Омадӣ, то ҳама ҷо зишт накӯ гардонӣ,
На паи он, ки накӯро бикунӣ зишт, палишт.
Ихтиёри ману ту бар сари як ҳарф ниҳод,
Метавон "кушт" бихонем, вале кардам "кишт".


Шоир таъкид мекунад, ки ҳар шахс имконият ва қобилият дорад, ки зиндагии худро беҳтар гардонад, зеро:


Ки калиди дари бахти ту ҷуз ангушти ту нест,
Ҳунаре нест, ки дар бозуву дар мушти ту нест.


Модар дар тасвири Рустами Ваҳҳоб офаринанда ва дар баробари пайғамбар аст:


Зиҳӣ модарон - офаринандагон,
Паямбархудоён, Худобандагон.


Дар маҷмӯа мавзӯи ишқ низ яке аз мавзӯъҳои марказӣ мебошад. Шоир ба маъшуқа чунин муроҷиат мекунад:


Ту насиби манӣ, ба ҳар ҷоӣ,
Аз манӣ, эй ки сахт зебоӣ.
Боз як субҳи поки тиллоӣ
Аз ҷаҳон дар канори ман оӣ.
То наёбамат, намемирам.


Ҳунари шоирии Рустам дар сохтани вожаву ибораҳои нави шоирона ва образҳои нотакрори дар назари хонанда тасаввуршаванда волост. Ӯ вожаву ибораҳои шоиронае, аз қабили мижгони ҳасрат, зонуи гумон, ҷилвасавор, осмонитабор, яди хазро, теғи шафақ, шарфаи пари ҷон, шаби ҷовидони чашмон, пуштидасти ханда, бистари суруд, маслахи номуси ишқ, насхи мижгон ва монанди инҳо сохта, дар тас-вири ғуруб гуфтааст:


Хуршед, ки бо ҳамосаи нур
Шаҳномаи рӯзро биёрост.
Бо зарҳали ноб дар хати уфқ
Бинвишт: Даҳони баста тиллост.


Дар маҷмӯаи "Шаҳри Хуршед" ашъори гуногунжанр - ҳам маъмулӣ, аз қабили маснавию ғазалу рубоиёту қитъаот ва ҳам арӯзи озод ҷой доранд, ки дар солҳои гуногун эҷод шудаанд. Баррасии ҳамаи онҳо ва нақди маҷмӯа аз доираи имконият ва мақсади муаллифи ин навишта берун аст, зеро ки мақсад танҳо огоҳ кардани ташнагони шеъри форсии тоҷикӣ аз нашри чунин як маҷмӯаи шеъри ноб буд. Ба дӯсти азизам - Рустами Ваҳҳоб бо байти худаш таманно мекунам:


Шаҳри Хуршеди туро нури Худо озин бод!
Субҳи иқболи туро хуни дилам кобин бод.

P.S. «Миллат» ҳам ба ин таманиёт шарик аст.


Ориёфар Толиби Сангин
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97