К-аз баҳри тиҳӣ гуҳар наояд

Фарҳанг ва адаб 13.06.2014 17:01

 

Jurabeg Nazri-adibҶӯрабек Назриев,

 

Узви вобастаиАкадемияи илмҳои ҶумҳуриТоҷикистон

 

Узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон    

 

(ё сухане чанд аз адабу адабиёт)

 

Шунидам, ки баъди марг ба номи фалон узви Иттифоқи нависандагон кӯчае ва мактабе номгузорӣ шудааст, зеро ин узви Иттифоқи нависандагон унвони "халқӣ" дошта ва барандаи ҷоизаҳое низ будааст.

 

Ӯро хуб мешинохтам ва то ҷое медонистам, вақти зинда буданаш ба эҷодиёти ӯ камтар таваҷҷуҳ мешуд ва агар мешуд ҳам, аз ҷониби як зумра муҳаққиқоне, ки дар мавзӯъи адабиёти муосир ибрози назар мекарданд, дар қатори дигарон аз ӯ ном мебурданд. Дар ҷомеъа аз назари илму донишу хираду фазилату маърифат мақоми волое надошт ва атрофиён ҳам ба ӯ майли зиёде зоҳир намекарданд, ҳатто сӯҳбаташро чандон хуш надоштанд. Аммо баъди вафоти ӯ, аз ҷониби як зумра дастандаркорон ва "хайрхоҳон" ба таври расмӣ ин қадар таваҷҷуҳ зоҳир шуд, ки аҳли фаҳмро ба ҳайрат гузошт. Чаро?

 

Дар маҳфиле, ки сари мавзӯъи номгузориҳо ва табдили номҳои вилоёту ноҳияву ҷамоъату маҳаллаву кӯчаву гулгашту гузаргоҳу майдону мактабу донишгоҳу музейу бозору мағозаю ресторану… баҳс мерафт,  ҳатто нафаре аз банда суол кард, ки фалонӣ, Шумо он нафареро, ки кӯчаву мактабу боз ҷойҳоеро ба номаш гузоштаанд хуб мешиносед, оё ӯ ба ин тавваҷуҳ сазовор аст? Мехостам дар ин мавзӯъ назари Шуморо бидонам. Ба назар мерасид, ки ин суоли ҳама аҳли нишаст буд ва ҳозирин ҷумлагӣ ба ин номгузорӣ чандон мувофиқ набуданд.

 

Чун ин номгузориҳо одатан бо пешниҳод ё шояд даву този зумрае ҳавасмандон - падару модару писару духтару бародару амаку тағову қавму қабилаву хешу ақрабои наздик ва, албатта, бо қарори ҳукумати маҳаллӣ ва бо иҷозати мақомоти болотар сурат мегирифт, нахостам ҳарфи зиёде бигӯям ва гуфтаҳои мову ман ҳам дар чунин ҳолатҳо арзише надошт, зеро борҳо шудааст, ки як гурӯҳ чунин масоилро бо "ақли расои" хеш дар "хилватхонае" ҳаллу фасл мекунанду парвое ҳам нест, ки мардум чӣ мегӯянду чӣ назар доранд, яъне меъёр "мо медонем, ҳамон мешавад, ки мегӯем, ба мушовир ва маслиҳати касе ниёз нест", вассалом.

 

Дар ҳақиқат ин зумраи ваколатдорон эрод гирифтанро аз ҷонибе хуш надоранд ва ҳарферо, ки ба дард мехурад маҳол аст бипазиранд ва ғалати худро яқин камоли доноӣ медонанд.

 

Шӯхиомез  "боло" медонад, гуфтаму худам ҳам ба андеша рафтам. Шояд иштибоҳ шуда бошад, ё шояд… Ба хотири ҳамин "шоядҳо" рӯзи дигар  роҳи китобхонаи Фирдавсиро пеш гирифтам, то тавонам бо осори ин адиби "соҳибкӯча" ва "соҳибмактаб" хуб ошно шаваму баъд ҳарфамро бо далел баён кунам. Баъди мутолааи чанд китоби ин адиби "халқӣ"-и ҷоизадор он чиро, ки завқи банда қабул дошт, дар навиштаҳояш натавонистам пайдо кунам ва хулосаам он шуд, ки эшон танҳо адиби "халқӣ"-анд, на аз халқ ва ба андешаи банда чунин "халқӣ" шуданҳову ба номи чунин "бузургону хизматнишондодаҳову мардони баору номусу рустами дастонҳо" номгузорӣ кардани кӯчаву хиёбону гузаргоҳу мактабу хоҷагиҳои… на ба манфиат, балки ба зиён аст. Боз, кӣ медонад?

 

Худовандо, қазоваткунандагонро тавфиқ бидеҳ ва ба роҳи рост ҳидоят кун то дар мақоми ростиву покиву озодагиву  ахлоқу инсоф қарор дошта бошанду хуб доварӣ кунанд ва бидонанд, ки зоғро ҳич гоҳ мартабаи мурғи хушилҳон набувад ва яқин ба қавли Хоҷаи Бузург:

 

На ҳар кӣ чеҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад,

 

На ҳар кӣ ойина созад, Сикандарӣ донад.

 

Ба қавли як зумра қиматгарон ва қиматсанҷони имрӯзӣ теъдоди фарҳангиёну фарҳехтагону зиёиёни кишвар дар ҳар соҳа гӯё афзуда истодааст ва инро як навъ фоли нек арзёбӣ мекунанд. Чун нек назар кунед, дар зоҳир чунон аст, ки таъйинкунандагони арзиш мегӯянд, дар асл ҳарф дигар аст, яъне чӣ гуна, дар чӣ сатҳе, ба чи роҳе, касеро ба ташвиш намеоварад, муҳим миқдору шумор, ҳатто беш аз шумор, то заминаи шиъор партофтану худнамоӣ намудани зумрае аз "фариштаҳои раҳмати замон" фароҳам оварда шавад ва ҷои изтиробу андеша аст, ки дастандаркорону муҳрбадастону масъулони соҳаҳо барои ин "пешравиву дастовард"-ҳо заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

 

Акнун теъдоди мақом пайдокардагону соҳибунвонҳо, барандаҳои ҷоизаҳои гуногун дар ҳар соҳа, аз ҷумла дар муҳити илму маориф-ба маънои номзади илму доктору узви вобаставу пайваставу навраставу… дар муҳити адабӣ - ба маънои  нависандаву шоиру драматургу…, ки беш аз шумор унвони "нависандаи халқӣ", "шоири халқӣ" ва барандаи ҷоизаҳои гуногунро "гирифтаанд", дар соҳаи маданият- "фарҳанг" ба маънои ҳунарманд-сарояндаву оҳангсозу мусиқинавозу раққосу бозигару актёру наттоқу ғайра, ки аксар "халқӣ"-ву "арбоб"-у "шоиста"-ву ҷоизаҳоеро "соҳиб" гаштаанд, рӯз то рӯз меафзояд ва дигарон ҳам ба умед дар навбат истодаанд, ки чи мақоме "насибашон" мегардад. Аниқтараш, дар пайи пайдо кардани мураббии "соҳибнуфузанд", ки "мураббо" бихӯранд.

 

Китобҳои зиёде ҳам ба нашр мерасад, монографияву рисолаҳои илмиву оммавию китобҳои калонҳаҷму дидарабо - куллиёт, девон, баргузидаи ашъор, ҳикоёт ё боз ягон чизи дигар. Мусобиқаи кӣ бештар "асар" чоп мекунаду китоби кӣ калонҳаҷмтар ва дар чӣ коғазе ба чоп расидааст. Муҳим нест, дар дохил чи ҳарфест ва дар кадом сатҳ "эҷод" шудааст, муҳим зоҳир назаррабо бошаду мардуми "китобшиносу китобдӯсту китобхон" бубинанд ва бидонанд, ки қаламбадастони кишвар бекор нанишастаанд, менависанду  бархе "ихтирову эҷод" мекунанд, гӯё барои халқ, аз номи халқ ва каме ҳаракат кунанд, мебинед "халқӣ" ҳам шуданд, "вобаста"-гиву "пайваста"-гиҳои Академияи илмҳо ва академиячаҳои гуногунро низ соҳиб гардидаанд, ҷоиза ҳам гирифтанд. Пешхезу пешхидмату пешкорони дирӯзӣ чун вазифаву унвону рутбаҳои баланди илмиву адабиву ҳунариро ба василае соҳиб мешаванд, мушоҳида мекунед, ки баъзеҳоро рафтору гуфтору кирдору пиндорашон низ дигар шудааст, кибру ғурур, худхоҳиву иззатталабиро дар ҷабинашон метавон мушоҳида кард ва худ бовар ҳам мекунанд, ки моли халқанду халқ ба чунинҳо сахт ниёз дорад. Дар асл мардуми боҳуш медонанд, ки чунинҳо мавҷеанд аз ҳақиқати гуҳари баҳр ғофил.

 

Банда, ки аз охирҳои солҳои шаст ба баъд бо муҳити адабӣ-эҷодии Иттиҳодияи нависандаҳо ва бузургони ин идораи як замоне хеле бонуфуз то ҷое ошноӣ доштам, медидам, ки дарҳои ин кохи маърифат барои ҳама  ҳам "боз" буду ҳам "баста". "Боз" аз он буд, ки ихлосмандони содиқ, ки теъдодашон бешумор буд, аз ҳар гӯшаву канор бо хоҳиши дил, ба умеди зиёрати бузурге ё дарёфти маънии бикр озод вориди ин даргоҳ мешуданд, то аз хираду фазилат, сӯҳбати гарму гуворо ва маслиҳату панду андарзҳои зумрае аз пирони рӯзгордида ва адибони донишманду хирадмандони ростин баҳраҳо бигиранд, "баста" аз он буд, ки на ҳар касро шарафи узви ин иттифоқ шудан насиб мегашт, яъне меъёр на камияту миқдору шумора, балки кайфияту сифату моҳият буд.

 

Охири солҳои ҳаштод ва ибтидои солҳои навад ба баъд "бозсозӣ"-ҳо ба ин "хонадон" роҳ ёфту мавҷи заҳрогини он ҳама ҷоро фаро гирифт, "дарвоза" бозу "муросову мурувват" шиор шуд ва оқибаташ маълум.

 

Акнун узви Иттифоқи нависандагон будан чандон муҳиму ифтихор нест, муҳим бо ҳар роҳе, ки бошад "халқӣ" шудану ҷоиза гирифтан, то дар зиндагӣ соҳиби шавкату мартабаву ҳашамат шаваду баъди реҳлат ба гуристони махсус бибарандаш ва маконеро ба номаш бигузоранд, ҳатто сазовор набошад ҳам. Афсӯс, чунин расму одат қабул шудааст ва касеро ёрои изҳори назар намудану иваз кардани ин қоидаву оину равиши нонавишта ва шояд номақбул нест (ин назари банда аст, ки шояд дигарон мувофиқ набошанд-Ҷ.Н.), ҳарчанд атрофи ин мавзӯъ андеша бояд шавад, то адолату савиятро мақоме бошад.

 

Сари ин мавзӯъ бо як дӯсти донишманду мутафаррису хуштабъу зираку зарифе сӯҳбат доштему ба ҳоли бозиҳои зиндагӣ "хушҳоливу хурсандиву шодиву шукрона" мекардем. Дӯстам қиссаҳои хуше мекард, дар ҳар мавзӯъ, аз ҷумла дар мавриди хоббинӣ, хобҳои парешону парокандаву мушаввашу ошуфтаи дидааш. Боре, гуфт дӯстам, хоб дидам, хоби аҷибе. Қисса кард, ки "миёнаҳои нимаи дуввуми  солҳои ҳаштод буд, авҷи маймунбозиҳои Горбачёви малъун. Рӯдакии бузургро дар хоб дидам, ранҷидахотир менамуданд. Хидматашон рафтам, ки салом кунам. Салом-ун-алайк гуфтам, алайкассалом нашунидам, вале бо қаҳр гуфтанд, фалонӣ, ту ки бо мӯҳрбадастон ва масъулони соҳаи илму фарҳанг ошноӣ дорӣ, бирав, бигӯй ва бифаҳмон, ки ман Рӯдакиям, бидонанд, ки на ҳар кас сазовор аст ҷоизаи ба номи маро соҳиб шавад. Рӯҳи маро ором гузоред, монед, осуда бихобам. Гуфтам, ки Устод, ҳама супориши Шуморо иҷро мекунам. Бо ғазаб афтоду гуфт, ки маро устод нагӯй, имрӯз ҳама даъвои устодӣ доранду "устод" шудаанд. Метавонӣ маро "соҳибқирони шоирон" ё "одам-уш-шуаро" ё "рафиқ" бигӯӣ. Баъди муддате Абуалӣ Синои бузургро ҳам дар хоб дидам, эшон низ гилаҳое пеш оварданд, ҳамон супоришро доданд, ки устод Рӯдакӣ фармуда буданд. Дар ҷойҳои лозима қиссаҳои хоббиниамро рафтаму гуфтам, натиҷа надод, камтар маро шуниданд. Акнун бошад… Ин бузургмардонро чанде пеш боз дар хоб дидам. Мисле, ки орому осуда буданду хушҳол, саломамро ҳам алайк гирифтанд. Пурсидам, сабаби хушҳолӣ чист?  Гуфтанд, мо ҳама чизро пештар ҷиддӣ қабул мекардему ошуфтахотир мегаштем, ҳоло бошад, мебинем, ҷоиза доданҳо ҷуз бозие беш нест. Ба ҳама ҷоиза додан гиреду дил ба даст биоваред. Албатта, хобе, ки ба ҳақиқат наздик аст. Оқибаташро… "Куллу явмин абтар".                                                     

 

Оё " халқӣ"-ҳо халқиянд?

 

Ҳоло мехоҳам атрофи шоирони ҷоизадор ва унвони  "халқӣ" доштаҳо ҳарф бизанам. Нависандагону драмматургони ҷоизадори "халқӣ"-ро бигузорам барои даъфаи дигар. Чаро?

 

Аз қадим расм будааст, ки бузургони пешин каломи назмро аз каломи наср афзалтар донистаанд ва касеро ҳам наметавонем пайдо кунем, ки дар таърихи суханофаринӣ дар ин мавзӯъ ҳарфи дигаре гуфта бошад.

 

Таваҷҷуҳ фармоед ба ҳарфи Камолиддин Биноии Ҳиравӣ, ки дар ин мавзӯъ чи мефармояд:

 

Назм нури чароғи инсонист,

 

Гули хушбӯи боғи инсонист.

 

Ҳар ки з-ин шӯъла бошад афсурда,

 

Ҳаст шамъи ҳаёти ӯ мурда.

 

В-он, ки бӯе набурд аз ин гули тар,

 

Ҳаст нахли ҳаёти ӯ бебар.

 

Лафзи хуш чун зи назм ёбад зеб,

 

Барад аз ҷони аҳли фаҳм шикеб.

 

Маънӣ андар либоси назм дарун

 

Менамояд чу дилбари мавзун.

 

Маънии хуш ба назми шаккаррез,

 

Тоза барги гулест шаҳдомез…

 

(Беҳрӯзу Баҳром. Нусхаи №70 Ганҷинаи дастхатҳои АИ ҶТ, варақи 24а.) 

 

Ва даҳҳо чунин мисолҳо метавон овард. Албатта, ин назарест, ки пеш аз Биноӣ, ҳанӯз асри Х1 гуфтаанд. Аз ҷумла Муҳаммад Авфӣ ҳамин ақидаро дар муқаддимаи тазкираи худ меоварад ва мавқеи назмро нисбат ба наср хеле боло мегузорад. 

 

То ҷое медонистам, аз соли 1962, яъне аз замони таъсиси унвони "…халқии Тоҷикистон " дар муҳити адабӣ ба маънои шоиру нависанда то ибтидои нимаи дуввуми солҳои ҳаштод, ҷамъулҷамъ се "халқӣ" доштем-устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Мирсаид Миршакар буданду халос, ки дар халқӣ будани онҳо ҷои тардид набуд ва яқин ҳама онҳоро мешинохтанду иззату эҳтиром мекарданду азизу маҳбуби ҳама буданд ва то кунун дар ёду дили мардумони хирадпеша ҷойгоҳе доранд. Вале…Чаро? 

 

Чунон, ки ишора шуд имрӯзҳо аз "ҳиммати баланд"-и масъулони соҳа дар пешниҳоди ин ё он хомабадаст теъдоди "халқӣ"-ҳо ва ҷоизадорон дар майдони адабиёт рӯ ба "тараққӣ" овардааст, вале  мардуми боҳуш на ҳамаашонро ҷиддӣ қабул доранд, ҳатто баъзеи онҳоро намешиносанд ё бо назари шубҳа ва ришханд ба онҳо менигаранд. Пушти парда ҳарфҳое мегӯянд, ки кош намегуфтанд. Солҳои пеш камтар мегуфтанд ё намегуфтанд. Имрӯз чаро?

 

Худо ҳама чизро мебинаду медонад ва бандагони хубаш низ.

 

Боре бо рафиқе барои сарфи наҳор вориди қаҳвахонае шудам ва дидам чанд нафар "халқӣ"-ҳо нишаста буданду суҳбати гарме доштанд. Чун ҳамдигарро мешинохтем, ба саломашон рафтам. Баъди салом-ун-алайк ва аҳволпурсӣ онҳо бандаро ба сари суфра даъват карданд. Изҳори сипос кардаму дар ҷавоб, танҳо нестам, ҳамроҳ дорам, сониян  намехоҳам музоҳим шавам ва шӯхиомез, "халқӣ" ҳам нестам, ки ҳуқуқи бо "халқӣ"-ҳо нишастанро дошта бошам гуфтаму узр пурсида ба мизи дигар нишастам. Қаҳвахона пур аз одам буд. Медидам, ки касеро парвои касе нест, на "халқӣ"-ҳоро парвои дигарон ва на дигаронро низ парвои "халқӣ"-ҳо, гӯё касе ба касе кор надорад, ё касе касеро намешиносад. Ба назар мерасид, ки "халқӣ"-ҳоро "халқӣ"-шавандаи навбатӣ мизбон аст. Манзараи аҷибе буд, ки атрофи он таамул бояд кард.

 

Ё худ боре аз тариқи телевизион дидам, ки яке аз журналист- ровиёни огоҳу боҳуш ва аз олами шеър бохабар бо адиби "халқӣ"-е суҳбат дошт. Аз рӯи расмият ва қонунҳои нонавишта, вале қабулшуда, ровӣ вазифадор буд ҳамсуҳбаташро мадҳу сано бихонад, навиштаҳояшро таърифу тавсиф кунад ва ӯро чун яке аз пайравони муваффақи адибони бузурги пешин дар ин ҷода муаррифӣ кунад. Ба назар мерасид, ки баранда муболиғаи иғроқу беҳудагӯӣ кардан намехост ва шояд ҳисси масъулияти виҷдон ва шуур бошад, ки дар мадҳу санои эҷодиёти  ҳамсуҳбаташ "камҳавсалагӣ" зоҳир мекард, ҳатто "халқӣ" буданашро эълом накард, ки боиси ранҷиш ва эътирози шадиди шоири "халқӣ" гашт. Ровӣ дар ҷавоб гуфт, наранҷед, устод Рӯдакӣ "халқӣ" набуданд, вале ҳазору сад сол аст, ки азизи халқанду аз "халқӣ"-ҳо халқитар. Манзараи хуше набуд.

 

Дар ҳақиқат чун нек назар мекардед, мушоҳида мешуд, ки он "халқӣ" мисли чандин "халқӣ"-ҳои дигар чандон халқиву мардумӣ набуд, вале соҳибунвон буд ва аз рӯи расмият ҳуқуқи эътироз карданро дошт. Пас чаро кор чунин сурат гирифт, муҷрим кист?

 

Оё зарурат дорад, ки ба хотири… "халқӣ" бисозему эълом кунем, ки инҳо халқиянду моли мардум, эҷодашонро қабул кунеду эҳтиромашонро ба ҷо биоваред! Мардум чи назар дорад, киро ва чиро қабул дораду киро ва чиро не ва чаро?

 

Пас як пешниҳод дорам, ки яқин қобили қабули унвондиҳандагону унвондорон намегардад, вале мегӯянду мегӯям. Барои наранҷидан ва наранҷондан тамоми аъзои Иттифоқи нависандагон, рассомон, ҳунармандони саҳна, хунёгарон, мусиқинавозон, раққосон ва ғайраро унвони "халқӣ" бояд доду барои онҳое, ки дар ҳақиқат аз халқанду шахсият ва байни мардум маҳбубият доранду хидмат кардаанд, чуноне ки Айниву Лоҳутӣ буданду Мирзо Турсунзодаю Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакару Сотим Улуғзода ва… Акашариф Ҷӯраеву Абдулло Назриеву Одина Ҳошимову Барно Исҳоқоваю Зафар Нозимову… Муҳаммадҷон Қосимову Тӯҳфа Фозиловаю Маҳмудҷон Воҳидову Ато Муҳаммадҷону… буданд унвоне кашф кунем то моро ҳақиқатбину ҳақиқатназару ҳақиқатшиносу ҳақнавоз гӯянд. Дар дунёи илм ҳам сари ин мавзӯъ андеша бояд кард.

 

Албатта истилоҳи "устод" ҳам намешавад, теъдодашон зиёд, аз хатмкардаи донишгоҳ то академик ҳама даъвои устодӣ доранд. Як нафарашро "устод" гӯию дигарашро нагӯӣ, меранҷанд. Истилоҳи "ҳазрат"-ро низ наметавон қабул кард. Эҳтимол дорад пешвоёни дину мазҳаб, ходимони масҷид биранҷанд, зеро ин истилоҳро бештар ба худ нисбат медиҳанд. Сониян расм шудааст, ки аз ҷорӯбкаши масҷид то воизу хатибу имоми ҷамоъатро мардуми оддӣ "ҳазрат" гуфта муроҷиат мекунанд. Истиллоҳи "мулло" низ ҷавобгӯи ин матлаб нест. "Мулло" гуфта, одатан муаллими мадраса, олими дин ва шариатро дар назар доранд. Ҳарчанд "мулло" маънии бисёрхонию пурдонию бомаърифату бофарҳангиро дорад ба ин тарафи масъала мардум камтар аҳамият медиҳанд. Сониян истилоҳи "мулло" баъди воқеаҳои охири солҳои ҳаштод ва ибтидои солҳои навад ба баъд маънии манфӣ пайдо кард, яъне моҷароҷӯ. "Бобои эшон"-у "бобои махсум" низ пистаи бемағзро мемонад. "Ҷаноб"-у " хонум"-у "аълоҳазрат"-у "улёҳазрат" гуфтан ҳам чандон самимӣ нест. Сониян ин истилоҳот маъниҳои зиёд ҳам дорад. Беҳтар мебуд вақти муроҷиат бо такя ба ҳарфи бузургони пешин истилоҳи "рафиқ" -ро мавриди истифода қарор медодем, зеро "Рафиқ" бар ҳама чизе муқаддам аст. Ё худ истифодаи ибороти "модарону падарон"-и азиз "хоҳарону бародарон"-и арҷманд ё гиромӣ, ки хеле гарму гуворою самимист ва ғайра.    

 

Сари ин мавзӯъ низ андеша бояд кард ва бояд донист, ки:

 

На ҳар, ки тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,

 

Кулоҳдориву ойини сарварӣ донад.

 

Пас на ҳар кас метавонад бо лутфи табъ сухане биофарад, ки вазну тамкин дошта бошаду ба дилҳо нуру сафо бубахшад ва хуб гуфтаанд, ки:

 

Дар сухан дурр боядат гуфтан,

 

Варна гунгӣ беҳ аз сухан гуфтан.

 

Ва онҳое ҳам, ки дурри маънӣ суфтаанду сухани бикру хубу нағз гуфтаанд, бе таблиғ ҳам бешак моли халқанду аз мардум, ҳарчанд "халқӣ" нестанд. Ба чунинҳо бояд таваҷҷуҳ кард.

 

Худованд огаҳ аст ва бандагони хубаш низ.

 

Дар муҳити иттиҳодияҳои эҷодӣ, дар бошукӯҳтарин маҷлисгоҳҳо, бо ширкати садҳо нафар мебинед ба муносибате сари ҳар вақт чорабиниҳое баргузор мегардад, шаби ёдбуд, рӯзи мавлуд, рӯнамоии асаре ва… матлаб маълум, яъне бештар сухани "дилу ботин" гуфтану таъриф асту хушомадгӯиву тамаллуқкорӣ, ҳатто муболиғаи иғроқу ғулув ва ҳамаи мо лофу газофу иддаоҳои беҳударо мешунавему ба ҷои тааммул таҳаммул мекунем, ҳатто қарсак мезанем ва зиёфат ҳам мехӯрем ва дар ғоиб он чиро мегӯем, ки дар ҳузур бояд гуфт, ки намегӯем. Шояд чунин  "ошкорбаёнӣ"-ҳо ва "ҷавонмардӣ"-ҳо дар заминаи муросову мурувват бошад ё "оқибатандешӣ".

 

Ёд дорам, ки то замони "бозсозӣ"-и Горбачёви мурдор ва ҳамраҳони палидаш ҳар кас дар баргузории ёдбуду ҷашну рӯзи мавлуду бузургдошту… мақоми худро дошт. Масалан, ҷашни Мирзо Турсунзода дар бинои театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, 50- солагии Сотим Улуғзода дар бинои Театри Абулқосим Лоҳутӣ баргузор шуда буд ва ғайра.

 

Дар хотирам мондааст, ки охири солҳои ҳафтод як шахси бонуфузу соҳибэҳтиром, нависандаи донишманд, доктори ҳақиқии илм (на докторҳои имрӯзӣ- Ҷ.Н.), профессор, узви Иттифоқи нависандагон мехост 50- солагии хешро дар бинои Театри Лоҳутӣ баргузор кунад, иҷозат нашуд, ҳатто дар бинои Иттиҳодияи нависандагон низ. Маслиҳат шуд, ки ҷашн дар маҷлисгоҳи бинои Институти забон ва адабиёт баргузор шавад. Ҳоло чаро?

 

Банда асарҳои "таҳқиқотӣ", китоб ва мақолоти рӯзномаҳову маҷаллот ва баёноту гузоришоти радиову телевизиони замони бозсозӣ ба баъдро камтар мутолаа менамояму камтар мешунаваму камтар тамошо мекунам, то хаёлам роҳат бошад. Шояд мутолаакунандагони муҳтарами нозукандеш маро дуруст фаҳманд.

 

Чанд рӯзе пеш асари таҳқиқии шоиреро, ки  ба муносибати 70 солагии як шоири дигари соҳибунвон навиштааст, ба дастам доданд. Чун ҳардуро эҳтиром мекунам, хилофи одат навиштаро мутолаа кардам, ҷуз як навъ  "эҳтиромнома" ва зиёдагуфтанҳое беш нест. Бубинед, муаллифи арҷманди асар чи мегӯяд. "Дар адабиёти мо сабкҳои хуросонӣ, ироқӣ, аҷамӣ (?), ҳиндӣ, озарбойҷонӣ (?) аст ва фикр мекунам имрӯз дар ҳавзаи адабии мо аз дер боз сабки дигаре шакл гирифта истодааст ва ин шакл ҳам наздик ба сабки хуросонист, вале равишу нигориш ва тафаккури эҷод шуданаш дигархелтар аст, агар аҳли таҳқиқ назар ба он бикунанд, фикр мекунам, дармеёбанд, ки ин сабки хатлонист, ки имрӯз дар шеъри шоирони воҳаи Хатлон воқеан аркони худро дорад, ҷилваҳои худро дорад, накҳати худро дорад, ки барои аҳли таҳқиқ он гуфтанӣ аст" ("Шоире бо китобу сабки худшиносӣ", Душанбе-2013, саҳ. 61-62). Ё худ муаллифи сарсухани ҳамин китоб (ба қавли худаш шоир, суханшинос-Ҷ.Н.) чунин мегӯяд: "Ва дар ҳақиқат афроштани парчами дубораи шеъри Фирдавсӣ ба дӯши…" фалонӣ ( На ҳар кас қудрати "афроштани парчами дубораи шеъри Фирдавсӣ"-ро дорад. Рӯҳи Фирдавсиро ором гузоред.-Ҷ.Н.), ки "Ашъораш серқира, доманфарох, ғалаёновар, ростин, бо пероҳани латифи баҳорӣ ороста, сабки хоси ҷонпарвар ва дӯстдор дорад… Нигоҳи ман ба шеъри шоир ба тарзи дигар, сухани дигар аст. Шикастани ҳама суханвариҳост (қолабшиканиҳост). Бас аст дар як қолаб сухан гуфтан" (ҳамон ҷо, саҳ.8). Ва давом медиҳад: "…дар адабиёти форсӣ сабкҳои хуросонӣ, ироқӣ, аҷамӣ, ҳиндӣ, озарбойҷонӣ аз сабкҳои маъмул аст. Агар аҳли тадқиқ дақиқ назар намоянд, гумон мекунам сабки дигареро бо номи "Сабки хатлонӣ" бояд ном бубарем, ки ин сабк ҷилваҳою накҳати тозаи худро дорад…" (ҳамон ҷо, саҳ. 14.)

 

Аз шарҳу баёни ин иборот, ки "хат ғалат, маънӣ ғалат, имло ғалат, иншо ғалат" омадааст, худдорӣ мекунам ва мисоли дигар ҳам намеоварам то ҳарфам боиси ранҷиши касе қарор нагирад. Хонандаи боҳуш худ қазоват кунад, ки бо ин "андеша" оё метавон мувофиқ буд? Бо чунин дарку фаҳму изҳори назар карданҳо нашавад хонандаро дар шинохти шеър ба сӯи саҳву хато бубарем? Хуб мешуд, ки шоирони арҷманд шеър бинависанду таҳқиқро бигузоранд ба зиммаи муҳаққиқони хуби соҳаи адабиёти муосир, албатта адабиётшиносоне, ки ҳам дарку дониш дошта бошанду ҳам дар доираи маҳал давр назананд.

 

Ё ба суханони зерин таваҷҷуҳ фармоед, ки дар як нашрияи хусусӣ нашр шудааст ва хулоса бароред: "Ин ҳафта, 20 ноябр, устоди устодони илми адаб ва бузургтарин қаламкаши Тоҷикон дар асри 20 ва 21, гиромиқадр Бозор Собир ба синни мубораки 75 расиданд, ки ин санаи муҳими Миллиро ба тоҷикон табрику таҳният мегӯем. Ва чун ин зодрӯз- зодрӯзи Миллат аст…"

 

Албатта Бозор Собир дар муҳити шеъри муосири тоҷик яке аз шоирони хубу боистеъдод аст, вале дар таърихи адабиёти зиёда аз 1100 солаи миллати тоҷик овардани ибороти "устоди устодони илму адаб", "бузургтарин қаламкаши Тоҷикон дар асри 20 ва 21", "санаи муҳими Миллиро ба тоҷикон табрику таҳният мегӯем", "ин зодрӯз - зодрӯзи Миллат аст"  магар зиёдагӯӣ ва муболиғаи ғулув нест?

 

Фикр мекунам сухани донишмад ва муҳаққиқи шинохта Абдурраҳмон Абдуманнонов дар китобаш "Пиндорҳо ва ингорҳо" тақвиятгари андешаи болост. Ӯ мақолае дар шинохти шеъри Бозор Собир навишта, дар охири он эзоҳи ҷолиберо афзудааст, ки хонандаи арҷманд худ метавонад хулосае барорад:

 

"Дар ин ҷо шеъргунаҳо ва мақолаҳои майдониву кӯчагии Бозор Собир ба назари эътибор гирифта нашуданд, зеро муаллифи мақола онҳоро моли адабиёт намешуморад". (Пиндорҳо ва ингорҳо. "Адиб",2006, с.54). Яъне будааст гуфтаниҳое, ки касро ба андеша мебарад.  

 

Ё адиби маъруф Меҳмон Бахтӣ ба ифтихори ҷашни 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ манзумае менависад, бо номи "Бозтоби офтоб", иборат аз 216 байт, ки бо абёти зерин шурӯъ мешавад;

 

Ё Ҳазрати Мавлоно,

 

Донандатарин доно!

 

Дар санг чу дар мино,

 

Бинандатарин бино…

 

(Бозтоби офтоб.Душанбе,2007, саҳ.8)

 

-бо иловаи 8 байти худи Мавлоно. Ҳамчунин 7 рубоии дигар бо унвони "Боз о, боз о!".

 

Аз муҳаббату ихлосе, ки ба Мавлои Рум дораму эҳтироми зиёд ба муаллиф, навиштаҳоро хондам. Маълум, ки муаллиф дар эҷоди ин асар заҳмат кашидааст ва бешак туҳфа-эҳтиромномае буд дар ҷашни 800 солагии ин нобиғаи ҳар давру замон. Ба ҳусну қубҳ ва кайфияту камияти манзума коре надорам, вале навиштаҳои мавлоношинос, Узви пайвастаи Академияи педагогӣ ва иҷтимоии Россия, профессор, устоди арҷманд Нодир Одил зери унвони "Валаднома"-и сонӣ" касро ба андеша мебарад. Аз ҷумла ӯ менависад:

 

"Камина, яъне сотири (чаро "сотир", яъне чӣ? - Ҷ.Н.) ин сатрҳо 50 сол боз ба омӯхтани ҳикмату ашъори Мавлоно ва он чӣ дар бораи Мавлонову маънавиёти ӯ навишта шудааст, машғулам. Вале манзумае, ки афкор, аъмол ва асолати шахсияти Мавлоноро бо тамоми ҳастияш ифодагар бошад, аввал "Валаднома"-и писари Мавлоно - Султон Валад ва сонӣ манзумаи Меҳмон Бахтӣ "Бозтоби офтоб" мебошад.

 

Дар ин манзума симои маънавӣ, шахсияти Мавлоно бо обу ранги тозаи шоирона ва зебогии шоиста ва боистаи Мавлоно баъди 800 сол ҷилвагар мегардад. Услубу усули баён, банду басти манзума бикру нотакрор аст.

 

Манзума бо оҳангу сози ангезандаи самъи ирфонӣ ибтидо ёфта, вазнаш оҳанге дорад, ки касро ба хироми самоъӣ водор мекунад" (Бозтоби офтоб. Душанбе, 2007, саҳ.3-4). Оё чунин аст, ки муҳаққиқи арҷманд мегӯяд? Сари ин ифода таамул бояд кард то ба ифроту "бешгӯӣ" ҷой намонад.

 

Дигар, шоири мӯҳтарам Меҳмон Бахтӣ баъди байти 127 барои тақвияти афкори дар манзума овардаи хеш абёти:

 

"Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,

 

Нест пайғамбар, вале дорад китоб.

 

"Маснавии маънавӣ"-и Мавлавӣ,

 

Ҳаст "Қуръон" дар забони паҳлавӣ"

 

-ро меовараду мегӯяд "Аз Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ" аст (Меҳмон Бахтӣ. "Бозтоби офтоб". Душанбе, 2007,саҳ.21). Ин абёт аз ҷониби зумрае аз муҳаққиқони  намоёни  Шарқу Ғарб  ба қалами Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414- 1492) мансуб дониста шудааст, аммо ин байтҳои зикршуда дар осори Ҷомӣ дучор намеоянд. Матншиносон абёти болоро ба ин тариқ овардаанд:

 

Ман намегӯям, ки он олиҷаноб

 

Ҳаст пайғамбар, вале дорад китоб.

 

"Маснавии маънавӣ"-и Мавлавӣ

 

Ҳаст "Қуръон"-е ба лафзи паҳлавӣ.

 

Ва аҳли таҳқиқ исбот кардаанд, ки ин чаҳор мисраъ ба Абдурраҳмони Ҷомӣ муносибате надоранд, балки ба қалами адибу донишманди намоёни аҳди Сафавиҳо Шайх Баҳоуддини Омулӣ (1547-1622) тааллуқ доранд. Нигаред: Сайид Тақӣ Оли Ёсин. "Маснавӣ"-"Қуръон"-и шеъри порсӣ. Маҷаллаи "Номаи порсӣ",соли нӯҳум, шумораи 3, 1383-с.143-144".

 

Хуб мебуд, ки муҳаққиқ ва муҳаррири мӯҳтарам, мавлоношинос Нодир Одил сари ин мавзӯъ изҳори назар мекарду он чиро мегуфту равшанӣ меандохт, ки бояд гуфт. Вале… Ва садҳо чунин мисолҳо метавон овард.

 

Мақсади банда ҳоло таҳлилу таҳқиқу нақди шеъри шоирони муосир нест, балки як навъ мушоҳидаҳоест сари ҳунари бархе аз адибони соҳибистеъдод. Ибрози назар кардам, то дигарон бидонанд, ки бо шеър наметавон бозӣ кард ва маълум, ки на ҳар нозим метавонад шоир бошад. Худованд ҳамаро медонад ва бандагони хубаш низ воқифанд.

 

(идома дорад)

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97