Дар мазори ғарибон ҳам гулу...

Фарҳанг ва адаб 05.06.2014 09:08

Dar mazorАхиран деҳаи зебоманзари Учқурғон, воқеъ дар ноҳияи Қадамҷои кишвари Қирғизистон лабрез аз шуру ҳаяҷон ва руҳияи боландагӣ буд. Дар ин ҷо бо ибтикори Иттиҳодияи ҷамъияти тоҷикони ба номи устод Рӯдакӣ ба ифтихори 600-умин солгарди мутафаккир ва шоири барҷастаи миллат- Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамоиши илмиву амалӣ баргузор шуд. Ин маҳфил дар дабиристони тоҷикии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар деҳаи Учқурғон, бо ҳузури густурдаи намояндагони мақомоти расмии Қирғизистон, сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё "Пайванд" доир шуд.

Ҳамзамон, дар ин рӯзи босафо (15 майи соли 2014) дар деҳи тоҷикнишини Учқурғон аз баракати Мавлоно Ҷомӣ рӯйдоде ба вуқуъ омад, ки мавриди ризоят ва хушҳолии сокинони ин мавзеъ гардид. Бо ҳузури ҷамъи касире аз меҳмонону ришсафедони деҳа, маросими пардабардорӣ аз мақбараи  бозсозишудаи орифу мутафаккири халқамон- "Эшони Балхӣ" сурат гирифт.

Дар мавриди шахсият ва ҷойгоҳи Эшони Балхӣ миёни сокинони водии  Фарғона нақлу ривоёти зиёде мавҷуд аст. Тайи чанд соли ахир бо ҳиммати устод Шарифҷони Учқурғонӣ- сарсупурдаи фарҳангу забони миллатамон, роҷеъ ба рӯзгори "Эшони Балхӣ" таҳқиқоту ковишҳои судманд анҷом шуд, ки ба зудӣ ба шакли китоб ё рисола дар Бишкек нашр хоҳад шуд.

Dar mazor-1Тибқи навиштаҳои устод Учқурғонӣ- узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва Қирғизистон, номи аслии ин орифи шинохта, Сайид Юнус буда, фарзанди Мир Абулҳасан Эшони Муйи Муборак , аз аҳли Балхи бостонӣ мебошад. Сайид Юнус дар соли 1820 дар ҳамин шаҳри пурфуруғи тоҷикон ба дунё омадааст. Соли 1860, ки 40 сол умр доштааст, бинобар далоили номаълум зодгоҳро тарк гуфта, ба водии Фарғона меояд. Вай деҳаи Учқурғонро барои иқомати доимӣ ихтиёр карда, бо духтаре бо номи  Аҷанисо издивоҷ мекунад. Ин шахсияти рӯҳонӣ ба унвони мударрис фаъолият намуда, дар як вақт ба табобати мардум иқдом кардааст. Аз ин ҷост, ки ӯро гоҳе "Эшони Балхӣ" ва ҳам "Табиби Балхӣ" ёд мекунанд. Вай боз дар илми муҳандисӣ низ чирадаст будааст ва ҷӯйе (канал) ба дарозои 21 км- ро тарроҳӣ ва таҳти иҷро қарор додааст.

Ба гуфтаи Шарифҷони Учқурғонӣ, маҳбубияти Эшони Балхӣ дар замони ҳаёташ ба ҳадде будааст, ки аз тамоми водии Фарғона муридону алоқамандон ба зиёраташ меомадаанд. Замоне ки ӯро умр ба 70 мерасад, ҳавои зодгоҳ ба сараш меояд. Охирин бор, зимни мулоқот бо мардуми Учқурғон, аз ин азми худ хабар медиҳад. Изҳор медорад, ки агар тайи се рӯз кадом иттифоқе барояш пеш биёяд, ӯро дар канори манзилаш, дар соҳили рӯди Исфайрам, дафн намоянд. Пас аз се рӯз одамон аз рӯди Исфайрам ҷасади Эшони Балхиро пайдо намуда ва тибқи васият ба хокаш супурданд. Дар мавриди далел ва сабаби шаҳид шудани Эшони Балхӣ низ фарзияву қиссаҳои зиёде мавҷуд аст. Аммо бархе бар ин ақидаанд, ки ин марди шариф мавриди ҳамлаи роҳзанҳо қарор гирифта аст.

Дар соли 1890 муридон рӯи қабри Эшони Балхӣ мақбараеро бино карданд. Ҷолиб аст, ки ин мақбара аз осеби замонаҳо, нишебу фарози зиндагӣ дар  офият монда ва то айёми мо расидааст. Даврони Шӯравӣ се кӯшиши зимомдорони маҳаллӣ ҷиҳати ба хок яксон кардани мадфани Эшони Балхӣ бесамар меанҷомад. Бар асоси фармудаи куҳансолони Учқурғон, хокҷои Эшони Балхӣ ду даҳшати фаромадани селро низ, ки солҳои 1930 ва 1966 ба вуқуъ омадаанд, бидуни осебе пушти сар кардааст.

Dar mazor peshinУстод Шарифҷони Учқурғонӣ ҳамзамон бо ҷамъоварии мавод оиди рӯзгори Эшони Балхӣ, дар фикри ободу маъмур гардонидани хокҷои ин орифи миллат буд. Вай дар ин робита ба фарзандаш  Мавлонҷон Абдураззоқов муроҷиат намуд. Мавлонҷон, ки ҳамзамон бо тоҷири шинохта будан, раёсати маркази фарҳангии тоҷикони деҳаи Учқурғонро ба уҳда дорад, аз ин пешниҳоди падари хирадманд бо камоли мамнуният ҳимоят кард. Дар андак замон устоҳои гулдасти деҳа ба кор иқдом намуда, ба мақбара намоди зебову дилкаш ато карданд. Барои анҷоми ин амри хайр 230 ҳазор соми қирғизӣ (баробар бо 4 ҳазор доллари амрикоӣ) масраф гардид. Ба гуфтаи Мавлонҷон Абдураззоқов, ки худ сармоягузори аслии ин тарҳ мебошад, Равшанбек Собиров- раиси созмони тоҷикони Қирғизистон низ саҳми шоистаро гузошта аст.

Турсунбой Боқир, намояндаи порлумон ва чеҳраи барҷастаи сиёсӣ ва фарҳангии Қирғизистон, зимни бозгушоии мақбараи ин орифи шинохтаи миллати тоҷик, аз дастандаркорони ин амали хайр қадрдонӣ намуд. Вай таъкид кард, ки рӯзгору осори Эшони Балхӣ барин шахсиятҳои маорифпарвар ба фармудаи орифони воқеъӣ мутобиқат мекунад, ки "дил ба ёру даст ба кор"-ро сармашқи рӯзгор қарор додаанд.

Академик Бектемир Мирзоиброҳимов- раиси Анҷумани халқҳои Қирғизистон ва чанде дигар аз шахсиятҳои маъруфи Қирғизистону Тоҷикистон дар ин ҷамъ суҳбат карда, иқдоми фаъолони созмони тоҷикон ба номи Рӯдакиро дар ин росто мавриди ситоиш ва тамҷид қарор доданд.

Банда низ дар қатори соир ширкаткунандагони ин маросим ба қироати Қуръони карим гӯш дода, таҳти ҳиссиёти аҷибе қарор гирифтам. Чун ҳудуди 20 сол боз ҷудо аз Ватан ба сар мебарам, он нукта бароям гуворо буд, ки сокинони ин сарзамини босафо, пас аз гузашти даҳсолаҳо ба поси хидмати орифи Балхӣ, ки ба бобоҳояшон анҷом додааст, барояш арҷ мегузоранд. Борҳо ин байти машҳури тоҷикиро шунидаам, ки аз саргузашти сахту пурфоҷиаи ғарибону мусофирони дур аз ватан буда ба шеваи дилхарош ҳикоят мекунад:

Дар мазори мо ғарибон не чароғе не гуле,

Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле…

Аммо он рӯзи босафо дар деҳаи тоҷикнишини Учқурғон болои хоки орифи ғарибу раҳдур садои булбулу ғул-ғули мардум ба гӯш мерасид, ки мояи умед ва шодмонӣ мебошад.

Dar mazor BalkhiДар  сафари ахир ба Учқурғон бо мардумонаш гуфтугӯ ва суҳбатҳои тулонӣ доштам. Ин шабу рӯз ҳамзабонони мо тарадуд доранд, ки меваи парвардаи худро ба самар расонида, аз ноҳияи фуруши он зиндагии хешро сомон бидиҳанд. Хусусан гелосу шафтолузорҳои Учқурғон дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна ва бозорҳои Русия маълуму машҳур аст. Ба гуфтаи боғдорон баҳори имсол табиат ба дарахтон лутф карда, ҳосили фаровон дар роҳ аст.

Дар як вақт дидорҳоям бо устоди сухан- Шарифҷони Учқурғонӣ басо фаромушнашуданӣ мебошанд. Ин пири равшанзамир, ки баҳори 84- уми умрашро истиқбол гирифт, ҳанҳз ҳам дар ғами ривоҷу равнақи фарҳангу забони модарӣ дар ин сарзамин мебошад. Устод аз амалӣ гаштани нияти худ оиди мақбараи Эшони Балхӣ болидахотир аст. Вай мегӯяд: "Меҳру муҳаббатам ба ин суфии покманиш аз соли 1947 пайдо шуда буд. Ҳоло ки мақбараи валангори Эшони Балхӣ аз нав эҳё гардид, худро хушбахту осуда эҳсос мекунам.

Устод Учқурғонӣ изҳор медорад, ки дар маҳдудаи деҳаи Учқурғон, ки беш аз 25 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунад , 11 мақбара ва ё зиёратгоҳ мавҷуд аст. Агар умр вафо намояд устод Учқурғонӣ ният дорад оиди таърихи мадфани бузургони деҳааш маълумот гирд оварад. Ба ҷаҳду талоши Шарифҷони Учқурғонӣ- ин марди зоҳиру ботинаш шариф назар дӯхта, ба ин фармудаи гузаштагон эътиқодам қавитар мегардад, ки:

Бузургонро бузургон зиндаву поянда медоранд.

 Қодиршои Мурувват, сардабири нашрияи тоҷикии "Паёми Ала-Тоо", Бишкек, Қирғизистон 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97