УСТОДИ СУХАН - Бурҳон РАҲМОН 80 сола шуд

Фарҳанг ва адаб 07.05.2014 09:34

«Ва бидон к-аз ҳама ҳунарҳо беҳтарин ҳунар сухан гуфтан аст».

(Кайковус)

Burkhon rahmonӮ як суханвару сухандону сухангӯй аст. Суханвари мумтозу варзида, наттоқи касбиву собиқадор аст.

Сухани мо дар бораи Бурҳон Раҳмон - наттоқи дараҷаи олӣ, корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи чандин ифтихорномаи ҳукуматӣ ва сухангӯйи писандидаи мардум аст…

Бурҳон Раҳмон зодаи но-ҳияи Ванҷи Бадахшон аст. Ванҷи афсонавӣ. Истеъдоди худододи Бурҳон Раҳмон дар ҳамин диёри зебоманзари кӯҳистон арзи ҳастӣ кардааст.

Вале доштани истеъдоди табиӣ ба худии худ кофӣ нест. Истеъдоди Бурҳон Раҳмон низ пас аз омадан ба Сталинобод - маркази ҷумҳурӣ, пас аз мутолиаи зиёду заҳматҳои фаровон, пас аз омӯзиши адабиёти ҷаҳоншумули форс-тоҷик, пас аз ошноӣ бо назми безаволи классикону осори адибони муосири тоҷик ва мадади устодон рушду нумӯъ ёфта ва оламгир шуд. Бале, бидуни муболиға оламгир шуд, зеро ба садои баланду марғуб, садои нотакрору хос, садои таниндору қавии ӯ на танҳо дар кишвари мо ва дар мамолики ҳамсояву минтақа, балки шунавандагон ҳатто дар кишвари дур аз мо- Мексика арзиш қоил шудаанд.

Бурҳон Раҳмон пас аз хатми мактаби ҳафтсола ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм месупорад. Баъдан, донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии ба номи Шевченкои пойтахт мешавад.

Беҳтарин айёми ҷавонӣ, айёми донишҷӯӣ ва таҳсил дар Донишгоҳ оғоз мешавад, ки аз хотираи ӯ назудудаанд… Дар ин солҳо бо яке аз духтарони зебо, донишҷӯи ҳамин донишгоҳ Саодатхон, ки бо ҳам каме қаробати хешӣ низ доранд, шинос мешавад ва тақдири худро бо ҳам мепайванданд. Оила бунёд мекунанд, оилаи намунавӣ. Ҳамсари Бурҳон Раҳмон бону Саодат омӯзгори собиқадору варзидаи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ аст. Ба муаллима - ин бонуи ботамкину озода, хушгуфтору хушмуомила шогирдону ҳамкорон эҳтироми беандоза доранд. Ин ду шахсият, ки бо ҳам солҳои тӯлониро пушти сар кардаанд, гармиву сардии зиёди зиндагиро дидаанд, бо якдигар муносибату эҳтироми истисноӣ доранд, ки намунаву қобили пайравӣ барои ҷавонон аст.

Фарзандонро тарбия карданд, калон карданд. Фарзандони хубро ва Соҳибмаълумоту соҳиби хонаву дару оила карданд.

Фаъоли ҷомеа аст Бурҳон Раҳмон. Хеле фаъол аст, коромаду пуркор, ҷиддиву пурмасъулият аст ӯ, серсоҳа аст фаъолияти ӯ. Фикр мекунам, муваффақияту самараи кораш низ аз ҳамин хислатҳояш сарчашма мегиранд. Фақат ном бурдани риштаҳои фаъолияташ қобили мулоҳиза аст. Наттоқи касбии радиои тоҷик, ҳамкорӣ бо телевизион, ширкат дар дубляж кардани филмҳои ҳунариву тасвирӣ, овоз додани филмҳои мустанад, ҳунарнамоӣ дар филму намоишномаҳо, ровигӣ дар ҷамъомаду маҳфилҳои мухталифи расмӣ, садри суру маҳфилҳои шодии хонаводагӣ, фаъолияти ҳизбӣ, корҳои маҳаллаи зист, сафарҳои ҳунарии хориҷӣ… Ва ниҳоят ин ки ӯ дар рӯзҳои мушкили ҳамватанонаш - дар рӯзҳои сӯг ҳамеша ба по истодааст, ҳамеша омодаи хидмат аст, доимо дар хидмат аст. Ҳамеша бо мардуми худ аст. Ҳамдард, хайрхоҳ, дилсӯз, одамдӯст, хушмуошират, хушсухану хушгуфтор аст. Якеро дилдорӣ медиҳад, дигареро насиҳат мекунад ва мебинед, ки таҳаммули ҳатто кӯчактарин амали ноҷоро накарда якеро коҳиш мекунад. Ва ҳамаи инро бо дили соф, бидуни ҳеҷ гуна зоҳирпарастӣ, бидуни кӯчактарин риёкорӣ анҷом медиҳад, содиқона анҷом медиҳад, зеро ниҳодаш чунин аст.

Як хислати дигари ӯро низ медонам, ки ба ниёзмандон, ба эҳтиёҷмандон ҳамеша дасти мадад дароз мекунад. Ҳар чи аз дасташ меояд, иҷро мекунад. Обрӯю ҳайсияташ дар байни мардуму ҷомеа имкон медиҳад, ки мушкили ниёзмандеро рафъ намояд. Масалан, медонам, ки барои як ҳамсояи маълулаш ба кадом корхонае рафта, бо садҳо мушкил аробаи маъюбиро супориш дода, баъд аз омода шудан онро ба ин ниёзманд расонидааст.

Чунин мисолро даҳҳову садҳо овардан мумкин аст.

Ошкоргап асту усулӣ (принсипиалӣ). Ин амалу хидмати Бурҳон Раҳмон, ки дар ҷамъомадҳои расмиву ғайрирасмӣ, дар маҳфилҳои шахсиву хонаводагӣ одамонро ба кори нек, ба амали хайр, ба дӯстиву бародарӣ, ба ваҳдат, ба эҳтироми якдигарӣ, ба хидмати шоиста ба мардуму миллат даъват мекунад ва чун як устод, як тарбиятгар, як мураббии ҷомеа амал мекунад, ба ҳамагон маълум аст. Аммо як шеваи дигари таъсир ба ҷомеа - ба хусус ба қишри арбадаҷӯ ва бенизому бетартиби ҷомеа ва як шеваи насиҳатгӯӣ дорад, ки барои кам касон хос аст. Борҳо мушоҳида кардаам, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар автобусу троллейбусу "маршрутка" нафареро ба хотири ягон амали номуносиб ба боди интиқод мегирад, ё насиҳат мекунад. Эроду интиқодаш ҳам коргар мешавад, фоида мерасонад, зеро аксар мардум ӯро мешиносанд ва агар нашиносанд ҳам ҷиддияту қотеъияти ӯ, садои расои ӯ, мантиқу эроди дурусти ӯ он шахси беинтизомро водор месозад, ки аз аъмоли худ шарм бидорад. Боз ҳам таъсири суханаш дар садоқати ӯст, зеро беназмиву беэҳтиромиву дағаливу ситезаҷӯиву беинсофиву беинзиботиро дар ҷомеа таҳаммул надорад. Аз нобасомониҳои зиндагӣ бо дард сухан мегӯяд.

Устуворақида аст Бурҳон Раҳмон. Ба ҳизбе, ки солҳо узваш буда ва дар хидматаш буда содиқ мондааст. Магар бад аст ин?! Зеро ҳамаамон фарзанди замон ҳастем. Файласуфе гуфта: "Мо бештар фарзанди замони худ ҳастем, то фарзанди падару модар".

Дар маҳфилҳое, ки садрнишин аст, сухангӯю ровӣ аст бо як эҳсосот, бо эҳтирос, бо назокат сухан мегӯяд. Садои нотакрори ӯ, истеъдоди ҳунарии ӯ, ҷӯшу хурӯши хоси ӯ таъсирбахш воқеъ мегардад. Бенизомтарин фарду бехабар аз арзиши каломро маҷбур ва водор месозад, ки ба сухани ӯ гӯш кунад. Шеваю усулу тарзи суханрониашро бо рӯҳияву завқи ҳузурдоштагон, бо қишри гуногуни шунавандагон созгор месозад, истифодаи бамавқеъ ва бисёри ашъори ноби классикӣ ва муосир таъсирнок мешавад. Садоқату самимияти сухани ӯ, андешарониву мулоҳизоти мантиқии ӯ воситаи дигари таъсирбахшианд.

Бидуни шак, Бурҳон Раҳмон дар радифи наттоқону ровиёни варзидаи тоҷик мисли Файзулло Арабов, Абдуқодир Маниёзов, Маҳмудҷон Воҳидов, Субҳон Раҳматов, Наима Қаҳҳорова, Хосият Олимова ва дигарон дар даврае, ки аксар коргузорӣ ва маҳфилҳову ҷамъомадҳои расмӣ ва ҳатто ғайрирасмӣ ба забони русӣ анҷом мегирифт, барои ҳифзи забони тоҷикӣ, барои пок нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, барои дурусту саҳиҳ сухан гуфтан ба забони модарӣ, барои тарғибу тарвиҷи осори классикӣ ва адабиёти муосири тоҷик, барои муаррифию тарғибу шиносоии забони ширини тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ ба мардуми кишварҳои дигар хидмати шоиста кардааст. Мусалламан, бисёр наттоқону гӯяндагон - ба хусус, ҷавонон ба ин ё он шакл ба ӯ пайравӣ кардаанд, ба сурати мустақиму ғайри мустақим аз ӯ омӯхтаанд.

Сафарҳои зиёде ба шаҳрҳову кишварҳои мухталиф кардааст Бурҳон Раҳмон. Ба чандин шаҳрҳои ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, се бор ба Афғонистон, ба Ҷумҳурии Исломии Ирон ва ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафари ҳу-нарӣ кардааст. Дар ин сафарҳо бо бисёр шахсиятҳои сиёсиву иҷтимоӣ, бо ҳунармандони маъруф мулоқот карда, шинос шудааст. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо аз дастовардҳои мардуми тоҷик, аз ҳунару фарҳангу адабиёти ҷаҳоншумули тоҷик, аҳамияти ҳунар ва нақши он дар тарбияи маънавии инсон сухан гуфтааст. Дар Кобул вохӯрӣ бо овозхони нобиғаи Шарқ Аҳмад Зоҳир барояш фаромӯшношуданист.

Маҳбубияти Бурҳон Раҳмон дар миёни мардум, дар байни шунавандагонаш беҳад аст ва ҳаводорони ҳунару садояш хеле афзуданд.

Чанд сол қабл дар яке аз вохӯриҳои навбатии кормандони радиои тоҷик бо шунавандагон дар ноҳияи Регар (Турсунзодаи ҳозира) ҳангоми пешвозгирӣ гулдастаеро ба ӯ тақдим мекунанд, аммо ӯ бо фурӯтании хосаш мегӯяд, ки ин гулдастаро бояд ба роҳбари мо дод. Посух медиҳанд:

- Охир, мо шуморо мешиносем.

Боре дар сарзамини Афғонистон дар як мулоқот дар кохе ҳанӯз ӯро муаррифӣ накардаанд, ки аз толор садоҳои бисёр баланд мешавад:

-Ин ҳамон шахсест, ки овозашро ҳамарӯза аз радиои Тоҷикистон мешунавем…

Ман худам тайи шаш соли сафари хидматиам ба Ирону Афғонистон борҳо шоҳиди он будам, ки шунавандагони иронӣ ва афғонӣ ба садои ӯ ва ба тарзи хондану қироати ӯ арҷ мениҳоданд ва мо аз ин фахр мекардем.

Хушбахтии дигари ӯ, бахти дигари ӯ набераҳоянд…

Нуктаи дигарро мехостам тазаккур бидиҳам, Бурҳон Раҳмон дар нишастҳову дар маъракаҳову дар манзилу дар кору дар суханрониҳову дар рафтору гуфтору кирдори худ ба этикет - одоби муошират ва ҳамчунон ба риояти тартибу низом дар маъракаҳо чунон хурдагирона таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, ки барои ҳамагон омӯзанда аст…

Зодрӯз хуҷаста бод наттоқи тоҷик!

Мирзошо ВАТАНШО

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97