Додаҳои анбӯҳ: даричае ба равобити ошиқонаи пойдор

Фарҳанг ва адаб 25.04.2014 15:56

romance 624x351 thinkstock nocreditКристиян Родар (Christian Rudder), аз поягузорони ОкейКюпид (OKCupid), вебсайти дӯстёбии амрикоӣ мегӯяд: "Кофӣ аст сари қарор, аз тарафи муқобилатон ин се саволро бипурсед, то бифаҳмед, ки оё қароратон ба робитаи баландмуддат меанҷомад ё на." "Аз филми тарснок хушат меёд? То ҳоло танҳоӣ сафари хориҷ рафтаӣ? Ҳол намеда ага бизанӣ зери ҳама чӣ ва бирем туи я қойиқи бодбонӣ зиндагӣ кунем?" Ӯ мегӯяд: "Завҷҳо сари аввалин қарорашон беш аз ҳар саволи дигаре дар мавриди ҷавоби ин саволҳо тавофуқ доранд."

Таҳлили додаҳои касоне, ки аз тариқи сайти ОкейКюпид касеро барои робитаи баландмуддат пайдо кардаанд, ӯро ба ин натиҷа расондааст.

Ҳангоми сабти ном дар сайтҳои завҷёбӣ мисли ОкейКюпид - OKCupid, Мачдотком - Match.com, (ки дарсоли 2011 ОкейКюпидро ба маблағи 50 миллиюн долар харид), ИйҲормунӣ - eHarmony ва сойири сайтҳо корбарон водор мешаванд ки ба саволҳои шахсие дар мавриди худашон посух диҳанд ва ба ин тартиб додаҳои мавриди эҳтиёҷи бунгоҳҳо ҷамъоварӣ мешавад.

Баъзе аз ин бунгоҳҳо то 400 савол аз корбарон мепурсанд ва ҷавобҳоро дар пойгоҳҳои азими дода захира мекунанд. Мачдотком тахмин мезанад, ки беш аз 7070 тирабайт (ҳазор гигабайт) дода дар мавриди корбарон дар ихтиёр дорад.

Ширкати дӯстёбӣ аз равишҳои таҳлили додаҳои анбӯҳ (Big data) барои кандуков дар ин ганҷинаи иттилоъот истифода мекунанд то беҳтарин ҷуфтро барои муштариҳояшон пайдо кунанд. Розӣ нигаҳ доштани муштарӣ ба маънии суди бештар аст.

Ба иддаъои ширкати таҳқиқотии Ойбийойэс уолд (IBISWorld), дар ҳоле ки аз ҳар 10 амрикоӣ танҳо як нафар то кунун аз хадамоти сайтҳои завҷёбӣ истифода кардааст, пуле, ки ин ширкатҳо дар Амрико дарёфт мекунанд ба марзи соле ду миллиард долар  мерасад.

Ба таври хосс бозори қарор гузоштанҳо (қарор гузоштан - назначать свидание) бо истифода аз апликейшани телефони ҳамроҳ бисёр доғ аст. Муассисаи таҳқиқотии Ҷунипер (Juniper Research) пешбинӣ мекунад андозаи ин бозор аз 1 миллиард долар  дар соли 2011 ба 2/3 милларди долар  дар соли 2016 бирасад.

Холибандӣ; Мушкил ин аст ки мардуми дурӯғ мегӯянд

Корбарон барои беҳтар кардани чеҳраи худ, лузуман иттилоъоти комилан саҳеҳро дар ихтиёри дигарон намегузоранд. Мардон дар мавриди син, қад ва даромадашон ва занон дар мавриди син, вазн ва шакли андомашон иғроқ мекунанд.

Кристиян Родар изофа мекунад, ки корбарони зиёде иштибоҳан иттилоъоти ғалати дигаре низ медиҳанд.

Ӯ мегӯяд: "Эҳсоси ман ин аст, ки бештари чизҳое, ки корбарон мегӯянд, дуруст аст. Ҳарчанд тасвире, ки ҳар кас аз худаш дар зеҳн дорад, мумкин аст сад дарсад мунтабиқ бар воқеъият набошад."

Масалан корбаре мумкин аст маъсумона бовар дошта бошад, ки бештар мусиқии классик гӯш медиҳад; вале таҳлили он чӣ рӯйи Ойтюнз (iTunes) гӯш карда ё феҳристҳое, ки рӯйи Испотифой (Spotify) дуруст кардааст, тасвири дақиқтаре аз салиқаи мусиқии ӯ медиҳад.

Иттилоъоти ғалат мумкин аст ба қарор гузоштан бо фарди номуносиб мунҷар шавад. Барои ҳалли ин мушкил бунгоҳҳо дунболи равишҳое мегарданд, ки иттилоъотеро, ки корбар дар ихтиёрашон мегузорад, бо додаҳое, ки аз манобеъи дигар ҷамъоварӣ мекунанд, такмил кунанд.

Корбарон метавонанд ба ширкатҳои завҷёбӣ иҷоза бидиҳанд, ки ба додаҳои фаровоне, ки дар манобеъи мухталиф анбошт шудааст, дастрасӣ пайдо кунанд. Ин манобеъ мумкин аст шомили таърихчаи мурургари интернетӣ ва ҷустуҷӯи интернетии корбарон, филмҳое, ки бо истифода аз сервисҳое монанди Нетфликс (Netflix) ва Лавфилм (Lovefilm) дидаанд ва собиқаи харидҳои онлайнашон аз ширкатҳое монанди Амазон (Amazon) бошад.

Ҳанчанд Кристиян Родар муътақид аст, ки мушкили ин равиш маҳдуд будани ҳаҷми додаии ба дардбихӯр аст.

Ӯ мегӯяд: "Мо медонем, ки бахше аз ин иттилоъот воқеъан қобили истифода аст, вале ҷамъоварии ҳарчӣ бештари дода лузуман ба кайфияти беҳтар мунтаҳӣ намешавад."

romance thinkstock nocreditМуҳандисии иҷтимоъӣ

Ҳарчанд додаи бештар лузуман ба маънии кайфияти беҳтар нест, Ҳинҷ (Hinge), як ширкати завҷёбии мустақар дар Вашингтон, аз сафҳаҳои Фейсбуки корбаронаш иттилоъ ҷамъ мекунад.

Муассиси Ҳинҷ, Ҷостин Маклеуд муътақид аст, ки додаҳои фейсбукӣ дақиқтаранд, чун бақияи корбарони Фейсбук нозири он ҳастанд.

Мутазодҳо барои ҳам ҷаззобтаранд ё касоне, ки бо онҳое дӯсти муштарак ё салиқаи мусиқии яксон доранд?

Ӯ мегӯяд: "Дар Фейсбук наметавонед дар мавриди ҷое, ки дар он дарс хондаед дурӯғ бигӯед, чун дӯстонат мучатро хоҳанд гирифт."

Ӯ изофа мекунад: "Дар зимн феҳристи касоне, ки бо онҳо дар Фейсбук дӯст ҳастед ҳам дар мавриди шумо иттилоъот медиҳад. Ҳатман фарқ мекунад, ки шумо бо чӣ касе дӯстед!"

Ҳинҷ пешниҳод мекунад бо касоне ки дар Фейсбук бо онҳо дӯсти муштарак доред, қарор бигзоред.

Маклеуд тавзеҳ медиҳад: "Аз иттилоъоте монанди ин ки шумо ба касоне, ки дар бонк ё бима кор мекунанд - ё ҳирфаҳои мушобеҳ доранд - бештар алоқа доред ё ба дӯстони Боб, на дӯстони Анна тарҷеҳ медиҳед; барои пайдо кардан завҷи муносиби шумо истифода хоҳем кард."

Маклеуд изофа мекунад: "Гузинаҳои мумкин зиёданд чун корбарони Ҳинҷ ба таври мутавассит 800 дӯсти фейсбукӣ доранд."

Полоиши мушорикатӣ

Аммо ба назар мерасад, ки алгоритмҳо метавонанд завҷи муносибро бидуни ин ки аз корбар иттилоъоти мустақиме бихоҳанд, пайдо кунанд.

Ба унвони мисол дуктур Конк Жоу, устодёри донишгоҳи Ойуво (Iowa), ки мутахассиси таҳлили тиҷорӣ ва таҳлили шабакаҳои иҷтимоъӣ аст, як системи завҷёбӣ бар мабнои равише ба номи полоиши мушорикатӣ дуруст кардааст.

Доктор Жоу рафтори корбаронро вақте ки як сайти қарор гузоштани интернетиро ба умеди ёфтани завҷ боло ва пойин мекунанд ва ҳамчунин вокуниши сойири корбаронро ба тамоси онҳо таҳлил мекунад.

Ӯ тавзеҳ медиҳад: Барои писарҳо мо дунболи писарҳое мегардем, ки ба духтарҳои яксоне алоқа нишон додаанд, то салиқаашонро бишносем. Ва ҳамин тавр писарҳоеро, ки ин духтарҳо ба тамосашон вокуниши мушобеҳ нишон додаанд, барои фаҳмидани навъи ҷаззобияташон таҳлил мекунем."

Вебсайтҳое монанди Амазон ё Нетфликс бо таҳлили рафтори сойири корбароне, ки маҳсулоти мушобеҳе бо шумо харидаанд ё филмҳои мушобеҳеро дӯст доштаанд ба шумо коло ё филм пешниҳод мекунанд. Алгоритми доктор Жоу аз ҳамин равиш барои ёфтани завҷи муносиб истифода мекунад.

Ҳарчанд ки дӯстёбии интернетӣ бозори бузурге дорад, ҳанӯз касе равише тазминӣ барои он пайдо накардааст. Мумкин аст воқеъан гушудани рамзи ишқи воқеъӣ бо равишҳои "додаи анбӯҳ" ё анвоъи дигари таҳлил мумкин набошад.

Кристиян Родар натиҷа мегирад, ки "ду нафар мумкин аст дақиқан торихчаи яксоне рӯйи Ойтюнз дошта бошанд; вале агар яке аз либос ё қиёфаи дигаре хушаш наёяд, робитаашон маҳкум ба шикаст аст."

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97