Эм ва эмкунӣ, дуруст нест, тоҷикӣ ҳам нест

Фарҳанг ва адаб 07.04.2014 14:45

EmkuniҲамчунон ки маълум аст, вожаи эм (дар алифбои лотинӣ барои забони ӯзбекӣ -em) бунёди туркӣ дошта, нахуст ба забони шифоҳӣ ва баъдан ба сабки навиштории тоҷикӣ, ҳамчун як вожаи барои забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ баробармаъно маъмул ва роиҷ гардидааст. Вожаи эм дар забони ӯзбекӣ дар ин маъниҳо ба кор меравад: 1. воксин; 2. дору ва ҳар чизе, ки барои шифои бемор дода мешавад. Ҳамчунин дар ӯзбекӣ emchi 1. доктор, моякӯбикунанда; 2. дам ва дуокунандаи беморон; табиб [Фарҳанги узбаки ба форсӣ, ҷ.1]. Вожаи мазкур дар гӯишҳои тоҷикӣ дар таркибҳои эму дам (ӯзбекӣ emi-dimi), эму алас ба маънои табобат аз роҳи таъсири сеҳру ҷоду ва афсун, ҳамчунин «эм кардан» ва «эмкунӣ» маълум аст, ки ин даму дуо дар бовари мардум барои шифои бемор анҷом дода мешавад. Истилоҳи emchi дар забони ӯзбекӣ муодили эмгар дар забони тоҷикист.

Дар «Луғати ру-сӣ-тоҷикӣ»-и соли 1934 вожаи эм (дар навишти лотинӣ em) дар шарҳи истилоҳи «прививка» ба кор нарафтааст. Шакли дигари ин вожаи русӣ - прививание (дар истилоҳи биология ва тиб) пайванд, пайвандкунӣ дар иртибот ба дарахт ва нағзак (истилоҳи тиб) (=русӣ оспа) истифода шудааст. Дар иртибот ба ин беморӣ дар забони тоҷикӣ луғоту таркиботи зерро метавон ёд кард: нағзакканӣ=нағзаккӯбӣ - прививка оспы, нағзакдор - рябой, со следами оспы; ҳамчунин нағзак буридан (нағзак кандан) - прививать оспу [Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ, соли 2006].

Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1949 истилоҳи русии «прививка» дар ин маъниҳо сабт шудааст: 1. пайвандкунӣ, эмкунӣ; 2. мед. (препарат) доруе, ки барои пешгирӣ ё муолиҷаи ягон дарди гузаранда ба одам пайванд карда мешавад [Луғати русӣ-тоҷикӣ, соли 1949].

Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1985 истилоҳи русии «прививка» (аз маънии феъли привить) - пайванд кардан, кандан: прививка оспы - канондани нағзак, обилакӯбӣ тавзеҳ шудааст.

Дар забони форсӣ «прививка» дар истилоҳи биологӣ «пайванд кардан, пайванд задан», аммо дар истилоҳи тиб - «талқеҳ» мояи обила, талқеҳ бар зидди обила, обилакӯбӣ, воксин (=русӣ вакцина) [Фарҳанги русӣ ба форсӣ]; дар забони дарии Афғонистон прививка дар истилоҳи биологӣ - пайванд ва дар истилоҳи тиб - печкорӣ маънӣ шудааст [Қомуси русӣ-пашту-дарӣ, соли 1983].

Чунон ки аз тафсилоти боло бар меояд, дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1934 аз ин истилоҳи туркӣ-ӯзбекӣ истифода нашудааст ва дар маънои «вакцинация» (ҳамчун истилоҳи тиб) дар тоҷикӣ вожаи пайвандкунӣ ба кор рафта, истилоҳи русии «вакцина» низ бидуни муодили тоҷикии он омадааст. Ҳам вакцина ва ҳам вакцинация дар луғатҳои баъдии русӣ ба тоҷикӣ низ мавриди корбурд қарор доштаанд. Ба таври мисол дар нашрҳои ин фарҳанг вакцинация дар ду шакл ҳам «ваксинагузаронӣ» ва ҳам «ваксинафиристонӣ» маънӣ шудааст, ки вожаи баъдӣ аз нигоҳи мантиқ чандон созгор нест. Баъдан дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1949, вожаи эмкунӣ ба фарҳанг ворид карда шудааст. Аммо ин вожа дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1985 ва дубора огоҳона хориҷ карда шудааст.

Аммо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (дар моддаҳои 34 ва 64) аз мафҳуми «эмкунӣ» ва таркиби «эм кардан» истифода шудааст.

Тибқи қоидаи маълум дар ҳоле ки меъёри истифодаи як вожа ва ё истилоҳ аз фарҳанг хориҷ мегардад ва дар нашри нави фарҳанг ворид карда намешавад ва ё аз фарҳангҳои дигар хориҷ карда мешавад, он истилоҳ дар забони меъёр мавриди суол қарор мегирад.

Истилоҳоти омехтаи эмкунӣ (аз таркиби эм кардан), аз ду ҷузъи туркӣ ва тоҷикӣ (эм+кунӣ) шакл гирифта, аз нашри «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1949 то «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1985 ба кор рафтааст. Ин истилоҳ бинобар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1949 пас аз вожаи пайвандкунӣ дар ҷойи дувум қарор дода шуда, аммо аз «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1985 хориҷ карда шудааст. Бо истифодаи вожаи эмкунӣ дар санадҳои қонунгузорӣ ин вожа дар истилоҳи тиб, ба маънои «прививка» дубора ба «Фарҳанги тоҷикӣ-русӣ»-и соли 2005 ворид гардидааст, ки иллати ба ин фарҳанг ворид кардани он истифодаи истилоҳи мазкур дар санадҳои қонунгузорӣ мебошад.

Дар ҳар маврид дар сурати истифодаи ин вожа дар миёни мардум ба маънои туркӣ - ӯзбекии он, ки ба истилоҳи илми муосир иртибот надорад ва ба тибби мардумӣ бар мехӯрад, дар тибби муосир бо далелҳои вижагии маъно наметавонад барои як истилоҳи илми муосир ба кор бурда шавад.

Бо ин далел дар забони тоҷикӣ бар ивази ин шакли омиёна эмкунӣ метавон аз истилоҳоти дигаре чун «обилакӯбӣ» ва ё «ваксиназанӣ» (англисӣ vac-cination) истифода кард ва шакли омиёнаи «эмкунӣ» барои иҷрои ин амал дар миёни мардум дар ҳамон маънои суннатии он бояд ҳифз карда шавад. Маънои эмкунӣ ба тибби муосир ҳеҷ иртиботе надорад ва он набояд дар тақлид ба забони ӯзбекӣ бидуни ҳеҷ далел ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид карда шавад. Маънои ин истилоҳро на бар пояи одатҳову суннатҳои мардумӣ, балки бар асоси илми муосир ва маънои вожаи ваксин бояд хулоса кард.

Бинобар зарурати табдили вожаи «эмкунӣ» ва таркиби «эм кардан» аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пеш омадааст, ки инро манфиати забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ тақозо дорад.

Манбаъ: http://kumitaizabon.tj

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97