Ҳафт шин

Фарҳанг ва адаб 24.03.2014 12:04

Ё нахустин рамзҳо ва суннатҳои Наврӯзи аҷам

navruzi TJЗуҳури Наврӯзи Аҷам ба нахустин подшоҳи Пешдодӣ Каюмарс марбут аст. Каюмарс бори нахуст дар рӯи олам ҳукмронии подшоҳиро падид оварда, ба ҷашну сурҳои гуногун, аз ҷумла Наврӯз асос гузошт. Чуноне маъхазҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, аввалин шахсе, ки Наврӯзро дарёфт кард. Каюмарси бузурги пешдодӣ аст. Нависандаи таърихнигори тоҷик Сотим Улуғзода дар фасли "Каюмарс ва авлоди ӯ"-и "Достонҳои Шоҳнома" доир ба гул-гулшукуфии даврони подшоҳии Каюмарс баҳои ҳаққонӣ дода, таъкид бар он кардааст, ки "Каюмарс ба адлу дод подшоҳӣ кард. Дар даврони вай кишвараш чун баҳор шукуфт". Яке аз чунин падидаҳои нави фарҳангӣ зуҳури Наврӯзи Аҷам ба шумор меравад. Бесабаб нест, ки дар ин давра дигаргуниҳои бемонанди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Пас аз дувоздаҳ аср Ҷамшед Наврӯзро дарёфт намуда, дар замони нави таърихӣ рушду нумӯъ бахшид.

Масъалаи матраҳ он аст, ки бино бар шаҳодати маъхазу сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзи Аҷам таърихи беш аз ҳафтҳазорсоларо соҳиб аст. Расму русум ва суннатҳои наврӯзӣ аз аҳди то зардуштӣ ва пас аз он ба ояндагон ёдгор мондааст. Чуноне зикр рафт, зуҳури нави Наврӯзи Аҷам ба подшоҳ Ҷамшед низ нисбат дода шудааст. Бино бар ривояте, Ҷамшед боре сайри ҷаҳон мекард. Чун ӯ ба Озарбойҷон расид, фармон дод, ки тахти пуршукӯҳе созанд ва намуда, онро дар ҷойи баландтарин баробари нури Офтоб гузоранд. Шоҳ Ҷамшед ба сар тоҷи шоҳӣ бар тахт нишаст. Тобиши офтоб ба гавҳарҳои тоҷи зарин равшании нури Офтобро ду маротиба зиёдтар намуд. Мардум аз он шоду мамнун шуданд ва он рӯзро Рӯзи нав эълон карданд.

Наврӯзро гузаштагону аҷдодони мо ба таври махсус ҷашн мегирифтанд. Дар Соли нав мардум таомҳои идона омода мекарданд. Таомҳои идонаи Наврӯзӣ аз шир, биринҷ, гандум, гӯшти мурғ ва моҳӣ тайёр карда мешуданд. Одамон рӯйи дастурхонро бо ҳафт шин оро медоданд, ки он рамзи аз ҳама қадимӣ будани Наврӯзи Аҷамро нишон медиҳад. Маъхазҳои хаттӣ, аз аҳди подшоҳони Каёнӣ мерос монда ва аз бостонӣ будани Наврӯзи Аҷам гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳатто як рубоии мардумӣ аз ҷашни бостонӣ будани Наврӯзи Аҷам гувоҳӣ медиҳад:

Ҷашни Наврӯз аз замони Каён,

Мениҳоданд мардуми Ирон:

Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб,

Шамъу шамшоду шоя андар хон.

Бубинед бузургии гузаштагони аҷдоди тоҷиконро, ки ҳар як маводи дар дастурхон гузошта рамзи махсусро ифода менамуд:

Шаҳд - ширинии зиндагӣ;

Шир - покӣ;

Шароб - кайфияти рӯҳи хуш;

Шакари ноб - сарбаландӣ;

Шамъ - гармии рӯзгор;

Шамшод - зиндагии бардавом;

Шоя (мева) - фаровонии ризқу рӯзӣ.

Дарвоқеъ, рамзҳои Нав-рӯзӣ дар байни ориёиҳо дорои хусусияти хос будааст, ки ҳар яки онҳоро мухтасар шарҳ додан ба мақсад мувофиқ аст.

0atoXl6Pr MРамзи рӯшноӣ, шамъ - рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ аст. Ин рамз аз муассиртарин рамзҳои Наврӯзӣ буда, анъанаи шамъ афрӯхтан дар маросимҳои гуногуне, ки дар миёни аксарияти мардуми ҳиндуаврупоӣ роиҷ будааст, ки он шояд аз суннати ниёгонамон ғизои маънавӣ гирифта бошад. Дар анъанаи наврӯзии хони "Ҳафт шин" марбут ба ҳар як узви хонавода шамъ мегиронданд, яъне, дар хонадон чанд нафар аъзо бошад, ҳамон қадар шамъ гузоштан расм будааст.

Дигар рамзи Наврӯзӣ шир буда, гузоштани он шир дар хони Наврӯзӣ бояд дорои ду сабаб бошад. Аввалан, шир сапедии сари Соли Нав (дар ҳақиқат ҳам, шир дар афкори мардумӣ маънои сапедӣ ва покиро ифода месозад) ва орзую омоли тамоми сол таманнои дорои бахти сафед буданро мефаҳмонад. Муаррихи асрҳои VIII-IХ форсу тоҷик Мӯсо ибни Исо Ал-Кисравӣ дар асараш "Китоби хислатҳои некӯ ва одатҳо" аз анъанаи мазкур чунин ёдовар шудааст, ки ширнӯшӣ ҳатто дар дарбори шоҳӣ расм буда, касе ба он беэътиборӣ карда наметавонист.

Аз рӯи ахбори муаллиф, "пеш аз ҳама, ба шоҳ дар табақи тиллогин ё нуқрагин шаккари сафед норҷини (ҷавзи ҳиндӣ) тозакарда ва ҷоми нуқрагин ё тиллогини ширдор пешкаш карда мешуд. Ва он рӯзро (яъне рӯзи Наврӯзро) бо чошнӣ аз шири навпухтаи хурмодор оғоз намуда, баъд аз норинҷ, камее хурмо ва дигар ширавориҳо истеъмол мекард". Сабаби дигари гузоштани шир дар хони наврӯзӣ шояд робитаҳои мустаҳками ниёгонамон ба шуғли чорподорӣ иртибот дошта бошад, ва аз эҳтимол дур нест, ки анъанаи ҷашнгирии Наврӯз ба ҳаёти бодиянишинӣ ҳамбастагӣ доштааст. Умуман шир ва истеъмоли он дар рӯзҳои Наврӯз одати нек ва рамзи беҳтарин шуморида мешуд.

Инчунин шаҳду шакар, ба вижа ширинӣ, (шиннӣ) ва шарбат дар хони наврӯзӣ мавқеи муҳим дошт. Ин рамз - рамзи орзуҳои нек нисбат ба Соли Нав буда, таманно мекарданд, ки дар ин сол орзую омоли неку ширинкашон ҷомаи амал пӯшад. Мардум дар остонаи ҷашни Наврӯз ба хешу табор, ёру дӯстон аз нозу неъматҳои идонаи ширинӣ, шиннӣ, хусусан шакар тӯҳфаҳо мефиристонданд.

Хосатан гузоштани навдае аз шамшод ва дастае аз рустании кӯҳии шоя (мева) асосан ба эҳёи табиат, сарсабзии он ва идомаю бардавомии ҳаёту зиндагӣ алоқамандӣ дорад.

Ба маротиб гиромӣ доштани шароб дар хони наврӯзии "Ҳафт шин" асосан ба он марбут аст, ки он мояи хушнудӣ ва тарабу шодӣ аст. Аз эҳтимол дур нест, ки яке аз сабабҳои мавриди таъқиб қарор гирифтани ҷашни Наврӯз дар замони истилои араб маҳз ҳамин шароб гашта бошад. Дар давраи нави инкишофи Наврӯз минбаъд хони "Ҳафт син" бештар маъмул мегардад, ки он дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад.

Ҳамин тариқ, Наврӯзи Аҷам ҷашни бузурги ориёиҳо буда, таърихи ҳафт ҳазорсоларо соҳиб аст. Ҳар як рамзҳои Наврӯзи Аҷам дорои мазмун ва мӯҳтавои махсус буда, рамзи серию пурӣ саодату шодмонии ориёиро ифода мекард. Кунун ин рамзҳои навмеди наврӯзӣ дар байни тоҷикон ва дигар мардуми сайёра бо мазмунҳои наву тоза идома ва густариш меёбанд.

Юсуфи Шодипур, номзади улуми таърих, дотсенти ДМТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97