Ду қолаби ғайримеъёрӣ дар забони меъёр

Фарҳанг ва адаб 13.03.2014 15:27

DodikhudoДодихудо Саймиддинов

Корбурди ду таркиби мутародифи «аз афти кор» ва «аз афташ»,  ки дар бархе аз гӯишҳои тоҷикӣ мавриди истифода буданд, дар забони меъёр тақрибан аз солҳои 50-уми асри XX мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин ду таркиб на дар порсии дарӣ, на дар забони форсии Ирон, на дарии Афғонистон ва на дар гӯишҳои ин манотиқи форсизабон ба кор намераванд.

Пас ин таркибҳо чигуна ба забони тоҷикии меъёр ва ё забони адабӣ ворид карда шудаанд? Дар фарҳангҳои дузабонаи русӣ ва тоҷикӣ нашрҳои солҳои гуногун дар шарҳ ё маънии вожаи туфайлӣ ё сухани муътаризаи русии «по видимому» (имлои пешин по видимому) метавон чунин мушоҳида кард: дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1934 (дар алифбои лотинӣ)- «по видимому-zohiran, menamojad  ki…», «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1949: «по видимому - зоҳиран, эҳтимол, аз афти кор: он по видимому, приедет в конце лето - аз афти  кор ӯ дар охири тобистон меояд».

Дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1985: «по-видимому - зоҳиран, эҳтимол, аз афти кор, гӯё, шояд: он, по-видимому, скоро придет - аз афти кор ӯ ба зудӣ меояд; ӯ зоҳиран зуд меояд».

Муқоиса шавад ҳамин вожаи туфайлии русии «по-видимому» дар забони форсӣ: зоҳиран (Галунов 1937); зоҳиран, эҳтимолан, мисли ин ки, шояд (Восканян 1986); дар дарии Афғонистон: зоҳиран, ғолибан (Лебедев Яцевич, Конаровский 1983).

Дар «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (соли 2006 дар тафсилоти вожаи «афт» аз таркибҳои мутародифи «аз афташ» ва « аз афти кор» дар маънои русии «по-видимому, как видно, очевидно» ёд шудааст. Вожаи дигари русии «очевидно» дар маънои туфайлии он дар фарҳангномаҳои русӣ ба форсӣ «зоҳиран, эҳтимолан» ва «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1985 бо вожаҳои «эҳтимол, зоҳиран, яқинан, аз афти кор» маънӣ шудааст, ки ин мисол намунаи он мебошад: «Аз афти кор, мо дер мемонем».

Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд, соли 2010) дар шарҳи вожаи «афт» (рӯй, андом, қиёфа, намуди зоҳири); таркибҳои «афту андом» ва «афту башара» оварда шуда, дар анҷом аз таркиби «аз афташ» ва «аз афти кор» ҳар ду ба маънои «зоҳиран, эҳтимол; маълум мешавад ки…» ёд гардидааст.

Дар «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷилди 1, ҳарфи А, 2011) дар шарҳу маънии вожаи «афт» (рӯй, андом, қиёфа; намуди зоҳирӣ (умуман) чандин таркибҳои дигари аз он сохташуда низ бар асоси осори адибони муосири тоҷик дарҷ гардидааст. Дар осори бархе аз адибони муосир бо истифода аз вожаи «афт» ба ҳайси ҷузъи аввал ин чанд таркибҳои мутародифро метавон ёд кард: афту андом, афту башара, афту ангор.

Қолаби «аз афташ» (по-видимому) ҳамчун махсуси лаҳҷаҳои шимолӣ ҳанӯз аз ҷониби В.С.Расторгуева ёд гардида аст: Ҳиҷ ки не бувам аз афташ йагон ҷо бӯрафтас (Расторгуева 1963, 29).

Вожаи афт (1.рӯй, чеҳра; 2.шакли зоҳирӣ, қиёфа) дар таркибҳои мутародифи aft-angor (чеҳра ва шакл); aft-bashara (чеҳра ва қиёфаи зоҳирӣ); aft-bosh (афту башара) дар забони узбакӣ маълум аст (ниг: Фарҳанги узбакӣ ба форсӣ Ҷ.1,1386). Бо вуҷуди  он ки дар забони узбакӣ вожаи форсӣ-тоҷикии andom дар истифода мебошад, аммо он дар таркиби «афту андом» дар ин забон корбаст нашудааст. Бинобар шарҳи фарҳангномаҳои форсӣ андом (паҳлавӣ handam) дорои  ин чанд маънӣ мебошад: 1. тан, бадан, ҷисм, колбад; 2. қаду қомат, қаду боло, ҳайкал; 3. ҳар як аз аъзои бадан, узв (Муин 1375, ҷ.1).

Вожаи «афт» дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ҳам дар танҳоӣ ва ҳам дар таркибҳои «афту андом, афту башара, афту ангор» маълум аст. Дар забони шуғнӣ вожаи «афт» ба маънои «рӯй,  андом, чеҳра» низ ба кор меравад (Карамшоев 1988).

Дар «Луғати нимтафсилӣ»-и устод С.Айнӣ ҳар ду шакли вожаҳои туфайлии «аз афти кор» ва «аз афташ» истифода нашудаанд. Ҳар чанд ин таркибҳо дар гӯишҳои тоҷикии ин ҳавзаи забонӣ маълум ва шинохта будаанд, аммо устод С.Айнӣ дар луғати хеш онҳоро ворид накардааст.

Бояд тазаккур дод, ки таркиби «аз афти кор» ҳанӯз аз «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и соли 1949 ворид гардида буд. Аммо муродифи дигари он «аз афташ» бори аввал дар «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ»-и соли 2006 дар баробари «аз афти кор» замима шудааст, ки ин далели ба кор бурдан ё тавсияи шакли дигари гӯишии ин таркиб дар забон мебошад.

Қолаби «аз афташ» ба воситаи пешванди аз+ ҷузъи номии афт бо замимаи энклитикаи шахси 3-юми танҳо –аш ташкил шудааст.

Дар иртибот ба ин қолаб бо энклитикаи –аш дар забони тоҷикӣ ва –(с) и дар забони узбакӣ дар мақоми гуногун Е.К.Молчанова дар як мақолаи хеш тафсилотеро баён доштааст [Молчанова 1987, 43-53].

Мавсуф дар ин бора чунин менависад: «Длительное соседство районах средней Азии (Самарканд, Бухара, Ленинабадская область, Ферганская долина) заметным образом отразилось и в таджикском, и  в узбекском языках. Особенно это относится к разговорной и в часности диалекной речи» [Молчанова 1987, 43].

Воқеан, қолаби мазкур дар забони гуфторӣ ва ё омиёна бар ивази шаклҳои адабӣ фаровон ба кор меравад. Масалан, аз солҳои 20-30 асри XX дар варақаҳои шахсӣ ва тавсияномаҳо истифодаи энклитикаи шахси 3-юми танҳои  -аш, ки бар пояи мантиқ ва дастури забон устувор ва созгор нест, мушоҳида мешавад. Ба таври намуна: «соли таваллудаш, миллаташ, маълумоташ (таҳсилоташ), ихтисосаш» бар ивази шаклҳои дурусти «соли таваллуд, миллат, таҳсилот, ихтисос (тахассус)» Ҳол он ки дар намунаи русии варақаҳои шахсӣ дақиқ чунин омадааст: «год рождения, национальность, образования специальность» ва ё таркибҳои «нархаш 20 тин», «давомаш дар саҳифаи 5» =узбакӣ «баҳоси 20 тин», «охири 5 сах.» ва ғайра. [Молчанова 1987, 45-46] Муродифи дигари «аз афташ» дар лаҳҷаи Бухоро вожаи дигари «ачоқаш» (ачоқ<аз чоқ, чоқ ба маънои тахмин, гумон) ба кор меравад. Ниҳоят Е.К.Молчанова дар мавриди энклитикаи шахси 3-юми танҳои –аш дар забони тоҷикӣ дар шакли «майлаш» ва дар забони узбакӣ «майли» низ муқоисаҳоеро пешниҳод менамояд. Воқеан, ҳиссачаи «майлаш (аз арабии «майл+бандакҷонишини –аш) имрӯз дар ҳама лаҳҷаҳои тоҷикӣ истифода шуда, бар ивази ҳиссачаҳои аслии забон мисли «хуб, хеле хуб, бошад», ки пояи адабӣ доранд, ба кор меравад.

Таркиби «аз афти кор», ки дар муқобили қолаби «аз афташ» ба фарҳангҳои забони тоҷикӣ қаблан ворид шуда буд, баъдан бо таркиби «аз афташ» тақрибан корбурди баробар пайдо кардааст. Ин ду қолаб ба ҷуз осори адабӣ дар осори илмию таърихӣ низ  корбурди фаровон дорад. Ҳоло дар забони тоҷикӣ аз ҳамин ду қолаби омиёна бештар истифода мешавад, ки ин ба суди забони меъёр нахоҳад буд. Имрӯз дар забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар мақоми забони илм наметавон аз чунин ба истилоҳ меъёрҳои омиёна кор гирифт.

Бояд зикр кард, ки ҳудуди густариш ва ё корбурди таркиби  «аз афти кор» дар муқоиса ба қолаби «аз афташ» бештар маъмул буда, дар сохтори қолаби «аз афташ» (бо бандакҷонишини –аш) таъсири омили забонҳои бегонаи минтақа вуҷуд дорад.

Дар мавриди вожаи «афт» аз нигоҳи решашиносӣ ё  этимологӣ дар манобеи лаҳҷашиносии тоҷикӣ чизе қазоват нашудааст. Аммо ҳамчунон ки аз таркиби овоии он бар меояд, вожаи мазкур метавонад бунёди маҳаллии иронӣ дошта бошад.

Ин ҳар ду шакл дар суннати хаттии форсӣ-тоҷикӣ собиқа надоранд ва маълум нест, ки чигуна дар ин ҳавзаи забонӣ пайдо шудаанд. Дар ҳар маврид бунёди форсии дарӣ ё тоҷикии ин вожа uft  аз масдари uftadan (уфтодан), ба замин хӯрдан, суқут кардан, форсии миёна «oftadan» аст. Муҳаммад Муин дар «Фарҳанги форсӣ» аз маънои сеюми oftаdan, яъне «вазъ, шакл»; ҳамчунин «камбуди ҷинс, камӣ, кост, нуқсон». Деҳхудо афзуда, ки «нуқсоне, ки дар вазн падид ояд аз асари хушкӣ ё зиёни ҳашарот ё фурӯ рехтани баъзе чиз ва ғайра (Ёддошт ба хати Деҳхудо) ёд мекунад, ки ба манбаи он ишора нашудааст  [Муин 1375,311]. Дар савтиёти тоҷикӣ афт (дар навишти форсӣ افت) гунаи овоии uft аст, ки инро дар вожаи uftādan ва aftadan метавон мушоҳида кард.

Деҳхудо дар «Луғатнома» (ҷ.2) бо истифода аз «Фарҳанги форсӣ»-и Муин маъниҳои дигар ин вожаро, ки дар боло аз Муин оварда шуд, бо чанде аз тавзеҳоти дигари хеш зикр кардааст.

Дар анҷом бо дар назар гирифтани он ки қолабҳо ё таркибҳои «аз афти кор» ва «аз афташ» дар суннати хаттии форсии дарии тоҷикӣ корбурд надоштаанд, онҳоро имрӯз низ дар муқобили баробариҳои адабии мустаъмал наметавон дар забони меъёр мавриди истифода қарор дод. Ин ҳар ду таркиб аз нигоҳи қолабҳои забони меъёр низ (аз афти кор? ва аз афташ?) аз нигоҳи мантиқ ва маъно комил нестанд.

Феҳристи манобеъ

Воскаян Г.А. Русско-персидский словарь. -М.,1986

Галунов Р.А. Русско-персидский словарь.- М.,1937

Деҳхудо Луғатнома ҷ.2.-Теҳрон,1998

Карамшоев Д. Шугнанско-русский словарь. Т.1.-М,1988

Лебед К.А., Яцевич Л.С., Конаровский М.А. Русско-пушту-дари словарь. -М,1983

Луғати русӣ-тоҷикӣ. Зери таҳрири С.Айнӣ, С.Р.Али-зода, Алӣ-Исмоил-зода, Раҳим Ҳошим ва Муҳаммадҷон Юсуфӣ, -Сталинобод,1034.

Луғати русӣ-тоҷикӣ. Зери таҳрири А.П.Деҳотӣ ва Н.Н.Ершов.- Сталинобод, 1949.

Луғати русӣ-тоҷикӣ. Зери таҳрири М.С.Осимӣ.-м.1985.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97