Патёрагони вомонда бар бошгоҳи танаъум

Фарҳанг ва адаб 26.02.2014 18:27

Ё ҳайфо, ки дарди пинҳон хоҳад шуд ошкоро

Мавҷи пурпечу тоби зиндагӣ чунон шароите ба вуҷуд меорад, ки таҳти он шароит ҳич касе наметавонад чеҳраи аслии худро пинҳон кунад. Бале, таҳаввулоти чанд ҳафтаи ахир чеҳраи бархеҳо ва баъзе аз расонаҳоро ба ҳамин сурат урён ва қобили диданӣ ҳам кард. Дар аввали соли равон мақолаи силсиладори журналисти шинохта Аҳмадшоҳи Комил таҳти номи "Мушкили забон бояд ҳамеша марвиди баҳс бошад" нашр шуд. Иттифоқан, камтар масъалае вуҷуд доштааст, ки мисли масъалаи забон дар ҷомеъаи Тоҷикистон мавриди баҳс қарор гирифта бошад, агарчанд ба натиҷаи мантиқӣ ва ниҳоӣ нарасидааст. Вале зарфи 25 соли охир ҳамчунон баҳси забон бо ҳассосият идома дорад. Агарчи гоҳе фурӯкаш мешавад, вале дубора аланга мегирад. Ин нишони дили тапанда доштани фарзандони як миллат аст.

Талош барои зинда нигоҳ доштани забон - мубориза барои наҷоти як миллат аст. Таъкиди духтари фарзонаи тоҷик Гавҳарбону Шарофзода ба ин нукта, ки нигаҳдории асолати миллӣ дар номгузорӣ рисолати ҳар тоҷик аст, бидуни шак мантиқӣ ва ақлонист. Зеро ном бори маънӣ мекашад. Ва ҳар касе ҳам ба ин пешниҳод мухолиф аст, сарнавишти миллат барои ӯ бетафовут аст ва эҳсосе дар дил аз тоҷику забони ӯ надорад.

Ҳоло чанд маврид аз мушоҳидаи худро мехоҳам биёрам, ки ба ҳар ҳол бархӯрд ба ин иқдоми наҷиб ё эҳсосӣ буд ва ё дар вокуниш ба ин иқдом назокати калом риоя нашуд. Нахуст бояд гуфт, ки онҳое дилашон барои ин миллат ва забони он метапад, аз ин иқдом ва иқдоми тоҷикӣ шудани номи вазирон, мисли вазири тандурустӣ, раиси "Тоҷиксодиротбонк", раиси Кумитаи дин ва ҳатто вазири кишоварзӣ истиқбол намуданд. Инчунин Додситони кул Шерхон Салимзодаро низ дар амри нигаронияш аз иҷро нашудани қонуни номгузории миллӣ бояд ҳимоят кард ва офарин гуфт. Бигузор бо дермондагӣ, вале Додситони кул иҷрои Қонуни забон ва қонуни сабти номи шаҳрвандиро ҷиддӣ назорат кунад.

Аммо мутаасифона, ин иқдомҳо (бигузор таҳти чӣ шароите ва бо чӣ пешфарзияе амалӣ мешаванд) дар бархе маврид, на танҳо истиқбол нашуданд, балки гурӯҳҳои зиддимиллӣ ва бадхоҳ ба навъе онро маҳкум карданд.

Табиист, ки дар Тоҷикистон ду гурӯҳ мухолифи иҷрои Қонуни забон ва номгузории миллӣ умдатан садо баланд мекунанд, яке русзадаҳо ва дигаре туркзадаҳое, ки забонашонро гум карда ва худро русзабон унвон мекунанд. Ҳар вақте дар Тоҷикистон масъалаи забон ва номгузорӣ пеш меояд ва хоса намояндагони ҳукумат дар ин замина баҳри ҳифзи забон ва фарҳанги миллӣ даст ба кор мешаванд, пеш аз ҳама матбуоти Русия мотам мегирад ва сару садо бапо мекунад. Ва гурӯҳҳои дохилӣ ҳастанд, ки ба даҳони касифи матбуоти Русия луқма мегузоранд. Бархе аз расонаҳои Русия ин навбат низ талош намуданд, ки иқдоми раиси Кумитаи забони Тоҷикистонро маҳкум кунанд ва онро навъе фоҷиа ба қалам бидиҳанд. Ва баҳонаро ба дасти матбуоти рус, бархе аз расонаҳои русзабони Тоҷикистон доданд. Барои тасдиқи ин гуфта кофист, ки сарлавҳаҳои матолиби ин расонаҳоро мурур кард; бубинед, масъулини ин расонаҳо аз масъулини расонаҳои чопи Маскав барои Қосими Раҳбар шудани Қосим Қосимов ва Гавҳар Шарофзода шудани Шаропова камтар нигарону малул нестанд. Барои мисол: "Эксперты: Госчиновники должны проявлять патриотизм не сменой фамилии, а решением важных проблем" http://www.news.tj/ru/node/183622.

Ва чи аҷабат меояд, агар бидонӣ, ин "эксперты" киҳо ҳастанд: Қосими Бекмуҳаммад, Ойниҳол Бобоназарова, Умеди Ҷайҳонӣ - се нафаре, ки даъвои зиёди ба истилоҳи худашон миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ доранд. Расонаи мазкур ин коршиносонро хуб истифода кард ва аз забони онҳо ҳарфи дили худро нистбати мақомот баён кардааст. Аламашро холӣ кардааст, иқдоми мақомотро дар ростои номгузории тоҷикӣ ва миллӣ ба чолиш кашида ва ба навъе маҳкум кардааст - ва ба дасти дигарон. Агар барои касе ва ё ниҳоди дигаре ин ба чолиш кашидани иқдоми мақомоти тоҷик зарур набошад, барои худи масъулини ин расона ва расонаҳои дигар зарур нест, зеро онҳо аз ин манфиат ҳам надоранд. Вале чӣ ба чолиш кашидани ноуҳдабароёнае! Маълум аст, ки ин расона баҳонаи хубе барои ба чолиш кашидани мақомот наёфтааст. Талош кардааст, ки номивазкунии мақомоти давлатиро навъе "патриотизми назарфиребона" вонамуд кунад. Аввал ин ки ном доштан ва он ҳам номи тоҷикӣ ва ҳар навъ номи дигаре рабте ба "патриотизм"-у "не патриотизм" надорад. Дигар ин ки агар ин мақомот дар амри иҷрои вазифаҳои худ, ҳатто агар таъмини зиндагии шоиста барои мардум ҳам муваффақ набошанд, ҳич кас ба шумули Бекмуҳаммаду Бобоназарова ва Ҷайҳониву "Азия плюс" ҳақ надодааст, онҳоро аз доштани номи тоҷикӣ маҳрум ва маҳкум кунад.

Бале, фарз бар ин шуд, ки ин мақомот ба истилоҳи шумо дар "решение важных проблем" муваффақ нестанд, мисли эҳсоси патриотизму дилсузӣ ба миллат надоранд, ҳадди ақал бигузоред ҳамин номашонро тоҷикӣ кунанд, аз баҳри Худо, то ақалан набераҳояшон ба онҳо пайравӣ намоянд. Ҳоло он ки Гавҳарбону, ки бештар аз 20 сол ӯро мешиносам, аз масъулони ин расонаҳо ҳазор бор патриоттар аст.

Аммо масъала ҷиддитар аз ин ҳарфҳоест, ки баён шуд. Масъала сари забон нест, ин ҷо мушкил баҳси тафаккур аст. Забонҳо ба сари худ сарвати башаранд, ки инсонҳоро ба ҳам қарин мекунанд. Воқеият ин аст, ки мо ва ман, ба унвони фарзанди Тоҷикистон мадюни забони бузурги русӣ ҳастем, ки умдатан ҷаҳонбинии мо дар заминаи ин забон шакл гирифтааст ва ҷаҳонро бештар аз равзанаи ҳамин забон шинохтаем. Бо сипоси фаровон ба парварандагони ин забони воқеъан пурғановат! Вале ин ҳақро ба мардумони дигар низ бояд дод, ки забонашоро зинда нигаҳ доранд. Ҳич кас Иванову Сидоровро дар Тоҷикистон маҷбур нахоҳад кард, ки Иванзода ва Сидорпур шаванд, дӯғу дафи беҳуда ва иғвогарона набояд зад. Мақомот кори ками шоиста мекунанд, вале вақте дар ин миён як иқдоми наҷиб карданд, бояд аз он истиқбол шавад, ё ҳадди ақал онро бояд ҳаққи табиии онҳо донисту таҳаммул кард.

Агар хабарнигороне, ки забонашон фақат русӣ мебуд, онҳо ба ин амали раҳбарони тоҷик чунин вокунише нишон намедоданд. Аммо ин тафаккур аст, ки забонро ғуломи худ кардааст. Ман дар тақвияти суханони Гавҳарбону мехоҳам бигӯям, ки ҳар тоҷик вазифаи ҷонӣ дорад, ки бо ҳар забоне мехоҳад бинависад, чандин забонро тасаллут дошта бошад, аммо тафаккураш тоҷикона бошад. Ба ҳар забоне ҳарф бизанад, вале тафаккураш тоҷикӣ бошад! Аммо он чӣ мо дорем вомондагони бошгоҳи танаъъум, аз шӯравӣ ва истилои Русияи таззорӣ ва як мушт муллои арабпараст, вомонда аз истилову таҷовузи аъроби бодиянишин, гирифтори тафаккури вомонда. Ва дар миён ҷамъи зиёии дастнигар ва ҳам афроде, ки барои ин миллату забони он ҷон мекоҳонанд, имкону имтиёзе надоранд ва мазлум низ ҳастанд.

Раҳматкарими Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97