Шаҳзода ва қаҳрамони чандлаҳзаинаи Русия

Фарҳанг ва адаб 23.10.2013 22:23

Ба ҷои сарсухан

shahzoda geroyАгар ин намоиши "Пусть говорят" ("Бигзор бигӯянд" -и Андрей Малахов як шоуи навбатӣ мебуд, мо онро метавонистем нодида гирем. Аммо ин дафъа барномаи ӯ "Ишқи аввалин ва охирин" таҷассум-гари воқеъияти ду кишвар гардид, ки масофаи зиёде онҳоро аз ҳамдигар ҷудо мекунад, вале қонуни нонавиш-таи хеле сангини зиндагӣ намегузо-рад, то онҳо дар алоҳидагӣ бидуни якдигар ҳаёт ба сар баранд. 

Асри муосир, ки бо номҳои даври иттилоотӣ ва коммуникатсия зикр мешавад, хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин даври рушди инсоният қодир аст,ки як шахси аслан номаълуму ношиносро дар чанд лаҳзаҳои ба шумур  ба тамоми ҷаҳониён ошно гардонад. Агар ӯ инсони нек  бошад, аз  меҳру муҳаббат ва самимияти миллонҳо одамон баҳрабарӣ  намуда  маҳбуби  дили эшон мегардад ва баръакс одами зиштсирату бадкирдор бошад, дар як муддати ниҳоят кутоҳ фош гардида, гирифтори таънаву маломат ва нафрат шуда, чун қаҳрамони манфии  саҳнаи зиндагӣ шинохта шуда, дар зеҳни мардум ҳамчун шахси разилу манфур боқӣ хоҳад монд. Ин давр метавонад моро  бо хоҳиш ва иродаи худи мо ва бидуни он дар санҷишгоҳе қарор бидиҳад,ки  дар баробари санҷиши ору номус ва тавону майдондории худи мо боз бори амонати ору номуси қавму миллатро бар душамон гузошта, дар марзи тамошои миллонҳо во мегузорад. Дар ин лаҳзаҳои бениҳоят ҳасос  баду неки миллат аз рӯи  амали шумо шинохтаву дониста мешаванд. Аз ин рӯ  дар ин аср ҳаёт ба сар бурдан аз ҳар яки мо масъулияти ниҳоят зиёдро талаб мекунад.

Дар ин аср миллату қавмро на танҳо шахсони  аввали кишварҳо ва амалдорони баландпоя ва арбобони илму фарҳанг,  балки ҳар як шаҳрванди қаторӣ   низ муарифӣ мекунад ва аз рӯи рафтору кирдори ӯ ба ин ё он миллат баҳо медиҳанд.Ҳар шаҳрванди кишвар,ки по бар хоки зарзамини дигар мегузорад, ӯ аллакай сафири кишвари хеш аст. Ин масъулиятро набояд ҳеҷ гоҳ нодида гирифт. 

Қаҳрамони чандлаҳзина ва нафратзадаи якумра

Ҳодисаи муқаррарии зиндагии русӣ. Зани шавҳардоре бо номи Лена аз ҳамхобагӣ бо чанд мард аз яке  ҳамл мебардорад. Шавҳари Лена Михаил Кострикын аз фарзанди ӯ будани навзод бо номи Дима шубҳа дорад. Аммо зани ӯ барои ингоҳ доштани оила ба шавҳараш талқин мекунад, ки Дима фарзанди ӯст. Лена пештар аз ин бо Саид ном шаҳрванди кишвари мо бештар аз 7 сол зиндагӣ доштааст. Дар ин миён гӯё Лена бо Саид ва ду марди дигар пинҳонӣ аз шавҳараш вомехӯрдааст. Хуласи калом кор ба ташхиси ДНК анҷом ёфта, падари кӯдак будани Саид тасдиқ мешавад. Вақте ки натиҷаи ташхисро дар студия эълом мекунанд, Саид ҳолатеро мегирад, ки гӯё дар рӯзҳои наздик аз кайҳон баъди кашфи саёраи наве ба замин баргашта бошад. Тамошочиёни ин барнома, ки дар студия ҳузур доштанд, ӯро бо кафкӯбию садои баланд табрик мекунанд ва Саид мегӯяд, ки то ба ҳол ӯ рӯи фарзандро надидааст ва Дима фарзанди аввалини ӯ мебошад ва ӯ модари фарзанди худро бениҳоят дӯст медорад. Аҳли толор аз ин ҷавонмардии ӯ ба ваҷд меоянд ва таҳсину офарини бисёреро дар ҳақи ӯ арзонӣ дошта, ба ӯву ҳамсараш хушбахтӣ орзу мекунанд.

said-i rusАндрей Малахов дар ҷараёни намоиш аз Саид мепурсад, ки падар ва модари ӯ зинда ҳастанд? Ӯ дар ҷавоб мегӯяд, ки онҳо вафот кардаанд.

Агар барномаҳои канали якуми телевизиони Русия дар Тоҷикистон пахш намегардид, шояд ризоият ва болидагии ин домоди ношуди Русия то чанд замони дигар идома меёфт ва бо ҳамин ин барномаи Андрей Малахов низ ба поён мерасид ва ӯ аз пайи тайёр кардани барномаи навбатии худ мешуд.

Ин барномаро дар Тоҷикистон низ диданд

Шаҳзода Абдуҳалимова (зодаи маҳаллаи Файзободи собиқ колхози овозадори Ленини ноҳияи Восеъ) соли 1991 дар арафаи хатми омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб қарор дошт. Саид ҳамон сол аз хидмати сарбозӣ ба зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб бармегардад ва тасодуфан ӯро дида хушдораш мешавад. Бо амри тақдир монанди ҳазорон писарону духтарони ҳамонвақтаи тоҷик оила барпо мекунанд. Саид ба заводи равғани шаҳр ба кор меравад. Баъди якчанд вақт гирифтори касалии домана мешавад. Баъди сиҳатёбӣ ба ҷои кораш меравад, ки аллакай  ба ҷои ӯ дигар касро ба кор гирифта буданд.

Соли 1994 ҳамроҳи зану духтари хурдсолашон ба Душанбе омада дар хобгоҳи  комбинати бофандагӣ зиндагӣ мекунанд. Чанд муддат дар яке аз ҷузъҳои Вазорати корҳои дохила хидмат мекунад. Дар шаҳри Душанбе боз онҳо соҳиби як духтар ва як писари дигар мешаванд. Маоши нокифоя ва шароити номусоиди зиндагии хобгоҳ ӯро маҷбур месозад, ба истеъфо баромада, ба Русия барои кор биравад. Соли 2004 баъди ду сол ба Душанбе бармегардад. Пас аз баргашт боз ҷои дурусти кор пайдо карда наметавонад. Рӯзе бо занаш маслиҳат карда мегӯяд: "То кай дар ин ҳуҷраи хобгоҳ зиндагонӣ мекунем, бачаҳо рӯз то рӯз калон мешаванд. Ман ба Русия меравам, ин даъфа як сол меистам. Баъд омада  хона мехарем..."

Ӯ моҳи сентябри соли 2005 боз ба Русия меравад.

Шаҳзода мегӯяд: "Дар хотирам намондааст, соли 2010 буд ё 2011 як маротиб аз як шинос дараки ӯро ёфтем. Духтараш Мадина бо ӯ занг зад ва аз ӯ гила карда гуфт: "Моро партофта рафтӣ очаам касал аст, кай меоӣ? Саид ба Мадина ваъда дод, ки баъди як ҳафта пул мефиристад. Аммо баъди як ҳафта ӯ симкорти телефони худро иваз мекунад ва бо ҳамин робитаи ӯ бо хонадонаш қатъ мегардад.

Вақте ки Саид аз Тоҷикистон рафта буд, фарзанди калонии ӯ Мадина он замон 11 сол дошт. Бори гарони парвариши ӯ ва хоҳару бародари кӯчакаш ба дӯши модар меафтад.

Шаби 24 сенябр додари Шаҳзода ба ӯ занг зада мегӯяд: "Қасам бихӯр, ки  зиқ намешавӣ ва гиря намекунӣ?!". Ӯ аз чунин ранг гирифтани суҳбат бо бародар дар таҳайюр меафтад, вале аз оҳанги начандон ҷиддии суҳбати ӯ  дарк мекунад, ки ягон воқеъаи ҷиддие рух надодааст ва қавл медиҳад, ки на гиря мекунаду на ғусса мехӯрад. Баъд аз ин бародар мегӯяд, ки пагоҳ корҳоятро анҷом дода, соати 11 ба хона биё. Шаҳзода бо ҳамроҳи бародар ин барномаро тамошо мекунанд. Бо вуҷуди гирифтани чунин як зарбаи ноогоҳонаи равонӣ ӯ худорӣ намуда, чун ҳамеша тамкину таҳаммулро аз даст надода, бо аҳли хонадони бародар худоҳофизӣ карда ба хона меояд. Ин ҳодисаро фарзандонаш, ба хусус Мадина, ки чанд ҳафта пештар дар рӯзҳои арӯсияш гаштаву баргашта мегуфт: "Оча, отам наомад… Ҳеҷ не, дар ҳамин рӯзи туйям меомад, ман ӯро мебахшидам", чӣ гуна қабул мекарда бошад? Агар Мадина аз забони дигар одамон ин хабарро шунавад, зиқ мешавад. Чунин фикру андеша ӯро ҳеч ором намегузошт ва ӯ тасмим мегирад, ки беҳтараш инро худаш ба ӯ мефаҳмонад. Шаҳзода ба хонаи духтараш, ба колхози собиқи "Ленинград"-и ноҳияи Рудакӣ меравад. Мадина дар рӯи ҳавлӣ ба ҷомашӯӣ машғул буд, аз ин боздиди ғайриинтизори модар, ки дирӯз ба хабаргириаш омада буд, ӯ дар таҳайюр афтода, баъди салому аҳволпурсӣ мегӯяд:

- Тинҷӣ ҳаст, оча?

- Ҳо бачам тинҷист, ҳами тавр ёдат кардаму ба диданат омадам. Дирӯз отата дар телевизор нишон доданд.

"Ҳичӣ…?" - гуфта аз ин хабари модар хурсандӣ мекунад.

Мадина баъди нақли модар хеле гиря мекунад ва бо як оҳанги ҳайратангез аз ӯ суол мекунад: "Наход, ки отам гуфтааст, ки ман фарзанд надорам...?"    

Шаҳзода ҳамроҳи дугонааш Ҷамила Давлатова ба студияи телевизиони Останкино занг мезананд. Дар студия гӯшии телефонро чанд маротиба духтарони навбатдор мебардоранд. Онҳо сюжаи дидагиашонро ёдовар шуда мегӯянд, ки Саид зану фарзанд дорад ва се фарзанди ӯ бо модарашон дар Душанбе зиндагӣ мекунанд ва 9 сол боз ӯро интизоранд. Модари ӯ низ зинда буда, чашминтизори ӯст.

Духтарони навбатдор мегӯянд, ки пагоҳ муҳариррон ба кор меоянд, мо ин ҳарфҳои шуморо ба онҳо мерасонем.

Рӯзи дигар кормандони масъули барнома ба онҳо занг мезананд ва мегӯянд, ки пагоҳ хабарнигоронро ба Душанбе мефиристанд ва бояд пайвандони Саид низ ба сафари Маскав омодагии худро дошта бошанд.

Дар пасманзари нақли Шаҳзода

Ба ростӣ, барои ман суҳбат намудан бо Шаҳзода зане, ки хеле  машаққати ҷисмию равонииро аз сар гузаронида, бар болои ин ҳама аз ҷониби шавҳари нохалафаш дар миёни издиҳоми бегона гирифтори як зарбаи ғайриҷавонмардона гардидааст, кори осон набуд. Ман хеле боэҳтёт ба ӯ суҳбат мекардам, то ин ки мабодо дили афсурда ва ранҷидаи ӯро озор надиҳам. Аммо бо вуҷуди ин ҳама озору нокомиҳо ӯ   ботамкинона ва хеле ором суҳбатро бо ман идома медод: "Ростӣ гап ман ин суханонро аз ӯ интизор набудам. Ягон маротиба  ҷанг мекард, ё "падарлаънат" гуфта аз дар баромада мерафт, дигар гап буд. Ман ягон маротиба аз ӯ гапи бад нашунида будам. Пеш аз рафтанаш таъкид мекард, худатро эҳтиёт бикун, кӯдаконро  хуб нигоҳубин намо."

Вақте ки Саид ба саволи Андрей Малахов ҷавоб дода мегуфт, ки ӯ зану фарзанд надорад, ман вориди толор шудам. Хаёл мекардам, ки дилам сусту беҳол мешавад. Ҳамаи рӯзҳои гузаштаам фаромӯш шуд, ман дигар одам будам…

Дар муддати ин 9 сол  ҳама чизро аз ёд бароварда будам, Ҳамеша ҳастии ин се кӯдак дар ёдам буд. Ҳатто вақте надоштам, ки бо ҳамсояҳо пурсупос кунам.

Бепадар, дар ин шаҳри бесуннату анъана ва талқидкор бар ҳама чизи бегона тарбияи фарзанд ба хусус духтарбачаҳо кори осон нест. Ба духтаронам мегуфтам, падари шумо ин ҷо нест, нигоҳи ҳама ба сӯи шумост ва мардум мегӯянд, бубинед, падарашон нест, ҳар чизе ки маъқулашон ҳаст, пӯшидан мегиранд.

Духтарон ба ҳарфи ман гӯш медоданд ва ҳар чизе ки ба онҳо пешниҳод мекардам, онро мепӯшиданд. Сад шукри Худованд пӯшишашон ва  ахлоқу одобашон мувофиқ буд. Дар мактабу кӯча касе дар ҳақи онҳо ҳарфи баде гуфта наметавонист.

Дар муддате, ки Саид се фарзандашро бори дӯши ман карду моро фаромӯш кард, дар баробари он ки дар дармонгоҳ ҳамшираи шафқат будам, дар назди хона пас аз кор сабзаҷот мефурӯхтам, дар туйхонае дар рӯзҳои истироҳат табақу косашӯйӣ мекардам, то се фарзанди азизам пеши дӯсту душман аз чизе кам набошанд.  

Ин мардаки сангдилро бубинед, чи гуфтааст. Баъди ба хонаи шавҳар рафтани Мадина як ҳафта дар хона дастархон напартофтам, либосҳояшро гирифта бӯй мекардаму мегиристам.

Ман модари ӯро аз модари худам бештар ҳурмат мекардам. Ҳатто ин чиро бачаҳо низ пайхас кардаанд ва гоҳ-гоҳ аз ман суол мекарданд.

Барои чӣ момам меояд ин қадаре, ки момаи дигарамро (модари падарашонро дар назар доранд) ҳурмат мекунӣ, он касро чунин ҳурмат намекунӣ? Мегуфтам: «Барои он ки ин момаатон маро мефаҳмад»...

«Дилам иҷозат надод, ки нигоҳаш кунам, ҳайфи гап ба чунин одам»

Дирӯз ба бозори Саховат рафта будам, маро занони дар бозорбуда шинохтанд ва мегуфтанд, ки барои чи ҳеч чизе ба ӯ нагуфтӣ? Мо мешудем, тика -тикааш мекардем. Баъд ман ҳазломез ба онҳо гуфтам, ки хайр чӣ илоҷ, шумо ба ҷои ман набудед…

Ягон гап дигар ба ӯ таъсир намекунад, ӯ ҳама чизро аз ёдаш баровардааст…"

Шаҳзода низ дифоъгари номуси мо буд

Он бегоҳ рӯи саҳнаи телевизиони Маскав, ки миллионҳо тамошочӣ дорад майдони ҳарбу зарби нируҳои ба ҳам  мухолиф; некӣ бар бадӣ, садоқату вафо бар хиёнату бевафоӣ, иффату покӣ бар фиқсу фасод буд. Ин ду қувваи бо ҳам оштинопазирро фарзандони як миллат, аниқтараш аҳли як хонадони тоҷик намояндагӣ мекарданд. Саид бо дурӯғу риё ва сохтакорӣ ҳисси нафрату бадбинии мардуми бинандаро нисбати худ ва миллаташ бедор кард. Шаҳзода баръакси ӯ бо тамкину оромӣ ва тарбияи воло бо ҷавоби кутоҳ ба чанд суол дили ҳамаро тасхир карда, дар як лаҳза нафрату адоват ва бадбиниро нисбати ин миллат дар  андеша ва тафаккури онҳо хунсо карда, сифатҳои беҳтарини инсонии тоҷикиро рӯи зеҳну фаҳми онҳо оварда тавонист. Ӯ низ дар он лаҳзаҳо мисли Мавзуна (Чориева) рӯи ринг буд. Бо ростию самимият ва сидқу вафо ба пайкари дурӯғу риё, ноодамию хиёнат ва номардию даюсӣ зарбаҳои ҳалокатовар зада, номуси худу миллаташро дифоъ мекард.

Бархурди фарҳангҳо рӯи саҳнаи телевизиони Русия

Аз рафтори Шаҳзода маълум аст, ки ӯ дастпарвари оилаи суннатист ва бо рафтори шоистаи хеш тавонистааст фарзандонашро аз вартаи фанои равонӣ наҷот бубахшад. Ин зан наҷоти ахлоқии духтаронашро аз нигоҳи беҳаёонаи айём дар пӯшиши суннатӣ мебинад. Вақте ки ровии барнома аз Шаҳзода суол мекунад, ки агар Саид бо Лена ҳамхона шавад, ӯ чӣ мегӯяд. Ӯ ҷавоб мегардонад, ки агар худаш хоҳад, ман чизе намегӯям. Ин ҷавоби ӯ мутеъӣ ва беҳуқуқии ӯ нест. Ин нишонаи ҳадшиносии ӯст, ки коршиносони ҳирфаии барномаро бо одобу ахлоқи инсонии худ ба ваҷд овард.

Коршиноси барнома Бари Алибасов аз кирдори модари Саид норозигии худро  нишон дода, сухани таққиромезро низ дар ҳақи ӯ баён кард. Ин коршиноси суннатгумкарда худ намедонад, ки дар фарҳанги исломӣ  истилоҳи ҳаромзода ва ҳалолзода мавҷуд аст. Пиразани бечора чи тавр метавонад, ки фарзанди модари сабукпойро чун хуни худ қабул кунад. Ин саҳнаи намоиши Андрей Малахов барои аҳли фаҳму идрок як бори дигар зарурияти мавҷуд будани ахлоқ дар ҷомеъаро бармало кард. Дар ислом мафҳумест бо номи идда. Он чунин маъно дорад. Зане ки аз шавҳари худ талоқ мегирад, танҳо метавонад бар гузаштани муҳлати идда, яъне чаҳор моҳ баъд аз нав ба шавҳар барояд. Инро илми муосир низ исбот кардааст. Ҷанин дар батни зан бо гузаштани 4 моҳ шакли одамиро мегирад.

Пушти саҳнаи намоиш

Баъди намоиш Саид назди модар ва фарзандонаш меравад. Шаҳзода ӯро тамоман нигоҳ намекунад (Ба гуфтаи худи ӯ, ба ин чиз дилаш иҷозат намедиҳад) ва роҳи худро сӯи баромадгоҳ идома медиҳад. 

Занону мардони зиёде аз паҳлуи Шаҳзода чун арзи сипосу баёни таваҷҷуҳи самимии худ бо ниматаъзиму бо табассум ва аҳсану офарин гуфтанҳо мегузаштанд.

Як зани дар толор ҳузурдошта назди Ҷамила омада, аз ӯ мепурсад: "Мумкин аст, ки ман ба рӯяш як шаппотӣ бизанам"?

Сипас ба рӯяш туф карда, гузашта меравад.

Поёни намоиш

Имрӯз Шаҳзода- ин зани ҳалиму хоксор мисли пештара дар як ҳуҷраи танги хобгоҳ бо ду фарзанди худ зиндагӣ дорад. Магар ӯ шоистаи ҷои муносиби зиндагӣ, яъне доштани хона дар кишваре, ки обрӯ ва эътибори онро ҳифз намудааст, нест? Вақте ки чанд чоплусаку берӯйу риё сазовори хона мешаванду чунин қаҳрамонони ноаён ҷои зист дар ватан надоранд, ростӣ, ки хории кас меояд. Ё шумо ҷанобон дигар андеша доред?! 

  Н. Нематзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97