Шеърдузд шунида будем, аммо шоирдузд на

Фарҳанг ва адаб 25.09.2013 20:16

Ба таваҷҷуҳи сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон

Nizami museumАбдураҳмони Ҷомӣ дар асари машҳури худ "Баҳористон" ҳикояте дорад бад-ин маънӣ; "Рӯзе Анварӣ дар бозори Балх мегу-зашт, ҳангомае дид. Пеш рафту сар дар миён кард. Мардеро дид, ки истода ва қасоиди Анварӣ ба номи худ мехонад ва мардум ӯро офарин мехонанд. Анварӣ пеш рафту гуфт; «эй мард, ин ашъори кист, ки мехонӣ? Гуфт:» ашъори Анварӣ. «Гуфт:» ту Анвариро мешиносӣ? «Гуфт:» чӣ мегӯӣ? Анварӣ манам! «Анварӣ бихандиду гуфт:» шеърдузд шунида будам, аммо шоирдузд надида будам.

Устод Шакурӣ анқариб ҳама умри хешро сарфи таҳқиқи мавзуъи "пантуркизм" карда, ва дар воқеъ ҳам мақолоту рисола ва дар шакли асар ҳам навиштаҳои пуразиш ва бо далеле дар робита ба ин мавзуъ иншо кардааст. Вале аз чист, ки доираҳои илму адаб ва ба хусус маъорифу фарҳанг ба навиштаҳои чунин олими шаҳир таваҷҷуҳ надоранд. Агарчи устод Шакурӣ дар навиштаҳои худ бо далоили росих аз хиёнатҳое, ки пантуркистон болои мардуми форс, хусусан миллати тоҷик овардаанд, ёдоварӣ кардааст, бо замми ин таззакурот ва ёдовариҳо, дар солҳои аввали истиқлол, дастандаркорон ва аҳли маъорифи тоҷик аз ифтитоҳи литсейҳои туркӣ дар кишвар истиқбол карданд. Ҳанӯз ҳам асре аз хиёнатҳои пантуркистон нагузашта, ин ҳамаро ба боди фаромӯшӣ додем.

Аз ҷумла устод Шакурӣ зимни мусоҳабае иброз намуда буд: "…Пантуркистон ҳокими Бухоро шуданд ва мактабҳоро ба узбакӣ гардониданд, кори идораҳоро бо забони узбакӣ ба роҳ монданд. Масалан, агар дар идорае бо забони тоҷикӣ ҳарф зананд, панҷ сӯм ҷарима меситониданд. Факт овардам, нишон додам, дар он ҷое, ки як замон 95 фоизи аҳолӣ тоҷик буд, якбора 95 фоизи аҳолӣ узбак шуд".

Тақсимоти ҳудудии ноадолатона натиҷааш ин шуд, ки форсзабонон на танҳо аз марказҳои фарҳангии худ, балки доранд аз уламо ва шуъарои худ низ тадриҷан маҳрум мешаванд.

Хабари ахири расонаҳо дар мавриди барчидани катибаи мақбараи шоъири машҳури форс Низомӣ, дар Озарбойҷон далелест бар-ин гуфтаҳо. Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии кор бо осори Низоми Ганҷавии кишвари Озарбойҷон, Нозим Иброҳимов "… дар замони Низомии Ганҷавӣ вазъ чунин буда, ки ӯ осорашро ба порсӣ эҷод кардааст, вале ин маънои онро надорад, ки Низомӣ форс буд…". Магар хиёнатеро аз ин бузуртар мешавад? Шоъиреро, ки ҳатто мисраъе ба забони туркӣ нанавиштааст, туркнажод хонд. Аслан забони туркӣ зарфияти дар худ ҷой додани афкори боло ва тасвиру ташбеҳоти зеборо надорад. Ин забони ҳамвор ва шевою зебои форсӣ-дарӣ аст, ки чунин зарфиятро дорад. Аз шоъир ва файласуфи машҳури ахири Шарқ, Аллома Иқбол метавон дар ин маврид ёд кард. Агарчи забони ҳинду низ яке аз забонҳои ширин ва қадима аст, вале ба қавли худи Иқбол;

Гарчи ҳиндӣ дар уззубат шакар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Маҳз бузургию шевоӣ ва ширинии ин забон буд, ки Аллома Иқбол ашъори пурарзише бо ин забон иншо кард. Туркҳо ва ҳама туркзабонҳо, бояд бидонанд, ки форсҳо миллатеанд бузург ва бо чунин бешармӣ, ки хоси туркзабонҳост аз худ кардани шоъире аз махзани фарҳанги мардуми форс чизеро кам нахоҳад кард. То замоне, ки сурудаҳои Ҳаким Фирдавсӣ мавҷуданд, ҳамоно забони форсӣ ва мардуми Форс барҷо хоҳанд буд. Ба қавли худи Фирдавсӣ, ки гуфта:

Басе ранҷ бурдам дар ин солу сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Намирам аз ин пас, ки зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Маврид ба тазаккур аст, ки форсӣ на танҳо забони шевост, ӯро хат низ зебост. Аз сафири кишвари Озарбойҷон дар Тоҷикистон ин тақозоро дорем, ки то ба самъи дастандаркорони кишвари худ расонда бошад, ки таҳрифи рӯйрости торих ин ҷиноят аст. Бо он ки ба миллати форс таъаллуқ доштани Низомӣ, бо садҳо далел собит аст, турк гуфтани ӯ ҷуз ҳамоқатие беш нест. Аз худ сохтани уламо ва шуъарои форс барои шумо "бародарон"- и турк шеваи нав нест. Ҷалолуддини Балхӣ, ки дар Туркия ӯро абардафтари адабиёти худ медонанд, низ дигаре аз таҳрифоти торих ва ҷиноятест дар ҳаққи мардуми Форс. Агарчи ин бузург фармуда:

Офтоб омад далели офтоб,

Гар далелат бояд аз вай рӯ матоб.

Ин гуфта низ барояшон асаре накарда. Дар ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ин шеваи туркӣ (аз худкунии шуъарои форс) роиҷ аст. Замоне узбакҳо даъвои Сино доштанд. Беруниро узбак ва ё Форобиро қазоқ гуфтан, аз рафтори мардуми турзабон ва туркнажод аст, Мавлоно мегӯяд:

Як ҳамлаю, як ҳамла, омад шабу торикӣ,

Туркӣ куну чустӣ кун, на нармию тоҷикӣ..

Он зебоӣ ва равонии ашъори ин бузургро бо забони туркӣ намешавад тасвир кард. Ҳама тоҷикон шеъри Ҳаким Низомӣ, "Дар насиҳати фарзанди худ, Муҳаммад Низомӣ"- ро аз хамсаи "Лайли ва Маҷнун" хуб дар ёд доранд;

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,

Чун гул ба чаман ҳавола будӣ,

Ва акнун ки ба чордаҳ расидӣ,

Чу сарв ба авҷ сар кашидӣ.

Ғофил манишин, ки вақти бозист,

Вақти ҳунар асту сарфарозист.

Дониш талабу бузурги омӯз,

То беҳ нигаранд,  рӯзат аз рӯз.

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97