Осорхонаи Гурминҷ тахриб мешавад?

Фарҳанг ва адаб 02.09.2013 11:54

Osorkhonai GurminjТибқи қарори шаҳрдорӣ ҳалқаи аввали нақшаи кул ба ҳукми иҷро медарояд ва бархе аз биноҳои ин ҳалқа кӯчонида мешавад.

Бино ба иттилои шаҳрдорӣ барои иҷрои нақшаи кулли пойтахт, бархе аз биноҳо аз ҷумлаи Осорхонаи асбобҳои мусиқии Гурминҷ Завқибеков, артисти халқии Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Бохтар 23 воқеъ аст ва ҳамчунин бино суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сафоратхонаи Ирон дар Тоҷикистон, вазорати кишоварзӣ, додситонии пойтахт кӯчонида хоҳанд шуд. Ҳамчунин тибқи ин нақша 29 бинои истиқоматӣ, тиҷорӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Бохтар, Пушкин ва Руставели ҷойгир мебошанд, кӯчонида хоҳанд шуд.

Аммо чаҳор бино дар маркази пойтахт, ки дар рӯйхати биноҳои маданӣ - таърихӣ шомиланд, дар мавқеи худ боқӣ хоҳанд монд. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ , дар рӯйхати биноҳои таърихӣ, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ доранд, қасри президент, бинои порлумон, китобхонаи миллии Фирдавсӣ ва бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҷой доранд.

Osorkhonai Gurminj01Шаҳрдор борҳо таъкид кардааст, ки зимни кӯчонидани биноҳо тамоми ҳуқуқи соҳибони манзилҳо ва иншооти дигар ҳифз мешавад ва ҷуброни он бо назардошти арзиши он пардохт карда мешавад.

Аммо баҳсҳо атрофи Осорхонаи Гурминҷ Завқибеков дар сафҳаи интернет моро ба суроғи ин осорхона бурд.

Иқбол Завқибеков, фарзанди ҳунарманди саршинос Гурминҷ Завқибеков, ки ҳифзи мероси падар ба ӯ вогузор шудааст, ҳар гуна сару садо дар сафҳаи интернетро нағорае пеш аз тӯй хонда афзуд: "Ҳанӯз дар мавриди ин тасмим ба мо аз сӯи мақомот ҳарфе гуфта нашудааст. Мо мунтазир ҳастем, то бубинем, ки мақомот чӣ мегӯянд".

Ин дар ҳолест, ки бархе аз корбарони фейсбук дар садади ҷамъоварии имзо барои ҳифзи осорхонаи Гурминҷ Завқибеков дар дили Душанбе ҳастанд.

Аммо яке аз фарҳангиён, ки бо сабаби мақоми хидматии худ, нахост номаш фош шавад, гуфт, ки воқеан асбобҳои мусиқии осорхонаи Гурминҷ ганҷи пурбаҳое ҳастанд, ки фарҳанги мардуми моро муаррифӣ мекунанд. Ӯ афзуд, ки бояд барои ҳифзи ин осор шаҳрдории Душанбе низ кӯшиш ба харҷ бидиҳад, то онро дар мавзеъи муносиб, ҳамчуноне ки ҳоло қарор дорад, ҷой бидиҳад, то ҳам осори таърихии мо ҳифз бишавад ва ҳам меҳмонони пойтахт аз дидани он баҳраманд шаванд.

Умед аст, ки Осорхонаи Гурминҷ дар ҳамин маконе, ки ҷойгир аст, вобаста ба аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии он дар шакли нав қомат хоҳад барафрӯхт то аз қиммати фарҳангӣ ва таърихии он кам накунад. Ва ё ҳам агар қарор бар ин бошад, ки дар ин макон бинои баландошёна қомат барафрозад, қисмате аз  вестибюли он бояд барои ин осорхона дода шавад, то ҳам руҳи Гурминҷ ҳунарманди маъруфи мо осуда бошад ва ҳам меросбарони ӯ комгор. Накунад, ки ин осорхона ҳам мисли Хонаи кино ба ҳошия ронда шавад ва дар дурдасттарин мавзеъи шаҳр ҷой бигирад. 

Мо ба ақли солим бовар дорем! Шумо чӣ?!

                      "Миллат"

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97