"...ПИҲИЛ КУН ШИРИ ПОКАТРО..."

Фарҳанг ва адаб 23.08.2013 10:30

dasti modarЯк мушт зи хоки Модари хушназарам,

Мушти дигаре зи хоки поки Падарам.

Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд,

Резед ба гӯри ман, чун даргузарам.

                                ----

Ало модар, пиҳил кун шири покатро, ки то ҳастам,

Ҳама сӯи Худо ноланд, ман сӯи ту менолам.

                                                                (Лоиқ Шералӣ)

Имрӯз баъд аз сипарӣ шудани солҳои зиёд чун мехоҳам ба гузашта назар андозам, саҳифаеро аз даврони кӯдакию наврасиам варақгардон кунам, хотироти вобаста ба он айёмро ба ёд биёрам, аз гузаштаи бебозгашт ёдоварӣ кунам, симою хислати ҳамдиёронамро ба ёд орам, барои ман ин ниятам ҳам андӯҳовар ва ҳам тасаллобахш аст, ки сабабашро баъдтар шарҳ хоҳам дод…

* * *

Ба рӯи қабри модар сабзаву гулҳои худрӯе,

Зи файзи навбаҳорон сабз гардиданду хандиданд.

Зи гармии дили пурормони ӯ,

Ба сад уммед рӯиданд.

Бубин дар пояи туғи мазораш  дасти модарро

Ки берун гашта аз хоку фалакро ҳаст домангир.

Бигӯяд, чархи каҷрафтор,

Надидӣ тифлакони безабони  зору гирёнам,

Ки охир бепарасторанду сарсонанд бе модар,

Намедонанд оламро,

Намедонанд одамро.

Ҳанӯз аз коми онҳо бӯи шир ояд,

Ман охир, бо умеди тӯи домодии  фарзандам,

Шабам дар болини чӯбини гаҳвора ба рӯз омад

Тасаввур менамудам тифли худро мардаки болиғ

Нишаста зери чодир бо арӯси хушқаду қомат.

Ба ин андешаҳо бигзашт умри панҷ рӯзи ман,

Намебинам дигар дидори фарзандони дилсӯзам,

Намебинам дигар ҳусни баҳору хандаи хуршед.

Ба ҷои бӯи гул дар гӯри тангу торики сардам.

Биёяд бӯи хоки тар.

Вале як дасти ман аз хок берун асту мемонад

Ки армонношикаста рафтам аз дунёи бетавфиқ…

Фалакро ҳаст домангир як дасти   қазоҷӯям.

Ин шеъри шоири ҳассоси фақиди тоҷик Ҳабибулло Файзулло "Дастагул бар рӯи қабри модар" ном дорад. Онро ба таърихи 28 октябри соли 1968 аз як рӯзномаи ҷумҳуриявӣ ба дафтари ёддошти донишҷӯиям кӯчонда будам. Қабл аз он ва солҳои баъд модарномаҳою шеърҳою навиштаҳои зиёдро аз адибони бузурги адабиёти классикии форсу тоҷику ҷаҳон ва аз шоирони муосир дар бораи модару дар васфи модар хонда будам, вале ҳамин шеър беш аз ҳама ба рӯҳу қалбам наздик буд ва дар зеҳнам якумрӣ нақш баст. Он беш аз ҳама посухгӯйи ҳиссиёту отифаи ман нисбати модарам буд. Чаро?

***

Чеҳраи модарамро дар ёд надорам. Симои ӯро дар ягона акси хирааш дидаам. Сесола будам, ки ӯ аз олам даргузаштааст. Вале мисли ин ки дар хоб дидаам ва гӯӣ ин ки аз паси дуди ғализ ё туман, симои се зан дар хотираи кӯдаконаам нақш бастааст, ки рӯи даҳлез нишастаанд. Яке аз онҳо модарам аст, аммо ҳанӯз дар айёми наврасӣ ҳар қадар ба хотираю тасаввурам фишор меовардам, ба хотир оварда наметавонистам, ки кадоме аз онҳо модарам буд. Талош мекардам симояш, тарҳи рӯяшро барои худам равшан созам, вале ҳайҳот… дуди ғализу туману торики хотира монеъ мешавад. Аз алам гиря гулӯгирам мекунад… буғзам мегирад…

Ва дар ниҳояти амр, ба ҳукми тақдир, ба тасмими сарнавишт тан дардодаму аз баҳри ин кӯшиши бесамарам гузаштам…

Аммо рӯзи фавти модарам хуб дар хотирам аст. Он чунон сахт дар лавҳи хотирам нақш бастааст, ки гӯё дирӯзакак рӯй додааст…

Акаам (бародарам) маро аз хонаи амакам меовард. Шояд дар рӯзи марги модарам маро он ҷо бурда хобонда бошанд… Акаам маро рӯи дастонаш бардошта ба сӯи хона меомадем… Медидам, ки рангпарида аст ва ашки ӯ беист равон… Мехоҳад чизеро барои ман бигӯяд, вале уқдаи гиря имконаш намедиҳад… Гиря гулӯгираш аст… Бо тааҷҷуб ба ӯ менигарам… Бо ақли кӯдаконаам ҳис мекунам, ки воқеъае рӯй додааст, воқеъаи мудҳиш, воқеъаи хеле ногувор. Вале тасаввури кӯдакона тавони дарки ин ҳодисаро надорад, аз дарку фаҳми он ҳанӯз оҷиз аст…

Чун ба хона наздиктар шудем, акаам маро ба оғӯш кашида, зор-зор гирист. Риши расидааш маро озор медод… Ба суханони такондиҳандааш, ба ҳарфҳои даҳшатноки ҳамроҳ бо гиряи талхаш, ба оҳанги раъшаовари суханаш, ки мегуфт: "-Модарамон фавтид"… сарфаҳм рафта наметавонистам, ҳанӯз маъною моҳияти бозии талхи тақдирро дарк карда наметавонистам … Хомӯшу ҳайрону бо тааҷҷуб ба ӯ менигарам…

Баъд аз гузашти тақрибан 45 сол, ҳоло ҳам чун чашмонамро пӯшонам, кӯчактарин, хурдтарин ва ночизтарин ҷузъиёти ин дақиқаҳои шум, тамоми ҳаракоту тарзи гапзанию чеҳраи акаам дар ин лаҳза, ва ҳатто тарзи рӯи дастонаш бардоштанам, маҳз дар кадом нуқта ва фосилаи роҳ ва кадом вақти рӯз рӯй додани ин ҳодиса ва аксуламали рӯҳияи кӯдаконаам дар баробари он бо куллия тафсилоташ пеши назарам ҷилвагар мешавад. Мисли ин ки дирӯзакак рух додааст ин ҳодиса…

Ва лаҳзае дигар… Шомгоҳони тобистони кӯҳистон. Акаам маро рӯи зонуҳояш нишондааст… Қанди сафедро ба дастам додаасту онро мемакам, чанд дона қанд дар дасти ӯ. Гирду атроф одамони зиёд, анбӯҳи мардум ва ман ҳамоно бо ҳайрат, бо тааҷҷуб ва ҳатто бо як болидагӣ аз таваҷҷӯҳи зиёди одамон ба ман, ба ин тараф он тараф менигарам… Ва бо ҳамин тамом… Пардаи ғализи торикӣ боз монеи хотираам мегардад…

Ҳа, лаҳзаи дигар низ дар иртибот ба ин ҳодиса аз хотираам нозудуданист…

Як помидоре дар дасти чап дораму бо дасти рост помидори дигарро бо иштиҳо хӯрда истодаам. Бароям хеле ширину обдору хушмаза менамояд. Ҳамшираам Оимсултон, ки акнун манн ӯро модарам тасаввур мекардам, баъд аз гузашти чанд рӯзи фавти модарам ба хонаи шавҳараш бозгаштанист. Ва ашки ӯ шашқатор равон…

Ин дафъа ақли кӯдаконаам низ расотар шудааст. Бо тамоми ҳиссиёти тифлонаам дарк мекунам, ки рафтанаш барои ман сахт гарон аст. Гирякунону додзанон аз пасаш медавам, бехудона худро ба ӯ расонданӣ мешавам… Меафтам, боз бошитоб мехезаму медавам ба тарафи ӯ, аммо маро медоранд…

 Маро медоранду вай меравад…

Пас аз ором шудан, хӯрдани помидори нимхӯрдаамро давом медиҳам. Вале он дигар таъме надорад. Он мазаву он шириниро, ки чанд лаҳза пеш дошт, дигар надорад. Инро ба сурати нохудогоҳ ҳис мекунам… Дигар он мазаву он ширинӣ боз нахоҳад гашт. Он баргаштнопазир аст. Зеро ҳукми тақдир ниҳоиву илоҷнопазир ва хости Офаридгор қатъист…

Бадин тартиб, охирин дарича ва охирин робитаи ҷаҳони кӯдакиам бо модарам ва пайванди ман бо ӯ дар ин ҷаҳон барои абад баставу канда шуд… Ва ночор ба тақдир бояд тан дод…

Чунинанд, аввалину нахустин хотираҳои кӯдаконаам…

...Солҳои баъд риштаҳои ноаёни муҳаббату эҳтирому ифтихори зиёди бачагона маро бо тағоҳоям - пайвандони Модарам иртибот медод. Ва ин риштаҳою ин пайвандҳо бо калонсолтар шуданам камтар нагардида, балки бештар шуданд. Онҳо ба фавти тағоҳоям гусаста нашуда ва танҳо бо марги ман канда хоҳанд шуд. Ҳис мекардам он эҳсоси танҳоию холигие, ки дар вуҷудам баъди марги модар пайдо шуда буд, бо дидани тағоям ва дигар наздикони модарам коҳиш меёфт. Зеро онҳо барои ман ёде аз Модарам, нишонае аз Модарам, хотирае аз Модарам ва бозтобе аз Модарам буданд ва набудани меҳру муҳаббату навозиши модарӣ бадин васила то андозае ҷуброн мешуд. Барои ман ҳар чизи вобаста ба зиндагонии Модарам муқаддас буд… Ҳама чиз…

Солҳои донишҷӯӣ ҳар таътили тобистона баъди бозгашт ба зодгоҳ ҳатман хабаргирии тағоҳоям ба - зодгоҳи Модарам мерафтам.

Шояд ба хотири бисёр эҳсосотӣ ва риққатқалб буданам бошад, ки бо қадам ниҳодан ба пайраҳае, ки баъди гузаштан ва пул аз лаби дарёи пурхурӯш Ғунд оғоз гардида ва ба сӯи хонаашон мебурд қалбам ба тапиш медаромад. Пайраҳа то наздиктар шудан ба манзил бориктар мешуд ва қад-қади ҷӯи атрофаш сабзазор убур мекард. Ин пайраҳа, ин ҷӯй, ин оби софи кӯҳистонӣ ва ин алафи сабз ба сурати дарднок ошно менамуданд. Ба хона бо як эҳсосоти пуршӯр, ки қалбу вуҷудамро сахт мефишурд, ворид мешудам. Мисли ин ки ба як муқаддасҷой дохил мешудам, мисли ин ки ба зиёрати остоне даромадаам, ларза бар андом меуфтод, зеро барои ман чунин эҳсос даст медод, ки гӯё модарам дар ҳамин ҷост, албатта, дар ҳамин ҷост, муваққатан аз деҳаи мо ба ин ҷо омадааст, тасодуфан ин солҳо ӯро надидаам ва бо ворид шудани ман аз сари оташдон мехезад… мехезаду ба пешвозам мебарояд, маро ба оғӯш мегирад ва ман чеҳраи ҳам шиносу ҳам ноошнои ӯ, вале ба дилу ҷонам наздикашро, ки ин қадар солҳо дар ҷустуҷӯяш будаму дар фикру орзуи диданаш будам, мебинам, меҳру муҳаббат ва навозиши модарии аз дастрафтаро дубора дарёфт мекунам ва бо тааҷҷуб лаб ба шиква мегушоям, ки чаро ин қадар вақт надидамат?… Ба зӯр худро аз ин эҳсосот ва аз ин вазъи риққатнок раҳо месохтам ва то чанд муддат рӯҳафтодагӣ ва афсурдахотириам аз байн намерафт…

Мирзошо Ватаншоев, рӯзноманигор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97