Адрес-нишонӣ-суроға, кадоме дуруст аст?

Фарҳанг ва адаб 26.07.2013 17:18

DodikhudoСуроғ дар забони форсӣ-тоҷикӣ иқтибоси туркӣ буда, ин вожа дар фарҳангҳои куҳан, бинобар осори чанде аз гузаштагон ба гунаи суроғ (سراغ) омадааст. Дар фарҳангномаҳо аз ин маъниҳои вожаи суроғ ёд мешавад: ҷустуҷӯ, кофтуков; интизор; нишон, асар, аломат; дарак, хабар. Вожаи суроғ дар ин маъниҳо дар осори Ҳозиқ, Сайидо, Савдо, Ҷомӣ, Бедил ва чанд адибони дигар ба кор рафтааст. Дар "Луғатнома"-и Деҳхудо «суроғ» (سراغ) чунин маънӣ шу-дааст: "суроғ- нишони пойи одамӣ ва ғайра; нишони пой ва бо лафзи талаб кардан ва ҷустан ва кардан ва гирифтан ва бардоштан ва додан мустаъмал аст (Онандроҷ, Ғиёс ул-луғот). Дар туркӣ сӯроғ (سوراغ) ба маънии тафаҳҳус ва тафтиш бошад; нишон ва асар ва хабар; маҷозан ба маънии  талош ва ин лафз туркӣ аст (Ғиёс ул-луғот)"

Деҳхудо аз ин таркибҳои феълӣ бо вожаи суроғ низ ёд мекунад: суроғ додан- нишон додан; суроғ доштан - огоҳӣ доштан; суроғ кардан - нишон ёфтан, огоҳӣ ёфтан; суроғ гирифтан - хабар пурсидан, бохабар шудан (Деҳхудо. Луғатнома. Теҳрон, 1998; ҳамчунин муроҷиа шавад ба Фарҳанги забони тоҷикӣ, Москва, 1969; Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ. Душанбе, 2006; Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ. Душанбе, 2011.)

Шарҳи "Фарҳанги форсии Амид" низ дар иртибот ба вожаи суроғ ҷолиб ба назар мерасад: "суроғ - нишон ва аломат, нишони пой; пурсиш аз ҷо ва макони касе; бо суроғи касе ё чизе рафтан; пайи ӯ рафтан ва онро ҷустуҷӯ кардан; суроғ гирифтан- касеро ҷустуҷӯ кардан ва ҷову макони ӯро аз дигарон пурсидан" (Фарҳанги форсии Амид. Теҳрон, 1387).

Дар забони узбекӣ ин вожа ба гунаи so'roq (сӯроқ -سوراق) дар ин маъниҳо истифода мешавад: 1. пурсиш, суол; 2. (ҳамчун истилоҳи ҳуқуқӣ) бозпурсӣ, пурсиш аз муттаҳам дар бораи вуқуи ҷурм; 3. тақозономаи расмӣ, пурсишнома. Ин вожа дар узбекӣ дар ин чанд қолаб мушоҳида мешавад: бесӯроқ - бидуни пурсиш, бидуни иҷозат; сӯроқламоқ - пурсуҷӯ кардан; сӯроқсиз - бидуни рухсат; бидуни бозпурсӣ. (Фарҳанги узбакӣ ба форсӣ. Муҳам Ҳалим Ёрқин, Шафиқа Ёрқин. Теҳрон, 1386).

Имрӯз дар забони тоҷикӣ бар ивази адрес аз вожаҳои "нишонӣ" ва "суроға" кор гирифта мешавад. Адрес (аз франсавӣ -adresse < addresser "ирсол додан, фиристодан") дар дигар забонҳо дар чандин маъно, аз ҷумла маънои асосии он "маҳал ё макони муассиса ё идора ва ё ҷойи зисти шахс" истифода мешавад. (Большой словарь иностранных слов. Москва, 2007).

Вожаи байналмилалии адрес дар забони тоҷикӣ ба воситаи забони русӣ пас аз солҳои 20-уми асри ХХ ворид шуда ва то ба имрӯз барои ҳама маълум аст. Ҳатто вожаи адрес дар забони тоҷикӣ (ҳамчунин форсӣ-аdres) ва забонҳои дигари Иттиҳоди шӯравии собиқ ягона истиллоҳе буд, ки баробарии дигари муносиб надошт ва дар ҳама ин забонҳо яксон ба кор мерафт.

Ин вожа дар форсӣ ҳамчун иқтибоси франсавӣ ба гунаи аdres ба кор рафта, баъдан муодили форсии он- "нишонӣ" низ мавриди истифода қарор мегирад, ки фарҳангномаҳои форсӣ дар истифодаи он далели ин гуфтаҳо мебошад

Дар забони тоҷикӣ се гунаи баробариҳои он, яъне адрес (тавассути забони русӣ), нишонӣ (аз форсӣ) ва суроға (аз суроғ+а, аз бунёди туркии сӯроғ) ба кор меравад. Бояд тазаккур дод, ки вожаҳои "нишонӣ" ва "суроға" пас аз солҳои 90-уми асри ХХ дар забони тоҷикӣ корбурд пайдо карда ва ба нашри аввали "Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ" (ҷ.1, соли 2004; ҷ.2, соли 2005 ва нашри дувум соли 2006) ворид гардиданд.

Суроға, ки иборат аз ҷузъ-ҳои суроғ ва пасванди -а мебошад, махсуси забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Аз вожаи туркии суроғ на дар забонҳои туркӣ ва на забонҳои ғайри туркӣ вожаи суроға (бо иловаи пасванди-а) сохта нашудааст. Ин шакл танҳо аз сохтаҳои баъдӣ дар забони тоҷикӣ маҳсуб мешавад.

Дар "Луғати русӣ-тоҷикӣ"-и соли 1933 дар алифбои лотинӣ танҳо аз вожаи иқтибосии "адрес" истифода шудааст. Ҳамин тариқ дар ду фарҳангӣ дигар - "Луғати русӣ - тоҷикӣ"-и соли 1949 ва "Луғати русӣ - тоҷикӣ"-и соли 1985 низ "адрес" бидуни баробариҳои тоҷикии он омадааст. Дар забони форсӣ вожаи "нишонӣ" дар баробари адрес (форсӣ аdres) ба кор меравад. Вожаи нишонӣ дар "Луғатнома"-и Деҳхудо дар баробари он чанд маъние, ки аз гузаштагон ҳамчун шоҳид ёд мекунад, як маънии дигари он "нишон, суроғ, адрес" низ зикр кардааст.

Аз таърихи корбурди ин вожаҳо чунин бар меояд, ки "нишонӣ" дар суннати хаттии мо собиқаи бештар, аммо "суроға" бидуни суннати хаттии тӯлонӣ дар забон мавриди истифода қарор доранд. Бо ин далел нишонӣ бо доштани ҷойгоҳи хоси худ дар осор бояд дар мақоми аввал қарор дода шавад. Он чи марбути "адрес" аст ин вожаи маъруфи байналмилалӣ мисли форсӣ ва дарии Афғонистон метавон дар забони тоҷикӣ низ корбурди вижаи худро дошта бошад.

Додихудо Саймиддинов

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97