Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Достони Боғбон ва се панди паранда

Фарҳанг ва адаб 12.06.2013 09:32

Маснавии маънавӣ

os parandaДар замонҳои қадим боғбоне буд, ки боғи босафое дошт ва боғи ӯ ҳамеша пур аз парандагони рангоранг ва хушовоз буд. Фасли баҳор буд ва боғ сарсабзу зебо мисли ҳамеша саршор аз атри гулу садои парандаҳои хушилҳон буд. Боғбон аз ин овозҳои хуш лаззат мебурд ва кор мекард. Ногаҳон фикре ба назараш расид.

Тасмим гирифт, ки дом бигузорад ва яке аз парандагонро бигирад. Нақшаашро иҷро кард, доме гузошт ва миқдоре дона дар он рехт. Дар гӯшае истоду мунтазир  монд. Билохира парандае ба ҳавои хӯрдани дона дар дом гирифтор шуд. Боғбон бо хушҳолӣ давид ва он парандаи зеборо гирифт. Паранда гуфт: "Эй боғбони меҳрубон маро озод кун. Ман парандае заъиф ва кучакам ва гӯште надорам, ки туро сер кунад. Нигоҳам кун! Ҳар чӣ дорам пару бол ва устухоне хурд аст, ту бо ин гӯшти андаки ман сер намешавӣ. Маро озод бикун, дар иваз ман ҳам ба ту се панд медиҳам. Боғбон бо таъаҷҷуб пурсид: "Агар туро раҳо кунам, ба ман се панд медиҳӣ? Охир ту чӣ ҳастӣ, ки пандҳоят бошад?" Паранда гуфт: "Аввалин пандро вақте ки дар дастонат ҳастам, ба ту медиҳам. Дуввумин пандро низ вақте бар рӯи девор нишастам ва севумин пандро вақте ки бар рӯи дарахт биншинам, ба ту хоҳам дод".

Марди боғбон бо худаш гуфт: "Ин парандаи кучак рост мегӯяд. Гӯште надорад, ки маро сер кунад, пас беҳтар аст, ба ҳарфаш гӯш кунам ва онро озод кунам. Шояд пандҳояш воқеъан хуб бошад ва маро некбахт кунад. Боғбон ба паранда гуфт: "Бошад, туро озод мекунам, аммо бояд аввал панди нахустини туро бишнавам, то бубинам арзиш дорад ё на. Паранда гуфт: "Аввалин пандам ин аст, ки ҳеч вақт чизеро, ки маҳол ва ғайри мумкин аст, бовар накун". Боғбон ба ин панд андешид ва дид, ки панди хубе ба ӯ додааст. Пас дасташро боз кард. Паранда парвоз кард ва рафту бар рӯйи девор нишаст. Боғбон гуфт: "Эй парандаи кучаку зебо, ҳоло ба аҳдат вафо бикун ва панди дуввумро бигӯ." Паранда аз шавқи озодии ба даст омада, овозе хонд ва гуфт: "Панди дуввум ин ки одамӣ набояд барои рӯзҳои гузашта ва низ чизҳое, ки аз даст додааст, ҳасрат бихӯрад." Паранда инро гуфт ва парвоз кард ва бар баландтарин дарахти боғ нишаст. Боғбон, ки аз пандҳои паранда хушаш омада буд ва барояш судманд буд, гуфт: "Панди саввумро бигӯ, эй парандаи кучак ва зираку доно". Паранда боз ҳам овоз хонду гуфт: "Эй боғбони содадил, ман туро фиреб додам. Медонӣ чаро? Чун дар шиками ман як санги гаронбаҳо ва як марвориди бисёр камёб ва қимате вуҷуд дорад, ки бисёр боарзишанд. Ту фиреб хӯрдӣ ва сарвати бузургеро аз даст додӣ".

Боғбон, ки фаҳмид кулоҳ бар сараш рафта ва парандаи гаронбаҳоеро аз даст додааст, нолид ва бар сар зад, ки эй вой ганҷе ба даст оварда будам ва ба содагӣ онро аз даст додам. Вой бар ман, ки ба хотири ду панди беарзиш, ганҷе гаронбаҳоро аз даст додам ва надониста бар худ ва фарзандону ҳамсарам ситам кардам. Парандаи кучак ва зебо, ки нолаҳои ӯро шунид, ба ӯ хандид ва ба боғбон гуфт: "Эй боғбони аҳмақ, ту чӣ гуна ба ҳамин зудӣ пандҳои маро фаромӯш кардӣ? Магар ба ту панд надодам, ки бар гузашта ҳасрат нахӯрӣ? Магар ман ба ту панд надодам, ки ҳарфи маҳолу ғайри мумкинро бовар накунӣ? Пас ту чӣ гуна ба панди ман гӯш кардӣ, ки ҳанӯз лаҳзае аз он нагузашта, ҳарфи маҳолеро бовар кардӣ? Ту ё карӣ, ё намешунавӣ ва ё аблаҳӣ. Ту ақл дар сар надорӣ ва беҳуда дам аз ақлу ҳуш мезанӣ. Ман, ки ҷуссае ба ин кучакӣ дорам, чӣ гуна мумкин аст, санге ба он бузургӣ ва марвориде ба он гаронбаҳоӣ дар шикамам бошад?

Боғбон бо шунидани ин суханон, ба худ омаду донист, ки иштибоҳ карда, ба он пандҳо ба диққат наяндешида ва онҳоро нафаҳмидааст. Чаро, ки агар хуб мефаҳмид, ба онҳо амал мекард. Боғбон бо пушаймонӣ рӯ ба паранда кард ва бо садои баланд фарёд кард: "Эй парандаи доно ва кучак, ман хато кардам. Маро бубахш. Панди саввумро бигӯ ва ба аҳдат вафо бикун. "Паранда хандиду гуфт: "Ту ба он ду панди пешин хуб амал накардӣ, ҳоло интизори панди саввумро дорӣ? Пандҳои ман ба чӣ дарди ту мехӯрад? Панд гуфтан барои ту ва амсоли ту мисли гиреҳ задан бар бод аст (кори беҳуда аст)". Боғбон илтимос карду гуфт: "Эй парандаи зебо маро бубахш ва панди саввумро ҳам бигӯ". Паранда гуфт: "Аз гуфтани он ду панд ҳам пушаймонам. Ту панду андарз дар гӯшат намеравад, панд барои чӣ мехоҳӣ?". Паранда инро гуфту парвоз карду рафт.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97