Ҳикояти булбул ва мӯр

Фарҳанг ва адаб 06.06.2013 06:11

bulbul va murИнак, ҳикояти "Булбул ва мӯр" аз "Расоили наср" - и Шайх Саъдӣ алайҳир-раҳма, пешкаши хонандаи азиз мегардад, ки дар адабиётҳои баъдӣ, хусусан адабиётҳои халқҳои дигар, аз ҷумла халқи рус дар пайравӣ ба осори пурғановати шуъарои форс рисола ва достонҳо эҷод намудаанд. "Басня"-нависи рус Крылов низ "басня"-и машҳури худ, "Стрекоза и муравей" - ро мувофиқ ба маънои ҳикояти "Булбул ва мӯр" - и Шайх Саъдӣ навиштааст.

"Овардаанд, ки дар боғе Булбуле бар шохи дарахте ошёна дошт, иттифоқан Мӯре заъиф дар зери он дарахт ватан сохта ва аз баҳри чанд рӯза мақому маскане пардохта. Булбул шабу рӯз гирди гулистон дар парвоз омада ва барбати нағамоти дилфиреб дар соз оварда, Мӯр ба ҷамъи нафахот лайлу наҳор машғул гашта, ва ҳазордастон дар чамани боғ ба овози хеш ғарра шуда. Булбул бо гул рамзе мегуфт ва боди сабо дар миён ғамза мекард. Чун ин Мӯри заъиф нози гулу ниёзи Булбул мушоҳида мекард, ба забони ҳол мегуфт аз ин қилу қол чӣ гушояд, кор дар вақти дигар падид ояд.

Чун фасли баҳор бирафт ва мавсими хазон даромад, хор ҷойи гул бигирифт, ва зоғ дар мақоми булбул нузул кард, боди хазон дар вазидан омад ва барг аз дарахт резидан гирифт. Рухсораи барг зард шуд, ва нафаси ҳаво сард гашт, аз кулаи абр дурр мерехт, ва аз ғарбели ҳаво кофур мебехт, ногоҳ Булбул дар боғ омад на ранги гул диду на бӯи сунбул шунид. Забонаш бо ҳазордастон лол бимонд, на гул, ки ҷамоли ӯ бинад ва на сабза, ки дар камоли ӯ нигарад. Аз бебаргӣ тоқати ӯ тоқ шуд, ва аз бенавоӣ аз наво боз монд. Фурӯмонда ба ёдаш омад, ки охир на рӯзе Мӯре дар зери ин дарахт хона дошт ва дона ҷамъ мекард, имрӯз ҳоҷат ба дари ӯ барам ва сабаби қурби дорру ҳаққи ҷавор талабам.

Булбули гурусна даҳ рӯз пеши Мӯр ба дарюза рафт. Гуфт, эй азиз саховат нишони бахтиёрист ва сармояи комкорӣ, ман умри азиз ба ғафлат мегузоштам, ту зиракӣ мекардӣ ва захира меандӯхтӣ, чӣ шавад агар имрӯз насибе аз он каромат кунӣ. Мӯр гуфт, ту шабу рӯз дар қол будӣ ва ман дар ҳол, ту лаҳзае ба таровати гул машғул будӣ ва даме ба назораи баҳор мағрур, намедонистӣ, ки ҳар баҳореро хазоне ва ҳар роҳеро поёне бошад.

Эй азизон, қиссаи Булбул бишнавед ва сурати ҳоли худ бадон ҷумла ҳамл кунед ва бидонед, ки ҳар ҳаётеро мамоте аз пай аст, ва ҳар висолеро фироқе дар ақиб, софии ҳаёт бе дурд нест, атласи бақо бе бурди фано на, агар қадам дар роҳи тоъат мениҳед "иннал аброра лафи ҷаҳим" бархонед, ки сазои шумост. Дар баҳори дунё чун Булбул ғофил мабошед ва дар мазраъаи дунё ба зироъати итоъат иҷтиҳод намоед, ки "ад-дунё мазраътул охират" то чун сарсари хазони мавт дар расад, чун Мӯр бо донаҳои амали солеҳ ба сӯрохи гӯр дароед. Коратон фармудаанд бекор мабошед то дар он рӯзҳо, ки шаҳбози "изо вақаъатил воқеъат" парвоз кунад ва пару боли "лаиса ливақъатиҳо козибат" боз кунад, ва кӯси "ал-қориат" биҷунбонад аз тобиши офтоби қиёмат мағзҳо дар ҷӯш ояд, ва аз ҳайбати нафхаи сур дилҳо дар хурӯш, маъзур бошӣ ва пушти дасти таҳассур ба дандони таҳайюр набарӣ, ки чунин рӯзе дар пеш дорӣ ва ҷаҳд кунӣ, ки дар ин даҳрӯза муҳлат зодае ҳосил кунӣ ва захирае биниҳӣ, ки рӯзи қиёмат рӯзе бошад, ки халоиқи замину малойики осмон мутаҳайиру мутафаккир бошанд ва анбиё ларзону авлиё тарсон ва муқаррабону ҳозиронмустаъон.

Гар ба маҳшар хитоби қаҳр кунад,

Анбиёро чӣ ҷои маъзарат аст.

Парда аз рӯйи лутф гӯ, бардор,

Ки ашқиёро умеди мағфират аст.

Агар имрӯз аз мазраъаи дунё тӯша бардорӣ, фардо ба биҳишти боқӣ фуруд ойӣ…

Касе гӯйи давлат зи дунё бурд,

Ки бо худ насибе ба уқбо бурд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97