Достони гург ва бара

Фарҳанг ва адаб 17.05.2013 14:23

krylov13Адабиёт забони муштараки тамоми миллатҳост. Он гоҳ, ки вориди олами адабиёти варзидакориҳо ва шӯру шавқҳои он мешавем, ҳис мекунем, ки ғамҳо ва дардҳо ва эҳсосоти мардум дар ҳамаи замонҳо дар ҳамаи маконҳо бо ҳам муштарак ё бисёр ба ҳам наздиканд.

Авотифи инсонӣ гоҳе чунон ба ҳам гиреҳ мехӯранд, ки як ҳарфро аз чандин забон мешунавем ва як достон ё ривоят ба чандин қавму фарҳанг мансуб мешавад, ба тавре ки маншаъ ва хостгоҳи аввалияи он ба дурустӣ маълум намешавад. Яке аз ин достонҳо достони Гург ва бара аст, ки алорағми гузашти замон ҳаргиз зебоӣ ва таъсиргузории худро аз даст надода ва нахоҳад дод. Ағлаби мо ин достонро шунида ва паёми онро дарёфт кардаем ва шояд бисёре аз мо онро ба зеҳн супурда бошем.

Ин достон, ки тавассути достонсарои маъруфи фаронсавӣ Жон ду Лофунтан (1621-1695) ба беҳтарин сабк ба назм кашида шуда, ба номи ӯ машҳур шудааст, дар ҳақиқат решаи шарқӣ дорад. Хулосаи достон чунин аст:

Рӯзе гурге аз наҳре об менӯшад, барае ҳам бо фосилаи нисбатан зиёд дар фурӯдасти ӯ қасди рафъи атш аз наҳри гувороро дорад. Гург дар ӯ тамаъ мебандад ва шикамро барои хӯрдани як бараи чарб ва нарм собун мезанад, лизо ба сӯи ӯ меравад ва бо итоб ба ӯ мегӯяд, ки чаро оби машоуби маро гилолуд мекунӣ? Магар кӯрӣ, намебинӣ, ки ман дорам об мехӯрам? Бара, дар ҳоле ки саропояш меларзид, мегӯяд, дӯсти азиз, мулоҳиза бифармоед, ки ман аз пойин об мехӯрам ва ту болотар аз манӣ, чи гуна мумкин аст, ки битавонам оби шуморо гилолуд кунам? Гург, ки мебинад, далели ӯ муваҷҷеҳ аст, тундтар аз бори қабл мегӯяд, бубинам! Магар ту ҳамоне нестӣ, ки ду сол пеш ҳамин посухро додӣ ва таҳқирам кардӣ? Гуноҳи ман буд, ки он рӯз туро бахшидам, то имрӯз ҷасур шудӣ. Бара бо ҳолате аз тарсу таъаҷҷуб гуфт: Ман як сол бештар нест, ки ба дунё омадаам, чи гуна мумкин аст ду сол пеш шуморо озурда бошам?! Гург, ки барои дуввумин бор посухи дандоншикан шунид, пархошгарона гуфт, ки дар гузашта падарат ҳам ҳар чи аз ман нармиш медид, далертар мешуд ва ҳарфҳои ноҷур мезад. Ин ҷамоъати шумо лоиқи тараҳҳум нестед. Бара гуфт, қурбони кори шумо дур аз инсоф аст, агар ба додгоҳ биравем касе ҳарфи шуморо намепазирад, зеро гуноҳи падарро, ки пои писар наменависанд. Гург барошуфт ва гуфт, дигар андарз додан ба касе, ки оромиши худро аз даст дода, суде надорад.

Бара мазлумона гуфт; ҳангоме, ки бараи яксола ба чашми гург ду сола биёяд, об ҳам аз пойин ба боло биравад ва гилолуд шавад ва боз гуноҳи падарро писар ба дӯш бикашад, дигар нобудӣ ва ситамгарӣ пирӯзи ин бедодгоҳ аст. Гург фарёде баровард ва шиками бараро пора кард ва ба рӯзгораш поён бахшид.

Натиҷае, ки аз достон ҳосил мешавад, ин аст, ки: "Ҳуҷҷати ақвиё ва мустабидон ҳамеша бар истидлоли мардуми заъиф мечарбад ва агар қавидастон бихоҳанд коре бикунанд, на далеле мехоҳанд ва на далеле мепазиранд".

Ҳар ки бе зур аст, залил бошад,

Зур болотарин далел бошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97