Хушам меояд аз парвози озодам!...

Фарҳанг ва адаб 10.03.2013 16:53


Gulrukhsor SГУЛРУХСОР

            ҲИЗБИ  РОСТИН

Ошиқи мазҳаби ишқ, ошиқи дидорам,

Бувад аз партави шамс нур дар рухсорам,  

Солҳо узви вафодори коммунист будам,

Ҳизби ман нест шуду нест нашуд мазҳаби ман,

З- он ки ман узви башарофари ҳизби ишқам

Ман дигар узви гули дидорам. 

Ман дигар узви сазовори Гули Рухсорам.

Ҳар ки  аз зуҳду риё дур аст,

Ишқойин аст, меҳрдастур аст..,

Ҳар ки аз лаҳни дурӯғ ростӣ ҷӯяд, 

Ҳар кӣ пӯяд раҳи рост,

Марҳабо бар сафи сӯфинасаби нави ишқи кӯҳан,

Марҳабо бар сафи ҳизбе,

                 ки ба бунёди садоқат барпост.

Ҳизби ман ҳизби ҳақиқат,

Ҳизби ман ҳизби рафоқат,

Ҳизби ман ҳизби башар,

Ҳизби ман ҳизби Шумост!

ҒУРУР

Маро мағрур мегӯянд чоплусон,

Чӣ тавсифе!

Маро мағрур мегӯянд побӯсон,  

Чӣ  таърифе!..

Маро мағрур мегӯянд!-

Дар  ин  ҳарфи пур аз бухлу ҳасад,

Инкори инсонии инсон  аст!

Салои хоксорон на,

                  садои бандаву барда,

Садои  занҷири  пойи ғуломон аст…

Бубинад ҳар кӣ дунёро ба чашми худ,

Аҷаб не, аз барои тӯдаи уфтода дар

     пойи тамаъ худхоҳу мағрурам!

Аҷаб не, аз барои нурбинон нур,

Аҷаб не, аз барои тирабинон

                           ҷовидон кӯрам!

Хушам меояд аз мағрурии худ

Дар радифи хокбарсарҳо, 

Хушам меояд аз парвози озодам,

Ба болои сари пасти сарафшонии бесарҳо…

Ғурур андар забони ишқ

                ҳусни шаъни инсон аст!

Зиҳӣ, инсони мағруре, ки бунёдаш,

Ба рӯйи пойдевори шараф барҷост.

Зиҳӣ, фарде, ки аз озу тамаъ орӣ, 

Зи хоку хору хас болост.

Ғурури ман, агар ин нукта ҷоне дораду оне, 

Гунаҳпӯши ҳақирии ҳақирон аст,

Ғурури ман, намои иззати волои инсон аст,

Ки зери чархи меҳолӯд

                     зи ҳар чӣ буда,

                                      беҳи худ,   

Яздон офаридастӣ 

                           шабеҳи худ!..

ШЕРЗАН


Ёде аз шерзани Меҳан Буринисо Бердиева

дар ҷашни аз ёдҳо рафтааш.

Ман варо дар ёд дорам!

Нозанин буд, нозанини мардгирён.

Бо дили хуншор аз теғи ҳақиқат,    

Дар масири нангу ори Меҳани худ буд саргардон.

Гургзан* на, гурдзан буд,

                                 Шерзан буд,

Шерзан бар рағми рӯбаҳмардҳои зуҳди пурфан буд,

Шерзан дар ҷангали анбӯҳи чоплӯсону побӯсону номардон!..

Мардҳои ноқисеро мешиносам ман,

Ки эшон, дар баҳои шишасон

    бишкастани тақдири ин воломақоми иззату ном,

Як ваҷаб худро ба пойи чавкӣ боло кардаанд,

Мардакони нотавону гушначашмеро ҳамедонам,

Ки аз санги ба сӯйи ин зани воло фиканда,

Аз барои хешу авлоди ҳақири хеш

                  қаср бар по кардаанд.

То кунун бахше аз ин зоғони бадмур,

Зиндаанду зиндагӣ доранд, 

Зиндагии мурдагӣ доранд,

Шармро шармандагӣ доранд…

Рафт ӯ, хушноми мо, гумноми мо рафт,

Вопасин ҳарфи лабони хушки

  парсинбасташ ҳарфи Ватан буд.

Аз Ватан ӯ қасру кушку чавкиву доллар намехост,

Дар Ватан ӯ худ Ватан буд, чун Ватан буд…

Ёд дорам ман варо, чун ёди худ,

Чун Меҳани озоди худ!

Дарси меҳандориии ин барраи қурбонии гумноми истиқлолро

                                                        ёд бояд дошт!

Мисли ӯ қалби зи дарди ишқ миннатдор бояд дошт,

Мисли ӯ бо дасти сабзи модарона, дилбарона

Дар замини ишқи Меҳан гул бубояд кошт, 

Мисли ӯ Ҳубул Ватанро бетамаллуқ дӯст бояд дошт!..

Чун гули гулзори Меҳан,

Ҳамчу машъалдори Миллат,

Ҳамчу парчамдори нанги ори Миллат,

Ёд хоҳам дошт ӯро, ёд хоҳам дошт!..

ОЗУРДА

Умрҳо аз ҷоми бемеҳрии Меҳан,

Ҷойи шарбат заҳр мехӯрд.

То зи анбори замонҳо,

Вожае, ҳарфе, каломеро кунад пайдо, 

Ҷонаки беҷони худро сахт меозурд.

Дар баҳои заҳмати беминнати хеш,

Аз кабирон санги таҳқир,

Аз ҳақирон мӯшт мехӯрд…

Дар қафас мезист,

Бенафас мемурд...

Оқибат дилдодаи сода,

Охирин шайдои озода,

Хаста шуд аз ишқ,

Аз ишқи назистан,

Дил набурдан, дил супурдан, 

                                  заҳрхӯрдан,

Ҷонаки худро зи ноҳақҳо рабуд,

Бар ҳақ супурд,

                       то ба мурдан...

Ошиқи бечора аз таҳқири ишқ,

                               аз ғусса мурд,

Пеши чашми ворисони меҳрхушки кинатез,

То барои зиндаҳои мурдапарвар,

То барои воизони худнамои садзабону ҳақгурез,  

Оқибат гардад азиз…

Лек ҳайҳот!

Дар замоне, ки надорад зиндаи фозил мақоме,

Дар диёре, ки надорад зиндадори ишқи Меҳан

                                                    эътиборе, эҳтироме,

Баъди маргаш низ аз тарси суханҳои ҳақаш,

Нимово ёд бинмуданд аз дарси суханҳои ҳақаш…

СОЛИ МОР

Дӯстам, соли нават бод ҳумоюн,

Дӯстам, соли нават бод  хуҷаста,

Хуш ба ҳолат, ки булӯрин қадаҳи ҳастии худро,

То ба як соли дигар,

Рӯйи каф овардӣ,

                        нави лахт,

                                   нашикаста. 

Дӯстам, пайкари волои муросову мадоро,

Ба Ҳумое, ки таҳи бол туро

                     аз ҳама  офот нигаҳ медорад,

Як ҷаҳон раҳмати фар!

Аз дилу маҳфили ту

Дур бодо назари бухлу ҳасад,

Дур бодо асари кинаву қаҳр.

Соли нав дар паси дар мунтазири дидор аст,

Сол, соли мор аст!

Мор бояд бигазад,

Мани дур аз назари ҳури муросову мадоро,

Ҳанӯз аз соли кӯҳан

Дар ҳама ҷойи тани хеш надорам узве

                                                       нагазида, безаҳр!...

СИТОРАИ ҚОҒАЗӢ

Болат зи худат набуд, тойир нашудӣ,

Ҳуснат зи худат набуд соҳир нашудӣ,

Дар пойгаҳи давидан аз ҳич ба ҳеч,

Аз гарди адаб чу зарра зоҳир нашудӣ.

Як дарза китоб чоп кардӣ, ҳама пӯч,

Охир, ки будӣ, аввали охир нашудӣ.

Андар сари деги ҳама маҳфил ҳозир,

Як бор вале фазилазоҳир нашудӣ.

Дар ҳирсу тамаъ, васфу тамаллуқ, якто, 

Бо ришваву ишва шеърмоҳир нашудӣ.

Дар ҷамъияти мисли худат беҳунарон,

"Истора" шудӣ, валек шоир нашудӣ!

 

Гургзан*- маънии Буринисо

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97