Акси ман дар саҳна

Фарҳанг ва адаб 03.03.2013 16:37

Bozor Sobir01Бозор Собир

01.25.2012 Сиэтл, ИМА

Мутаассифона "Шабе дур аз ватан" дер ба дасти ман расид, вақте ки арақи пешониву гардани ҳунарпешаҳо хушкидаву ҳаяҷони режиссёру мадру ҷазри тамошобин фурӯ нишаста аст. Инак, фақат манам, ки онро гаштаю баргашта бо оби чашм менигараму худро дар оинае мебинам, ки муштариёну мухлисону ҳаводоронам дар арзи намоиш ниҳодаанд. Воқеан, дар спектакли мазкур намоишҳои муассири шоирона бисёр аст. 

 

Аввалан, ороишаш - танҳо як каравот, ки бистараш макулатура ва тагсариаш борхалтаест аз китобу ду ходачӯбу як таноб. Ва ин ду ходачӯбу таноб маҳале, ки ба ходачӯби тобуту алам табдил меёбанд сахт аламовар аст.

Агар аз пушти симтури каравоти чапагардон, ҳамчун аз пушти симхори ҳабсхона сатрҳои зерин хонда мешуданд, бештар таъсир мекард:

Аз тамоми шоирҳо як шоири зиндонӣ ман будам,

Дигарон буданд шоирҳои зиндонбон.

Аз тамоми чеҳраҳо як чеҳраи

                                    Гулчеҳраро ман дида будам,

Бӯсаам дар чашмаки зиндон намеғунҷид.

Китобҳоро низ ҳамчун мурдае дар рӯи каравот чидаю бо ҷойпӯши сафед кафанпӯш кардан айни муддаост. Яъне, рамзи ҷанозаи ақидаю ғоя ва пушаймонӣ аз китобхонии барҳадар. Ба назари антирусҳо ва антисаветиҳо гӯё инҳо китобҳои русианд, ки ин ҳама маро фиреб додаанд. Вале ман аз китобҳои Ленину Сталин ва Горкийю Шолохов асло фиреб нахӯрдаам. Ман ба матбуоти ифротию китобҳои музахрафи русии сионистӣ нафрат дорам. Бинобар ин, номи муаллифонашро хоидаю туф карда партофта ё гӯр кардан лозим. Масалан, Солженитсин, Булгаков, Анна Ахматова, Пастернак, Висотский…

Дар спектакл асосан шеърҳое қироат мешаванд, ки ман ҳанӯз дар Душанбе навишта будам ва чандон сиёсиву иҷтимоӣ нестанд. Аз ҷумла "Мадду ҷазр", "Рез борон", "Ситораҳо", ки ба муҳоҷирату ғурбат дахл надоранд.

Инак, аз Абдулмӯъмин Шарифӣ. Ба ман монанд аст, ҳам ба андоми лоғар ва ҳам бо каллаи пашмрехтааш. Сарулибосаш ҳам мувофиқ. Ришаш ҳам, ҳамчун риши ғарибӣ саҳнабоб аст. Сурудхониаш ҳам низ айнан сурудхонию мунгакиҳои ман дар ошхона ё дар лаби халиҷ, ки гоҳе раҳми мардум омада аҳволпурсӣ мекунанд. Вале ҷастухезу ваҷду ҳаяҷонаш бисёр шудааст. Маъмулан шоирон эҳсосӣ, ҷазмию ҷунунианд. Ман ҳам. Вале дар ҳузури тамошобини шеъру шоирӣ шоир бояд буд, бояд завқу лутфи суханро намоиш дод, ҳар як ибораро гӯёву бурро талаффуз кардан даркор. Ҳатто баъзе шеърҳоро ровиёна бояд хонд.

Ба Моҳпайкар эрод нест. Пӯшоку шоли сараш ҳамон аст, ки модару хоҳарони ман мепӯшиданд.Тӯмори гиребонаш ҳам мешавад, айб надорад.

nomaХулоса, чизе ки барои як спектакл лозим аст, ҳаст. Манн аз Моҳпайкару Шарифӣ мамнуну миннатдорам, ки таги якуним соат рӯ ба рӯву чашм ба чашм ва ҳатто по ба пою нафас ба нафас бо тамошобини зиёде нақши як қаламфарсои муҳоҷирро бозидаанд, ки ба бисёр муҳоҷирони бадбахти дигар низ дахл дорад. Ҳазор раҳмат!

Ва алалхусус, ба коргардони ин саҳна Нозим Меликов. Аз шаби маҳтобу хониши чир -чиракҳо (оғоз), то шаби ялдои ғурбат ва хониши "Дилам месӯзад" чунон шоиронаанд, ки касро буғзу ғузғузаи гиря мегирад. Ва хусусан бо ҷуръаташ аҳсант. Мавриде, ки аз бало ҳазар гӯён аз як сӯ издиҳоми ҳоҷиинтеллигенту аз як сӯ навдавлату куҳнадавлат, аз як сӯ фавҷи маҳалачӣ ва ҳазору як ташкилоти иртиҷоию хориҷӣ аз ман ҳазар мекунанд, кори ӯ як "риск"-и арзишманд аст. Ба қавли мардум:

Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан,

Гови нар мехоҳаду марди кӯҳан.

Ба актёри пасипардагӣ, ки дар пушти магнитофон нишаста мусиқӣ пахш мекунад низ ҳазор раҳмат. (агар "Аз хоки ватан гӯри падар дар дили ман монд" дар хониши худи Саидқул шунавонида мешуд, мазаи дигар медод.)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97