Рӯдакӣ ба сайри Тоҷикистон омаду рафт…

Фарҳанг ва адаб 01.03.2013 15:33

[Image]Тарбияти ахлоқӣ барои саодати фард кофӣ аст, аммо агар миллате илму ахлоқро бо ҳам надошта бошад, бадбахт аст.

                                                                                          (Муҳаммади Ҳиҷозӣ)

Руҳи Ҳазрати Рӯдакӣ баъди 1017 соли ҷаҳони фониро падруд гуфтан бори аввал ба сайру сайёҳати сайёраи Замин баргашт.

Баъди сукути 1017 сола хубути руҳи муборакро сабаб ва асосе буд. Дар он айём, яъне соли 1958 бо сарварию дастгирии фарзандони оқилу фозили миллат, халқи Тоҷикистони Шӯравӣ ҷашни 1100 солагии фарзанди дар таърихи башарият чароғи партавафшони адабу хирад офаридаи худ Абуабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил менамуданд. Чун дар он айём мардуми Тоҷикистони дар ҳайати (СССР) ИҶШС ҳамагӣ 34 сол дошта, бо ифтихору сарфарозӣ ва шодию нишот ҳарчи бештар дар бораи ҳаёт ва фаъолият, осори адабӣ, панду андарз ва мақому мартабаи Рӯдакӣ сухан мегуфтанд, менавиштанд, суруд мехонданд, асарҳои саҳнавӣ меофариданд ва тавассути оинаи нилгуну радио низ дар ин бора тарғиботу ташвиқоти пайдарҳам мебурданд, ки ҳамин иқдому ташвиш ва тарадуду кушишҳо руҳи поки ҳазратро ба ваҷд оварду азми сафаре ба мулку диёри даврони зиндагии худро пеша намуд.

Дар зодгоҳаш Панҷрӯду Панҷа-кент аҷдодону ҳамдиёронаш бо пос доштани забони модарияш дар фазои орому осуда ба меҳнати бунёдкорона машғул буда, дар руҳияи соли таҷлили 1100 солагияш кору зиндагӣ доштанд.

Вале дар он манотиқе, ки баъди айёми тифлию кӯдакияш кору зиндагӣ карда буд, ба хусус Самарқанду Бухоро ба чунин маъракаю чорабиниҳо таваҷҷуҳи ниҳоят кам зоҳир мекарданд. Дигар Бухорою Самарқанд бӯйу нашъа ва нишону хусусиятҳои хоси пойтахти Тоҷикистонро надошт.

Баъд аз эҳсоси андаке хиҷолату маъюсӣ роҳ ба сӯи пойтахти навини Тоҷикистон - Душанбе овард. Симои шаҳр пойтахти навбунёди тоҷикон бо вуҷуди хеле кучак ва хеле кам доштани хусусиятҳои хоси миллияш тозаю озода буду мардумони хушахлоқу фарҳангдӯсташ омодаи истиқбол ва таҷлили ин ҷашни бошукуҳ буданд. Омодагии мардум дар симои зоҳирии шаҳр низ маълум буд. Хурду бузург, марду зан, донишҷӯю олимон, коргарону варзишгарон, деҳқонону чӯпонон ва омӯзгорону толибилмони мактабҳо низ бо тамоми ҳастию масъулият кӯшиш менамуданд, ки дар таҷлили ин ҷашни бошукуҳ саҳме дошта бошанд.

Вай аз рафти баргузории ҳар як чорабинию маъракаҳои ҷашнии доир мегардида қаноатмандонаю ифтихормандона шукрона мегуфт. Бо замзамаи дуруду дуоҳои нек таманно менамуд, ки дар паноҳи Яздони пок ва фазои осудаю омода, миллату меҳани азизаш ҳамеша комёбу муваффақ бошанд.

Аз байн беш аз ним қарн гузашт. Руҳи поки Рӯдакии бузургворро илҳом омад, ки бори дигар аз меҳани азизаш ва махсусан аз пойтахти он шаҳри озодаи Душанбе назорат кардаю аз кору рафтор ва тараддуду омодагиҳои миллати номбардору меросдораш лаззат бибарад.

Даҳаи дуюми қарни ХХ1 идома дошт. Ин даъфа руҳи поки асосгузори адабиёти бостонии мо тоҷикон дигар таваҷҷуҳе ба Самарқанду Бухоро накарда, бесабронаю пазмон, болафшону пурармон ба фазои Душанбе пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол расид.

Ободӣ ва симои пойтахт нисбати 50 -53 соли қабл фарқияти куллие дошт. Дар байни иморату биноҳои сохти замонавӣ акнун чанде аз биною иншооти дорои хусусият ва симои миллии бостонӣ бо шукуҳу шаҳомати хосаи худ намудор буд. Бо дидани ин ҳама хусусиятҳои фарқкунанда руҳи ҷадди бузурги хираду фарҳанги мо болида гашту аз дил гузаронд, ки дар даҳсолаҳои минбаъда пойтахти нави миллати ман ҷойгузини ҳақиқии Самарқанду Бухоро ва Марву Ҳироти дар замон ва навбати худ марказҳои фарҳангу тамаддун буда, бартарӣ пайдо хоҳад карду дар ҷашни 1200 солагии мавлудаш шукуҳу шаҳомати пойтахт, илму дониш, ахлоқу одоб, иззату эҳтиром, муносибату рафоқат, хоксорию фурӯтанӣ, бо иффату озодагӣ ва покизагиву хушрафторияшон намунаи ибрати дигарон гардида, вориси ҳаққонӣ ва арзандаи Оли Сомон хоҳанд шуд.

Вале баъд аз чанд мушоҳидаю дида ва шунидаю хулосаҳои шахсияш дар кӯчаю раста, коргоҳу бозор ва корхонаю муассисаҳо ба гирдоби андешаю шубҳа афтод.

Аз бадгумонию ғайбат, рашку ҳасад ва худпарастию таассуби занҳои бекор, кӯдакони беназорату бадрафтор, ҷавонони ҳавобаланду бадгуфтор, донишҷӯёни бесаводу мансабдорони маккор ва садои даҳшатноки мусиқиҳои аҷнабӣ гумон кард, ки иштибоҳан ба ягон шаҳру мамлакати дигар афтодааст.

Гуруҳ - гуруҳ ҷавонони сару либосҳои шинаму зебо дошта, ки ба диданашон ҳаваси кас меояд, бо ном донишҷӯ буда, нишоне аз номи пуршарафи донишҷӯӣ надоранд. Бо алфози қабеҳу дашномҳои ҳаргуна ҳамдигарро мазаммату тамасхуркунон гашту гузор менамоянд. Бо садои хандаҳои қоҳ - қоҳу латифагӯӣ табъи сокинону меҳмононро халалдор намуда, ҳарчӣ ба даҳону забонашон рост биояд беибо талаффуз намуда, заррае шарму ҳаё надоранд. Ҷойи он ки аз боби илму дониш, масъалаю муаммо, ахлоқу одоб, таъриху тамаддун ва фарҳангу маърифат саволу ҷавоб намоянд, ҳамеша дар боби фаҳшу зӯроварӣ, айшу ишрат, макру ҳила ва шуҳрату сарват баҳс менамоянд.

Дар кирдори ҷавондухтароне, ки нишоне аз либоси миллӣ надоранду дар кӯчаю коргоҳҳо ва мактабу муассисаҳо бо истифода аз чанд забону лаҳҷаҳои бегона муошират намуда, забони модариро хору зор мекунанд, гумонаш боз ҳам печидатар гардиду тааҷубаш ҳам ҳамчунин. Домани андешаю шубҳа ва хаёлу армонҳои руҳи поку нозуки устод бори дигар каловиш хурдаю парешонтар шуд. Ҳеч бовараш намеомад, ки мулку миллате, ки ҳамагӣ ним аср қабл хушрафтору хушгуфтор буду имрӯз чунин шуда бошад. Ҳеч бовараш намеомад, ки ҳамин ҷавонону духтарон ворисони худашу Фирдавсӣ, Мавлавию Сино, Ҳофизу Аттор, Ҷомию Дониш ва Айниву Турсунзода бошанд.

Чун дар саҳнаҳои бо ном ҳунари воло ва садою симои саросари мамлакат овози гӯшхарошу даҳшатбор, лафзи таҳқиру дашномбори репсароёну "ситора"-ҳои ғуруби санъату фарҳанги миллиро диду шунид, ба ёдаш расид, ки чанде пеш яке аз шогирдону номбардори замони имрӯзааш, ки дар ғурбат умр ба сар мебарад, гуфта буд:

Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт дод,

Суннати волову девон дошт дод,

Тахти Сомон дошт дод…

Охирин ва ягона нишонаю ифтихор, ки дошт ин забони модарияш буду акнун он ҳам ба чунин ҳолу аҳвол гирифтор шудааст. Войу афсӯс, ки ҳамин нишонаю муқаддасот низ тавассути хидматҳои хирсонаи "санъаткорони фарҳангдӯст"- у лаҳҷагуфториҳои мансабдорони замона аз байн рафта истодааст.

Руҳи малолу маъюс ва хотирпарешону дилмонда роҳи Меъроҷро пеш гирифт. Зина ба зина баланд мешуд. Мехост ҳарчи зудтар ба олами Малакут бирасаду ором бигирад. Зеро дигар умеду армонаш барои бозгашт ба олами Носут намонда буд. Рӯз бегоҳ шуда буду фарорасии шом аз оғози омадани шаби тор дарак медод. Ба ногоҳ садои фораму нозук ва маҳини болафшонии гуруҳи малоик таваҷҷуҳи ӯро ба худ ҷалб намуданд, ки бо симои хоси малакутии хеш роҳи ҷониби олами Носутро доштанд.

Дар вохӯрии кутоҳмуддат гуруҳи малоик сабаби ошуфтаҳолию пажмурдагии руҳи устоди бузургворро пурсон шуданд. Руҳи парешонхотиру малол аз ҳамаи натиҷаи сафари худ ба эшон ҳикоят намуд.

Фариштаҳо гуфтанд:

- На дар ҳама ҷо чунин аст. Дар олами Носут макону мавзеъ, миллату давлатҳо ва шахсияту гуруҳҳои бемисле арзи вуҷуд доранд, ки ба қадри фармудаи Худованди беҳамто ва паёмбарону бузургони хеш амал менамоянд. Магар ту дар ёд надорӣ, ки Худованди беназиру доно ҳангоми Одамро офариданӣ шуд, мо фариштагон эътироз намудем, ки инсон сазовори офариниш несту ӯ ҳарчи бештар ба корҳои фисқу фасод даст зада, дар рӯи замин корҳои ношоистаю шарро анҷом медиҳад.

Офаридгори беҳамто гуфта буд:

- Он чи ман медонам шумо намедонед.

Яъне инсон дар рӯи замин кору амалҳоеро иҷро карда метавонад, ки шумо наметавонед.

-Биё ҳамроҳи мо ба ҷойу маконе меравем, ки ту ин гуфтаҳоро шоҳид мешавӣ.

Руҳи Рӯдакии бузургвор бо мақсади он ки бубинад чи гуна одамону чи гуна мамлакат бошад, ҳамсафари малоик шуд.

Ба ҷойе расиданд, ки одамон; марду зан, хурду бузург, навобаста ба мансабу вазифа ва касбу кор ҳама бо руҳи болидаю хотирҷамъӣ дар толори зебою барҳавое бо риояи ахлоқу одоби ҳамида нишаста ба саҳнаи ҳунар баромадани сарояндаи хушқаду қомат ва сару либоси миллӣ доштаро бо кафкӯбиҳои самимию бе ҳаё ҳуй истиқбол мегирифтанд.

Сипас садои фораму маҳини асбобҳои халқӣ дар пайвастагӣ ҷӯр гардида, оҳанги дилкашу равон ва ҷозибаноку муъҷизаофаринро дар фазои толор мисли насими роҳатбахшу ҷонофарини ба ҷисми Ҳазрати Одам дамидаи Ҳазрати Ҷабраил танинандоз гардиду баъди иҷрои қисмати аввали банди нахустини суруд овози ширадору нозук ба лаҳни хоси ориёна баланд шуда, фазои толорро фаро гирифт:

Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.

Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,

Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт.

Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,

Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

Гуфто, ки киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?

То боз кӣ ӯро бикушад он кӣ туро кушт.

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.  

Шеър ва оҳанг дар пайвастагии овози хосаи сароянда - фариштаи замини Соҳиба он андоза фораму руҳнавоз буд, ки мислаш ками андар кам мушоҳида мешавад. Гӯё дар толор касе набошад, ҳамагон он қадар мафтуни ҷаззобияти матни шеър, оҳанг, овоз ва танинандозии бо навбату хушнизоми асбобҳои миллӣ шуда буданд, ки руҳи ҳамаи онҳоеро, ки дар толор буданд, аз ҷисмашон берун кардаю ба сайри хулосабарорандаи ҳафт қабати замину осмон бурда, тамоми пастию баландӣ, гармию сардӣ, ғаму ғусса, шодию нишот, давлату сарват, айшу ишрат ва хулоса тамоми аъмоли хайру шарри бани одамро аз назар гузаронида, бори дигар ёдовар мешуд, ки - эй одамони курраи Замин ҳушёр бошеду бедор, одил бошеду оқил, созанда бошеду муъҷизаофар, бунёдкорӣ кунеду башардӯстӣ ва бо меҳру муҳаббати самимӣ тамоми асбобу восита ва дастоварду навовариҳои рӯзгори одамиятро танҳо барои иҷрои нияти хайр истифода бубаред, ки вагарна дар ҳолати акс шуморо қисмат ва аъмоли ношоиста интизор аст.

Оре, он лаҳзаҳо дар толор фақат ҷисми одамон монда буду руҳашон дар сафар.

Дар муддати тамоми рафти иҷрои суруд руҳи Рӯдакии бузургвор дар баҳри андешаҳо буду пайваста бо андешаҳои дигар, каломи гуфтаи фариштаҳо ҳангоми вохӯрияшон дар олами Малакут ба хотираш мерасид.

Ҳамоно аз пеши назараш ҳамаи кирдори занҳои бекори кӯчаҳои шаҳр - пойтахт, ҷавонписарону ҷавондухтарон ва мансабдорони забонхоркунанда ҷилвагар мешуду аъмоли онҳоро бо ҳолати дар ин толор рух дода, дар тарозуи адлу инсоф ва хираду заковат бар мекашид, ки фосилаю таносуб ва вазну мантиқашон ҳеч баробар намешуд.

Пас ба хулосае омаду шукрона кард. Яздони покро аз он шукронаи бе ҳадду ҳисоб мегуфт, ки дар диёри аҷдодонаш ҳанӯз ба қадри сухан ва ҳунари воло мерасидаанд. Ва боварии комил ҳам ҳосил кард, ки тавассути заҳмату хирад, ҷидду ҷаҳд ва талошҳои рӯзафзуни фарзандони бедордилу фидоии миллат забону фарҳанги ниёгонаш рушди устувор ёфтаю ҳамаи он унсурҳои ношоистаи дар рафтори ҷавонписарону ҷавондухтарон ва соҳибмансабони бехираду занони ғофилмонда содиршавандаро аз саҳни зиндагию кор ба чоҳи нестӣ хоҳанд андохт. Аз ин лиҳоз бо дили пуру табъи қаноатманд ба олами лоҳутӣ баргаштаю то арафаи ҷашни 1200 солагии хеш сокит хоҳам монд.

Чун матни суруду оҳанг дар ҳамовозии лаҳни бетакрори сарояндаи ҷавону умедбахш Соҳиба ба поён расид, руҳи дар парвоз будаи ҳозирон ба ҷисмҳои тиҳимондаашон баргаштаю онҳоро ба кафкӯбии боадабона маҷбур сохтанд.

Бо қаноатмандию таманниёти зиёд, бо умеди бозгашти айёми ҷашни навбатӣ руҳи бузургвори устод роҳи олами малакутиро пеш гирифта замзама мекард:

Зинда бошӣ халқи ман, эй меҳани озоди ман,

Ҳам забони модарию суннати аҷдоди ман.

Қисмататро ҷовидону шуҳрату шонат баланд,

Хоҳаму поянда бодо марзу бумат бегазанд.

Ҷовидон андар фазоят, парфишон бодо ливоят,

Гар ҷафо ояд ба сӯят аз Худо хоҳам дифоят.

Ору номусу шарофат ман ҳамехоҳам ба халқат,

Сарбаландию шуҷоат ҳамқадам бодо ба халқат.

Ҳар бало дур аз барат, поянда монӣ ҷовидон,

Меҳани ман, вориси ман, халқи ман аз Олӣ Сомон.

Зинда бошӣ –зинда бошӣ ҷовидон поянда бошӣ,

Бо талошу заҳмати нав ҷовидонӣ зинда бошӣ.

Эмомалӣ Табаров, рӯзноманигор

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97