Санги рӯз

Фарҳанг ва адаб 07.02.2013 17:59

sangДар як деҳаи куҳистон ҳар нимашаб ҷавонеро лозим буд санги калонеро бардошта то як ҷои муайяне мебурд ва боз ба деҳа меоварду дар назди ҳавлии ҳамсоя, ки фардо навбати иҷрои ин амал ба дӯшаш буд, мегузошт. Агар мардуми деҳа ин корро ба анҷом намерасониданд, рӯз намеомад. Барои ҳамин он сангро "санги рӯз" мегуфтанд.

Он замонҳо чароғи иличӣ (нируи барқро ба ифтихори Владимир Илич Ленин дар Тоҷикистони шӯравӣ нури иличӣ меномиданд) набуд, ки деҳаро равшан менамуд, то мардум рӯзгорашонро пеш бубаранд. Рӯз ягона равшанӣ буд.

Аҳли деҳа хушу хуррам зиндагӣ мекарданд, то замоне ки як духтарро аз деҳаи мо ба он деҳа арӯс карда бурданд.

Чун навбати овардани рӯз ба хонаи шавҳари қаҳрамони мо рост меояд, бо ҳар баҳона (нақл намудани афсона ва ғайра) вақтро мегузаронад, гарчанде борҳо шавҳар ба ӯ таъкид карда, ки вақти пушт намудани санги рӯз фаро расидааст, лекин ҳоло барвақт аст гуфтани зани зиракаш ба он оварда расонд, ки бе бурдану овардани санги рӯз рӯз фаро расид.

Мардум аз ин ба шӯр омаданд. Яке ба шӯр омад, ки расму русуми гузаштагонамонро пеши по зад, яке аҳсанаш мехонд, ки расму русуми нолозими гузаштагонро аз байн бурд. Мардум ба ду гуруҳ тақсим шуданд. Ҳамдигарро душман мехонданд. Мардони гуруҳи аввал бурдану овардани сангро давом медоданду гуруҳи дуюмро таъна мезаданд, ки аз ҳисоби рӯзи овардаи мо рӯз гузаронда истодаед, то он рӯзе, ки мардони гуруҳи муқобил шабе санги рӯзро ба ҷарӣ тела доданд.

Санги ба ҷарӣ ғелида чанд ҳайвони хонагии деҳаро, ки дар пойини ҷарӣ шабро рӯз мекарданд, захмдор ва ҳатто ба ҳалокат мерасонад. Санг бо схемае ҳайвонҳоро пахш мекунад, ки соҳибонашон тарафдорони ақидаи арӯс буданд.

Арӯс чанд навоварии дигарро ба мардуми он деҳа инъом намуд.

Аз тақдири минбаъдаи он зан ягон русмардак чизе нанавиштааст то мо мардум дар борааш маълумот пайдо намоем.

Дар замони мо низ занон пешниҳод менамоянд.

Масалан дар арафаи иди саиди Фитр (аз ТВ):

"- Ин идро иди кӯдакон ҳам биномем, хато намекунем."

Савол:

Иди Қурбонро чӣ номем, хонуми муҳтарам?

Мақсад: Ҳади ақал барои як санги одӣ ҷанг накунед!

Ҳомид 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97