Фарҳанг рақсу суруд нест

Фарҳанг ва адаб 03.02.2013 18:47

Jamshedi quvvatШарҳи оммафаҳм ва соддатари вожаи фарҳанг чунин аст: "Адаб, тарбият, дониш, илм, маърифат, маҷмуъаи одоб ва русум".

Фарҳанг ва муъодилҳои он дар чанд забони дигар:

1. Фарҳанг дар луғати араб бо калимаи "ас-сақофа" баён мешавад ва ба маънои пирӯзӣ, тезҳушӣ ва маҳорат буда, сипас ба маънои истеъдоди фарогирии улум ва саноеъ ва адабиёт ба кор рафтааст.

2. Ҷомеъашиносон ва мардумшиносони инглисӣ ва бархе фаронсавиён фарҳанг ва тамаддунро дар маънои васеъ ва ба сурати кулл, ё маҷмуъаи аз дастовардҳои моддӣ ва ғайримоддӣ ба кор мебаранд ва олмониҳо мафоҳими фарҳанг (Culture) ва тамаддун (Civilisation) - ро дар баробари ҳам қарор додаанд.

3. Калимаи фарҳанг аз решаи лотинии он (Cultra) гирифта шудааст, ки ба маънии кошт, парвариш ва сохтан аст. Фарҳанг ба маҷмуъаи раванде гуфта мешавад, ки инсон тавассути онҳо падидаҳои табиъиро дигаргун месозад. Фарҳанг дар маънои маҳдуди он ба эҳёи замин, кошти замин, парвариш ва беҳбуди дарахтон, тавлид ва тасфияи поктариҳо ва натоиҷи ҳосила аз ин парваришҳо итлоқ мешавад. Ин вожжа дар маънои густурдаи он куллияи фаъолиятҳои инсонӣ ва самароти онро ҳамроҳи маҳсулоти моддӣ ва ғайри моддӣ, ки ба наслҳои оянда ба сурати мероси иҷтимоъӣ, дар бар мегирад. Дар фалсафа вожаи фарҳанг бинобар суннат ба фард таъаллуқ мегирад ва ба маънои фаъолияти ҳадафдори инсон дар робита бо худ ва дунёи атрофи ӯ, яъне худсозӣ ва талош дар ҷиҳати расидан ба арзишҳои (руҳии) зиндагӣ аст.

4. Дар забони форсии Афғонистон ва Тоҷикистон истилоҳи "култур" ба маънии ҷадид айнан роиҷ  гардида, масалан дар Афғонистон "вазорати иттилоот ва култур", муъодили "вазорати иттилоот ва фарҳанг" ба кор меравад.

Мақсад аз тавзеҳи вожаи фарҳанг дар забонҳои гуногун иборат аз он нест, ки хонандаи азиз аз маънии ин вожа билкулл бехабар аст, балки мурод аз тазаккур чизи дигар аст. Имрӯзҳо зери фаҳмиши мафҳуми калимаи фарҳанг мардуми мо бештар рақсу сурудро дар назар доранд ва гумони ағлаб одамон бар ин аст, ки ниҳодҳои фарҳангӣ рисолаташон бештар кор гирифтан болои барномаҳои тафреҳӣ аст. Чуноне, ки аз тафсири ин вожа бармеояд, дар фаҳмиши ҳеч қавму миллате фарҳанг ба маънии рақсу суруд ба кор нарафтааст, балки фарҳангро барои дар руҳияи одобу ахлоқ тарбия кардани мардум ва тарғиб намудани ҷомеъа ба сару кор гирифтан ва таваҷҷуҳ доштан ба омӯзишу парвариш ва китобхонӣ ба кор бурдаанд. Ташкили китобхонаҳо дар деҳот аз ҷониби вазорати фарҳанг замони шӯравӣ то ҷое дарак аз ташвиқи ҷомеъа ба китобхонӣ медод ва бешак барои ҷалби хонандагон ҷиҳати омӯзиш таъсири мусбат дошт. Бо аз дар ҳам пошидани шӯравӣ дар деҳот ва ҳатто маркази ноҳияҳо ба дари китобхонаҳо қулф зада, ба мисли салиб мехкорӣ шуданд. Гарчанде шӯравӣ барҳам хӯрдааст, аммо мисли он замон Вазорати фарҳанг, шуъба ё бахшҳои вилоятию ноҳиявии худро рӯи кор дорад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки алъон он бахшҳо ба чӣ коре машғуланд? Сарварии ин бахшҳоро чӣ касоне ба уҳда доранд? Оё мешавад, ки чунин бахшҳои муҳими ҷомеъаро фориғуттаҳсилини донишкадаи санъат раҳбарӣ намоянд? Дари китобхонаҳои қулфзада кай боз хоҳад шуд? Агар не чаро ин ваколатҳо барҳам дода намешаванд? Ин ҳам дар ҳолест, ки кас ба дарҳои қуфлзадаи китобхонаҳо нигариста гумон мекунад, ки кайҳо китобу китобдорӣ барҳам хӯрдааст. Вале дар асл кор ранги дигар дорад. Солҳост, ки қабат - қабат чанг болои китобҳо хобида, аммо китобдорон боре ҳам дари китобхонаҳоро накушодаанд ва боз нашармида ҳар моҳ маъоши китобдориро аз худ менамоянд (чун ҳанӯз "штат" - и онҳо барҳам нахӯрдааст). Зарур аст, ки бахшҳои фарҳангии навоҳию деҳот ҳатман, ё ки бештар аз ҷониби хатмкардагони бахши филологӣ идора шаванд. Ихтироъ, истеҳсол, парвариш ва тавлиди ҳама чиз ба воситаи омӯзиши китоб ба даст меояд. Гарчанде барномаҳои ҷашнию тафреҳӣ ва рақсу суруд шомили ин ниҳоданд, вале таваҷҷуҳи зиёдтар болои ташвиқ намудани наврасон ба китобхонӣ ва соҳиби фарҳанг сохтани аъзои ҷомеъа бояд бошад. Аз асри гузашта дида алъон ҷомеъа бештар ба мутолиъа эҳтиёҷ дорад. Китобхонаҳо ва марказҳои омӯзиширо аз нав эҳё ва бо китобу маводҳои ҷадид таъмин сохтан зарурат ба миён овардааст. Фарҳанг ин рақсу суруд нест. Фарҳанг фаротар аз ин мафҳумҳост. Баргашт ба маънои аслии вожаи фарҳанг маҳз имрӯзҳо барои мо муҳимтар аз ҳама чиз аст. Ин аст маънои вожаи фарҳанг, ё ман ба иштибоҳ роҳ дода бошам?

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97