Модар, гаҳвора ва ғуломандешон

Фарҳанг ва адаб 24.01.2013 09:24

gahvoraБисёр мегӯем ва менависем, ки моро аз кӯдакӣ ба ғуломӣ одат мекунонанд. Кӣ? Чӣ тавр?

- Модаронамон моро дар гаҳвора сахт мебанданд, ки мо имконияти озодона дар гаҳвора сайр карданро надошта бошем. Ин ба он оварда мерасонад, ки мо мутеъи Модар шавем. Мо ғуломи ҳалқабардӯши Модар шавем ва оқибат ғуломитапа тайёр дар ҳаёт.

- Мор ба морбача чунин рафтор намекунад, ки Модарони мо карда истодаанд. Морро бубин гаҳвора надорад. Боз, ким кӣ моро Homo sapiens гуфтааст.

- Модарони мо моро аз табиат дур кардан доранд. Ин танҳо хоси модарони Тоҷик асту бас. Дигар Модарон инро намекунанд.

- Ин барои Модарони дигар лозим нест. Ҳама ғулом шаванд, кӣ корфармо мешавад? Модарон дар маҷмуъ табиатро хеле нағз дарк менамоянд.

- Дуруст гуфтед. Ман як намоиши телевизорро тамошо намудам. Қаҳрамони асосӣ як парранда буд, ки ҳар сол ду тухм менамояду ду чӯҷа мебарорад. Як чӯҷаи асосӣ ва як эҳтиётӣ (запасной). Ранги футбол. Чӯҷаи асосиро хӯрок медиҳаду эҳтиётиро не. Агар ҳодисае шаваду чӯҷаи асосӣ нобуд гардад, дар он ҳолат ба чӯҷаи эҳтиётӣ дон меорад. Агар не, чӯҷаи эҳтиётӣ аз гуруснагӣ мемирад. Акнун инашро нафаҳмидам, ки модари чӯҷа аз марги чӯҷаи эҳтиётӣ ғам мехӯрад ё не, вале маълум ин аст, ки модари чӯҷа қонунҳои табиатро хеле хуб дарк намудааст.

- Шумо нақли санговдавакро шунидаед?!

- Хайр.

- Санговдавак нисбат ба дигар паррандаҳо хеле пойҳои борик дорад. Ҳангоме ки торик мешавад, пойҳояшро ба сӯи осмон намуда, хоб меравад. Мақсадаш ин будааст, ки ҳангоми хоб мабодо осмон бо ҳама ситораю сайёраҳояш ба замин сарозер нагардад ва бачаҳои дӯстдоштаашро зер нанамояд.

- Ман дар тӯли ҳайёт ҳаминро дарк намудам, ки модарон ғайр аз фарзандонашон дигар ҳеч касро дӯст намедоранд. Он ҳикояю асару новелаю дигар, ки дар бораи ишқу муҳаббати дӯстдоштаҳою дӯстдориҳо нақл менамоянду мо бовар дорем, танҳо ба хотири фарзанд асту бас. Кӣ дидааст, ки модар бо озори фарзанд аз дасти шавҳари дӯстдоштааш ё падару модари меҳрубонаш муросо карда бошад? Ҳеч кас ва ҳеч гоҳ.

- Ғуломӣ ба мо чӣ медиҳад ё хоҳад дод, ки Модарони мо моро ғулом намудан доранд? Инро ҳам меҳри модар медонед? Не бародарону хоҳарон, ин бад аст.

- Ту аз Модар хубу бад ҷӯёӣ? Бояд шунида бошӣ, ки Пайғамбарамон Биҳиштро зери пои Модарон густурдааст. Хайёл менамоям, дар ин бора баҳс нахоҳӣ кард.

- Пас чаро Иқбол, Аллома Иқбол ғулом нашавед гуфтааст? Ба ин чӣ гуфтаниед?

- Ҳақиқати зиндагӣ чанд рӯй дорад. Ҳақиқат танҳо аз ду қутб иборат нест. Ҳақиқат дар миёни ду қутб аст. Ман китоби Иқболро дар даст дорам: -Бандагинома:

Маргхо андар фунуни бандагӣ,

Ман чӣ гӯям аз фусуни бандагӣ.

Нағмаи ӯ холӣ аз нори ҳаёт,

Ҳамчун сел афтад ба девори ҳаёт.

Чун дили ӯ тирасимои ғулом,

Паст чун табъаш навоҳои ғулом.

Аз дили афсурдаи ӯ сӯз рафт,

Завқи фардо, лаззати имрӯз рафт.

Аз наи ӯ ошкоро рӯзи ӯ,

Марги як шаҳр аст андар сози ӯ.

Нотавону зор месозад туро,

Аз ҷаҳон безор месозад туро.

… То тавонӣ, бар навои ӯ маист,

Алҳазар, ин нағмаи мавт асту бас.

… Дину донишро ғулом арзон диҳад,

То баданро зинда дорад, ҷон диҳад.

Гарчи дар лабони ӯ номи Худост,

Қиблаи ӯ тоқати фармонравост…

- Агар чунин аст, пас Модарони мо бояд моро дар гаҳвора набанданд.

- Шароит инро тақозо дорад. Аз як тараф ин машқ аст. Модар мефаҳмонад, ки писарам ана туро ғулом намудам, ана боз озодат намудам. Кадомаш беҳтар бошад, ҳамонро интихоб намо.

- Урусо мақоле доранд "тяжело в учение, легко в бою".

- Дуруст иброз намудед.

- Дуруст нест агар гӯем Модарони мо нодуруст рафтор намуда истодаанд. Шароити зист инро талабгор аст. Гӯё Модарони мо намедониста бошанд, ки аз гаҳвора беҳтар гаҳвораҳои ҳозиразамон мебошад. Лекин як бор даст ба пешонӣ бурда фикр намо, дар шароити ҳозираи мо бе гаҳвора мешуда бошад? Музди кори падари кӯдак аққалан барои "Памперс" харидан мерасида бошад? Фантазияро барои дигар ҷой монда ба Замин фаро. Фаромадӣ. Боракаллоҳ.

Шутурро бачаи ӯ гуфт дар дашт,

"Намебинам Худои чорсӯро".

Падар гуфт: "Эй писар, чун по билағжад,

Шутур ҳам хешро бинад ҳам Ӯро"

- Ҳеч гоҳе, ҳеч вақте ба Модар эърод нагиред. Пушаймонӣ ногузир аст, агар номи фахрии Одамро дороед. Мартабаи Шумо дар ҷамъият аз ин вобаста аст.

Ҳомид Хостихудоев

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97