ЯК ШАБИ КУҲИСТОН

Фарҳанг ва адаб 23.01.2013 12:36

kuhistonВарои ломаконаш ошён аст,

Чӣ гӯям? Ҳар чӣ гӯям, беш аз он аст…

Забон аз васфи тавҳидаш забун аст,

Ки аз ваҳму хаёли мо фузун аст.

                              (Носири Хусрав)

Зимистон. Зимистони сарди куҳистон. Зимистон тахти салтанати солро мутобиқи муқаррароте, ки Офаридагор аз азал таъин намудааст ба даст гирифтааст. Акнун фасли сармо барои муддате ихтиёрдори комил асту сарднавозӣ мекунад. Ду рӯз боз пай дар пай барф мебораду меборад. Замину замон - куҳу пушта, талу теппа, дарахтону манзили одамон - ҳамаю ҳама қабои сап-сафеду покизаи барфиро ба бар кардаанд. Резаҳои калон - калони барф вазнин-вазнин, бо кундӣ, бо таъалул, вале бо як виқор ба замин менишинанд, лаҳзае мисли ҳаштпо хазида, ором мешаванд ва рӯи ҳам мехобанд. Фарроши Табиат аз Осмон барфро ба сӯи Замин мерӯбаду фармонфармои фасли Зимистон чун як марди меҳнатӣ, бо як фидокорӣ, бо як ҷиддият ва маҳорати фавқулодда рӯи фарши заминро бо сангчаҳои рез-рези барфӣ девор мекашад. Девори бекарони барфӣ оҳиста-оҳиста қад мекашаду қад мекашад, баланд мешаваду баланд мешавад… Табиати афсункор бо ҳукми Парвардигор муваззаф аст дар ин фасл либоси сафедро ба муҳит бипӯшонад… Беист қатра бар қатра зам мешавад. Реза болои реза ҷамъ мешаваду сели азими барф аз осмон ба замин интиқол меёбад… Ва як садои хафиф, як садои мармуз, як садои аҷиби фақат барои мушоҳидакор шунавои бориши барф шунида мешавад. Ин дунёи пур аз барф, ин ранги сафеди рамзи покию покизагӣ, ин дунёи мармузу пурасрори фасли Зимистон садои хос ва ҳатто бӯи махсус дорад. Ва Табиат дар ин фасли сол вазнинтар, сахтгиртар, ҷиддитар мешавад ва бар шаҳомату салобаташ низ меафзояд. Иродаи Парвардигор, хости Ӯ чунин аст. Зеро фасли сардию хунукӣ ҷиддияту сабру бардоштро тақозо мекунад. Зеро Зимистони куҳистон сабукию сабукрафторию сабукфикрии одамонро хуш надорад.

Зимнан, Табиат ин оқилтарин ва донотарин эъҷози Офаридагор  дар тағйири фасли сол эҳтиёткор аст ва муҳтотона амал мекунад. Зеро ҳар гуна шитоб дар ин амал барои тамоми мавҷудот фоҷиабор хоҳад буд. Инсон бояд аз ин ҳикмати бузурги Табиат панд бигирад ва ба шитобу ифроту зиёдаравӣ роҳ надиҳад. Ифроту зиёдаравӣ ба хусус дар умури сиёсӣ ва мазҳабӣ барои инсон фоҷиабор аст... 

Барф мебораду меборад… Хоросангҳои гирду атрофи хона ва дуртар аз манзил низ кӯрпаи барфиро болои сар кашидаанд. Гӯӣ ин ки мавҷудоти азимҷуссае зери кӯрпаи ғафси барф пинҳон шуда, ба хоб рафтаанд ва инак муъҷизае рух медиҳаду онҳо кӯрпаи барфиро аз сарашон дур карда мехезанд. Мехезанду ба роҳ меуфтанд ба сӯи куҳ… Аммо мӯъҷиза рӯй намедиҳад…

Ва як шабе… Шаби тӯлонии сарди чиллазимистони куҳистон. Писараки наврас дар паҳлӯи падараш хобидааст. Аз тарафи дигари вай Халифа (мулло)  хоб аст, ки барои коре рӯзи қабл ба деҳаи онҳо омада, акнун хабаргирии падараш омада буд. Шаб чунон торик, чунон тираю тор аст, ки ба қавле агар  "ангушт ба таги бинӣ наздик биёрӣ, намебинӣ онро". Чун барқ нест, лахчаҳои оташдон низ аллакай хомӯш шудаанд, чироғи карасинӣ ҳам хомӯш, замони Маҳтоббароӣ нест ва илова бар ин агар ҳаво абрӣ бошад, дар чунин лаҳзаҳо дар рустои кӯчаки куҳистонии писарак торикӣ, торикии ҳавлнок, торикии саҳмнок ихтиёрдори комил ва ҳукмфармои мутлақ аст, гарчи одамон бо он одат кардаанд.

Тақрибан соатҳои се ё чори шаб писарак дар як авзои нимахобу нимабедорӣ қарор мегирад. Халифа Оёти Қуръони Маҷидро қироат кардан дорад…

Овози бардаму ширадори ҷарангосӣ ва марғуладораш торафт расотар мешаваду тамоми хонаро фаро мегирад.

Овозаш сараввал гӯё аз дуродур ба гӯш мерасад ва пардаи ғафси торикиро бурида наздик меояд. Дар торикӣ писарак ӯро дида наметавонад ва фақат садояшро мешунавад. Садое, ки гоҳо мисли ин ки аз осмон, аз макони малакутӣ, миллионҳо фарсахро дар як турфатулъайн тай карда, зимни пайкор бо балоҳои осмонӣ ба сӯи вай мерасад ва гоҳҳо гӯӣ ин ки ин садо аз як чоҳи амиқ, аз як гувдоли азиму ҳавлнок монеаи сари роҳашро ба осонӣ рафъ намуда ва бо пароканда кардани пардаи торикӣ ва дафъи нопокиҳои заминӣ ба тарафаш меояд…

Чун оҳанги садо баландтару шиддат меёбад, Халифа низ дар тасаввури писарак қад мекунад, бузург мешавад, ба як мавҷуди қавипайкар табдил меёбад, бо деву аҷина дар пайкор мешавад, вале бо коҳишу тақлили садо боз ба вазъи аввалааш бозмегардад…

Падари писарак одатан, бо садои паст, нимшунаво намоз мегузорид ва бо садои хафиф дуо мехонд, ки бо он одат карда буд, вале ҳоло ин садои раъшаовари ихлолгари оромии ҳаршабаи ҷаҳони кӯдакиаш ӯро хеле мутаассир месозад. Аз дил мегузаронад, ки:

 - Поко Парвардигоро, ман куҷоям, дар замин ё фазо, дар хонаи худам ё дар манзили дигарон!?...

Вале оҳиста-оҳиста ҳолати нимахобию нимабедории писарак аз байн меравад ва боз ба воқеъият бозмегардад.

Ҳиссиёти кӯдаконаи писарак дар ин лаҳзаҳо ғайриқобили тасвир аст. Бузургию нуфузи Каломи Осмониро дар ин лаҳазот бо тамоми ҳиссиёти тифлонааш эҳсос мекунад… Арақи сард ӯро зер мекунад. Маҷоли ҷунбиданро надорад…

ХАЛИФА ТО СУБҲ ҚИРОАТИ ҚУРЪОНИ МАҶИДРО ИДОМА МЕДИҲАД…

Мирзошо ВАТАНШО

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97