Боғи мактаб танҳо ҷои парвариши дарахтон нест

Фарҳанг ва адаб 15.01.2013 09:16

"Шпаргалка" ба вазири маориф

Nuriddin Saidov01Аёми бачагӣ аз модару ҳамсари амакам ва дигар пайвандони бузургсол дар бораи боғи мактабе, ки онҳо таҳсил мекарданд, нақлҳои он замон бароям писандидаву марғуб мешунидам. Бо гузашти солҳо аз рӯи қиссаҳои онҳо ба ин андеша расидам. Боғи мактаб ҳам ҷои бозӣ ва шодию сурури бачаҳо ва ҳам ҷои гузаронидани ҳамагуна ҷамъомаду маъракаҳои мактабу деҳа будааст. Вақте ки ба диёри бобоӣ сафар кардам ва ин боғро бо чашмони худ дидам, мафтуни зебоию ҳусни руҳафзои он шудам ва ҳамоно дарк кардам, ки агар ин боғи нозанин вуҷуд намедошт, ҳусни ин деҳаи куҳистон хеле коста мегардид.

Сафари мо ба зодгоҳи бобоӣ дар моҳи июл рост омада буд. Ин ҳангом табиати куҳистони ин водӣ барои дар чашми бинанда худро зебову пероста  нишон додан, аз ҳунару қобилияти худододи худ ба таври беандоза истифода мекунад. Дар ҳама рустоҳои ду тарафи рӯдхонаи Зарафшон ва боғҳои дар доманкуҳ ва талу теппаҳо ҷойгирифта намудҳои гуногуни зардолу, себ, тут, нок, олу, гелос ва ғайра пухта расида бӯйу таъми гуворои худро ба атроф паҳн мекунанд. Оби софи аз акси рӯшноии офтоб чун  нуқраи тоза ҷило гирифтаи  ҷӯйҳо, бо ҳазор мастию ғурур аз баландӣ ба шаст худро ба поён расонида, бо шеваи хоси ошиқони дилбохта, даст ба рӯи сабзаву себарга ва дигар гиёҳҳои дар боғу чаманзор рӯйида мерасонид ва онҳо аз ин навозиши ошиқона чун дӯшизаи ба балоғат расида, тару тоза ба назар намудор мегардиданд. Садои паррандагони гуногун, ки номи онҳо танҳо ба олими табиатшинос ва чанде аз одамони хушсалиқаи дигар маълум аст, ба атроф паҳн шуда, бо садои шаршараҳои рӯдҳои ҷое аз миён  ва ҷое аз  канори деҳаҳо ба сӯи рӯдхонаи Зарафшон ҷоригардида якҷо шуда, навои як оркестрро мемонд,ки нотаҳои онро касе аз  мусиқинависон ҳеч гоҳ тавони эҷод  надорад.Ин "наво"-и илоҳӣ ба руҳу ҷони инсон чунон пайваст мешавад, ки он муддате чанд худро дар маконе дармеёфт, ки бо дасисае аз он берунаш карда буданд. Ин манзараи ба қаламдодаро ҳар як инсони каме чашми бино ва дили зинда дошта баробари ворид гардидан ба деҳаҳои дар қади рӯдхонаи Зарафшон ҷойдошта метавонад, ба мушоҳида бигирад ва он  дар деҳоти Пастиғав, Ревомутк, Худгифҳои ҳарду соҳил, Эсизу, Муждиф, Лангар ва Мадрушкат бо як таровиши бештаре ба чашм мерасанд.

Боғи дар боло ёд шуда, дар маркази деҳаи Ревомутк аз самти рости роҳи мошингард ҷой гирифта, ҷузе, ё лавҳае аз ин пейзажи дар боло оварда шудааст. Чор тарафи он  замоне бо санг деворбанд буд. Дарахтони боғро бо истиснои як шоҳтути дар самти ғарбии он буда, дигар ҳама дарахтони  зардолу дарбар гирифтаанд. Дарахтони боғ чунон ба тартиб ва низом шинонида шудаанд, ки аз каме баландӣ, ё паҳлу ба онҳо назар афканед, дар пеши назари худ тахтаи шоҳмотро мебинед. Дар вақти шинонидани ниҳолҳои ин дарахтон ҳисоби риёзӣ дар рӯи замини боғ хеле дақиқ истифода шудааст. Тақсими миқдори муайяни нури офтоб ва ҳаво бар ҳар шумораи дарахтон чунон дақиқ анҷом дода шудааст, ки ин ду чизи барои дарахтзор хеле муҳим ва зарурӣ ба ҳар як дарахт баробар ва одилона расида, боиси нашуънамои ҳамсони ин дарахтон гардидааст. Аз тамошои боғ бар меояд, ки пешгузаштагони мо дар кори  зироату боғдорӣ аз илму дониш баҳрабардории комил доштаанд.

havlii maktabИн чорбоғи зеборо пештар боғи мирӣ ва дар замони болшевикӣ боғи мактаб ном мебурданд. Дар замони шуравӣ дар як кунҷи он мактаби гилини иборат аз чанд синфхона сохта буданд, ки ҳусни боғро на чандон халалдор мекард. Агар бигӯем, ки монанди ин боғ ҳеч боғе зебову ороста дар ин обрав набуд, (аз Мастчоҳ  то Самарқандро дар назар дорам.- Н.Н.) хонанда моро ба муҳоботпардозӣ ҳаргиз муттаҳам карда наметавонад. Аксари роҳгузароне, ки аз шафати боғ дар фасли гармо савораву пиёда мегузаранд аз куфти роҳ мондашуда ин ҷо фуруд меомаданд ва аз оби ҷӯи он дасту рӯй шуста, болои сабзаву себаргаи он дароз кашида, мондагии худро рафъ мекарданд. Агар сафари мусофирон дар вақти мевапаз рост ояд, ҳатман аз меваҳои болаззати он ком ширин мекарданд. Дар замони шуравӣ рафтуомади сайёҳон ба ин макон хеле зиёд буд ва аксар вақт онҳо хаймаҳои худро дар ин боғ мезаданд.

Мувофиқи табиати тоҷикӣ чандин бор шахсони бо ман бори аввал ҳамсуҳбатшуда, аз кадом макону маҳал буданамро мепурсанд ва дар ҷавоб ман макони худро ном мебарам. Онҳое, ки гузорашон ба ин тарафҳо афтодаасту номи деҳаҳо дар хотирашон намондааст, мегуфтанд: "Ин ҳамон деҳае, ки як чорбоғи зебо дорад?" Бо ибораи дигар ин боғ "визитный карточа"-и деҳаи мо гардида буд.

Чанд сол пештар боғро бо навбат ба яке аз муаллимони мактаб вобаста мекарданд. Муаллиме,ки навбати нигоҳбонии боғро бар зимма дошт онро нигоҳбонӣ намуда, ҳосилашро ҷамъоварӣ карда, ба нафъи рӯзгори худ истифода мебурд.

Афсус, ки дар замони истиқлол кор ба дасти чанд шағолтинат расид ва онҳо ба вайрон кардани ин муъҷизаи якҷояи дасти табиату инсон пардохтанд. Дарахтони боғро бурида, дар кунҷи дигараш табобатхона сохта, онро боз ду тақсим карданд. Дар қисми самти роҳи боғ амбору мағозаҳо бино намуданд. Қисми дигари дарахтонро бо фармони кадом "маорифпарвар" решакан карда, дар ҷои онҳо майдончаи варзишӣ сохтанд. Ҳол он ки ҳамаи ин иншоотро дар ҷои дигар сохтан мумкин буд.

Мо аз ин табиати махлуқе бо номи одамӣ шинохта шуда, беҳад дар шигифту ҳайратем. Агар ҳамон манзараи боғ дар рӯи порчаи матое кашида мешуд ва шахсе онро пора карда, ба зери по мезад, ҳама худро бо фарҳангу дӯстдори табиат ҳисобида ба ӯ дармеафтиданд. Аммо, мутаассифона дар рӯзҳои равшан дар пеши чашми ҳама ин боғи пурсамари нозанинро харобу решакан карданд, вале касе парвое надорад ва даъвое ба ҷое намебарад?!

Агар бархе аз амалдорони худписанди мастчоҳӣ ва муаллимону зиёиёни ин деҳа дар вақташ аз тарбияи экологӣ баҳраманд мегаштанд, шояд пеши роҳи ин харобкориро мегирифтанд.

Аз сайри боғи мактаби ин деҳаи куҳистон баргашта, ба сайри яке аз мактабҳои пойтахт меоем. Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 94 дар маҳалли 92 пойтахт ҷой гирифтааст. Ин мактабро соли 1976 сохта буданд. Мардуми  дар ҳамсоягии мактаб истиқоматдошта мегӯянд, ки дар вақташ барои мактаб на танҳо майдони васеъ барои барпо кардани боғ ҷудо карда буданд, инчунин гармхона низ сохта буданд. Вале имрӯз аз ин гармхона ягон нишонае намондааст. Ба ҷои дар ин ҷо боғ бунёд кардан дарахтони мевадиҳанда ва бесамарро паиҳам чунон берабту низом ва зич шинониданд, ки ба чашм чун бешаи дарахтони гуногуни худрӯй менамояд.

Боғи мактаб на маконест, ки танҳо дарахтонро парвариш мекунанд. Ин ҷоест, ки инсонҳо низ омӯзишу парвариш меёбанд. Бояд ба боғи мактаб аз ин дидгоҳ назар афканд ва корро тавре ба роҳ монд, ки ҳар толибилми мактаб маҳз ин ҷо дарси табиатдӯстӣ ва меҳнатдӯстиро омӯхта тарбияи хуби экологӣ гирифта тавонад ва дар оянда дар ҳар куҷое кору фаъолият кунад, бояд, худро ҷузъи ин табибат на қисме аз мошину компютеру дигар асбобу анҷоми рӯзгори имрӯз биҳисобад.

Аз мушоҳидаву назарафканиҳо ба ҳаёти тоҷик ба хулосае метавон расид, ки аз ин халқ (на миллат) зоҳирпарасту зоҳирбин ва зоҳирнамо дар ҷаҳон дигар қавмеро наметавон пайдо кард. Ҳосили ин амали зишт ба ҷуз худфиребӣ дигар чизе беш нест. Аз сари мавзӯъ дур намеравем, боз мегардем ба боғу мактаб. Вақте ки мо вориди мактабҳои тоҷикӣ мешавем, ба назар ҳама чиз хубу намунавӣ менамояд. Мактаби хуб таъмир шуда, толибони либосҳои хубу зебо пӯшида, барои хотири нишон додани фарҳанги баланд, дар гардани ҳама, чӣ толибилмону чӣ муаллимон галстукҳои зебову шинам овехтаро мебинем. Хуласи калом мо бо ин намуди зоҳирии худ танҳо чанд лаҳза дар назари одами бегона чун шахси фарҳангию дорои тамаддун назаррабоӣ карда метавонем. Агар ин шахс аз чанд соат бештар дар миёни ҷомеъаи мо бимонад, он гоҳ ба зӯдӣ  хуб дарк мекунад, ки дар ҳақиқат мо кистем. Агар ин вохӯрии мо ба одами аз хориҷи кишвар омада, дар мактаб сурат бигирад, баробари ба атрофи мактаб нигаристан, ҳамоно дарк мекунад, ки мо аз кадом  насли одамем. Забони тавоно ва муъҷазбаёнии русӣ фарҳанг ва кишту марзаъро бо як калимаи "культура" ифода мекунад, дар воқеъ ин ду мафҳумро як занҷири қавӣ ва мустаҳками мантиқӣ  бо ин калима мепайвандад.

Дар ҳамаи мактабҳои мо фанҳои табиатшиносӣ омӯхта мешавад. Муаллимони ин фанҳо дар синфхонаҳои худ расму тасвирҳои гуногуни дарахтону растаниҳоро ҷамъ карда, дар деворҳо овехтаанд, то ки дар бораи табиат шогирдонашон тасаввуроти бештар пайдо кунанд. Аммо ин муаллимон имконияти бештаре аз дигар ҳамкасбон барои ба шогирдон додани дониши фанҳои худро доранд. Онҳо метавонанд бо каме сайъу кӯшиш ва дастгирии мудирияти мактаб дар боғи мактаб намунаи зиндаи табиатро бунёд кунанд, ё бо ибораи дигар боғи кӯчаки ботаникии мактаби худро бисозанд.

Вобаста бо шароити иқлимӣ  ва хусусияти дарахтҳо метавон дар ҳар гӯшаю канори кишвар дар назди ҳар мактаб боғҳои зебову гуногунро бунёд кард, ки ҳам барои омӯзишу парвариши насли нав аҳамият касб мекунанд ва ҳам ҳамчун муассисаи омӯзишию илмӣ барои беҳтар намудани табиати кишвар хидмат мекунанд.

Барои ободу зебо гардонидани боғи мактабҳо бояд яке аз муаллимони фанни биологияи мактаб чун ҷонишини мудири мактаб барои корҳои ободонӣ ва  сабзазоркунии атрофи мактаб пазируфта шавад. Таҳти роҳбарии ин устод тамоми гирду атрофи мактаб ва боғи он ба қисмҳо ҷудо карда шуда, ба синфҳои аз 5 то 11 тақсим шавад ва дар ҳар қисми тақсимшуда вобаста ба шароити обу ҳавои маҳал дарахтҳо на тавре ки то ҳол мешинонданд, балки мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шаванд. Дар ин сурат бо таври муайян метавон дар ҳар қитъае як намуди дарахтро парвариш кард. Масалан, метавон дар як қитъа дарахти себ, дар қитъаи дигар зардолу ва ғайраро шинонид.

Мардуми меҳнатдӯсту хушсалиқаи Исфара ҳамеша дар бораи боғу боғдорӣ ин суханро таъкид мекунанд: "25 сар (аз чӣ бошад мардуми ин ҷо  дарахтонро бо шумораи  "сар" ҳисоб мекунанд - Н.Н.) дарахти зардолу як хонаводаро муддати як  сол ҳам мехӯронад ва ҳам мепӯшонад" ва баъди ҳар намоз ҳамеша дуо мекунанд: "Парвардигор, сардарахтонро аз офатҳо нигоҳ дор".

Дар боғи мактабҳои мо метавон садҳо бех зардолу, себ ва дигар меваҳоро  парвариш кард ва онро барои ҳам дастурхони ошхонаи мактаб ва ҳам ба фурӯш бароварда, барои баъзе корҳои хоҷагидории мактаб харҷ кард. Боре муаллифи ин сатрҳо пешниҳоди худро роҷеъ ба ин матлаб ба яке аз мудирони мактаб иброз кардам. Ӯ суханони маро бо тамассхур қабул карда гуфт, аҷаб хаёлҳоеро шумо рӯзноманигорон дар сар мепарваред, аз дасти ин бачаҳои бесар дар ин ҷо дарахти мевадор парвариш карда мешавад. Аз гул набаромада ҳама шоху навдаро мешикананд.

 - Наход ҳамаи бачаҳо чунин бошанд…?

 - Не албатта ҳамаашон чунин нестанд.

- Дар ин ҳол чӣ ҷойи тарс аст. Будани дарахтони мевадиҳанда дар боғи мактаб аллакай барои тарбияи бачаҳо ба шумо имкон медиҳад, ки ҳеч не ҳамон бачаҳои дузду беодобро ошкор намуда, ба онҳо ҷиддитар сари кор мегиред.

Баъди ин ҳарфҳо ҷаноби мудир чизе нагуфта, ба андеша рафт… 

 Ба ҳамин тариқ аз ҳисоби дарахтони бемева метавон бешаҳои кӯчакро барои омӯзиши хонандагон омода кард. Агар кор чунин ранг бигирад, дар ин ҳолат мо ба хонанда на аз рӯи расм ва ё сурат, балки бешаи зиндаи ин ё он    дарахтро нишон дода метавонем, ки таъсири он ба тарбияи экологии  хонанда тамоман дигар аст.

Олимони соҳаҳои гуногун, ҳам таърихнигорон ва ҳам табиатшиносони зиёд дар тадқиқоти худ ёдовар мешаванд, ки чанд садсолаҳо пештар куҳу пуштаҳои ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон пур аз ҳама гуна дарахтҳо, аз он ҷумла дарахтони сӯзанбарг мисли санавбар (ёл), гоҷ (сосна) будааст. Дарахти  тус (береза) низ хуб мерӯидааст. Ҳоло намунаи ин дарахтон танҳо дар нуқтаҳои дурдасти баландкуҳ боқӣ мондаанд, дар дигар ҷойҳо тамоман несту нобуд шудаанд. Замоне дар водии Зарафшон коркарди чӯбу тахта хеле зиёд будааст. Аз ин водӣ тавассути рӯдхонаи Зарафшон амадҳоро ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро равон мекардаанд. Имрӯз дар ин водӣ ин намуди ҷангалҳо танҳо дар бешаҳои кӯчак дар ҷойҳои баландкуҳ боқӣ мондаад. Ба ин ҷо қадами номубораки қуруқшиканҳо низ расидааст. Ҳар сол дар ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ даҳҳо гектар ҷангалзор несту нобуд карда мешавад. Дар ин бора касе парвое надорад. Буриши бераҳмонаи ҷангалзор ба таъғйири иқлим оварда расонидааст, ки ҳар сол заминҳои зиёди киштгоҳ ва чарогоҳ дар натиҷаи селу боронҳои шаддид аз байн мераванд. Ин муносибати ҷоҳилона  ва таҷовузкорона хоси ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ набуда, қариб вазъият дар кулли Тоҷикистон чунин аст. Барои пешгирии ин "вабои экологӣ" кумитаи экология ва вазорати маорифи кишвар бояд пеш аз ҳама омодагӣ бигирад.

Ба назарам шеваи баёни мо дар охири мақола як навъ оҳангу равиши ноумедонаро гирифтан дорад. Банда намехоҳад ба ин шева ба он нуқта гузорад.

Мегӯянд: "Ҳар кор соату навбати худро дорад. Умедворем, рӯзе фаро мерасад, дастандаркорони муҳтарами мо рӯи ин мавзуъ кор мегиранд ва дар назди ҳар мактаб ва дигар муассисаҳои таълимии мо боғҳои сарсабз бунёд карда мешаванд ва паррандагони хушсадо дар шохсорони дарахтон бо савту навои руҳафзои худ руҳияи ҳам устодон ва ҳам шогирдони онҳоро болида мегардонад. Дар ин дарахтзорон мурчагон пайдо шуда, ҳамоно аз паи ризқу рӯзии худ ба кор шуруъ мекунанд. Наззораи кору заҳмати мурчагон худ як сабақи пурмуҳтаво ва пурасрорест ҳам барои устодону ҳам барои шогирдон. Бесабаб нест, ки инсон як фасле аз ҳикматҳои хешро "Фалсафаи мӯрчагон" ном ниҳодааст. Моро омӯзиши ин фалсафа мебояд!

Неъмат Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97