"Аллоҳ"- ро "оллоҳ" нагӯед куфр аст!

Фарҳанг ва адаб 05.01.2013 10:49

Решаи луғавӣ ва маънои калимаи "аллоҳ"

Jamshedi Quvvat04Калимаи "аллоҳ" яке аз серистеъмолтарин калимот дар байни мусалмонон аст ва бар хилофи дигар вожаҳо аз вижагиҳои хос бархӯрдор аст. Калимаест, ки ҳатто ғайримусалмонҳо онро дар шакли бетағйири "аллоҳ" мешиносанд ва тавассути он ба миллати ислом таъаллуқ доштани одамонро фарқ мегузоранд.

Вале маъатаассуф замони ахир дар талаффуз ва навишти як чунин калимаи муқаддас ба хатогии фоҳиш роҳ медиҳем? Ҳатто борҳо бо онҳое, ки худро соҳибшариъат мепиндоранд, мавриди баҳс гардидаам ва кӯшидаам, ки эшонро аз ғалат кардан дар талаффузи ин калима огаҳ созам. Касоне, ки каму беш агар аз илми шариъат ва илми таҷвид бодарак бошанд, хуб медонанд, ки дар шакли "оллоҳ" талаффуз кардан ва навиштани "аллоҳ" бими куфрро низ дар пай дорад (метавонанд ба "Чаҳор китоб" дар мавриди суоли дар азон гуфтани муаззин чанд ҷои бими куфр аст?), муроҷиъат намоянд. Маҳз яке аз онҳо "аллоҳ"-ро "оллоҳ" гуфтани муаззин аст. На танҳо дар талаффуз ва навишти мардуми авом, балки дар навиштори бештари соҳибқаламон метавон ба шакли нодурусти ин калима мувоҷеҳ шуд. Ин ки ҳар замон дар кӯчаю бозор метавон аз забони наврасон ва ҷавонон қасами "ба номи оллоҳ"-ро шунид, ин дигар ҷои гила ва озор нест, яъне дорад, наздик аст, ки шакли нодурусти ин вожаи муборак байни хосу ом роиҷ гардад.

Калимаи "аллоҳ" дар асл "ал-илоҳ" будааст ва ҳамза ба хотири касрати (зиёд) аз истеъмол ҳазф (бартараф) гардидааст. Дар бораи луғати "аллоҳ" чанд назар вуҷуд дорад, аммо мо ин ҷо ба овардани як назар иктифо мекунам, то боиси сардаргумии хонандаи азиз нагардад. Ин калима аз "илоҳ" муштаққ, яъне гирифта шудааст, аз вазни фиъол ба маънои мафъул аст, монанди китоб, ки ба маънои мактуб аст.

Пас  "аллоҳ", агарчи гирифта аз "илоҳ" аст, чун дар шакли "илоҳ" истифода шавад, мавҷуде, ки худаш махлуқи дигаре аст ва ё дорои нуқс аст, шоистаи парастиш нахоҳад буд, пас ҳамин, ки гуфта мешавад "ал-илоҳ", яъне он зоте, ки ба гунае аст, ки ӯро бояд парастиш кард ва зоте аст, ки ҷамеъи сифоти камолия ва мубарро (покшуда) аз ҳар гуна салбу нуқз.

Ҷой дорад як нуктаи дигарро тазаккур кард. Бештари хотоёе, ки аз ҷониби соҳибқаламон дар мавриди ғалат навиштани калимот сар мезанад, ин огоҳ набудан ва ҳадди ақалл огаҳии комил надоштан аз хатти ниёкон ва осори гузаштагон аст. Дар мавриди артикли "ал" мехостам каме таваққуф кунам. Чунки хатое, ки ин ҷо дар ғалат навиштани калимаи "аллоҳ" сар задаст, маҳз аз огоҳии хуб надоштан аз ҳамин артикл аст. Як чизи дар назари аввал бисёр содда, шояд бештари хатмкардагони факултаҳои филологӣ ин нуктаро хуб бидонанд, вале бо вуҷуди ин ҳам боз ҳини навишта кардани калимот бо артикли "ал" ба хатогӣ роҳ медиҳанд. Барои мисол менависанд: "Китоб-ул-шифо". Метавон боз чандин мисолҳои зиёд овард, аммо суханро ба дарозо намекашем ва бештар андешаро болои мавзуъи матраҳ мутамарказ менамоем. Инро бояд донист, ки ҳуруфи забони арабӣ ба ду қисм тақсим мешаванд; ҳуруфи шамсӣ ва ҳуруфи қамарӣ, яъне 14 ҳуруфи шамсӣ ва 14 ҳуруфи қамарӣ. Артикли "ал" қабл аз ҳуруфи шамсӣ навишта мешавад, аммо хонда намешавад, вале қабл аз ҳуруфи қамарӣ пурра хонда мешавад. Дар калимаи (ал-илоҳ) "аллоҳ", артикли "ал" қабл аз ҳуруфи қамарӣ, яъне ҳарфи "алиф" омадааст, бинобар ин дар шакли пурраи "ал" хонда мешавад, на "ол". Дар мисоли "Китоб-ул-шифо", ки шакли дурусташ "Китоб-уш-шифо" аст, артикли "ал" қабл аз ҳуруфи шамсӣ (ҳарфи "шин" аз ҷумлаи ҳуруфи шамсист) бинобар ин талаффуз намешавад. Таассуфбор аст калимаеро, ки дар сарманшаъи ҳамаи эътиқодот ва ибодот қарор дорад ва наметавон бидуни ифода ва талаффузи он имон овард ва ибодат кард, ғалат талаффуз карда шавад. Ин ҳам аз ҷониби аксари соҳибқаламон.

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97