«РЕЗАМУШОҲИДАҲОИ ЗИНДАГӢ»

Фарҳанг ва адаб 21.12.2012 17:41

( Пораҳое аз ин китоб)

Ибрат аз мӯрча

murchaҲар  рӯзи худо аз ин маҳал мегузарам. Ҳар рӯз. Аз таги чиноре, аз як тарафи пиёдагард ба сӯи тарафи дигари он, мӯрчаҳо барои худ пайроҳа кардаанд.

Сели мӯрчагон бо як назму тартиб, аз рӯи як хат - як гуруҳашон аз ин тарафи пиёдагард ба он тараф ва тӯдаи дигар аз он сӯй ба ин сӯй ҳамеша дар даву тозанд.

Гоҳ ба гоҳ кафши пиёдагарде чун балои азими ногаҳонӣ мӯрчаҳоро зер мекунад. Анбуҳи мӯрчагон нобуд мешаванд, як холигие барои чанд муддат ба вуҷуд меояд, аммо мӯрчагон бо як кӯшоӣ ва ҷаҳду талош баъди лаҳзае ҳолати авваларо барқарор месозанд. Ин пайроҳаи ба чашми аксар одамон номаълум боз мисли як ресмон барқарор мешавад ва даву този мӯрчагон идома меёбад…

НАТИҶАГИРӢ: Бурдборӣ, кӯшоӣ, ҳадафмандию заҳматдӯстиву истодагарӣ дар баробари фоҷиаро бояд аз ин мӯрчагон омӯхт…

Зиёни Якравӣ

Дар саҳни ҳавлӣ рӯи кат нишастаем. Писарчаам истаконро мегирад ва мехоҳад дар он чой бирезад. Аммо даруни истакон заррае шакар боқӣ мондааст ва мӯрчаҳо дар дохилаш дар даву тозанд. Писар истаконро чаппа мекунад, такон медиҳад, аксар мӯрчагон берун меафтанд, шумораи ками онҳо дар истакон мемонанд. Вай пуф мекунад дар истакон, мӯрчагони дигар меафтанд, вале як мӯрча ҳеч не ки тан дардиҳад. Писар чанд бор пуф мекунад, вале мурча ба зарф часпида ва гӯё ширеш шуда бошад.

Ман номаълум  ин  амалро мушоҳида мекунам.

Тоқати писарак тоқ мешаваду чойро ба истакон мерезад. Чойи ҷӯшу сӯзонро…

НАТИҶАГИРӢ: Кӯшоӣ ва истодагарии беш аз ҳадду мизон низ зиёновар будааст.

Озодӣ ё қафас?

10 birdsПаррандачаҳои хурди зинатиро дар хона даруни қафас нигоҳдорӣ мекардем. Ду паррандачаи ранга.

Рӯзе дар ҳавлича набера даричаи қафасро гушода мондааст. Паррандачаҳо парвоз карда рафтанд. Муддате чанд бо ҳайрат дидам, ки якеаш боз гашт ба қафас.

Қафас ва зиндагиро бар озодӣ тарҷеҳ дод, афзалият дод. Дуввумӣ дигар пас нагашт, озодиро авлотар донист, аммо даргумон аст, ки дар озодии одатнокардаи фасли хазон зинда бимонад…

НАТИҶАГИРӢ: Чӣ беҳтар аст? Зиндагӣ дар қафас ё марг дар озодӣ?!

Мирзошоҳ  ВАТАНШОҲ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97