Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Нома ба беодобҳо

Фарҳанг ва адаб 18.12.2012 20:54

Jamshedi QuvvatВожаи "одоб" шакли ҷамъи "адаб" аст, ба маънои равиш ва одату русуми писандида. Хушбахтона, адабиёти классикии форс моломол аз анвоъи одоб дар ҳама гуна масоили зиндагӣ аст, яъне метавон роҷеъ ба назарногиртарин рафтору аъмол дастур пайдо намуд. Шоир ва адибе нест, ки осораш аз таъкид болои ин вожа нарафта бошад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар "Маснавии маънавӣ" адабро чунин тавсиф мекунад:

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ дар ҳама офоқ зад.

Осори Шайх Саъдӣ, ки бешак ӯро муаллими ахлоқ низ ном мебаранд, пур аз тавсифи вожаи "одоб" аст. Ӯ омӯхтани адабро дар хурдӣ тавсия мекунад:

Ҳар кӣ дар хурдияш адаб накунанд,

Дар бузургӣ фалоҳ аз ӯ бархост.

Чӯби тарро чунон ки хоҳӣ печ,

Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост.

Ашъор ва осори Фаридуддини Аттор низ саросар ҳама панду андарзу одоб аст. Аз одоби салом то одоби таъом, хӯрдану хоб рафтан ва боз чандин масоили дигар.

Аллома Иқбол адабро "пирояи нодону доно" хонда:

Адаб пирояи нодону доност,

Хуш он к-ӯ бо адаб худро биёрост.

Надорам он мусалмонзодаро дӯст.

Ки дар дониш фузуду аз адаб кост.

Ин қатрае аз баҳр дар мавзуъи "одоб" аз осори бузургони форс тазаккурест бар мабнои "Одобнома"-ҳое, ки чанде қабл таълиф гардидаанд.

Гусаста шудани пайвандҳо бо осори пурҳикмати гузаштагон ва асолатбохтагиҳои асри навин ба он оварда расонд, ки дар мавзуъи одоб низ дарюзагӣ дорем. Яъне он қадар аз ахлоқ коста гаштаем, ки дар пирӣ низ моро насиҳат мекунанд.

Ба миён омадани андешаи таҳияи "Одобномаи интернетӣ" дар Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон ва чанде пештар таҳияи дастури "Одоби салом" - и вазири собиқи маъориф Абдуҷаббор Раҳмонов, дарак аз "Одобнома" - ҳои адабиёти муъосир медиҳанд. Адибони адабиёти муъосир низ худро аз шоъирони гузашта кам нагирифта, ба таълифи "Одобнома" пардохтанд.

Риояи одоб дар ҳама ҷо ва дар ҳама кор зарур аст, хоса барои қавме, ки гузаштагонаш поягузори адабу ҳикматанд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки чӣ касеро бояд одоб омӯхт? Дар кадом синну сол? Ва билохира дар кадом мавзуъ?

Шайх Саъдӣ, чуноне ки зикраш дар боло рафт омӯхтани адабро дар туфулият ва хурдӣ созгор медонад. Дар бузургӣ тарбияи адабро беҳосил мехонад.

Ба қавли асосгузорони "Одобномаи интернетӣ", он имкон хоҳад дод, ки фарҳанги иттилоотӣ ва муносибати ҷомеъа бо интернет танзим ва таҳким ёбад. Гӯё ки ҳоло маҳз ба далели поён будани ахлоқи истифодабарандагони интернет ва ҷой доштани дашному таҳқирҳо нисбат ба шахсони мансабдор бастани сомонаҳо ба "ҳукми анъана" даромадааст.

Ин одобомӯзию насиҳат дар ҳолест, ки ҳар шахс ҳаррӯза дар ҷомеъ суханҳои қабеҳу носазоро бо гӯшу чашми худ, на таври матнӣ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, балки ба гунаи зиндаю мустақим аз забони наврасону ҷавонон  мебинаду мешунавад ва зери борони садҳо дашному ҳақорат аст, пас мантиқи чунин "Одобнома" куҷост дастандаркорони муҳтарам? Ва боз ҳам бештари идоранишинон ва соҳибмансабон низ аз гуфтани суханони қабеҳ ва дашном истисно нестанд. Ба қавли Ҳаким Носири Хисрав  "Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд". Мехостам ин ҷо низ назари яке аз хонандагони мавзуъи ""Одобномаи интернетӣ" интернетро боодоб хоҳад кард?" - ро биёварам: Ном: Хунук хӯрдам аз бебарқӣ (05.12.2012 18:38). "Ин боз як маҳдудият ва нақзи озодиҳои шаҳрвандон аст, ба ҷои ин проблемаҳои иқтисодию иҷтимоъии ҷомеъаро ҳал мекарданд хубтар буд, ва агар ширкатҳои интернетрасон  ин қадар ғамхорӣ миллат буда ҷонибдори "одобу ахлоқ" бошанд, марҳамат карда, сайтҳои ғайриахлоқӣ (порнографӣ) - ро филтр намоянд!!!"

Ростӣ ман, ки худ истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоъии интернетам, намедонам чи гуна аз ин "Одобнома" - ҳо истифода кунам, шумо чӣ хонандаи азиз?

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97