“Хазинаи тиллоии тоҷикон” ба ҷаҳониён муаррифӣ шуд

Фарҳанг ва адаб 15.12.2012 16:02

khazinai tilloiВазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ китоберо бо номи “Хазинаи тиллоии тоҷикон” нашр кард, ки тасвирҳои нодиреро аз ҳунари меъмориву наққошӣ ва саноати дастии тоҷикон дар асрҳои гузашта ва имрӯз ба намоиш мегузорад.

Ин китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, чинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ нашр шудааст. Зиёда аз 500 нигораи нодир, ки дар ин китоб ба хонанда пешниҳод мешавад, бахше дар осорхонаҳои бостоншиносии Тоҷикистон, бахши дигар дар осорхонаҳои хориҷӣ ва кисме ҳам дар ихтиёри коллектсионерҳои хусусӣ қарор доранд. 16 намунаи бостонӣ аз коллексияи худи вазир аст, ки асосан мероси хонаводагӣ буда, баъдан худи вазир низ ба ин маҷмуъа нигораҳоеро ворид кардааст.

Ҳарчанд “Хазинаи тиллоии тоҷикон” ба забони тоҷикӣ низ нашр шудааст, аммо мухотаби аслии он ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Ҳамрохон Зарифӣ, муаллифи “Хазинаи тиллоии тоҷикон” дар пешсухани китоби худ гуфтааст, ин асар нигоҳи амиқтар ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва нақши тоҷикон дар фарҳангӣ ҷаҳонӣ аст. “Ман сайъ кардам мардуми ҷаҳон аз Тоҷикони бостонӣ ва тоҷикони имрӯзӣ шинохти бештар дошта бошанд ва пайвандҳои тамаддуни ҷаҳониро дар фарҳанги тоҷикон дарёфт кунанд”.

Бахшҳое аз китоби “Хазинаи тиллоии тоҷикон” ба “Хазинаи Ому”, “Роҳи бузурги абрешим”, наққошӣ, миниётураҳо, заргарӣ, кандакорӣ, кулолӣ, ҳунари тарроҳиву тасвирӣ, меъморӣ, либосҳои миллӣ, гулдӯзӣ, созҳои мусиқии асрҳои гузашта ва дигар намунаҳои санъати амалӣ ва ороишии халқи тоҷик бахшида шудааст. “Хазинаи Ому” маҷмӯъи иборат аз 1300 танга (замони аз ҳама охири он на баъдтар аз соли 200 то м.), 177 маводи тиллоию нуқрагӣ – зарфҳо, ҳайкалчашо, дастпонаҳо ва дигар намуди нигораҳо мебошад, ки ба давраи ҳукмронии Ҳахоманишиён ва подшоҳии Юнону Бохтар рост меоянд. Ин хазина соли 1877 дар харобаҳои шаҳри бостоние дар канори рӯдхонаи Ому (Окс), қаламрави Тоҷикистон, Бохтари бостонӣ дарёфт шудааст. Пораҳои ин бозёфти муҳими фарҳангӣ дар Осорхонаи Британия маҳфузанд. Чанд соли пеш Британия аксҳои ин бозёфти беназирро ба Тоҷикистон тақдим карда, айни ҳол нусхаҳои иддае аз онҳоро барои Осорхонаи миллии Тоҷикистон омода месозад.

Муаллиф ҳамчунин ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёву рушди санъати миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин истифодаи амалии онҳо дар тарбияи мутахассисони соҳа таъкид кардааст. Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфтааст, ки дар тули солҳои ахир дар Тоҷикистон чандин коллеҷ ва марказҳои таълимӣ таъсис ёфт, ки дар ҳифзи мероси пурарзиши ниёгон ва кашфи шеваҳои нави санъати дастӣ нақши муҳим доштаанд.

Китоби Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳаҷми зиёда аз 400 саҳифа бо тиражи 21 ҳазор нусха дар нашриётҳои маъруфи дунё – The Ethnic Publishing House-и Хитой, Wostok Verlag-и Олмон, Big Media Group-и Белгия ва IMAK-и Туркия нашр шудааст.

Моҳи гузашта Дабири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова қарор қабул карда, ки муаллифи “Хазинаи тиллоии тоҷикон”-ро бо медали тиллоии ЮНЕСКО барои муаррифии фарҳангии қадимаи халқи тоҷик сарфароз гардонад.

khazina02khazina01

 

 

 

 

 

 

 

khazina04khazina

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

khazina06

khazina05

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97