ОДАМИ "ВАТАНПАРАСТ"

Фарҳанг ва адаб 27.11.2012 12:36

Azizi NesinАзиз НЕСИН

Ин рӯзноманависҳо як мавзуъи хурдро хеле калон мекунанд. Яке аз инҳо ҳафтаи пеш рӯйхати амлоку дороии маро чоп карда пурсида буд, ки ин ҳама сарватро аз куҷо ба даст овардаам!?

Сухан аз ин масхаратар магар мешавад!? Хуб, рӯзноманависи муҳтарам, шумо, ки ин қадар санги ватандӯстӣ ва меҳанпарастиро ба сина мезанед, беҳтар буд қаблан роҷеъ ба ман таҳқиқ мекардед, баъд ин рақамҳои ғалат ва нодурустро дар рӯзномаатон нашр мекардед!

Навиштаанд, ки манзили ҳафтошёна дар хиёбони Шишли ҳамааш аз  ман аст. Ин иштибоҳи комили рӯзноманигор аст. Онҳо мехоҳанд обрӯи маро бибаранд ва номи маро доғдор намоянд.

Ба худо қасам, ки аз ин манзил фақат бисту панҷ саҳми он аз ман аст ва бақияи он ба занам тааллуқ дорад. Ҳар кас бовар накунад, метавонад биёяд санадашро бубинад. Мо ин сохтмонро ба маблағи 285 ҳазор лира харида будем ва ҳоло, ки қиматаш чандин баробар зиёд шудааст, ин магар гуноҳи ман аст!?

Виҷдонан қазоват кунед. Доштани чандин иморат барои ман, ки як умр дар ин мамлакат заҳмат кашидам, арақ рехтам ва бисту се моҳу як ҳафтаву панҷ соат дар вазорати "Васлаи пина" кор кардам, магар зиёд аст!?

Ба ғайр аз ин иморат, ман сарвати қобили таваҷҷуҳе надорам. Агар манзури мудири рӯзнома он иморате аст, ки дар Букодо дорам, ин арзиши гуфтан надорад. Зеро ман онро солона ба бисту панҷ ҳазор лира ба кироя додаам.

Заминҳоеро ҳам ки ном бурдаанд чизи муҳиме нест. Дар Чакмачӣ бист гектар, дар Измир сӣ гектар ва дар наздикии Анқара чиҳил-панҷоҳ гектар аст, ки қобили баҳс нест ва маҷмуъи даромади тамоми ин заминҳо солона ба зӯр ба як миллион лира мерасад!

Ҳар одами боинсофе тасдиқ мекунад, ки як миллион лира фоидаи солона ба гуфтан намеарзад. Ва банда фақат барои ин ки давлат андозе аз ин амлок ба даст биёрад, ин заминҳоро чанд сол пеш бо маблағи ночизе харида будам... Ҳоло, ки бахт ёрӣ карду қимати онҳо чандин баробар зиёд шудааст, ин албатта гуноҳи ман нест.

Ин ибтикорҳо боиси зиёд шудани сармояи кишвар ва обрӯи мамлакат мешавад ва давлат ҳам бидуни ин ки пуле харҷ кунад, миллионҳо ба сарвати миллӣ ва иқтисодиёти мамлакат меафзояд. Масалан, сохтмоне, ки ман дар Усмонбек дорам, муомилааш як шоҳкори бузурги иқтисодӣ аст. Соҳиби пештараи он, ки яке аз тоҷирони бузург ва обрӯманд буд, барои зиндагию обрӯяш мадюни ман аст. Вай дучори муфлисӣ шуд ва ман ин сохтмони панҷтабақаиро бо саду шаст ҳазор лира харида будам... Вай бо ин пул ба корҳояш сару сурат дод. Худованд ҳам чун бо бандагонаш назари мусодиат дорад, кумак кард ва нархи ин сохтмон ҳоло бештар аз панҷсад ҳазор лира аст. Тасаввур кунед, ки  чӣ қадар муомилаи хубу фоиданоке буд. Аммо ҳайф, ки ман ҳам онро аз даст додам ва соли гузашта онро ба домодам бахшидам.

Агар ҳар як аз муомилоти маро нигоҳ кунед, ҳатман як сабаби иҷтимоӣ дорад ва манзури ман аз ин муомилот хидмат ба кишвар будааст, валлоҳ сабаби дигар надорад.

Ман панҷоҳ-шаст қитъа заминҳои атрофи Дарданелро харидам. Иллати аслии хариди заминҳо ин буд, ки ба таври махфиёна хабар ёфтам, ки намояндагони давлат ва муҳандисини марбута наметавонанд тасмим бигиранд, ки пояҳои пулро дар куҷо бигузоранд. Ба ҳамин ҷиҳат банда бо фидокории беназире тамоми заминҳои атрофро, ки мумкин буд пояҳои пулро дар онҷо бисозанд, харидорӣ кардам. Мутамаин будам нақшаро ҳар қадар иваз кунанд, билохира яке аз ин заминҳо дар масири роҳ воқеъ мешавад ва қиммати он сад дар сад зиёд мешавад. Дар куҷои дунё ин кор ҷурм аст!? Ин далели пешгӯӣ ва нубуғи банда аст. Ҳар кас ба ин фикр мухолиф бошад мусалламан ақли дуруст надорад....

Бақияи амвол ва сохтмонҳоеро, ки дар рӯйхати амлоку дороии ман навиштаанд моли худам нест, зеро ба иллати дурустиву амонате, ки дар корҳоям дорам, мардум идораи амволашонро ихтиёрӣ ба ман супурдаанд ва ҳатто иддае бо сармояи кам маро дар амволашон шарик мекунанд...

Масалан, духтари калониам Шукрон чанд то сохтмон дорад, ки бо ҳам шарик ҳастем. Духтари дигарам Муалло як деҳаи калон ва се корвонсаро дорад, ки фақат ҳуҷҷатҳо ба номи вай мебошанд, валло суду зиёни он моли банда аст.

Чизҳои дигарро агар ном набарем ҳам беҳтар аст. Аслан ин суҳбат сабаби саргиҷии одам мешавад.

Ҳар қадар сарвати одамони мамлакат бештар бошад ва сатҳи зиндагии мардум болотар биравад боиси ифтихори мост. Ман орзу мекунам ҳамаи мардум ба андозаи ман пул дошта бошанд, зеро ҳар қадар мизони сарвату амлоки ашхос бештар шавад ба мамлакат ва ватанашон зиёдтар алоқаманд мешаванд.

Таассуф мехӯрам, ки бароям умри зиёде боқӣ намондааст то дилбастагӣ ва алоқаамро ба ватанам ба охирин дараҷа бирасонам ва таърих номи маро ҷузъи ватанпарастони ҳақиқӣ ёд кунад.

Ман ҳоло рӯзу шаб бо сохтмони биноҳо ва иншооти бузург ва обрӯманд дар хиёбонҳои муҳим, дар фикри ободии кишвар ҳастам ва доим барои осоиш ва рифоҳи иҷоранишинонам мекӯшам. Ҳар сол хӯроки ҳазорон нафарро аз заминҳоям ба даст меоварам ва ба бозорҳо мерасонам то мардум дар тангдастӣ ба сар набаранд.

Бубинед дар ин синну сол идораи ин корҳо чӣ қадар мушкил аст ва одам чӣ қадар бояд азоб бикашад то ҳисобу китоби даромаду ҳазинаҳоро ҷур кунад. Дар чунин ҳол рӯзномаҳо бо камоли беинсофӣ ба одам туҳмат мезананд ва номи неки чандин солаамро лаккадор мекунанд. Шуморо ба худо, магар ин аз рӯи виҷдон аст!?

Таҳияи   Мирзошоҳ ВАТАНШОҲ  

(Аз китоби Шоҳкори Азиз Несин,

"Подош охири сол", Теҳрон, "Фурӯғӣ", соли 1350)

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97