"Шерафган" дар "ҷангалистон"

Фарҳанг ва адаб 23.11.2012 14:11

Намоишнома барои кӯдакон ва ҳам калонсолон

TeatrАз рӯи асари "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Румӣ, бо шукуҳу шакли ҷадид дар таҳияи коргардони театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Нуриддини Ҷаронӣ аз рӯи асари Қиёмиддин Сатторӣ барои наврасон намоишномаи наве рӯи саҳнаи тоҷик омад. Ин намоишномаро метавон на танҳо дастоварди театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, балки фарҳангу ҳунари тоҷик арзёбӣ намуд, зеро тавассути осори ниёгон инъикос намудани воқеияти замон бо фарогирии доираи хеле васеи мавзуъҳои муҳимми рӯз, бешубҳа саҳми ҳунар, фарҳанги тоҷик дар тамаддуни имрӯзист. Чунин арҷгузорӣ дар интихоби мавзуъ аз ҷониби роҳбарияти театр ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шаклҳои қобили таваҷҷуҳи бахусус мухлисони театр таҳия ва ба саҳна гузошта шудани намоишнома сазовори таҳсин аст.

Сарнагун шудани Шери золим ва табли шодӣ

Дар ин намоишнома мавҷудияти тазодҳои зиндагӣ, ҳамчун қонуниятҳои табиат, зарурати ҳал, аммо бе талошварзиву саъю кушиш имкон надоштани ҳалли онҳо инъикос мегардад. Масалан, шер ҳангоми гуфтушунид бо "аҳли ҷангалистон" ба золим номидани худ эътироз карда мегӯяд, ки агар ӯ золим аст, пас аҳли ҷангалистон аз шер дида золимтаранд, зеро онҳо аз сабзазору дарахтзор на танҳо мехӯранд, балки онро помол мекунанд. Аммо Шер шабҳангом ё рӯзҳангом аз паси сайд медаваду заҳмат кашида, луқмаашро ба даст меорад. Дар ин ҷо мусбияти дигаре дар меҳнаткашӣ, аммо дар образи манфӣ, яъне шер дида мешавад. Аз як ҷониб меҳнат амали наҷиби барои ҳар фард ва ҷомеа зарур, аз ҷониби дигар мақсади амал, ниҳояти он ба маҳрумияти як ҷони зинда равона шудааст. Тавре мебинем ин ҷо воқеият, қонунияти зиндагӣ инъикос гардидааст. Дар аввал суханҳои шер оқилонаанд, на золимона меҳнат, кору фаъолият, яъне ҳамчун унсури ҳаёти солим, тарбияи эстетикӣ зимни эътирози шер барои хароб кардани табиати зинда аз тарафи аҳли ҷангалистон. Бо вуҷуди ҳамаи ин шер золим аст, зеро қасди ҳар ҷони зиндаро дорад ва ҳангоми ба чоҳ сарозер шуданаш ҳам "аҳли ҷангалистон" ва ҳам мухлисони хурдсолро шодиву хурсандӣ фарогир мешавад. Дар ин қисмат ба як нуқтаи дигаре низ бояд ишора кард. Тавре шер аз "аҳли ҷангалистон" барои помол кардану вайрон кардани муҳити зинда ишора мекунад, воқеияти ҳаёти имрӯзи ҷомеа ба мушоҳида мерасад. Масъалаи аввал, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин ҳифзи муҳити зист мебошад. Паҳлӯи дигари масъала ин аз ҷониби образҳои мусбат - "аҳли ҷангалистон"  помолу валангор кардани табиати зинда, яъне вайрон кардани муҳити зист аст, ки тавре медонем, дар ҳаёти воқеӣ низ муҳити зист аз тарафи ҷомеа, ҳатто дар аксар маврид доираҳои на харобкор вайрон карда мешавад, аммо ин хислати ноҷо барои худи онҳо номаълум мемонад. Баъдан, хислати ноҷо дар ҳар шахси золиму мазлум мавҷуд буда, пас ҳар фард барои ислоҳи он дар фитрати худ ниёз дорад. Ин мавзуъ дар охири намоишнома возеҳтар ифода гардидааст, ки мо низ дар анҷоми мақола ба он ишора хоҳем кард.

Рӯбоҳ низ метавонад бад набошад

Яке аз роҳҳои саъю кӯшиш ва талошварзиҳо миёнҷигарӣ миёни ҷонибҳои ба ҳам муқобил буда, гуфтушунид-муколама дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода шудааст ва тавре медонем, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он ниёзманд аст. Аз хурдсолӣ мутаваҷҷеҳ намудани наврасон ба муколама хеле муҳим буда, дар намоишнома васеътар фаро гирифтани ин лаҳза шояд беҳтар мебуд. Нақши миёнҷигарӣ дар ин намоишнома ба рӯбоҳ вогузор гардида, коргардон аз ин тариқ ҳайсияти рӯбоҳро мусбат ифода намудааст, ки чунин ҳолат дар адабиёт ва саҳна нодир мебошад. Рӯбоҳ дар ин ҷо кӯшиши фиреб кардани ҳич ҷонибро надошта, нируи ақлониву зеҳнии худро баҳри ба ифоқа овардани ҷонибҳо истифода мекунад. Ин баёнгари он аст, ки дарёфт ва имконияти ба манфиати умум равона намудани паҳлуҳои мусбии образи одатан манфӣ мавҷуд буда, равона кардани он баҳри бунёди фазои солим чӣ дар доираи минтақаву ҷаҳонӣ ба инсоният метавонад даст диҳад, албатта дар ҳолати адами ғарази сиёсӣ ва дигаре. 

Харгӯши посбону оҳуи ҳавасбоз

Дар намоишнома зарурати зиракии афроди ҷомеа ва паёмадҳои ногувор дар натиҷаи бетаваҷҷуҳӣ ба он ба хубӣ инъикос гардидаанд. Чун харгӯши наврасу доно ҳангоми сайр, чаридану давидани "аҳли ҷангалистон" посбон таъин мешавад, ҳушёру зиракона вазифаи худро анҷом медиҳад, худ ва аҳли ҷангалистонро аз шер наҷот медиҳад. Аммо оҳуи таннозу ҳаваспарвар ва ҳарчанд писароҳу аст (мисли аксари наврасони имрӯза), аҳли ҷангалистонро дар ташвиш гузошта, худро  ба чанголи шер медиҳад. Дар ин ҷо лаҳзаи ба оҳуи танноз ва хислатҳои номувофиқи ӯ вобаста буда, аммо ба ҷавонон сирояткардаи мисли телефонбозӣ ва ғайраро васеътар таҷассум намудан имкон дошт, ки ин лаҳзаро метавонист муассиртар гардонад то, ки чунин наврасон дар нақши ин оҳу худро дида метавонистанд.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар намоишнома ин камоли қобилияти фикрронӣ буда, як харгӯшаки кӯчак фикр карданро аз "аҳли ҷангалистон" дархост менамояд. Ҳикмате ҳаст, ки "соате дар бораи офаридаҳои Худованд фикр кардан беҳтар аз ҳазор ракъат намози нафл хондан аст". Хеле таассуфангез аст, ки тафаккур дар корҳои ҳаёти ҷомеа хеле ва ниҳоят коҳиш ёфтааст, ки ин зуҳурот дар намоишнома барҷаста инъикос мегардад. Вақте харгӯшак "аҳли ҷангалистон"-ро ба фикр кардан даъват мекунад, онҳо ба ҳадде аз ин даъват тааҷҷуб мекунанд ва ҳатто лаҳзае нагузашта аз ин даъват фаромуш мекунанд, ки гӯё онро аввалин бор шунидаанд. Сар кӯфтану молидани харгӯшак ба замин ба ҳадди ниҳоят шах будани мафкураи "аҳли ҷангалистон"- ро ифода месозад, ки воқеан хеле ҷолиб дар намоишнома инъикос ёфтааст. Аммо харгӯши пир фикр карданро лозим надониста, ба тақдир тан доданро ҷонибдор аст. Аммо танҳо иддаи каме  аз аҳли ҷангалистон фикр ронда, дигарон вонамуд мекунанд, ки гӯё фикр доранд, ки чунин зуҳуротро низ имрӯзҳо метавон мушоҳида кард.

Масъалаи дигар бисёр маҳдуд пазируфтани мафҳуми тақдир мебошад, ки ғолибан ба харгӯши пир тааллуқ дошта, "аҳли ҷангалистонро" аз саъю талошварзӣ, кору фаъолият боздоштанӣ мешавад. Танҳо бо иқдому ташаббускориҳои харгӯши кӯчаку доно "аҳли ҷангалистон" дар кори худ каме фаъол мешаванд.

Шерафган кист?

Ҳолати дигари намоишнома бадали қаҳрамонони асосӣ мебошад, шабеҳи қиссаҳои Агата Кристи, ки қаҳрамони марказӣ ё ҷинояткор (амали ҷинояткорӣ) дар охир зоҳир ва ё ифшо мегардад. Дар ибтидои намоишнома нақши оҳуву харгӯши пир бориз буда, аммо қариб дар охири намоишнома қаҳрамони асосӣ бо нақши муассири худ зуҳур мегардад, ки чӣ мақсад ва чӣ номи намоишнома - "Шерафган" маҳз дар он инъикос мегардад.  Ва аз ҳама муҳим харгӯши кӯчак, чун навраси ба тарзи наву муосир андешарон ва бар консерватизм афзал (аммо дар доираи қоимият ба эҳтиром нисбат ба калонсолон) ба ҳалли мушкилот даст меёбад.

Мантиқ ва фалсафаи намоишномаро ҷамъбаст намуда, як масъаларо ин ҷо матраҳ кардан ба маврид мебуд. Дар намоишнома образҳои манфӣ ва мусбат ҷо дода шуда, аммо ҳич яке аз онҳо ба ҳадди мутлақ расонида намешаванд. Образҳои манфӣ нақш ё фикрҳои мусбӣ низ доранд. Дар навбати худ образҳои мусбат корҳоеро анҷом медиҳанд, ки онҳо манфианд, аммо бо одат кардан, дурустараш табиатан сироят кардани ҳолатҳои манфӣ аз назари худи онҳо пинҳон мондааст. Аз ҳама возеҳтар радди итлоқ (мутлақият) аз ҷониби харгӯш ҳангоми дастболо шудани ӯ ва "аҳли ҷангалистон" бар шер аён мегардад.

Аз таърих маълум аст, ки ғолиб ҳама вақт аз ғалабаи худ мағрур мешуду то ҳадде ҳатто бештар золим, ки ин ҳолатҳо то имрӯз, бахусус аз ҷониби давлатҳои абарқудрат нисбат ба кишвару халқиятҳои кӯчактар аён мегардад. Аммо харгӯш баръакс, на мағрур мешаваду на мутакаббир, балки ба саркӯбии кибру ғурури худ ва "аҳли ҷангалистон" иқдом менамояд. Ин ҷо фалсафаи эътидоли Мавлоно,  яъне на ифрот ва на тафритро дидан мумкин аст, ки ҷаҳони муосири пурмоҷаро аз ҳаррӯза дида ба он ниёзманд мебошад.

Давоми мантиқии фалсафаи эътидол, бахусус саркӯб кардани кибру ғурур дар ҳолати даст боло буданро ба ниқобе, ки болои саҳна гузошта шудааст, алоқаманд кардан ба маврид аст. Тавре харгӯш дастболо шудани худро аз ақлу ҳуш маънидод карду аз ин рӯ фурсате хушу хурсандист, аммо барои пешгирӣ аз ифрот дар шодиву сурур ва ғолиб дидани худ ӯ зуд ба худшиносӣ руҷуъ мекунад ва шикастани хасми дарунро чораи кор барои манфиати умум мебинад:

Эй шаҳон куштем мо хасми бурун,

Монд хасме з-он батар дар андарун.

Куштани он кори ақлу ҳуш нест,

Шери ботин сухраи харгӯш нест.

Агарчӣ бо ин қадар тадбир иштироки фаъолона ва ғайрифаъолонаи "аҳли ҷангалистон" хасми бурун кушта шуд, харгӯш ишора ба хасми дарун мекунад ва таъкид мекунад, ки илоҷи халосӣ ёфтан аз он ва ба шери ботин ва ё камол расидан кори як харгӯш наметавонад бошад, балки кори дастаҷамъона буда, муттаҳид кардани ниру, ҳамроҳ бо муҳаббату дӯстӣ метавон хасми дарунро шикаст ва ба шери ботин расид, яъне мубориза зидди кибру ғурур, ҳасудӣ, ҳамдигарфиребӣ идома хоҳад дошт, ки ҳамаи он дар шакли ниқоб бо хандаву истеҳзо ба аҳли ҷангалистон ба ибораи "ҳоло хоҳем дид, кӣ киро" назар меандозад ва маҳз ин ҷо намоишнома ба охир мерасад.

Ниқобе, ки болои саҳна гузошта, оғозу анҷоми намоишнома ба он рабт дода шудааст, аз бозёфтҳои ҷолиби рассом ва коргардон мебошад.

Андар пушти ниқоб

 Дар намоишнома яке аз нақшаҳои асосӣ - шерро ҳунарпешаи шинохта (мутаассифона беунвон) Муҳаммадалӣ Муҳаммадиев хеле ҷолиб офаридааст, ки то ин вақт ӯро дар нақши ҷинояткор, сардори даста, милиса ва ғ. дида будем, аммо аввалин бор ӯро дар чунин нақш мебинем ва ба хулосае меоем, ки ин ҳунарпеша воқеан ҳар нақши худро бо маҳорати баланд бо ворид шудан ба он образ иҷро мекунад, нақши шер бахусус ҷолиб аст.

Нақши рӯбоҳро ҳунарпеша Мастура Ортиқова иҷро намуда, ба он гунае, ки тамошочӣ пас аз дидани ин нақш ба рӯбоҳ бо таваҷҷуҳи хос мехоҳад муносибат намояд. Агар аз як ҷониб образи рӯбоҳ ба намоишнома мусбат аст, аз ҷониби дигар, ки табиатан эҳсоси ҳар фард нисбат ба рӯбоҳ манфӣ буда, дар нақшофаринӣ низ он бояд таъсир дошта бошад, аммо маҳз дар ҳамин шакли дар намоишнома барои рӯбоҳ муайяншуда ҳунарпеша ба образ ворид шуда тавонистааст.

Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров нақши оҳукалонро, ки низ яке аз нақшҳои асосии намоишнома ба ҳисоб меравад, хеле хуб бозидааст. Ҳаракатҳои бамаврид ва ба оҳу воқеан шабеҳ, бахусус тамошочии хурдсолро ба ваҷд меорад.

Дар нақши харгӯши пир ба саҳна баромадани яке аз ҳунарварони собиқадор - ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Турсунова, ки дар театр ва кинои тоҷик чандин нақшро офаридааст, қариб ки ғайриинтизор мебошад. Иҷрои ин нақш баёнгари он аст, ки ҳунарпеша аз уҳдаи чӣ нақшҳои ҷиддӣ, драмавӣ, мазҳака ва нақшҳое барои наврасон баромада метавонад.

Шуҷоат Ҷамолиддинов аз аввали намоишнома дар нақши харгӯш бо хислатҳои нек- ҳушёрӣ, зиракиву чаққонӣ, ҳамзамон тавре дар боло қайд шуд донишмандиву хирадмандӣ бо эҳтиром ба калонсолон, бе манманӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллии мо буда, солҳои охир он хеле коҳиш ёфтааст, фарқ мекунад. Инро ҳам аз комёбиҳое номидан мумкин аст, ки коргардон ба он ноил гардидааст.

Умуман тамоми нақшҳо аз тарафи ҳунарпешагони дигар хеле бомаҳорат иҷро шудаанд, ҳамчун занҷираи пайванди як намоишномаи комил, ки дар сурати холӣ мондани ҷойи яке аз нақшофарандагон ва ё лаҳзаҳои намоишнома имкони гусастан ва пайдарпайии он халалдор шудан дорад. Инро аз муваффақиятҳои барҷастаи коргардон метавон маънидод кард.

Комёбии дигари коргардон ба таври ҷудогона кор бурдани ӯ бо ҳар як ҳунарпеша мебошад. Масалан, ҳангоми гуфтушунид барои ҳар ҳафта ба шер бахшидани оҳу ва харгӯш бо гирифтани номи оҳу яке аз оҳувон чунон табиӣ сар меҷунбонад, ки гӯё навбати туъмаи шер шудани ӯ фаро расидааст.

"Шерафган" - намоишномаи мусиқӣ барои наврасон буда, мусиқии онро арбоби ҳунари Тоҷикистон Қудратулло Яҳёев бо истифода аз шеърҳои Н. Ҷаронӣ офаридааст, ки аз тарафи тамошочиён хеле хуб қабул карда мешавад. Ороиши саҳна аз тарафи саррассоми театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Нина Панова анҷом дода шуда, дар шаклест, ки дар дигар намоишнома ба назар нарасидааст ва хеле ҷолиб аст.

Албатта барои мутахассисони соҳа возеҳтар бояд бошад, аммо чунин ба мушоҳида мерасад, ки коргардон, рассом, оҳангсоз, ҳунарпешагони театр он қадар дар алоқамандии ба ҳам пайванд кор бурдаанд, ки ҳамчун дастагул дар дасти саррежисёри театр И. Машрабов қарор гирифтаанд, зеро тавре дар боло қайд кардем, на танҳо дар интихоби асар, балки сарҷамъ овардани мутахассиси бомаҳорати ҳар соҳа аз ташкили кор вобастааст, ки он дар зиммаи саркоргардон вогузор аст.

Мулоҳизае дорем, ки дар саҳна агар қисман куҳсор бо обҳои мусаффо, ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, захираи ниру, ки "аҳли ҷангалистон" сокин ва ҳомии он мебошанд ва ҳаёту мамоти онҳо бо ҳамин марзу сарзамин вобастабуда инъикос мегардид, шояд боз ҳам беҳтар мебуд.

Баъдан, лаҳзаи гузариши ҳолати фалсафӣ - саркӯб кардани хасми дарун ва расидан ба шери ботин - ба ҳолати хурсандии аҳли ҷангалистон ба шарҳи каме шояд ниёз дорад.

Дар маҷмуъ аз ҷиҳати мусиқӣ, саҳнаороӣ, нақшофаринӣ намоишнома хеле ҷолиб буда, кормандони театр ба тамошочӣ туҳфаи беҳтаринеро эҳдо намудаанд.

Қариб дар ҳар қисмати намоишнома мавзуъеро пайдо кардан мумкин аст, ки он аз воқеияти имрӯз даъватҳои роҳбари давлат дар таълиму тарбияи насли наврас, умуман ҷомеа бармеояд. Бо назардошти фикрҳои баёншуда намоишномаро асари тарбиявии беҳтарин ва ҳадяи шоиста барои наврасон, донишомӯзони макотиб аст, ки Вазорати маориф метавонад аз он хеле васеъ истифода намояд.

Абдурауф Ҷӯраев,

муҳаққиқи тоҷик

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97