15-умин меваи умри Ҳошим Гадо- нобиғаи ҳунари тоҷик

Фарҳанг ва адаб 15.11.2012 15:28

hoshim_gado*Тақдири ҳунарпешагии ман аз қадамҳои нахуст дар дунёи ҳунар оғоз шуд, ман бо фантазия, хаёлпардозиҳо, муаллимони бузурги худро дар ҳайрат гузоштам, моту маҳбут намудам, бубахшед маро, валекин ман он қавоиди ҳунарро, ки солҳои мадид ҳамчун анъана роиҷ буд, шикастам.

Ман дар олами ҳунар радкунандаи бисёр назарияҳо будам. Барои инсоният ҳунар мисли ҳаво зарур аст. Ман дар дунёи ҳунар бисёр одами ҷасур ва бебок будам. Бо сабурии беш аз ҳад, нируи худ ва худро ҳам дареғ надошта, барои бозидани нақшҳо, образҳои такрорнашандаи худро сохтам ва офаридам. Ин ҳунари ғанӣ аз таҷрубаи ҷустуҷӯҳо ва озмоишҳои мухталиф маншаъ мегирад.

Ҳошим Гадо

Устоди нобиға Ҳошим Гадо имрӯзҳо ҷилди 15 - уми китоби нави хеш, "Хотираҳо"- ро, ки қобили эътимоди бештар ба худаш аст, ба чоп расонид.

Мегӯянд ҳар инсоне дорои таърихи хеш аст, ки дар он метавонад то абад зиндагӣ намояд. Вале эътирофи як чиз барои ҳамаи мо зарурӣ аст; аз он ки мо дар дунё зода шудем, ин аз худ сохтани Одам аст ва маҳз суханҳои таърих ба инсоният бармегарданд.

Замоне фаро расид ва Ҳошим Гадо, он чиро, ки рӯзу шабҳо ва солҳо дар руҳу ҷонаш булуғ мекард, ба ин қарор расид, ки рӯи чоп биёварад.

Ин меваҳои мақсуд солҳои мадиде ҳосили худро ба бор оварданд. Шабҳои дарози бехобӣ, Ҳошим Гадо дар ҳоле ки сар болои дафтару китоб хам намуда, ин ёддоштҳоро рӯи коғаз овард. Ӯ ин хотиротро ҳамчун дӯсти наздик ба ақида, андеша, ва тафаккури худ бовар мекард. Ӯ аз саҳнагузориҳои беҳунаронаи намоишномаҳо ғаму ғусса мехӯрд ва хешро руҳан азоб медод. Эътирози худро нисбат ба ғайрикасбӣ иҷро намудани нақшҳо ба ҳамкасбонаш бо нигоҳи хеш баён менамуд. Бо худ ва бо адабиёти бузурги классикӣ ва ҳунар баҳс менамуд. Андешаашро нисбати касе, ки дар бозии нақшҳо ба ӯ писанд меомад, навишта мекард.

Ин навиштаҳои ниҳоят дақиқ ва борикбинона барои ҳунарпешаҳои насли ҷавон ҳамчун як китоби методии дарсӣ ва санҷидашуда мебошад. Ин ҷо ба таври муфассал роҷеъ бар он ки ҳунарпеша чи гуна бо худ ва бо бадани худ кор бигирад, навишта шудааст. Худро рӯи саҳна чи гуна бояд ба намоиш гузошт, ин ҳама бо таври муфассал зикр ёфтааст, ки на танҳо ҳунарпешагон, балки хонандаи оддӣ ҳам баъди хондани ин китоб, вижагиҳои кори ҳунарпешагиро хоҳад омӯхт.

15 -умин меваи умри устод Ҳошим Гадоро барои ворисони дунёи ҳунар муборакбод мегӯем!

*Ҳаёти ман, ҳар як нақши ман ин, "будан ва ё набудан" аст. Ҳар як тавлид ва эҷод - "будан ва ё набудан",  ҳар замон дар ҳоли маргу зиндагӣ буд, ҳар соат ва ҳар нафаси ман ин, "будан ва ё набудан" аст. Бисёриҳо бар инанд, ки ман нобиғаи бузургам. На, ман нобиға нестам, ман заҳматкаши бузургам! Дар панҷ соли таҳсил шумо дар ҳунари актёрӣ устод нахоҳед шуд. Ҳунарро тамоми ҳаёт бояд ҷуст!      

Ҳошим Гадо

Л. Жданова ,

муҳаррири китоби «Хотираҳо»-и ҳ.Гадо

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97