Ҳасрати "Бақлашка" ба Чойник

Фарҳанг ва адаб 18.10.2012 16:45

( Фелемасхара)

baqlashkaАхиран Парлумон барои Бақлашка ба лоиҳаи буҷаи соли 2013 тағйирот даровард. Тибқи омори муҳосибон аз ҳисоби фурӯши Бақлашка дар соли 2013 боз чанд миллион доллар даромади соф ба даст меояд.

Аҳолии тамоми кишвар ҳатто кормандони давлатӣ низ ба ҷамъоварии Бақлашка сафарбар шуданд. Дар вилояти Гулистон аз ҳар гектар 500 адад бақлашка чинда шуд. Дар маъракаи бақлашкачинӣ имсол донишҷӯён ҷалб нашуданд. Бонкҳои кишвар ба шӯр омаданд. Акнун аз Русия муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷои пул Бақлашка мефиристонанд. Дар бозорҳои шаҳр нуқтаҳои қабули бақлашка шабу рӯз кор мекарданд. Тулфорбек аз Хитой ба падараш занг зада пул фиристоданӣ буд.

-Не бачам, пул даркор не, агар имкон бошад, сад адад бақлашка фиристонед!

-Дадо, бақлашкаи куҳнаро чи кор мекунӣ?

-Бачам, ҳоли бақлашка қимматтарин моли кишвар аст.

-Чӣ оби Сарезро ба фурӯш бароварданд?

-Не ҷонам, як сол боз дар кишвар як олими машҳур усули бо Бақлашкаи куҳна табобатро ихтироъ карда буд. Ҳоло ҳамаи мардум дар Бақлашка оби гарм андохта худро табобат мекунанд. Ин ихтироъкорӣ чун тарҳи автомати Калашников, пулемёти Сечин дар маҳбасхонаи рақами 1 кашф гардид.

- Падарҷон, барои ин кашфиёт ихтироъкор бояд ба ҷоизаи Нобелӣ пешниҳод шавад!

- Албатта, дина ҳамсояҳо гуфтанд, ки ба ин духтур ҳатман Даҳбелии дастадор медиҳанд.

Аҷибаш ҳамин, ки бақлашкаро Чойники куҳна ёфта будааст. Ана, саргузашти Чойникро гӯш кунед: Чойники куҳна дар партовгоҳ хаставу маҳзун мехобид. Ногоҳ болояш Бақлашка афтид. Чойник бо ғазаб бонг зад:

- Партови ифлос! Намемонӣ хоб равем?!

-Тоқат кун, холӣ ки шудӣ, ба ҳузур хоб меравӣ,- бо хашм дод зад Бақлашка.

- Худат аз кадом ҷинс, -пурсид Чойник.

- Ман аз оилаи Пластмассаҳои асл ҳастам. Авлодҳои ман хеле машҳур буданд. Ман аввал дар вазифаи баланд будам. Сари дастурхони сарварону шоҳон, вазирон будам. Обу шарбати маро нӯшида, маро ба ширфурӯш доданд. Ширфурӯш маро сари кӯчаҳо ба бензинфурӯш дод. Рӯзе бахтам хандид. Маро ба маҳбасхона бурданд.

- Чӣ, ту ҳам дар даргириҳои Хоруғ иштирок кардӣ?

- Не, дарунамро бо шарбат пур карда бурданд. Як духтури хирадманд дарунам оби ҷуш рехта, маҳбусонро табобат мекард. Баъди ин кашфиёт ман дубора машҳур гардидам. Тамоми кишвар маро мекофт. Лекин ноомади кор болои шуҳратам оби сард рехт. Ҳоло то мурофиаи додгоҳӣ дар партовгоҳ хоб меравам.

Чанде пеш боз бозори Бақлашка гарм шуд. Ин дафъа Бақлашка обрӯи Дарзмолро резонд. Мардум дар Бақлашка оби ҷӯш андохта, бемалол либосҳоро дарзмол мекунанд...

Бонка Кӯзазод

P.S. Агарчӣ дар чанд моҳи охир посухҳои хандазои масъулони ҳукуматӣ бозори хандабозорро дар кишвар гарм кардааст, ба мисли тири дайдуе, ки боиси қатъи алоқаи телефонӣ бо Бадахшон шуд ва ахиран истифодаи «бақлашка» дар тибби муосир дар маҳбаси №1-и пойтахт ҳазли "тири дайду"-ро бо як нӯл зад.

Ин дар ҳолест, ки хабарнигори "Миллат" барои посух ёфтан ба ин савол, ки "Оё «бақлашка» дар Тоҷикистон обзори тиббӣ маҳсуб меёбад ё не", хеле саргардон шуд.

Аз ҳама аҷибу ғарибаш ин аст, ки Фотима Ғоибова, сардори шуъбаи равобит бо ҷомеаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба хабарнигори "Миллат" гуфт, барои посух гуфтан ба ин суол бояд ба унвони Вазири тандурустии Тоҷикистон аз номи идораи нашрия нома фиристода шавад. Вақте хабарнигори "Миллат" гуфт, ки ин саволе нест, ки кирои сарфи вақти беҳуда ва навиштани номаро дошта боша два бояд мушаххас бошад, ки «бақлашка» обзори тиббӣ ҳаст ё не. Фотимабону аз дарси омӯхтаи ахираш дар як семинори НАНСМИТ мисол овард, ки китоби ин созмонро пеши даст дорад ва дар он ҷо возеҳ гуфта шудааст, ки барои посух гуфтан ба саволҳое, ки таҳқиқ мехоҳад, ҳатман бояд дархости хаттӣ пешниҳод шавад.

Аммо ин ки «бақлашка» асбоби тиббӣ аст ё не, ҳеч ниёзе ба таҳқиқ надорад, он ҳаст ё нест.

Ба ҳар сурат мо ба шаъни вазири муҳтарами тандурустӣ ҷаноби Салимов Нусратулло эб надидем, ки номае бо чунин мазмун ба унвонии онҳо бифиристем ва вақти қиммати онҳоро барои гузаронидани таҳқиқот дар бораи «бақлашка» сарф бисозем. Вале умедворем, ишон вақт хоҳанд ёфт касеро сухангӯи Вазорати тандурустӣ таъин бикунанд, ки на танҳо ба мантиқи суол сарфаҳм биравад, балки савод ва таҳсилоти тиббии умумӣ дошта бошад, ки худ битавонад, ба чунин саволҳои ҷузъӣ посухи ба маврид ва касбӣ бидиҳад.

Ба ҳар ҳол ин саволро ҳам боз мегузорем, ки аз Вазорати тандурустӣ касе ҳозир бишавад ба он посух бигуяд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97