Рӯнамоӣ аз китоби духтари ҷасури миллат

Фарҳанг ва адаб 14.10.2012 19:10

dukhtari_millatГулрухсори Сафӣ, шоири маъруф дар маҳфиле ба хотири рӯнамоӣ аз маҷмуаи мақолаҳои Бӯринисо Бердиева, рӯзноманигори шуҷоъ аз ӯ ба некӣ ёд карда гуфт:

"Ҳар касе ҳақ гӯяд, ӯро ҳеч касе дӯст намедорад. Бӯринисо шахсе буд, ки ҳамеша ҳақ мегуфт. Ва ман мегӯям, ки касе ӯро надид, дар зиндагиаш бисёр чизро гум кард. Ман фикр мекунам, ки бояд ба номи ӯ дар пойтахтамон кӯчае номгузорӣ шавад ва ҳамчунин ҷоизае ҳам ба номи ӯ таъсис шавад.

Бону Гулрухсор гуфт, ки боиси таассуф аст, ки Бӯринисо тез аз миён рафт, ин аз ноумедии замон буд, чун дар охири ҳаёт ҳеч касе дар паҳлуи ӯ намонд, танҳо бачаҳояш ҳамроҳ бо ӯ буданд. Афсӯс."

Маҳфили рӯнамоии китоби "Бузургбонуи матбуоти тоҷикӣ"(Ёдномаи Бӯринисо Бердиева), ки ба 85 - умин соли таваллуди ӯ бахшида шудааст, рӯзи 20-уми сентябр дар Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ дар толори ба номи устод Шарифҷон Ҳусейнзода баргузор гардид.

Пайванд Гулмуродзода аз гардонандагони маҳфил гуфт, ки аввалин  рӯзномаи мо "Бухорои Шариф" буд. Баъдан "Маориф ва маданият"  матбуоти моро тақвият дод, ки байрақбардори он Бӯринисо Бердиева буд. Ӯ гуфт, ки маҳз ҳамин рӯзнома тавонист барои аҳли адаб як роҳи фарохеро боз кунад, дар сафҳаҳои ин рӯзнома шеъру мақолаҳое аз бузургон чоп мешуданд, ки ҳамаи онҳо барои бедории мардум равона гардида буданд. Ба таъкиди ӯ нақши рӯзномаи Бӯринисо Бердиева дар бедории тоҷик бисёр бузург аст.

Дорои Дӯст мураттиби ин маҷмуъа ва аз кормандони собиқадори ин рӯзнома зимни муаррифии ин китоб гуфт, баҳогузорӣ ба онро ба хонанда вомегузорем. Мо вазифадор будем, ки як тафаккури миллӣ ба вуҷуд оварем ва иҷрои ин вазифа, хеле мушкил буд. 

Низорамо Зарипова, собиқ ходими давлатӣ ва сиёсӣ, ки бо Бӯринисо Бердиева солҳо ҳамкориву ҳамнишинӣ доштааст, бо изҳори ташаккур аз масъулини чопи ин маҷмуъи мақолот гуфт: "Ман бо Бӯринисо кор мекардам ва ҳамеша аз вай метарсидам, на танҳо ман, балки ҳамаи коргарҳо аз ӯ метарсиданд. Ӯ доим ҳақиқатро менавишт ва дар роҳи ҳақ мубориза мебурд ва ба ҳама чиз ҷиддӣ назар мекард. 23- сол дар ин рӯзнома кор кард ва дар ин муддат ҳеч касеро ҷойгузини ӯ накарданд".

Ӯ бо таъкид ба ҷавонон гуфт, ки журналистӣ кори осон нест ва бисёр пурталаб аст, барои журналист шудан бояд забони ширин дошта бошед ва аз ҳама пеш ба ин касб шавқ дошта бошед, ва дар ин ҷода кор карда тавонед. Бону Низорамоҳ аз журналистони ҷавон хоҳиш кард, ки тарзе кор кунед, ки номи шумо низ дар таърих боқӣ бимонад, ва ҳам аз ҳоли ҳамдигар бо хабар шавед, дасти ҳамдигаратонро гиред. Ҳамчуноне ки мо мекардем,-таъкид кард ӯ.

Баҳринисо, шоири дигари тоҷик, ки худро аз дӯстони Бӯринисо муаррифӣ кард, лаҳзаҳои ошноӣ бо ин бонуи ҷасурро ёддоварӣ карда, гуфт, ки ҳамроҳи ӯ зиёд ба театр мерафтаст, зеро Бӯринисо аз мунаққидони хуби намоишҳои театрӣ будааст.   Воқеан, хуш ба ҳоли оне, ки пас аз марг аз ӯ ба некӣ ёд кунанд.

Зиҳӣ духтари ҷасури миллат, Бӯринисо Берди-еваи гиромӣ!

Замира Сулаймонӣ «миллат»
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97