Фаридуни Ҷунайдӣ: Суханро намефурӯшанд

Фарҳанг ва адаб 29.09.2012 12:53

Вориси барҳақи Фирдавсӣ

Faridun_JunaydiФаридуни Ҷунайдӣ, фарзанди Бактоши Эронӣ, дар 20 фарвардини соли 1318-и хуршедӣ (соли 1939 милодӣ) дар кӯҳистони Риванди Нишопур зода шуд.

 

Дар соли 1358 "Бунёди Нишопур"- ро бунёд ниҳод ва акнун мудири ин Бунёд ва нашрияи "Балх" аст. Ӯ солҳо устоди донишгоҳҳои Санъатии Шариф, Теҳрон ва Кирмон будааст ва ба омӯзиши забонҳои бостон ва "Шоҳнома" мепардозад ва акнун низ ба сурати озод ва ройгон ба омӯзиши забонҳои паҳлавӣ ва авастоӣ ва баргузории анҷуманҳои Шоҳномахонӣ дар Бунёди Нишопур машғул аст.

Вай ҳамчунин беш аз 30 сол аз умри худро барои вироиши "Шоҳнома" сарф кардааст, то бино ба назари худ байтҳои афзудаи "Шоҳнома"- ро аз он ҷудо кунад ва ин нусхаи виростаи ӯ аз "Шоҳнома" дар 6 ҷилд 3 сол қабл мунташир шуд.

Бархе осори Фаридуни Ҷунайдӣ иборатанд аз:

- Номаи паҳлавонӣ (Худомӯзи хат ва забони паҳлавӣ, сосонӣ ва ашконӣ);

- Зиндагӣ ва муҳоҷирати Ориёиён бар пояи гуфторҳои эронӣ;

- Фарҳанги ҳазвориши паҳлавӣ;

- Достонҳои Рустами паҳлавон ( Маҷмуъаи ёздаҳҷилдӣ);

- Зарвон, санҷиши замон дар Эрони бостон (дар бораи муносибатҳои рӯзҳо ва моҳҳои сол дар Эрони бостон);

- Фазл бини Шодони Нишопурӣ ва набарди андешаҳо дар Эрони пас аз Ислом, чопи нахуст 1360;

- Нақши ҷонварон дар сухани Саъдӣ;

- Заминаи шинохти мусиқии Эрон;

- Корномаи Ибни Сино;

- Набарди андешаҳо дар Эрони пас аз Ислом;

- Фарҳанги ҳазворишҳои дабираи паҳлавӣ;

- Вироиши "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ (давраи шашҷилдӣ);

Сарпарастиҳо ва ҳамкориҳои пажуҳишӣ:

- Фарҳанги вожаҳои Авасто (авастоӣ-паҳлавӣ-форсӣ-англисӣ)-Эҳсони Аҳромӣ, Фаридуни Ҷунайдӣ;

- Фарҳанги Безуӣ, Бародарон Мазриъатӣ, бо пешгуфтор ва ёварии Фаридуни Ҷунайдӣ;

- Вожаномаи Румону, Шералӣ Теҳронизодаи Қучонӣ, бо пешгуфтор ва ёварии Фаридуни Ҷунайдӣ;

- Вожаномаи Роҷӣ( Гӯиши Дилиҷон), Ҳусайни Сафарӣ, бо пешгуфтор ва ёварии Фаридуни Ҷунайдӣ;

- Номаи фарҳанги Эрон (дафтари якум, дуюм ва сеюм), гирдоварии Фаридуни Ҷунайдӣ;

Устод Ҷунайдӣ ба ҷуз баргузории давраҳои доимии омӯзиши забонҳои куҳани форсӣ ва маҳофили шоҳномахонӣ ҳамчунин дар матбуот ва расонаҳои савтию тасвирӣ ва мактуб мисли кӯҳ аз асолати забону фарҳанги форсӣ ва арзишҳои волою болои он ҳимоят ва дифоъ мекунад. Устод аҳли риё ва тамаъ нест ва ҳиммати баланд дорад. Ҳар тоҷику афғоне, ки ба "Бунёди Нишопур" дар Теҳрон ворид мешавад, Устод албатта қабулаш мекунад ва аз вазъи Тоҷикистону форсизабонони Вароруд бо ҳарорат мепурсад. Вақте мо ҳам аз Булвори Кишоварзи Теҳрон ба кӯчаи Ҷалолия расидем, фурӯшандаи мағозаи китоб гуфт:  «Бунёди Нишопур инҷост, вале устод зоҳиран клос дорад».

Ба сохтмони соддаи қадимӣ ворид шудем ва дидем Устод дар тахтаи синф вожаеро навишта ва дар мавриди сайри таърихии он ба шогирдон шарҳу тафсир медиҳад. Лаҳзае чашми устод ба мо афтоду салом дод ва бо чеҳраи кушода боз пурсид, аз ...Тоҷикистонед? Гуфтем; бале! Устод моро ба ҳалқаи шогирдон, ки аз зану мард, ҷавону пир, эронию афғон иборат буданду рӯи сандалиҳо менишастанду менавиштанд, фаро хонд ва ба оғӯшамон кашиду канори худ дар минбар нишонд.

- Аз Самарқанду Бухоро чӣ хабар? Форсӣ дар чӣ ҳол аст?

Мувофиқи имкон иттилоъ ва огоҳие, ки дар ин замина доштем ва аз вазъи асафбори забон дар Узбакистон тавзеҳоти лозимро додем. Устод афсӯс хӯрду ханда аз лабаш гум шуд ва ба ёд овард; падарам гоҳе барои тиҷорат ба Самарқанд мерафтааст ва аз корвонсаройҳою бозорҳои ин шаҳри ифтихорофарин ҳикоят мекард. Сипас, аз шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, марди шариф ёд оварду аз охирин рӯзҳои бемории ин донишманд нақл кард ва бо таассуф гуфт, ки насиб набудааст, то пизишкон ҷарроҳиаш кунанд... дигар рафт, Худояш биёмурзад...

Устод барои мо аз "Шоҳнома" - и тозанашри 6 ҷилдиаш, тақдим намуд ва гуфт; ҳар касе аз Тоҷикистон ба Теҳрон меояд, нишонии Бунёдро барояш бидиҳед то аз ин китоб, ки рӯи он 30 сол кор кардаам, эҳдо намоям. Дар пушти сари устод акси ҷавони баландболои хандоне, ки миёни ҷодае истодааст, таваҷҷуҳамонро ҷалб намуд ва ба он нигоҳ кардем. Устод гоҳ ба мо ва гоҳ ба шогирдон нигариста "акси писарам Афшин аст, пизишк буд ва дар айни ҷавонӣ дори фониро падруд гуфт, равонаш шод..." гуфт ва дигар ҳарфе назад. Мо ба хотири онки ба захми эшон намак напошем, оҳиста берун рафтем ва ҳамкорони устод ба утоқи бағалӣ даъватамон намуданд, ки мунтазир бошем то клоси дарси устод ба поён бирасад.

Ҷолиб инки ҷаноби Ҷунайдӣ дар тамоми ин 30 сол ҳам дар дарсҳо ва ҳам дар суханронию сӯҳбатҳояш дар анҷуману радиову телевизион як қирон ҳам дарёфт накарда ва мегӯяд, ки суханро намефурӯшанд ва Худо, ки ба ман дода онро бояд ба дигарон омӯхт. Замоне, ки устод Тоҳири Абдуҷаббор ҳамроҳ бо духтараш барои мудово ба Теҳрон омада буд, беш аз 1 моҳ дар манзили Устод Ҷунайдӣ қарор дошт ва устод барои анҷоми табобату илоҷи дарди Тоҳир ҳамроҳ бо ӯ ба бемористонҳои Теҳрон рафта, пизишкони моҳирро ҷиҳати ин амр дар ҷараён гузошт, ки мутаассифона рӯзе, ки бояд амали ҷарроҳӣ анҷом мешуд, фишори устод Тоҳир поин наомад ва бо тани дардманд ба Ватан баргашт. Ин шикастро устод Ҷунайдӣ бо дард ба ёд меоварду афсӯс мехӯрд.

Устод омодагии худро ҷиҳати омӯзиши хат ва забонҳои авастоӣ барои алоқамандони тоҷик ва дигар минтақаҳои форсизабон эълом дошт ва бо дилсӯзӣ гуфт, ки дар мо мутахассисони ин ришта андак ва зиёд ҳам қавӣ нестанд, лизо муштоқон дар ин заминаро ба Бунёд фиристед, ман ройгон ин хатту забонро барояшон дарс медиҳам.

Устод дили дарё дорад ва дар ҳоле ки маъмулан косибу ҳунарманд аз парвардани шогирд зиёд хушашон намеояд ва ба қавле намехоҳанд нонашон нимта шавад, эшон баръакси онҳо мехоҳад шогирдони зиёд дошта бошад, ки пас аз ӯ роҳашро давом диҳанд.

Ҷунайдӣ дар мусоҳибае башиддат аз ҳазфи матнҳои адабиёти классикии Эрон ва бахусус "Шоҳнома" аз китобҳои дарсӣ ва ҷойгузинии онҳо бо осори имрӯзин интиқод кард ва ин корро дар ҳукми хиёнат ба кӯдакон ва ҷомеа донист. Вай ҳамчунин изҳор кард: Шадидан бо рӯйкардҳои нобехирадонае, ки бо саҳлангорӣ ва бетаваҷҷуҳии тамом даст дар китобҳои дарсӣ мебаранд ва мутуни фохирро аз онҳо берун мекашанд, мухолифам. Илова бар набуди тахассуси лозим дар ин ҳавзаҳо мутаассифона нигоҳи иштибоҳӣ ба "Шоҳнома" мешавад. Ба иборати дигар, гӯё бо "Шоҳнома" душманӣ доранд ва ба ғалат фикр мекунанд агар ба "Шоҳнома" баҳо бидиҳанд, бачаҳо ба самти ҷараёнҳои сиёсӣ, ҳамчун миллигароӣ мераванд.

Устод ба ёд меоварад; дар соли 1345 дар дарси таърихи фарҳанг доктор Исо Сиддиқӣ дар бораи авастохонӣ ва паҳлавихонии аврупоиён сухан мегуфт ва бо ситоиши беш аз андоза аз онон, суханро ба хондани сангнавиштаҳои Бесутун ба кӯшиши Ровлинсон кашонид ва бо чунон бузургдошт ва шӯру гармӣ аз кори ӯ ёд мекард, ки чашмонаш медурахшиданд ва гуфт: як аврупоӣ барои хондани сангнавиштаи эронӣ 30 сол замон ниҳод ва шумо, ки эронӣ ҳастед, оё ҳозиред барои кишвари худатон се сол аз умри худатонро бигузоред? Чун ин суханро гуфт, ангуштони дасти ростро дар ҷайби ҷалиқа ниҳод ва ба донишҷӯён пушт кард, то пушти миз бинишинад. Ман дар ин ҳангом бар пой хоста будам ва чун устод маро дид, ки истодаам, пурсид: Бале, оқо! - чунонки оини килосҳои ӯ буда, номи худам, клосам, риштаамро ёдовар шудам ва устод гуфт: Бифармоед. Ман низ бо гармое, ки аз ниҳоди ҷону равонам бархоста буд, гуфтам: Устод магар шумо он эрониёнро, ки сӣ сол бар сари кори пажуҳишӣ ҷону замон ниҳода бошанд, намешиносед? Магар Фирдавсӣ барои зинда нигоҳ доштани андеша ва фарҳанг ва забони эронӣ 30 сол замон наниҳод, боз он ки борҳо гуфта шудааст, ки нони ҷав низ бар суфра надоштааст? Магар Устод Деҳхудо беш аз сӣ сол замон бар сари фарҳанг наниҳод? Ҳанӯз, ки кафани Деҳхудо хушк нашудааст! Шумо ба ҷои онки ҷавононро барангезед то 30 ва 40 сол аз замони худро бар сари фарҳанги Эрон биниҳанд, ононро  кучак мешуморед, то дар худ нанг бубинанд ва худашонро дархуру шоистаи сарзаниш бишуморанд? Акнун барои он ки бидонед ҷавонони эронӣ 30 сол аз зиндагии худро бар сари фарҳанги Эрон мениҳанд, ҳамин ҷо ба шумо мегуям: Ман Фаридуни Ҷунайдӣ, ҷавони эронӣ, то поёни замони худ, зиндагии хешро дар роҳи пажӯҳиш дар фарҳанги Эрон хоҳам афшонд!

 "Бунёди Нишопур" дар ҳақиқат конуне бузург ва танҳо ҷойгоҳе барои эрониён, ки дар он ба гунаи илмӣ ва пажӯҳишӣ ба Эрон ва фарҳанги эронӣ пардохта мешавад. Танҳо ҷойгоҳе, ки ба ростӣ бо зиндагӣ ва сарнавишту саргузашти устод тавъамон аст.

Устод Ҷунайдӣ барои баҳамоии форсизабонон бо ҷон мекӯшад ва аз дил моя мегузорад. Ҳамаи минтақаҳои форсигӯй - ҳам  Хоразму Хуҷанду Хева ва ҳам Кобулу Бадахшону Ҳирот ва ҳам Марғелону Гелону Самангону Намангон...- ро сарзамини модарии хеш медонад ва миёни онҳо тафовут намегузорад, балки дилаш ба ёди так- таки ин гӯшаҳои ҷаннатосои сарзамини паҳновари форсӣ метапад.

Мо бо Устод хайрухуш мекунем ва дасти якдигарро ба умеди дидорҳои дубора мефишорем. Устод аз дарбачаи кучаки Бунёд берун меояд, то моро бадрақа намояд. Дур мешавем, қомати баланд ва чеҳраи бозу кушодааш то хамгашти гулгашти Кишварз дар ёди мо қуллаи Дамовандро муҷассам мекунад.

Бидруд,- аз он тараф садо меояд ва мо дар посух мегӯем; -дуруд.

Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад,

Шоҳмансури Шоҳмирзо,

аъзои Конфедератсияи байналмилалии Журналистон

Хуҷанд -Душанбе- Теҳрон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97