"Эшонпулӣ" ва "мулопулӣ"-ро барҳам диҳед!

Фарҳанг ва адаб 14.09.2012 14:26

mulloБаргузории намози иди Фитри имсол дар бархе шаҳрҳои Русия ва сафари эшонҳо ба ин кишвар дар чанд рӯзи охир ҳамзамон як масъаларо рӯшан кардааст. Табиист, ки ҳар масъала чанд буъд дорад ва аз ҷумла талошҳо барои ҳимоят ва густариши дину диёнат низ.

 Ҳоло эшонҳои муҳтарам, бародарон Тураҷонзодаҳо гуфтаанд, ки ҳадафи онҳо аз сафар ба Русия дар роҳи Худо аст ва ҳадафу ғаразу ангезаи дигаре ба ҷуз аз дидор ва насиҳат ба муҳоҷиронро надорад. Хеле иқдоми хуб аст, дар роҳи Худо. Эшони Нуриддинҷон дар нахустин мулоқоташ бо муҳоҷирон аз Путин ситоиш кард ва гуфт, ки ӯ озодиҳои фаровоне ба диндорон ва иҷрои суннатҳои динӣ додааст. Ҳоло роҷеъ ба ин ҳарф қазоват намекунем, фақат кофист, ёдовар шуд, ки дар суханронии ҳич рӯҳонии православии рус чунин мавзеъи бо сароҳатро нисбати раҳбарияти сиёсии он кишвар пайдо намекунед.

Дар бораи итоъат аз қонуни Русия ва ҳамоиш ёфтан ба он мардум ва он ҷомеъа, ҳоло дар ҳар автобусе, ки чор ришдори тоҷикро русҳо бубинанд, савори он намешаванд. Агар савор ҳам шаванд, дар курсие, ки ришдор нишастааст, намешинанд.

Дигар, ҳар рӯзи ҷумъа чандин метро дар чанд соати рӯз дар шаҳрҳои Русия кори худро мутаваққиф мекунад, муқассири он сокинони шаҳр тоҷиконро медонанд. Шумо мегӯед роҳи ҳалли ҳамин ду масъала кадом аст?  

Аз ин бигузарем, ҳоло ҳамин ҳарфе аз Эшони муҳтарам ҷалби таваҷҷуҳ кард, ки мегуфт, озодиҳои фаровон ба мусулмонон ҳукумати Путин додааст. Ҷолиб аст, бояд як амри табиӣ низ бошад, зеро Русия ба ҳар сурат худро ҷузъи фарҳанги урупоӣ медонад ва дар роҳи эъмори ҷомеъаи маданӣ қадам бар медорад ва мехоҳад ба ҷомеъаи Урупо ҳамоиш пайдо кунад. Ва дар чунин ҷомеъае озодиҳои маданӣ ва мазҳабӣ як амри табиист. Пештар аз ин ҳам дар расонаҳо ва аз забони тоҷикон мешунидем, ки ба ифтихор аз имомхатиб шудани тоҷикон дар масоҷиди Русия суҳбат мекарданд. Хеле хуб ва ҷолиб аст, агар тоҷикон ба ин андоза мавриди қабулу писанди мусулмонони дигари Русия қарор гирифта бошанд. Аммо ин масъала низ ҷой дорад, ки дину намозу масҷидро бархе аз ҳамватанони мо ба бизнесу пулҷамъкунӣ табдил кардаанд. Вақте баъди суханони ҳазрати Эшон ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ кардам, яке аз муҳоҷироне, ки тоза аз Русия баъди 8 сол бар гаштааст, гуфт "ҳоло бархе аз ин роҳ бизнес мекунанд, дар ҳар гушаву канора вайронаву кундораеро аренда мегиранду ягон касро имом мемонанду ҳадафашон ҷамъ кардани мардум дар рӯзҳои ҷумъа ва он ҳам барои холӣ кардани кисаҳояшон. Хулас, масҷиду намоз инҷо бизнесу манбаи даромади баъзеҳо шудааст".

Амали дигаре, ки дар ҳоли ривоҷ дар миёни муҳоҷирон аст, ин аз муҳоҷирон "муллопулӣ" ва "эшонпулӣ" ҷамъ кардани бархе аз ҳамватанони муҳоҷири мост. Бино ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ маҳал ба маҳал ҷудо шуда ва ҳар кадоме мулло ва эшони худро мепарастад ва барои он пул ҷамъ мекунанд ва мефиристанд ва баъзеяшон ҳамон ҷо ҳам ҳастанд. Як ҳамватани дигари мо, ки акнун шаҳрванди Русия аст ва дар сохторҳои он кишвар кор мекунад, мегӯяд, ба иттилоъи ӯ ба ҷуз аз бачаҳои Бадахшон ва Хуҷанд аксари бародарони дигар муллои хос доранд ва барои муллои худ пул ҷамъоварӣ мекунанд. Рӯзи маошгирӣ ҳамзамон рӯзи ҷамъ кардани муллопулӣ ва ҳазратпулист. Агар кадом хуҷандие ҳам, ки дар зери дасти ягон муллопараст кор кунад, маҷбур аст, агарчанд он мулло ва эшонро ҳам нашиносад, доляи ӯро аз маошаш бидиҳад. Албатта барои як нафар, бигузор ӯ рӯҳонӣ бошад, кумак кардан кори хубе аст, аммо чаро барои ҳазорон - ҳазор гирифтори мушкил дар Тоҷикистон ин гуна кумак ҷамъоварӣ намешавад? Мутаасифона, ин нишоне аз одампараст шудани бархе аз ҷавонони тоҷик аст. Мутмаинан касе, ки мулло ва эшон мепарастад, ба Худо коре надорад, ба исломи Ӯ низ.

Ин муллопарастҳо ба бархе ҳукуматдорони худ тақлид мекунанд, агар бигӯем иштибоҳ шояд набошад. Зеро касе ба ҳукумат дар чанд соли пеш пешниҳод дода буд, ки барои ҷалби назар ва ҳимояти муллоҳои калон ба чанд нафари онҳо мошин тӯҳфа шавад. Ва бархе аз тоҷирону сарватмандон аз номи мансабдорон ин корро ба таври ғайри расмӣ анҷом доданд. Чаро мулло бояд ба ивази инъом ва пешкаш вазифаи шаҳрвандии худ ва муҳимтар аз он масъулияти рӯҳонии худро дар назди Худои худ иҷро кунад?

Аз номаи Самадбег, як муҳоҷири дигар; "аз назди ман дар рӯзи намоз се бор гузаштанд пулчинако. Се бор пул партофтам, роҳи дигар набуд, барои он ки дар пеши мардум неудобный, баъд дар миёни инҳо фанатикҳо ва корчазано ҳам бисёранд, муридои муллоҳо". 

Аз нақли як муҳоҷири дигар, ки аз ӯ мепурсам, "чанд сӯмӣ месупоред ва оё дуруст аст, ки корчазану наркотикфурушҳо ҳам муридони муллоҳо ҳастанд?": "Ҳар хелай, кори касе омад карда бошад, то 1000 рубл месупора, аз мардуми оддӣ. Фанатои калон корошу омад кунад, калон - калон меспоран. Ба наздикӣ як сиёҳбизнес ба як муллои калона, бар ивази як дуо як мошини хориҷӣ туҳфа кард, мо ҳам шоҳид будем. Хай, мо ҳам даст ба дуо бардоштем".

Ҳамин аст, қисса. Ҳоло аз Эшонҳои азизу муҳтарам, хоҳиш ин аст, ки бо истифода аз фурсат ва мавқеъ ва эътиборе, ки дар миёни муҳоҷирон доранд, ҳамватанони худро дар Русия дар баробари итоъат аз қонун ва қавонини он кишвар, ба озодагӣ, ворастагӣ ва кори ҳалол низ ҳидоят кунанд. Ва бигӯянд, ки ҳаргиз муллопарастӣ накунед, Худоро парастед ва аз касе ҳам барои ҳич муллое пул ҷамъ наоваред. 

P.S: Иттифоқан, вақте ин матлаб омодаи чоп мешуд, дар саҳифаҳои интернет, навори мулоқоти бародарон, эшонҳои муҳтарам бо муҳоҷирони шаҳри Санк- Петербург рӯи сафҳа омад. Дар оғози ин мулоқот муҳтарам Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода суханронӣ ва бори дигар мардумро ба хештандорӣ ва итоъат аз қонунҳои Русия даъват мекунад. Ӯ аз ҷумла мегӯяд, ки кадом гуруҳи ҷиҳодие пайдо шуда ва мегуфтааст, ки моли ғайри мусулмон, агар ӯро танҳо пайдо кардед, барои Шумо ҳалол аст. Ва барои ҳамин баъзеҳо дар ҷангалҳову ҷоҳои дигар, агар русҳоро танҳо пайдо кунанд, кисаҳои онҳоро холӣ мекунанд, телефонҳои мобилишона мегиран ва баъзе корҳои бадтар аз ин мекунанд. Ин кори хуб нест, ҷоиз нест, ғайри шариъат аст. Ин корро накунед, ҳар муллое чунин фатво додааст, хиёнат ба ислом кардааст, мегуфт оқои Тӯраҷонзода. Ӯ афзуд, ин кор танҳо дар сурате раво аст, ки як кишвари ғайри исломӣ агар ба Тоҷикистон ҳамла кунад ва кишвари моро истило намояд, ба аскари он кишвари истилогар чунин муносибат кардан равост. Аммо Русия кишвари моро истило накардааст, мо кишвари мустақил ҳастем. Бинобар ин чунин амалеро набояд раво бубинем.

Ҳама сокит ин суханрониро мешунид, ки сукутро нависанда Наҷмиддини Шоҳинбод мешиканад: "А значит, агар Эрон ба мо амла кунад ва кишвари моро истило кунад, мабилники ягон аскараша гирифтан мумкин нест. Вайо исломӣ ку…"   

Т. Саид

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97