Оё Зартушт китобе осмонӣ дошт?

Фарҳанг ва адаб 28.08.2012 09:18

(назари мухтасаре оид ба Зартушт, ки аз динҳои илоҳӣ аст ё на?)

zardushtТаърихи адён ва ҷараёнҳои динӣ хеле қадима буда, бисёр ҷолибу омӯхтанист. Гоҳҳо таълимоте рӯи кор меояд ва таърихи динеро ва ё ойини қадимаро таърифу тавсиф мекунад ва гоҳи дигар онро ғайриқобили омӯзиш хонда, ҷуз сафсатаи фалсафаи ҳамон давру замон чизи дигаре арзёбиаш намекунад.

Асли воқеият ин аст, ки  аксари  мардум, ки дар ин бахш саводи кофӣ надоштанд ва ё умуман нисбат ба адён ва ҷараёнҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамуданд, ҳар он чи дар давру замонҳои мухталиф омада, ҳамонро қабул ва ибодату парастиш намудаанд.

То зуҳури ислом адёну ҷараёнҳое вуҷуд дошта, ки ҳар кадом дорои китоб буда ва то имрӯз мавриди омӯзишу парастиш қарор доранд. Китобҳои осмонӣ аз қабили Таврот, Инҷил, Забур ва Қуръон, ки ҳар кадом дар замоне нозил гардидаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳар давру замон адёни мухталиф вуҷуд дошта ва барои худ мӯътақидонеро ҷамъ оварда будааст. Ва имрӯз дар курраи арз беш аз сад адёну ҷараёнҳои мухталифи мазҳабӣ фаъолият доранд, ки ҳар кадом дорои теъдоди зиёди тобеин буда, бо далоили хеш аз аслияташон дарак медиҳанд ва кӯшишҳоеро ҳам анҷом додаанд, ки авлавияти хешро собит созанд.

Имрӯз динҳои маъруфи олам масеҳиён-2,31 миллиард (33% аҳолии замин, ислом-1,58 миллиард (23% аҳолии замин), агностикҳо-1,1 миллиард, индуизм-900 миллион, буддоиҳо-376 миллион ва ғайраҳо дар курраи замин маъруфу машҳур буда, ба таълимоти хеш пардохтаанд ва теъдоди пайравонашонро рӯз ба рӯз зиёд менамоянд.

Мо ба таври фишурда мехоҳем дар бораи яке аз адёни қадима ва то имрӯз машҳур, ки бо таълимоти худ аз давраи зуҳури хеш то ба имрӯз оламиёнро мутаҳайир сохтааст, маълумоти мухтасар бидиҳем, зеро омӯзиши ин дин барои ҳама давру замонҳо аз аҳамияти бузурге бархурдор буда, инсонро ҳамеша барои даст ёфтан ба саъодат раҳнамун месозад. Дини Зартушт дар баробари дини муқаддаси ислом ҳамеша такя бар он зада, ки инсонро аз ҷодаҳои касифу муғризи олами дурӯза эмин бидорад ва аз илми тавҳидӣ огоҳашон намояд. Бар илова мехоҳем ба суоле, ки оё дини Зартушт соҳибкитоб буда ва аз ҷумлаи адёни илоҳӣ ҳаст ё не, ба таври мухтасар бо истифода аз мароҷеъи илмӣ ва овардани чанд далел посух бидиҳем.

Зартушт дар Қуръон

1. Ба рағми ин ки дар бораи дини Зартушт ихтилоф вуҷуд дорад, ки аз динҳои илоҳӣ аст ё на, дар манбаъҳои исломӣ таъкид шудааст, ки дини Зартушт яке аз динҳои илоҳӣ буда ва Зартуштиён аз аҳли китоб ҳастанд. (Абдуллоҳи Мубаллиғӣ, "Торихи адён ва мазоҳиб дар ҷаҳон", с. 365 ба баъд).

Қуръон ба асолати мазҳабии Зартуштиён тасриҳ мекунад ва пайравони ин динро ба унвони соҳиби китоб ба расмият мешиносад. (Сураи ҳаҷ, ояи 17).

Бар ҳамин асос дар фиқҳи исломӣ Зартуштиён дар канори яҳудиён ва масеҳиён қарор гирифтаанд. Дар сира ва суннати Паёмбари ислом (с) низ раҳнамудҳое дар бораи бархурд бо Зартуштиён вуҷуд дорад, ки баёнгари аҳли китоб будани онҳост. Ибни Аббос мегӯяд, Паёмбари ислом дастур дод аз Зартуштиёни муқими Яман ҷизя (андоз аз ғайримусусулмонон дар кишварҳои исломӣ) бигиранд. Зартуштиён ҷизя доданд ва бар ойини худ боқӣ монданд. (Мавҷул заҳаб, ҷ.1.с. 225).

Исломшиносон ва фақиҳон низ аз онон ба унвони аҳли китоб ёд карда ва тасриҳ намудаанд, ки ҳам барои онон дин буда ва ҳам китоб доштаанд. (Ахлоқ, ҷ.2 с.199).

2. Аз бархе мутун ва манбаъҳои динӣ истифода мешавад, ки барои Зартуштиён китоби осмон низ будааст. Дар ривояте аз Эмом Алӣ (а) омадааст, ки барои маҷусиён (Зартуштиён) китоб вуҷуд дорад. (Васоили ахлоқ, ҷ.11.с.98).

Марҳум Шайхи Тӯсӣ тасриҳ кардаанд, ки барои Зартуштиён китоби осмонӣ вуҷуд дорад. (Ал-мабсут, ҷ.4.с.210). Марҳум Аллома Таботабоӣ ақида дорад, Зартуштиён дорои китоби осмонӣ ва Паёмбар буда, бар ин асос дини Зартушт пазируфта шудааст.

3. Дар хусуси адами зикри дини Зартушт дар қуръон бояд гуфт: адами зикри бархе исмҳову динҳо дар қуръон бад-он маъно нест, ки Паёмбарон ва динҳои дигар вуҷуд надорад. Дар бархе ривоятҳо тасреҳ шудааст, ки теъдоди Паёмбарон 124 ҳазор буда ва бархе дигар 8 ҳазор баён намудаанд. (Тафсири Нур-ул-сақлайн, ҷ.4.с.537. ба нақл аз паёми қуръон,ҷ.7.с.360).

Баёни исмҳои ҳамаи Паёмбарон бо ҳадафҳои қуръон, ки баёни масъалаҳои муҳим ва куллиёти маъориф аст, ҳамсӯйӣ надорад. Аз сӯйи дигар дар бархе оятҳо ба бархе аз исмҳои Паёмбарон ва исмҳои китобҳои онон тасриҳ шудааст. (Сураи инъом, ояи 83-86). Дар бархе оятҳо ба таври куллӣ аз Паёмбарон сухан ба миён омадааст (Паёми қуръон, ҷ.7.с.357) ва дар бархе дигар аз баъзе Паёмбарон бо ишора сухан гуфта шудааст (Сураи бақара, ояи 247, сураи Юсуф, ояи 60). Баёни саргузашти Паёмбарон бо шеваҳои мазкур кифоят мекунад.

Дар қуръон омадааст: (Пеш аз ту расулоне фиристодем, саргузашти гурӯҳе аз ононро барои ту бозгӯ кардем ва гурӯҳеро барои ту бозгӯ накардем), Сураи Муъмин, ояи 78. Аз ин оя истифода мешавад, ки номи гурӯҳе аз анбиё ва расулони илоҳӣ дар қуръони маҷид наёмада, ваъдаи онҳо беш аз он аст, ки дар қуръон зикр шудааст. (Носири Мукорами Шерозӣ, Паёми қуръон, ҷ.7.с.356).

Назарҳои мухталиф

Аз дер замоне то кунун байни диншиносон ихтилоф вуҷуд дошта, ки оё дини  Зартушт ойини тавҳидӣ аст, мубтанӣ бар санавият ва дугонагӣ аст? Ҳамакнун назарияи мусалламе дар ин бора вуҷуд надорад, зеро дар "Авасто" шавоҳиде бар ҳар кадом ёфт мешавад ва агар мақсуд аз маҷус, ки дар қуръон (Сураи ҳаҷ, ояи 17) ва ривоёти исломӣ зикр шуда, Зартуштиён дорои китоби осмонӣ буда, ки дар асари султаи Искандар ба Ирон аз байн рафтааст. Тибқи назари машҳури муфассирон ва нависандагони миллали наҳл мақсуд аз "маҷус" дар Қуръон ҳамон Зартуштиён аст. Зартушти мусаллаҳи бузурги иронӣ, ки беш аз ҳазор сол қабл аз милод иддаои нубувват карда ва бо мубориза алайҳи хурофоти ойини муғон ва эътиқодоти ширкомези чандхудоӣ ирониёнро ба сӯи Худои ҳастӣ (Аҳуромаздо) даъват кард.

Зартушт пас аз як давраи риёзат ва инзиво се асли бузургро ба унвони шиъори хеш ба ҷомеъааш ироъа кард: пиндори нек, кирдори нек ва гуфтори нек. Вай пеш аз Дориюши ҳахоманишӣ зуҳур кард ва ойинашро густариш дод. Дини Зартушт ҳудуди ҳазор сол бар Ирон ҳокимият дошт ва бо зуҳури ислом ирониён аз ойини Зартушт даст бардоштанд ва ба сӯи дини ислом рӯй оварданд.

Мӯъҷизаҳои Зартушт

Дини Зартушт ҷузви адёни илоҳӣ аст. Агар Зартушт Паёмбаре доштааст, ҳамчунон, ки бархе аз бузургон бар ин боваранд, ҳар Паёмбаре мӯъҷизае дорад, чаро ки ҳеҷ Паёмбаре бидуни мӯҷиза набудааст.Паёмбари Зартушт низ қоидатан бояд мӯъҷизоте дошта бошад. Дар ин ҷо мо ба баъзе аз мӯъҷизот ишора мекунем. Зартушт Паёмбари бузурги мардумони ориёӣ аст. Ӯ низ монанди тамоми Паёмбарони илоҳӣ мӯъҷизаҳое дошта, ки ҳамаро ба ҳайрат меовардааст.

Аввалин мӯъҷизаи вай вақте буд, ки ӯ ҳанӯз табдил ба инсон нашуда буд. Гавҳари тани ӯ аз тариқи бод ва аз сӯи бод ба абр ва аз абр борон борид ва гиёҳоне рӯйид дар минтақае, ки ҳеҷ гоҳ гиёҳ намерӯйид, то ин ки ин гиёҳон тавассути шаш гов хӯрда шуд ва дар миёни ин шаш гов ду гов буд, ки ҳанӯз назоида буд. Маълум аст, ки гове, ки назоида, наметавонад шир бидиҳад. Вале ин ду гов пас аз хӯрдании ин гиёҳон шир доданд ва ин дуввумин мӯъҷизаи ин Паёмбар буд.Суоли матраҳ ин аст, ки мӯъҷизаи аввали эшон чи замоне рух дод. Мӯъҷизаи аввали ӯ замоне буд, ки гиёҳоне дар макони хушку боир рӯёнида шуд.

Мӯъҷизаи дигари вай замоне иттифоқ уфтод, ки девон хостанд барои нобудии гавҳари тани Зартушт ба сутуне, ки ба он деге овезон буд ва ба дигаре, ки дар он шир вуҷуд дошт ва шире, ки дар он гавҳари тани Зартушт вуҷуд дошт ҳамлавар шаванд. Онҳо тавонистанд ҳама ҷоро нобуд кунанд, вале ҳангоме, ки қасди нобудии сутун ва дегу ширро карданд, онҳо боздошта шуданд ва талошҳояшон бенатиҷа монд.

Аксаран бар ин ақидаанд, ки ин авомил мӯъҷизоти Зартушт буда наметавонад ва мӯъҷизоти вай аз замони бадви таваллуди эшон маҳсуб мешавад. Бар ҳамин гуфта бисёре аз ровиён ва таърихшиносон аввалин мӯъҷизаи ӯро замоне медонанд, ки ӯ таваллуд шуда буд. Ӯ бар хилофи тамоми навзодон хандон ба дунё омад. Дар он замон шоҳе буд, ки саркардаи ҷодугарон буд ва душмани Зартушт. Ӯ бар болини Зартушти ширхора ҳозир шуд ва ба қасди куштани вай теғ баркашид, вале ба фармони Худо дасти он хабис санги хушк шуд. Ин дуввумин мӯъҷизаи эшон буд.

Ҷодугарон дар талоши дигар Зартуштро рабуданд ва ба саҳро бурданд ва дар кӯҳе аз ҳезум тахт оростанд ва Зартуштро болои он шинонда ҳезумро оташ заданд, вале оташ сард шуд ва ӯ осебе надид. Ин севвумин мӯъҷизаи Зартушт буд. Боз ҳам ҷодугарон Зартуштро рабуданд ва ин бор бар сари роҳи галлаи говҳо андохтанд ва бори дигар зери суми сутурон, ки дар ҳар ду бор ба лутфи Эзид наҷот ёфт ва осебе надид. Ин чаҳорумин ва панҷумин мӯъҷизаи вай буд. Дар кӯшиши нофарҷоми дигаре ӯро рабуда дар лонаи гург, ки бачаҳояшро кушта буданд, андохтанд, ки гург  ӯро бидарад, вале ба хотири меҳри Аҳуроӣ садамае надид, ҳатто ду меш аз кӯҳсор назди вай омаданд ва ба ӯ шир доданд, то гурусна намонад ва он ҳам шушумин мӯъҷизаи эшон буд.

Баъзе аз ақоиди Зартушт

1.            Ҳамаи хубиҳо ва ҳамаи ҳастиҳо офаридаи Аҳуромаздо аст.

2.            Ҳамаи палидиҳо ва нестиҳо офаридаи Аҳриман аст.

3.            Набард миёни хайру шар ҳамеша вуҷуд дошта аст.

4.            Инсон дар ин миён озод ва мухтор офарида шудааст.

5.            Оташ символи рушаниву покӣ аст.

6.            Зиндагии инсон меъоде дорад.

7.            Зартушт Паёмбари мабъусшуда аз тарафи Худост.

Таърихи садри ислом нишон медиҳад, ки илоҳӣ ё ғайриилдоҳӣ будани як ойин дар байни мусалмонон аз замоне оғоз шуд, ки Паёмбари акрам (с) пас аз тасбити пояҳои ҳукумати исломӣ дар Мадина ва оғози густариши марзҳои ин ҳукумати навпо, ба фармони илоҳӣ ғайримусалмононро ба ду гурӯҳ тақсим кард ва ду роҳкори мутафовитро дар иртибот ба онон дар пеш гирифт. Гурӯҳи аввал мушрикин буданд. Инон ба Худованди мутаъол ширк варзида ва бутпарастиро пешаи худ қарор дода буданд. Паёмбари ислом (с) ибтидо ин гурӯҳро ба дини даъват мекарданд, агар онон даъвати Паёмбарро намепазируфтанд, Паёмбар тибқи фармони илоҳӣ бо онон  вориди ҷанг мешуданд. (Сураи Тавба, 5). Гурӯҳи дуввум касоне буданд, ки дар истилоҳи қуръон аз онон ба аҳли китоб таъбир мешавад ва тибқи эътирофи худи онон аз сӯи Худованд барои онон китобе нозил шуда буд ва қуръони карим низ нозил шудани китоб бар ононро қабул мекунад. Бар ҳамин асос Набии акрам (с) бо ин афрод ба гунаи дигар бархурд мекарданд, яъне баъд аз даъвати онон ба дини ислом агар онон ин динро намепазируфтанд ва дар зимн бо мусалмонон вориди корзор намешуданд, бар асоси фармони илоҳӣ ба гирифтани ҷизя аз ин гурӯҳ иктифо мекарданд. (Сураи Тавба,29). Ҳамин амалкарди мутафовит бо мушрикин  ва аҳли китоб ин суолро матраҳ месохт, ки аҳли китоб чӣ касоне ҳастанд?

Бо муроҷеъа ба ояи 14 сураи Ҳаҷ, ки дар он мардум ба се гурӯҳ муъминин, аҳли китоб ва мушрикин тақсим шудаанд, то андозае посухи ин суол рӯшан мешавад. Худованд мефармояд: Касоне, ки имон овардаанд ва онон, ки яҳудӣ шуданд ва собеиҳову насорӣ ва маҷусу касоне, ки ширк варзанд, Худо дар рӯзи растохез миёнашон имтиёз мениҳад ва аз ҳам ҷудояшон мекунад. (Сураи Ҳаҷ, ояи 17). Тибқи мазмуни ин оя яҳудиҳо, масеиҳо. собеъин ва маҷусҳо на ҷузви муъминин ҳастанд ва на ҷузви мушрикин, балки аҳли китоб маҳсуб мешаванд ва суннати Паёмбар (с) нишон медиҳад, ки Паёмбар (с) бо ин чаҳор гурӯҳ тибқи аҳкоми аҳли китоб бархурд менамуданд ва агар исломро намепазируфтанд, ононро ба пардохти ҷузя маҳкум мекарданд. Бо вуҷуди китобҳои Тавроту Инҷил ҳамагон аҳли китоб будани қавми яҳуд ва масеҳииёнро ба роҳатӣ мепазируфтанд. Аммо пазириши ин воқеъият дар мавриди собеъин ва ба хусус маҷус, ки дар императории Иронии Сосонӣ дини расмӣ буд, мушкил менамуд. Зеро, сокинони нимҷазираи Арабистон китоби ҷоуфтодаву маъмул дар дасти маҷусиёни асри худ надида буданд, аз сӯи дигар ононро бештар ба дугонапарастӣ мешинохтанду шоҳиди чандоне барои аҳли китоб ва тавҳидӣ будани ойини онон пайдо намекарданд. Ба ҳамин далел бархе аз мусулмонон ва соири гурӯҳҳои сокин дар нимҷазира матраҳ буд, ки оё маҷус дини осмонӣ ва илоҳӣ аст ва маҷусиён низ дорои китоби осмонианд? Ҳамин амр муҷиб шуд, то иддае аз мушрикин бикӯшанд, то ҳаммонанди маҷус, ки аз дидгоҳи онон дугонапараст ва мушрик буданд, аз имтиёзи ҷизя истифода кунанд. Пас ба ҳазрати Муҳаммад (с) нома навиштанд ва аз он ҳазрат хостанд, ки аз онон низ ҷизяе бигирад ва дар бутпарастӣ озодашон бигзорад. Паёмбари ислом (с) ҷавоб фиристоданд, ки ман аз аҳли ғайрикитоб ҷизя қабул намекунам. Мушрикин дар ҷавоби номаи он ҳазрат (с) навиштанд: Ту мегӯӣ аз аҳли ғайрикитоб ҷизя намегирӣ, дар ҳоле ки аз маҷус ҳаҷри ҷизя мегирӣ. Паёмбар (с) посух доданд: Маҷус Паёмбаре доштанд, ки ӯро куштанд ва китобе доштанд, ки Паёмбарашон дар пӯсти 12 ҳазор гов навишта ва оварда буд, ки онро сӯзонданд. Баъд аз вафоти Паёмбар (с) бархе аз атрофиёни хулафо наметавонистанд бовар кунанд, ки маҷусиён ҷузви аҳли китобанд, лизо саъй мекарданд ононро аз зумраи аҳли китоб хориҷ кунанд, лекин дар ниҳоят хулафо бо маҷус ҳамон рафтори Паёмбар (с)-ро идома доданд ва ба ахзи ҷизя аз маҷусиёне, ки исломро намепазируфтанд, иктифо карданд.

Ибодулоҳи Оқилпур

(Давом дорад)
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97