"Бахтиярa убыли…" , Шамс- ҳунарманди тоҷик дар ғарибӣ даргузашт

Фарҳанг ва адаб 15.08.2012 16:43

shamsШамс Ҳайдаров, зуҳри 8 август дар синни 58 солагӣ дар шаҳри Маскав даргузашт. Ин ҳунарманди саршиноси тоҷик тӯли чанд соли ахир дар пойтахти Русия ба сар мебурд ва аз бемории гурда ранҷ мекашид.

"Бахтиярa убыли…" нидое буд, ки бо шунидани он дар соли 1979 тамошогарони зиёди филми "Субҳи ҷавонии ман" (филми "Нисо") дар шуравии собиқ бар "марги" Шамс Ҳайдаров, офарандаи нақши Бахтиёр, қаҳрамони ин филм, ашк рехта буданд. Аммо имрӯз Шамс Ҳайдаров бо марги воқеӣ мухлисони ҳунарро дар азо нишонд. Маҳз офаридани ҳунармандонаи нақши Бахтиёр дар ин филм Шамсро дар миёни ҳунаршиносон, бинандагон ва мунтақидони театр ва синамо шуҳратёр кард.

Ҳунаршиносон мегӯянд, бо вуҷуди ҷавонӣ ва камтаҷрибагӣ Шамс Ҳайдаров тавонист, дар сатҳи олӣ нақши Бахтиёрро дар филми "Субҳи ҷавонии ман" иҷро кунад. Ин филм аз сӯйи коргардон Давлат Худоназаров таҳия шуда буд.

Дар соли соли 1982 Шамс Ҳайдаров нақши Самад дар филми "Имрӯз ва ҳамеша" ва нақши Саид дар филми "Нигоҳи шод"- ро иҷро кард. Вай ҳамзамон дар телевизиёни Тоҷикистон як намоишномае аз Василий Шукшин, нависандаи русро таҳия кард. Нақши аслӣ дар ин намоишномаро Шер Абдулқайсов иҷро кардааст.

Шер Абдулқайсов зимни ёдоварӣ аз ҳамкории худ бо Шамс Ҳайдаров дар филми "Субҳи ҷавонии ман" гуфт, ки ин ҳунарманди тоҷик дар зиндагии худ "нозукбин ва закӣ" буд. Вай афзуд: "Барои шахси эҷодкор хеле муҳим аст, ки дар чи муҳите кор мекунад. Шамс Ҳайдаров шахсияте фавқулода буд. ӯ тавони диди шахсияти ҳунарпеша ва ҷаҳони ботинии ӯро дошт."

Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик дар суҳбат  бо Би-би-сӣ гуфтааст, ки бо Шамс Ҳайдаров дар замони донишҷӯиаш ошно шудааст: "Шамс ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан як шахси зебо буд, хандаҳои зебо дошт, инсони хеле хоксору самимӣ буд. Аз нахустин мулоқот бо Шамс Ҳайдаров, ки соли 1976 ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи ҳунарҳо иттифоқ уфтода буд, бо ҳам дӯст будем."

Барзу Абдураззоқов мегӯяд, ки Шамс Ҳайдаров баъд аз хатми донишгоҳ ба ҳайси устод ба Донишгоҳи ҳунарҳо рафт ва ба ин далел бароям як андоза ҳаққи устодӣ низ дорад. Боварам намеояд, ки ӯ дигар ҳамроҳи мо нест."

Асалбек Назрӣ, ҳунарпешаи театри Лоҳутӣ ва яке дигар аз қаҳрамонони филми "Субҳи ҷавонии ман" мегӯяд, ки Шамс Ҳайдаров хислате дошт, ки метавонист аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирад ва ба қалби мардум роҳ ёбад. Вай гуфт: "Ҳангоми наворбардории филми "Субҳи ҷавонии ман" дар як маҳалле қарор доштем, аммо соҳиби ин манзил розӣ набуд, ки мо дар манзилаш филмбардорӣ кунем. Баъд аз чанд дақиқа суҳбат бо Шамс ин мард на танҳо розӣ шуд, балки боз барои тамоми гурӯҳи филмбардорон зиёфат ташкил кард."

Ба эътиқоди Асалбек Назрӣ, дилҷӯӣ ва самимияти Шамс Ҳайдаров буд, ки мақомоти Телевизиёни Тоҷикистон ӯро ба симати муовини бахши техникӣ қабул карданд.

Баъд аз солҳои 2000 Шамс Ҳайдаров ба шаҳри Маскави Русия рафта, то охирин лаҳзаҳои умри худ дар ин шаҳр ба сар мебурд.

Ҷанозаи Шамс Ҳайдаров аз Маскав ба Душанбе оварда шуда, дар гӯристони Сари Осиёи пойтахт ба хок супурда шуд.

Ӯ низ мисоли даҳҳо тан аз бузургону ҳунармандони ин Ватан дар ғарибӣ ҷон дод, ва ҷанозааш ҳам ба таври маъмулӣ, он гуна ки дар Тоҷикистон расми сарой шудааст, ба хок супурда шуд.

Ҷояш ҷаннат бод!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97