Нашри адабиёти тоҷик дар замони коммунистӣ дар Ирон

Фарҳанг ва адаб 23.07.2012 10:51

adabiyti_shuraviБарои аввалин бор таҳқиқи ҷомее перомуни сайри таҳаввули адабиёти тоҷик дар даврони коммунизм дар маҷмуае бо номи "Қиссаи мурғи Самандар" ба забони форсӣ дар Ирон мунташир шуд.

Беҳрӯзи Забеҳулло муаллифи китоби "Қиссаи мурғи Самандар" сарнавишти адабиёти тоҷик дар қарни бистуми милодиро дар панҷ марҳала барои хонандагони форсӣ ривоят кардааст. Ин аввалин таҳқиқи ҷомеъ дар бораи раванди таҳаввули адабиёти тоҷик дар даврони султаи коммунизм аст, ки бо ҳадафи ошноии ҳамаи форсизабонон бо саргузашт ва сарнавишти ҳудуди ду қарн инқитои фарҳангии форсигӯёни Осиёи Миёна аз пайкараи азими адабиёти форсӣ, навишта шудааст.

Доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ - устоди донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, зимни тамҷид аз интишори ин асар ба хатти форсӣ дар Ирон, менависад: "Ҳақиқат ин аст, ки мо дар Ирон аз масири таҳаввули ду бозӯи коромади форсӣ қадре бехабар мондаем. Ҷустуҷӯ дар авомил ва мароҳили таҳаввули тоҷикӣ ва дарӣ барои тақвият ва истеҳкоми бунёнҳои форсӣ судовар ва тайинкунанда аст. Ин кор метавонад пайвастагии деринасоли се номро дар ёдҳо зинда нигаҳ дорад ва пояфҳои андешаеро, ки қарор аст бар дӯши ин забон бунёд шавад, устувортар кунад. Ҷустуҷӯе, ки нависандаи муҳтарами китоб дар бозшиносии ин самандари дар оташ ба харҷ дода ва пайвандҳову пайвастагиҳои онро аз лобалои огоҳиҳои андаку бисёри ин масир берун кашида, ҳам ба бозёбии ҳувияти ин бахш аз забони форсӣ кумак мекунад ва ҳам масоил ва ҷараёнҳоро, ки аз сар гузаронда ба хонанда нишон медиҳад."

Қосим Рафио- шоир ва адиби иронӣ дар пешгуфтори дуввуми ин китоб овардааст: "Имрӯз мо ба шеъри тоҷикӣ ба шигифтӣ менигарем, дар ҳоле ки бозхӯрди рӯйдодҳое мушобеҳ метавонист барои мо ҳам шароити мушобеҳ фароҳам оварад. Амалкарде, ки ба таври муфассал дар ин китоб ба он ишора мешавад ва ниёз аст, ки мо дар боби он бидонем то мисли теъдоде аз саҳлангорони ҳавзаи адабиёт бидуни тааммул лаб ба сухан нагушоем ва муҷиботи кудурати ҳамзабонони шарифи тоҷикро фароҳам наёварем. Беҳрӯз Забеҳулло дар китоби "Қиссаи мурғи Самандар" намое куллӣ, дақиқ ва ҷомеъ аз адабиёти тоҷик ба даст медиҳад бидуни ин ки аз зовияҳои пинҳони таърихӣ, ки адабиёт мутаассир аз он аст, ғафлат карда бошад, чаро ки ба хубӣ огоҳ аст, ки наметавон адабиёти сарзаминеро бидуни рӯйдодҳои сиёсӣ, таърихӣ ва иҷтимоии он сарзамин мавриди баррасӣ қарор дод."

Ёдовар мешавем, ки дар ибтидои соли ҷории мелодӣ низ китоби дигаре аз Беҳрӯзи Забеҳулло ва Муҷиби Меҳрдод таҳти унвони "Зангулазанон гузашт борон ё худ сайре дар шеъри муосири Тоҷикистон" дар Кобул мунташир шуда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97