Ҳамнишини Мавлонову Ҳофиз

Фарҳанг ва адаб 21.06.2012 10:03

ё шарҳи иҷмолии  баъзе ақоиди  нодири устод Худоӣ Шарифов

Hudoi_SHarifУстод Худоӣ Шарифов олиму муҳаққиқ ва пажӯҳишгарест, ки дар ковишҳои илмии хеш дидгоҳи хоса дорад. Сухану афкору ақидаҳои ӯ аз ин лиҳоз тозаву нав аст. Устод пайваста меомӯзаду ба умқу жарфнои ғояву муҳтаво ва ҳадафи асливу ниҳоии осори мавриди таҳлилу тадқиқ қарор гирифта, сар фурӯ мебарад ва ҳароина, пас аз тафаҳҳусу тафарруҷи ботаҳаммулу бафурҷа хулосаи афкори илмии хешро баён медорад. Феълан, тарафи дигари фаъолияти илмии пажӯҳишгари тавоно ин ҳамоно дар робитаи қавӣ ва ҳадафмандона бо осори дигар олимону шоирон ба таҳқиқу тадқиқ гирифтани асари пешбинӣ гардида мебошад.

Ӯ ва Мавлоно

Ба гунаи мисол, аз китоби воқеан ҳам барҷаставу омӯзандаи муҳаққиқ, "Сухан аз адабиёти миллӣ", ки қисме аз маҷмӯи мақолаҳои илмии ӯро дарбар гирифтааст, мақолаи "Айният ва шоиронагии сухани Мавлоно"-ро меоварем. Худоӣ Шарифов ба маъниву моҳияти каломи Мавлоно ва андешаҳои рамзиву ирфонӣ ва сӯфиёнаи ӯ аз сӯйи истифодаи калимоту вожаҳо дар эҷодиёти шоири ориф ва тафсири он калом наздик мешавад. Ин амал табиист, зеро бе ташреҳу тавзеҳи паҳлӯҳои мухталифи маъниҳои калимоту вожаҳои осори шоир (Мавлоно) наметавон ба мақсади ниҳоӣ ва асли гуфтору баёни андешаҳои эҷодкор. Зимни таҳлили бадеиву ғоявии ғазали нахустини "Куллиёти девони Шамси Табрезӣ", Худоӣ Шарифов, чуноне дар фавқ ишора рафт, бо овардани матни он ғазал ба китоби Абдураҳмони Ҷомӣ - "Нафаҳотулунс" рӯ меорад ва мегӯяд:

"…Аз пайванди гуфтору маъно дар ин ғазали Мавлоно ва бозгӯии Ҷомӣ метавон натиҷа гирифт, ки маънои шеъри Мавлоно ҳамон чизи ба зоҳир омада нест. Балки завқу ҳуши дар ботин ҷӯшида ва ба зоҳир расида бо сӯзи ҷон ва ҷунбиши аладдавоми табъу равон пайвастааст…" (манзур ғазали маъруфест, ки байти:

Эй Юсуфи хушноми мо, хуш меравӣ бар боми мо,

Эй даршикаста ҷоми мо, эй бардарида боми мо.

оғоз мешавад).

Худоӣ Шарифов таъкиду таъйид месозад, ки "дар сухани Мавлоно се чизи муҳим аст, ки бо мавқеи инсон дар ҳастӣ ва мақсади вуҷуд пайванд меёбанд; 1) сӯз, сӯхта ва сӯхтагон; 2) васлу ҳиҷрон ё ҳиҷрону васл;  алфозу гуфтор; 3) олами маънавӣ."

Дар ҳама фурсату маврид Худоӣ Шарифов андешаи бикру ноб ва ҷадиди худро, ки маҳсулу таҷассуми диду афкори баланди ӯст, бозгӯ мекунад. Перомуни тафсиру шарҳи вожаи "оташ", ки дар байти ҳамчунон  маъмул, вале дар айни ҳол устодонаи Мавлоно, ки ба сари худ, як шоҳкориест, ақидаҳои мухталиферо пажӯҳишгарони осори шоири суфӣ баён кардаанд. Аз ҷумла шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ дар матлаби худ "Ҳар кӣ  ин оташ надорад…" (ниг. китоби "Оташи маърифат", Д, 2007) мегӯяд: "Оташ баъд аз фурӯзон шудан дар дили инсон (оташи шаҳомат ва ғайрат) то ишқ мерасад, дигар ҳар чи най нола мекунад, он ишқ аст".

Худоӣ Шарифов пас аз баррасии мӯҳтавои ҳикояти "Оташ кардани подшоҳи ҷуҳуд ва бут ниҳодан паҳлӯи оташ, ки ҳар кӣ ин бутро суҷуд кард, аз оташ бираст" андешаҳои М. Аҷамиро мепазирад, вале дар замина фикреро пеш меовард, ки ҳоло мафҳуми "оташ" танҳо бо як оташи имону ишқ, ибодат ва ғайра будан комил нест, он шарҳу тафсилоти зиёдтаре мехоҳад. Ва ана дар ҳамин радду бадали афкор назари хоса ва мӯишкофонаи таҳқиқгар, амсоли ахгари муҷаллое, ки бо вазиши боди  мувофиқ баногаҳон аз таҳи хокистар пурдурахшу пурнур мегардад, падидор мешавад. Ӯ  хирадмандона мегӯяд, ки: "…Даромадан ба оташу дидани қудрати лутфи Худо, ба шукӯҳи шоҳи олам пайвастан ва аз роҳи  имон ошиқтар шудан аст. Ин оташро, ҳар кас бояд худ дошта бошад, вале сарманшаи оташ дар ҷои дигар ва мақоми болотар аст. Бод сабаби асосии бонги ной нест, вай аз сӯзи дил берун меояд:

Оташ аст ин бонги нойу нест бод,

Ҳар кӣ ин оташ надорад, нест бод."

Ва дарвоқеъ "ҷавҳари аслӣ қалби одамӣ аст, ки бо роҳи сӯхтан ба асл мерасад. Воқеияти сӯхтан оташ аст ва ин оташ дар мисоли оҳан, ки бо оташ пайваста асли худро вогузошта ва ба оташ табдил ёфтааст, ба як навъ вуҷуди мутлақи ғайриоддӣ мерасад. Ин ҳамон ҳақиқати мутлақ мебошад".

Хусусияти ҷолибу таваҷҷӯҳбарангези нуктаи назар ва ифодаи афкори Худоӣ Шарифов дар он нуҳуфтааст, ки вай тадқиқу таҳлили илмии худро аз тарафҳои гуногун; ҳам кашфиёту хулосаҳои илми равоншиносӣ ва ҳам фалсафӣ дар меҳвари муайян намудани мавқеи андешаҳои ину он шоир (хоса Мавлоно) иброз медорад. Ҳамин гуна равиши таҳқиқу ҷустуҷӯи илмиро дар таҳлили доманфарохи ғазали дигари Мавлонои Рум-"Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст" дучор меоем. Муҳаққиқ зимни бозгӯии афкори ирфонии Шамси Табрезӣ ба натиҷае мерасад, ки "гӯянда каси мутафаккир аст, вале шавқи бо вуҷуди худ ба таври табиӣ бо ҳиссиёт даромехта ҷараёни фикрро дар ҳоли воқеиятҳо нигоҳ медорад, ки худ олами махсусро ба вуҷуд меоранд. Аммо Мавлоно донишманди мутафаккир аст, на андешаманде, ки фикри ӯ танҳо ба бори воқеоти таҷридӣ паҳлӯ ниҳода ва бозгӯи кайфияти ҳоли худ шудааст…".

Муҳаққиқ боз ҳам ба хулосаи илмие мерасад, ки ҷавҳари асливу муқаддами тасвироти изтиробангези шоирро ҳамоно оташи шавқу шӯр ва сӯхтан ташкил медиҳад. Ин ҳамон сӯхтани  билодавом аст, ки як лаҳза вуҷуди ошиқро тарк ё раҳо намекунад ва маҳз ҳамин фурӯғи пурдурахши оташи сӯхтанҳост, ки маҳбубро дар назар ва тасаввуру рӯъёҳои ошиқ ба мартабаи волотарину ғайримуқаррарӣ ба ҷилва меорад.

Шеваи хосаи тадқиқоти Худоӣ Шарифов дар мақолаи дигари ӯ, ки ба эҷодиёти Ҷалолиддини Румӣ бахшида шудааст, ба гунаи бавусъаттаре ташреҳу тавҷеҳ меёбад. Ин мақола "Таносуби  лафз ва маъно дар назари Мавлоно" унвон дошта, дар атрофи масъалаи корбурди Мавлоно аз сухану вожаҳо ва тафсиру тавзеҳи маънии афкори ӯ ва бад-ин васила, баёни ҳадафмандонаи  афкори шоир (ба вижа, хулосаву натиҷагириҳои ирфонию  сӯфиёнаи вай) маҳсуб  меёбад.

Худоӣ Шарифов хотиррасон мекунад, ки худи асари барҷастаи Мавлавӣ "Маснавии маънавӣ" номгузорӣ шудааст. (Диққат бояд дод ба калимаи дуввум- "маънавӣ"). Яъне, дар ин маснавӣ, ки силсилаи маъниҳои рамзиву пардапӯшонаеро фаро гирифтааст, мақсади ниҳоии шоир нуҳуфтааст.

Кашфи диду биниш, ҷаҳонбиниву тафаккур ва аҳдофи илмию фалсафӣ ва ирфонии Мавлоноро устод хеле нуктасанҷона ва нозукбинона ва ҳамбаста бо назариёти илмии хеш дарёфт намудаву сароҳатан ба натиҷае омадааст, ки кулли ақоиди фалсафиву рӯҳи сӯфиёнаи афкори шоирро аз корбасту истифодаи ҳунармандонаи калимоту вожаҳои ӯ бибояд ҷустуҷӯ кард.

"Аз маҷмӯаи ҳарфҳо, яъне гуфтанҳо маънии "Маснавӣ" ҳосил мегардад, ки ҳамон ҷавҳари маънавӣ аст ва Мавлоно онро дар порчаи боло "ҷони сухан" хондааст. Аммо  маънӣ дар се мақом бувад: дар мақом ё маротиб, расидагӣ, ки бартарӣ ва тафкик меоварад ва мудом, яъне ҳамеша будан. Сурат ба нестӣ мебарад, вале маънӣ намешавад. …Пас, ҷаҳони маънавии "Маснавӣ" аз пайванди маънавӣ ба сурат дар шакле ба фармони рӯҳ мавҷуд мешавад ва пайванд гоҳ ба сурат васл меёбад ва гоҳе онро тарк гуфта, ба нафъи халқ (офариниш) ва амр, ки яке сурат ва дигаре амр аст, дармеояд. Ба ин маънӣ "Маснавӣ" ҳамон сурати даргоҳ барои боргоҳи маънавӣ аст ва халлоқияти офаринандагӣ, ба таъбири тоҷикӣ, эҷоди адабии ба сурати ҳунарӣ даровардаи мақсуд дар мақоми маънавӣ мебошад."

…Бинобар ин гуфтаҳо сарояндаи "Маснавӣ" дар мақоми иттиҳод ва асли Ҳақ ҷойгоҳ дорад ва дар ин мақом "Маснавӣ" ба ҷуз маънавӣ будан чизи дигаре будан наметавонад.

Аз ин лиҳоз, профессор Худоӣ Шарифов мақому манзалати шеъри Ҷалолиддини Румиро дар арсаи адабиёти бекарони тоҷик, бо таҳлилу тафсири калимоту вожаҳои алоҳидаи назми ин шоири воқеан ҳам нодиргуфтору ҳаким ба  таври мушаххас муаяйн мекунад.

Ӯ ва Хоҷа Ҳофиз

Як нуқтарро зикр намудан хеле ҳам ба маврид аст, ки аз гомҳои нахустини ба адабиётшиносии тоҷик ворид шуданаш устод Худоӣ Шарифов аслан ба масоили адабиёти классикӣ ва сабку услуби офариниши эҷодии намояндагони он, мавзӯи равияҳои адабиву адабиётшиносии асрҳои гуногун ва билохира, нақди адабӣ  таваҷҷӯҳи амиқу хосае дошт.

Муҳаққиқу олими тоҷик Абдушукури Абдусаттор дар мақолаи "Донишманди соҳибмактаб" дуруст қайд мекунад, ки нахустин маҳсули заҳмати ҷиддии Худоӣ Шариф дар кори тахқиқи таърихи адабиёт рисолаи дипломии ӯ "Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар бораи шеъру шоирӣ" буд, ки сазовори баҳои баланди устоди роҳнамояш-Шарифҷон Ҳусейнзода гардид. Пас аз он, ӯ тақризе ба "Пайрав Сулаймонӣ" ном китоби Соҳиб Табаров навишт, ки дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ" ба табъ расид." ("Адабиёт ва санъат", №25, с.2007).

Аз ин нигоҳ қисмати аъзами мақолаҳои  китоби ӯ "Сухан аз адабиёти миллӣ"-ро тадқиқу баррасии ину он масоил  ва мавзӯи адабиёти классикии форсу тоҷик фаро гирифтааст.  Таълифи  олим бо номи "Дар шинохти шеъри Ҳофиз ва дигарон" дар ин росто ҷойгоҳи хосаи худродорад. Худоӣ Шарифов барҳақ, такрор фикреро шафеъ (ё далел) меорад, ки сарманшаъ ва обишхӯри  шеъри (ғазали) Хоҷа Ҳофиз ин ҳамоно Қуръони азимушшаън ба шумор меравад. Яқин ки ин фикри маълум аст, нав ҳам нест. Чуноне худи мухаққиқ дар ин боб сухани хуби олими эронӣ Баҳоуддини Хуррамшоҳиро чун иқтибос меорад:

"Ҳофиз қуръоншинос ҳам ҳаст, аҳли калому фалсафа ҳам ҳаст, дар маорифи дигар ҳам даст дорад, вале дар дараҷаи аввал ва таҳлили охир шоир аст,  шоире  сутург" (Хуррамшоҳӣ, 1362, ёздаҳ).

Дар ин радиф, адабиётшиноси маъруф афкори умдаву тозаи худро андар баҳо додани арҷгузорию шинохти шеъри Ҳофизи Шерозӣ як-як, бас бо тафсил ва донишварона иброз медорад. Ӯ мегӯяд:

"Аз нигоҳи мо, дар шеъри Ҳофиз ва сифати умда ба унвони мазхари кашиш сухани ӯ ҳузур дорад: якум, ҷавҳари маънавӣ ва рӯҳонӣ, ки мабдаи аслии тамаддунӣ ва фарҳангии шеъри Ҳофиз аст ва "беш аз ҳар сухансарои порсигӯи дигар бо Қуръон, бо аслу асоси низоми фарҳангӣ ва тамаддунии Эрони исломӣ ошно на, дамсоз на, балки якеву ягона" аст.

Дуввумин сифати шеъри Ҳофиз, ки мӯҷиби мавриди қабули аҳли табақоти мухталиф гардидани он будааст, эҳсосот ва авотифи  инсонии нигоранда аст ва тавассути он ба қалбу равони хонанда ва шунаванда роҳ ёфтааст. Андешаву назарҳои мазҳабӣ, илмӣ ва фарҳангии инсонӣ аз ниҳоди башарии ӯ дур нест, вале эҳсосоти отифаомез аст, ки вижаи ниходи шахсият мебошад ва дар гуфтори ӯ нотакрор мемонад."

Биноан баҳри тасдиқи фикраш ғазали Хоҷа Ҳофизро, ки бо матлаи:

"Биё то гул барафшонему май дар соғар андозем,

Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем"

оғоз мегардад, чун намуна меорад ва дақиқан ба риштаи таҳлилу тахқиқ мекашад. Дар зимн ишорат мекунад, ки назми Ҳофиз назми оламгир асту шеъраш осмонӣ.

Маъмулан, Худоӣ Шарифов афкори ноб ва дидгоҳи ақидавии хешро дар мақолаҳои муассиру ҷолиби дигари худ, монанди "Адабиёти аҳди Сомониён", "Адабиёти асрҳои миёна", "Диди замонии сабки шеъри Рӯдакӣ", "Воқеияти иҷтимоӣ дар достони "Зол ва Рудоба"-и Фирдавсӣ" ва монанди инҳо ба гунаи илман таваҷҷуҳбарангез ифода менамояд.

Дар тафсири адабиёти миллӣ

Яке аз муҳимтарин корҳое, ки устод Худоӣ Шарифов дар таълифи осори илмӣ анҷом додааст, ин мақолаи "Сухан аз адабиёти миллӣ" ба ҳисоб меравад. Донишманди ҳамадон ба ноогоҳону ифротиёне, ки вуҷуд доштани адабиёти воқеан ҳам миллиро зери суол мегузоранд, сароҳатан посух мегӯяд ва ин ҷавобҳои ӯ заминаи илмиии пероста бо далелу арқом ва консепсияи вижаи назарҳои ӯро фаро мегирад. Вай шинохти адабиёти миллиро ба се рукн; суннатҳои адабии Бухоро, бунёди тамаддуни ин адабиёт ва давлати миллӣ тавъам ва созгор медонад. Бинобар ин нуктае бас ҷолибро ба рағми нотавонбинони адабиёти миллии тоҷик баён мекунад: "Адабиёт ба масобаи ҷузъи муҳимми фарҳангии таърих воситаи шинохти таърих ва ҳуввияти миллист. Адабиёти  миллии тоҷик аз ҷониби С. Айнӣ дар "Намунаи адабиёти тоҷик" таърихи шеъру шоирии форсӣ дар ҳудуди Мовароуннаҳр шинохта шуд".

Ӯ ва сарзамини ормонҳо

Муҳаққиқ  дурандешонаву огоҳона таъйид ва хотирнишон месозад, ки дар ҳар манотиқе, ки шеъру шоирӣ, умуман адабиёт арзи вуҷуд мекунад, он халқияту миллат соҳиби барҳаққи ҳамон адабиёт ба шумор мераванд. Ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа ва тардид нест, ки ҳавзае, ки адабиёти миллии форсу тоҷик дар он ба вуҷуд омадаву рушду такомул ёфтааст, ин Мовароуннаҳру Хуросони Бузург шинохта шудааст. Ба василаи ин ду минтақаи бекарона, шеъру адабиёти тоҷик нашъу нумӯъ кардааст ва ин ду минтақа-ҷои сукунату будубоши таърихии миллати фарҳехтае, бо номи тоҷик буд ва хоҳад монд.  Ба ақидаи Худоӣ Шарифов, адабиёт танҳо ба сари  худ вуҷуд надоштааст. Падидаи ҳамчунон таърихию тафовутзо дар масири кишвару марзҳои ҳамсоя ҳамоно забони пуробурангу хушсадои форсӣ-дарӣ махсуб меёфтааст. Яъне, ба як далели машрӯъ ва раднашаванда забон асли адабиёти миллӣ ҳисоб меёбад.  Аз ин хотир устод мукарраран ин андешаро бозгӯ менамояд, ки;

"Як чиро бигӯем, ки забони миллӣ ва адабиёти миллии мо аз қадим, яъне асрҳои 5-6 то мелод порсӣ, муддате паҳлавӣ, порсии дарӣ ва дар маҷмӯъ, забони форсӣ хонда мешавад. Ин забони ягонаи таърихан пешраву тағйирпазирро марҳилаҳои мадиди мавҷудияти давлатҳои ягона ва ҳамбастагиҳои сиёсӣ ва мазҳабии онҳо такягоҳ буда ва нигоҳ доштаанд".

Ӯ ва дарунмояи адабиёти шӯравӣ

Устод Худоӣ Шарифов дуруст таъкид мекунад, ки ин адабиёт ҷаҳонбинии амиқи мазҳабӣ ва илмӣ  дошт. Дар китоби машҳури "Намунаи адабиёти тоҷик" Садриддин Айнӣ маҳз ба ҳамон сарзаминҳои бузургу паҳноваре, ки миллати тоҷик аз қадим маскун гардидаву ба сар бурдааст, ишорат мекунад ва нуктаи бас муҳимро зикр месозад, ки чи дар замони авлоди Чингиз, Темур, Шайбонӣ, Астархониву Манғит ва баъд ҳам, ки ирқан муғул, турк ва узбак ҳастанд, забони тоҷикӣ василаи асосӣ ва абзори робитаи байни ин халқияту миллатҳо буд ва давлатдорӣ низ бо ҳамин забон сурат мегирифт. Аммо дар ҳамаи давру замонҳо ҳукуматдорон хостаҳои худро сари адибон ва адабиёт таҳмил медоданд. Адабиёт зери фишору тааддии ҳокимон монда, то ҷое манофеи шахсиятҳои алоҳидаро аз манофеи миллӣ ва ормонҳои безаволи меҳанпарвона болотар мегузошт. Вале ин раванд муваққатӣ ва зудгузар буд, ки мисолаш дар таърихи адабиёт басо фаровон аст. Бубинед, ки дар асри Х Султони Маҳмуди турк фақат ба хотири он ки "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ бозгӯи манфиату ормонҳои ватанпарваронаи ирониҳост, онро бо ҳама ҷиддияту шукӯҳу шаҳоматаш напазируфт, лекин асари безавол чун намунаи нодиру мӯъҷизаосои адабиёти форсу тоҷик боқӣ монд. Ҳамин тавр, баъд аз табаддулоти болшевикӣ ҳукуматдорони замон мехостанд як адабиёти ҷадиди коммунистиро ба вуҷуд оваранд, ки дар он урфу одат, хусусиятҳои миллӣ ва андешаву афкори мардуми бумӣ комилан сарфи назар карда шавад. Ба ин тамоюли хатарзо то андозае ноил ҳам гардиданд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, дар адабиёти тоҷик асарҳое, ба майдон омаданд, ки дорои рӯҳу оҳангҳои миллӣ, қаҳрамонони муборизи дар муҳити деҳа ба воя расида ва  дорои одоту анъанаҳои мардумӣ буданд. Аз ҳамин зовия, Худоӣ Шарифов ба осори баъди инқилобии адабиёти тоҷик баҳои саҳеҳ ва ҳаққонӣ медиҳад, ки дарунмояи онро таносуби вақту  замон ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин, Худоӣ Шарифов ҷунбишу такондиҳандаи адабиёти миллиро дар солҳои 70-80-и Шӯравӣ дар эҷодиёти шоироне, ҳамсони Мӯъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва аз носирон Сотим Улуғзодаву Фазлиддин Муҳаммадиев ба мушоҳида гирифтааст. Ба таври фишурда андешаҳои муҳаққиқро хулоса кунем, ба натиҷае мерасем, ки адабиёти миллӣ ҳеҷ гоҳ аз байн нахоҳад рафт, агар суннатҳову арзишҳои миллӣ ва дар маҷмӯъ, худи миллат ва давлатдории он бақои абад дошта бошанд. Дар ин росто, адабиёти тоҷикӣ намунаи оливу баргузида ба шумор меравад.

Ҳамин таҳқиқу амиқу доманфарохи Худоӣ Шарифовро, ки ҳароина афкору нуқтаи назари кошифонаро доро мебошад, дар мақолаҳои "Инсон дар марзҳои шеъру шоирӣ", " Замони суқути нақди адабӣ", "Сухан аз меҳру вафо", "Яке аз аҳли қалам", "Дар биёбони ҳастӣ", "Даври печопеч", "Марҳилаи эҳёи забони адабӣ" низ дучор меоем, ки ҳар яки он баррасиву нақди муфассалу алоҳидаро тақозо мекунад…

Ҳастии Бузургон чист?

Ҳастии бузургон чист?

Чизе, ки нагардад нест…

                         (Бозор Собир)

Агар муҳаққиқӣ кори асливу муҳими эҷодии устод Худоӣ Шарифов ба ҳисоб равад, тарафи дигар ва умдаи фаъолияти мондагори вай-ин мураббӣ ва муаллим будани ӯ шинохта шудааст. Дар ҷараёни таълим  дар Донишгоҳи миллӣ Худоӣ Шарифов асарҳои дар ҳар сурат илмию омӯзиширо баҳри донишҷӯён, олимону тадқиқгарон ва дар маҷмӯъ, алоқамандони илми адабиётшиносӣ таълиф кардаву ба табъ расонидааст. Дар рисолаву асарҳои пурбори адабӣ чун дар соири навиштаҳои пажӯҳишгари адабиёт нуқтаи назари хос ва афкори илмии нотакрори ӯ ҳамоно дар мадди аввал меистад. Китобу рисолаҳои пурмуҳтаво ва гаронарзиши устод, чун "Балоғат ва суханварӣ", "Назарияи наср", "Назмшиносӣ", хосатан баҳри омӯзиши амиқи донишмандони ҷавон дастур ва ҳидоятгари беминнатест. Инчунин профессор Х. Шарифов муаллифи китобҳои таҳлилию тадқиқӣ ва монографии " Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик", "Услуб ва камолоти сухан", "Савти аҷам", " Рози ҷаҳон", "Шоири бузург", "Ислом ва адабиёти форсӣ", " Функсияи маърифати қасида дар адабиёти тоҷик", "Озурдагон ва умедворон", "Достони Фирдавсии шоир", "Нақд ва наққодӣ дар Тоҷикистон", "Ҳакими суханвар" ва дигар осори қимматбаҳоянд, ки намунаи барҷастаи хазинаи илми адабиётшиносии тоҷик ба шумор мераванд.

Боиси зикр аст, ки Худоӣ Шарифов зимни таҳлилу баррасии паҳлуҳои гуногуни ин ё он асар ба кашфиётҳои фикрӣ, ки пероста бо андешаҳои фалсафиянд, мерасанд. Аз ин рӯ, ӯро бархе муҳаққиқон барҳақ донишманди соҳибмактаб унвон додаанд. Дар ин росто, муаллифони китобчаи "Профессор Худоӣ Шарифов" воқеъбинона гуфтаи бузургмарди илми адабиётшиносии тоҷик - Муҳаммадҷон Шакуриро дарҷ кардаанд.

"...Ҷашни ин донишманди номӣ ҷашни ҳамаи мо - фарҳангиён, фарҳангистониён, донишгоҳиён аст. Ӯ аз он сабаб дар боргоҳи илм азиз аст, ки табъи салим дорад, дар баррасии ҳар масъала истиқлоли табъ зоҳир менамояд ва назари ӯ аз фикрҳои муқаррарии маъмулӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Аз ин рӯ, чун дар айёми мо, дар даврони истиқлоли сиёсии Тоҷикистон оид ба забон, адабиёт, фарҳанг навназарӣ лозим омад, ӯ аз ҷумлаи нахустинҳо ҷустори тозаи илмӣ пеш гирифт, дар бораи масъалаҳои асосӣ ақидаҳои ҷолиб баён кард. Алҳол навназарӣ, ташаббускорӣ, азхудгузаштагӣ аҳамияти вежа пайдо кардааст ва барои ислоҳи кори фарҳанг, забону савод, мактабу маориф, ки ҳолаш табоҳ аст, зиёда зарур аст. Тасодуф нест, ки чун дар мактаб, дар тарзи таълим, дар тартиб додани барнома ва китобҳои дарсии нав санҷишу озмоиш лозим шуд, дар қатори аввалинҳо Худоӣ Шарифов даъват ва супориш гирифт. Ӯ аз онҳоест, ки дар ин кор омодагии  пухта доранд. Умед аст, ки ҳама нақшаҳои ҷиддӣ, ки дар ислоҳи таълими адабиёт ба назар гирифтааст, бо муваффақияти тамом анҷом хоҳад ёфт. Мо ба Худоӣ Шарифов саломатии бардавом ва дар ҳама корҳои савоб комгорӣ хоҳонем. Орзу дорем, ки ҷашнҳои зодрӯзашро бисёр бинад ва ҳамеша бо аҳли хонадон, бо авлоду атбор ва дӯстону ҳамкорон ба шодиву хурсандӣ баргузор  намояд."

Муҳаққиқи  шинохта Абдушукури Абдусаттор дар хусуси мактаби илмии устод Худоӣ Шарифов чунин менигорад: "… Далелҳои зиёде мавҷуданд, ки аз соҳиби мактаби илмиву таълимӣ будани Худоӣ Шарифов-гувоҳӣ медиҳанд. Бо ин ҳама яке аз далелҳои муҳими мактаби илмии устод Худоӣ Шарифов беш аз 30 нафар номзад ва докторҳои илм мебошанд, ки дар бахшҳои таърихи адабиёт, назария ва робитаҳои адабӣ фаъолият менамояд…" ("Адабиёт ва санъат", №25,с.2007)

Яке аз асарҳои барҷастаи монографии профессор Худоӣ Шарифов ин "Савти аҷам" мебошад, ки пурра ба ҳаёт ва эҷодиёти яке аз шоирони тавонову саршинос, устоди каломи бадеъ Мӯъмин Қаноат бахшида шудааст. Ин рисолаи батафсили монографии муҳаққиқ, ки аз се боб ва 17 мақола, ки таҳқиқи илмии достонҳои шоири маъруфи тоҷикро дар бар гирифтааст, дар байни осори илмии пажӯҳиши монографии адабиётшиносии тоҷик падидаи ҷадид ва омӯзандаест.

Худоӣ Шарифов олимест, ки нуқтасанҷу сермаҳсул. Осори насрии адабиёти муосири тоҷикро низ хеле амиқ ва ба гунаи вусъатгир таҳлил ва интиқод кардааст. Ин шеваву наҳваи таҳқиқ аз қадамҳои нахустини профессор Худоӣ Шарифов ҳувайдо гардида буд. Пажӯҳишгари ҷавон аввалин тақризи худро ба китоби нависандаи шинохта Юсуф Акобиров "Баъде ки осиё бозмонд" (с.1963) навишта, ҳусну қубҳи ин повестро бо диди вижаи хеш таҳлил намудааст.

Худоӣ Шарифов илми қофия, сохти шеър, вазнҳои онро ба гунаи жарф омӯхтаву тадқиқ намудааст. Ҳанӯз соли 1973 олими навроҳ ба рисолаи донишманди тоҷик Баҳром Сирус "Назарияи нави қофиябандӣ дар шеъри тоҷик" боҷуръатона тақризе навиштааст бо номи "Муаммоҳои қофия" (рӯзномаи "Маориф ва маданият", соли 1973) қаблан дар ин бахши илми адабиётшиносӣ ду рисолаи Ӯ бо номҳои "Ибни Сино дар бораи муносибати мантиқ ва шеър" ва "Рисолаи қадимтарин роҷеъ ба илми шеър" (соли 1971) ба табъ расида буданд. Ҳатто устод дар хусуси масъалаҳои драматургияи тоҷик мақолоти алоҳида таълиф кардааст, ки аз нигоҳи хоси худ ба проблемаву мушкилоти ин бахши адабиёт наздик шудааст…

Умуман, Худоӣ Шарифов яке аз сипаҳсолори илми адабиётшиносии тоҷик ба шумор меравад, ки аз мактаби илмии донишмандони фарҳехтае чун, шодравон Шарифҷон Ҳусейнзода сабақи илм гирифтаву волотарин анъаноти илмиву эҷодии ӯ ва дигар соҳибназаронро дар бахши таҳлили фароху бовусъат, тадқиқу таҳқиқ ва хулосаву натиҷагириҳои қотеъона, ки саршор аз оҳангҳои фалсафиянд, думболагирӣ карда, тадқиқи  арзишҳои миллии адабиёти тоҷикро ба қуллаи баланд расонидааст. Ӯ дар ин радиф соҳибмактаб ва дорои сабку равияи нобу ҷадиди  хешанд…

Дар шоҳроҳи илм устод Худоӣ Шарифов ба мартабаҳои баланд-доктори илмҳои филологӣ, прфессор, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон расидаанд. Ҳамзамон заҳматҳои бесобиқаашон бо дигар унвону ифтихорномаҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва раёсати Донишгоҳи миллии кишвар қадр гардидааст.

Дар ин рӯзҳо устоди меҳрабону мушфиқи мо-Худоӣ Шарифов 75-умин баҳори умри пурнишоту бобаракатро дар муҳити фазлу адаб таҷлили менамоянд. Мо эшонро ба истиқболи ин санаи муборак самимона табирику тахният намуда, барояшон сиҳатмандии комил, офияти рӯзгор, хушбахтиву сарафрозӣ ва дар фатҳи қуллаҳои кашфношудаи илми  адабиётшиносӣ  комёбиҳои беназир хоҳонем.

Меҳриддин Ғиёсӣ, муҳаққиқ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97