Рӯзи нав

Фарҳанг ва адаб 21.03.2012 15:10

Navruz_asosiИнсон аз нахустин солҳои зиндагии иҷтимоӣ, замоне ки аз роҳи гирдоварии хӯрокҳои гиёҳӣ рӯзгор мегузаронд, мутаваҷҷеҳи бозгашт ва такрори бархе аз рӯйдодҳои табиъӣ, яъне такрори фаслҳо шуд. Замони яхбандиҳо, мавсими шукуфаҳо, ҳангоми ҷуфтгирии парандагон ва чарандагонро аз якдигар ҷудо кард. Ниёз ба муҳосиба дар даврони кишоварзӣ, яъне ниёз ба донистани замони кошт ва бардошт; фаслбандиҳо ва тақвими деқонию зироъйро ба вуҷуд овард. Нахустин муҳосибаи фаслҳо, бегумон дар ҳамаи ҷомеъаҳо бо гардиши моҳ, ки тағйири он осонтар дида мешавад, сурат гирифт. Ва билохира норасоиҳо ва ноҳамоҳангиҳое, ки тақвими қамарӣ бо тақвими деҳқонӣ дошт, муҳосиба ва танзими тақвим бар асоси гардиши хуршед сурат пазируфт. Сол дар назди ирониён ҳамвора дорои фасл набуда, замони шомили ду фасл; зимистони даҳмоҳа ва тобистони думоҳа буда; ва замоне дигар тобистон ҳафт моҳ (аз фарвардин то обон) ва зимистони панҷ моҳ (аз обон то фарвардин) буда, ва саранҷом аз замоне нисбатан кӯҳан ба чаҳор фасли се моҳа тақсим гардидааст. Гузашта аз Ирон, сол ва моҳи суғдиҳо, хоразмиҳо, сиистониҳо дар шарқ ва кободукиҳо ва арманҳо дар мағриби Ирон, бидуни каму зиёди ҳамон солу моҳи иронӣ аст".

Оғози сол

Navruz_dehqonМардумшиносонро ақида бар ин аст, ки муҳосибаи оғози сол дар миёни қавмҳо ва гурӯҳҳои кӯҳан аз даврони кишоварзӣ, ҳамроҳ бо марҳилае аз кишт, ё бардошт буда, бадин ҷиҳат аст, ки оғози соли нав дар бештари кишварҳо ва ойинҳо дар нахустин рӯзҳои пойиз, ё зимистон ва ё баҳор мебошад. Оғози соли ирониён ҳарчанд, ки замоне каме тағйир хӯрд, вале Абурайҳони Берунӣ дар "Осорул боқия" гӯяд, ки оғози соли иронӣ аз замони хилқати инсон (яъне ибтидои ҳазораи ҳафтум аз таърихи олам) рӯзи Ҳурмуз аз моҳи фарвардин буд. Вақте ки офтоб дар нисфун наҳор (ними рӯз) дар нуқтаи эътидоли рабеъӣ буд ва толеъи Саратон буд.

Пайдоиши ҷашни Наврӯз

Дар адабиёти форсӣ ҷашни Наврӯзро монанди бисёре дигар аз ойинҳо, расмҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳо ба нахустин подшоҳон нисбат медиҳанд. Шоирон ва нависандагони қарни чаҳорум ва панҷуми ҳиҷрӣ, чун Фирдавсӣ, Манучеҳрӣ, Унсурӣ, Берунӣ, Табарӣ, Масъудӣ, Мискивия ва бисёре дигар, ки манбаъи таърихӣ ва устураҳои онон бегумон адабиёти пеш аз ислом буда, Наврӯз ва баргузории ҷашни Наврӯзро аз замони подшоҳии Ҷамшед медонанд, ки танҳо ба чанд намуна ва мавриди ин ишора мешавад:

Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯй,

Аз он бар шуда фараҳбахт ӯй.

Ба Ҷамшед бар гуҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Сари соли нави Ҳурмуз Фарвардин,

Бар осуда аз ранҷи тан, дил зи кин.

Ба Наврӯзи нав шоҳи гетифурӯз,

Бар он тахт биншаст фирӯзрӯз.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Майю рӯду ромишгарон хостанд.

Муҳаммад бини Ҷарири Табарӣ Наврӯзро сароғози додгарии Ҷамшед дониста:

"Ҷамшед уламоро фармуд, ки он рӯз, ки ман ба тахт биншастам, шумо назди ман бошед, то ҳар чи дар ӯ доду адл бошад, бинмоед, то ман он кунам. Ва он рӯз, ки ба мазолим нишастам, рӯзи Ҳурмуз буд аз моҳи Фарвардин. Пас он рӯз расм карданд".

Абурайҳони Берунӣ парвоз кардани Ҷамшедро оғози ҷашни Наврӯз медонад: "Чун Ҷамшед барои худ гардуна бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷинну шаётин ӯро дар ҳаво ҳамл карданд ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр ба шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифта ва барои ёдбуди он рӯз тоб менишинанд ва тоб мехӯранд.

Ба навиштаи Гардезӣ Ҷамшед ҷашни Наврӯзро ба шукронаи ин, ки худованд "гармо ва сармо ва беморию маргро аз мардумон гирифт ва сесад сол бар ин ҷумла буд" баргузор кард ва ҳам дар ин рӯз буд, ки "Ҷамшед бар гӯсолае нишаст ва ба сӯи ҷануб рафт ба ҳарби девону саёҳон ва бо эшон ҳарб кард ва ҳамаро мақҳур кард".

Ва саранҷом Хаём менависад, ки Ҷамшед ба муносибати боз омадани Хуршед ба бурҷи Ҳамал Наврӯзро ҷашн гирифт:  "Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки Офтобро ду давр буд, яке он ки ҳар се саду шасту панҷ шабонрӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз омад ва ба ҳамон рӯз, ки рафта буд бадин дақиқа натвонад аз омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад; ва чун Ҷамшед он рӯз дарёфт онро Наврӯз ном ниҳод ва ҷашну ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад - ӯ иқтидо карданд.

Дархӯри ёдоварист, ки ҷашни Наврӯз пеш аз Ҷамшед низ баргузор мешуда  ва Абурайҳон низ бо он ки ҷашнро ба Ҷамшед мансуб мекунад, ёдовар мешавад, ки "он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт; агар чи пеш аз он ҳам Наврӯз бузург ва муъаззам буд".

Садриддин Айнӣ дар бораи баргузории ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ва Бухоро менависад: "…Ба сабаби аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани растаниҳо, рост омадани ин ид, табиъати инсон низ ба ҳаракат меояд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон мегӯянд: "Ҳамал ҳама чиз дар амал". Дар ҳақиқат ин ид ба ҳаракат омадани киштҳои ғалладона ва сар шудани кишту кор ва дигар ҳосилоти заминӣ аст, ки инсонро сер карда ва сабаби бақои ҳаёти ӯ мешавад". Вай дар ҷойи дигар мегӯяд: "Дар Бухоро Наврӯзро, ки иди миллии умуми форсизабонон аст, бисёр ҳурмат мекарданд. Ҳатто муллои динӣ ба ин ид, ки пеш аз исломият одати миллӣ буда, баъд аз мусалмон шудан мардум ҳам ин идро тарк накарда буданд, ранги дини исломӣ дода, аз вай фоида мебурданд. Аз оятҳои Қуръон ҳафт салом навишта, ба "ғулунги об", ки хӯрдани вай дар Наврӯз аз одатҳои миллии пештара буда, тар карда мехӯрданд. Вале баргузории шукӯҳманд ва боварманд ва ҳамагонии ин ҷашн дар дастгоҳҳи ҳукуматӣ ва созмонҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ ва дар байни ҳама қишрҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ бегумон аз вижагиҳои Иронзамин аст, ки бо вуҷуди ҷангу ситезҳо, шикастҳо ва дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, эътиқодӣ, илмӣ ва фаннӣ аз рӯзгорони кӯҳан по бар ҷо монда ва афзун бар он ба ҷомеъаҳо ва фарҳангҳои дигар низ роҳ ёфтааст. Ва дар мақоми муқоиса имрӯз ҷомеъа ва кишвареро бо ҷашну ойини чандинрӯзае, ки чунин ҳамагонӣ ва мавриди эҳтиром ва бовари хосу ом, фақиру ғанӣ, кӯчаку бузург ва билохира шаҳрию рустоӣ ва ашоирӣ бошад, суроғ надорем.

Рӯзҳо ё моҳи ҷашни Наврӯз

Муддати баргузории ҷашнҳое чун Меҳргон, Ялдо, Сада ва бисёре дигар маъмулан як рӯз (ё як шаб) бештар нест, Вале ҷашни Наврӯз, ки дар борааш истилоҳи " ҷашнҳо ва ойинҳои наврӯзӣ" гӯётар аст, дасти кам як ё ду ҳафта идома дорад, Абурайҳони Берунӣ муддати баргузории ҷашни Наврӯзро пас аз Ҷамшед як моҳ менависад:

"Чун Ҷам даргузашт, подшоҳон ҳама рӯзҳои ин моҳро ид гирифтанд, Идҳоро шаш бахш намуданд; 5 рӯзи нахустро ба подшоҳон ихтисос доданд, 5 рӯзи дуввумро ба ашроф, 5 рӯзи саввумро ба ходимону коркунони подшоҳӣ, 5 рӯзи чаҳорумро ба надимону дарбориён, 5 рӯзи панҷумро ба тӯдаи мардум ва панҷаи шашумро ба бузургон".

Расмҳо ва ойинҳои наврӯзӣ, ки аз рӯзгорони кӯҳан идома дорад, аз одобу русумаш ба монанди панҷа (хамсаи мустариқа), чаҳоршанбесурӣ ва хонатаконӣ месазад ёд кард.

Панҷа (хамсаи мустариқа)

Бинобар солнамои кӯҳани Ирон  ҳар як аз дувоздаҳ моҳи сол 30 рӯз аст ва панҷ рӯзи боқимондаи солро панҷа, панҷак, хамсаи мустариқа, байтак (дар забон ва тақвими мозандаронӣ), ё баҳизак (дар рӯзи шумори зардуштиён) гӯянд. Абурайҳон дар бораи панҷа менависад:

"…Ҳар як аз моҳҳои форсӣ си рӯз аст ва аз он ҷо, ки соли ҳақиқӣ 365 рӯз аст, порсиён 5 рӯзи дигари солро "панҷӣ" ва "андаргоҳ" гӯянд. Сипас ин ном таъриб (арабӣ) шуда ва "андарҷоҳ" гуфта шуд ва низ ин панҷ рӯзи дигарро рӯзҳои мустариқа номанд, зеро ки дар шумори ҳеч як аз моҳҳо ҳисоб намешаванд".

Ин панҷ рӯзро, ки ҳамзамон бо яке аз шаш "кӯҳанбор" аст, ҷашн мегирифтанд. Маросими панҷа то соли 1304 , ки тақвими расмии шаш моҳи аввали солро 31 рӯз қарор дод, баргузор мешавад.

Мири Наврӯзӣ

Аз ҷумлаи ойинҳои ин ҷашни панҷрӯза, ки дар шумори рӯзҳои сол ва моҳу кор набуд, барои шӯхӣ ва саргармӣ ҳоким ва амире интихоб мекарданд, ки рафтор ва дастурҳояш хандаовар буд, ва дар поёни ҷашн аз тарси озори мардумон фирор мекард. Абурайҳон аз марди кӯсае ёд мекунад, ки бо ҷома ва ороише шигифтангез ва хандаовар, дар нахустин рӯзи баҳор мардумро саргарм мекард ва чизе мегирифт. Ва ҳам ӯст, ки Ҳофиз ба унвони "мири наврӯзӣ" даврони ҳукуматашро "беш аз панҷ рӯз намедонад".

Рӯзҳои мурдагон ва панҷшанбеи охири сол

Яке аз ойинҳои кӯҳани пеш аз Наврӯз ёд кардан аз мурдагон аст, ки ба ин муносибат ба гӯристон мераванд ва хӯрок мебаранд ва ба дигарон медиҳанд. Зардуштиён муътақиданд, ки: "Руҳ ва равони мурдагон ҳеч гоҳ касеро, ки ба вай таъаллуқ дошт фаромӯш намекунад ва ҳар сол ҳангоми ҷашни фарвардин ба хонаю кошонаи худ бармегарданд".

Дар рӯзҳои панҷа аз ҷумлаи расмҳо, таҳия кардани ғизо, ойини мазҳабӣ буда, Абурайҳон менависад: "… Ва габрон дар ин панҷ рӯз хӯриш ва шароб ниҳанд равонҳои мурдагонро ва ҳамегӯянд, ки ҷони мурда биёяд ва он ғизо гирад". Ғизо пӯхтан ва бар мазори мурдагон бурдан дар қарни чаҳорум расм будааст, аз Хоразм то Форс. Хоразмиён панҷ рӯзи охири  Исфанд ва панҷ рӯзи дигаре, ки дар пай он аст ва мулҳақ бар ин моҳ монанди аҳолии Форс дар ин рӯзҳо барои арвоҳи мурдагон дар гӯристон ғизо мегузоранд.

Яке аз суратҳои барҷомондаи ин расм дар шаҳру рустоҳо ба гӯристон рафтан "панҷшанбеи охири сол" аст, ба вижа хонаводаҳое, ки дар тӯли сол аъзоеро аз оилаашон аз даст медоданд. Рафтан ба зиёратгоҳҳо ва зиёрати аҳли қубур дар панҷшанбе ва низ рӯзи пеш аз Наврӯз ва бомдоди нахустини рӯзи сол, расми ом аст. Дар ин рӯз хонаводаҳо хӯрок (палав ҳуриш), нон, ҳалво ва хурмо бар мазори наздикон мегузоранд ва бар мазори тоза гузаштагон шамъ , ё чароғ равшан мекунанд.

Хонатаконӣ

Истилоҳи хонатакониро бештар дар мавриди шустан, тамийз кардан, нав харидан, таъмир кардани абзорҳо, фаршҳо, либосҳо ба муносибати фаро расидани Наврӯз ба кор мебурданд. Дар ин хонатаконӣ, ки се то чаҳор ҳафта тӯл мекашад, боясти тамоми абзорҳо ва василаҳое, ки дар хона ҳаст ҷо ба ҷо, тамйиз таъмир ва муъоина шуда ва дубора ба ҷой худ қарор гирад. Бархе аз абзорҳои сангинвазн, ё фаршҳо, пардаҳо ва василаҳои дигар фақат соле як бор он ҳам дар хонатаконии наврӯзӣ, ҷо ба ҷо ва тамйиз мешавад.

Коштани сабза

Navruz_sabzaИсфандмоҳ, моҳи поёнии зимистон, ҳангоми коштани дона ва ғалла аст. Коштани сабзаи ид ба сурати шугун аз рӯзгорони кӯҳан дар ҳамаи хонаҳо ва дар байни ҳамаи хонаводаҳо расм аст.

Дар Ирони кӯҳан 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар майдони шаҳр дувоздаҳ сутун аз хишти хом барпо мешуд, бар сутуне гандум, бар сутуне ҷав ва ба тартиб биринҷ, боқило, арзан,нахӯд, мош ва ғайра мекоштанд ва дар шашумин рӯзи фарвардин бо суруд ва тараннуму шодӣ ин сабзаҳоро меканданд ва барои фархундагӣ ба ҳар сӯ мепароканданд. Ва Абурайҳон нақл мекунад, ки "ин расм дар ирониён пойдор монд, ки рӯзи Наврӯз дар канори  хона ҳафт синф аз ғаллот дар ҳафт устувона бикоранд ва аз рӯйидани ин ғаллот ба хубӣ ва бадии зироъат ва ҳосили солиёна ҳадс бизананд".

Суфраи ҳафтсин

Расм ва боварии кӯҳан аст, ки ҳамаи аъзои хонавода дар мавқеъи сол таҳвил (лаҳзаи вуруди хуршед ба бурҷи Ҳамал) дар хона ва кошонаи худ дар канори суфраи ҳафтсин гирд оянд. Дар суфраи сафедранги ҳафтсин аз ҷумла ҳафт рӯйидании хӯрокӣ аст, ки бо ҳарфи "с" оғоз мешавад ва намоду шугуне бар фаровонии рӯйиданҳо ва фаровардаҳои кишоварзӣ аст, чун себ, сабза, санҷид, самоқ, сир, сирка, самну ва монанди инҳоро мегузоранд.

Дар бархе аз навиштахо аз суфраи ҳафтшин (ҳафт рӯйидани, ки бо ҳарфи шин оғоз мешавад) сухан рафта ва онро расми кӯҳантар донистаанд.

Пӯшидани либоси нав

Пӯшидани либоси нав дар ойинҳои наврӯзӣ расми ҳамагонӣ аст. Абурайҳони Берунӣ менависад: "Расми мулуки Хуросон ин аст, ки дар ин мавсим ба сипоҳиёни худ либоси баҳорӣ ва тобистонӣ медиҳанд". Муаррихон ва шоъирон аз хилъат бахшиданҳои наврӯзӣ фаровон ёд кардаанд.

Ин бовари кӯҳанро дар навиштаҳо, тавсияҳо ва тавсифҳои наврӯзӣ ҳамвора мебинем, ки: аз табиъат пайравӣ кунем, аз дарахтон ёд бигирем ва бо омадани баҳор либоси нав бипӯшем, ки шугуни шодмонӣ ва оромиш аст.

Дуктур Маҳмуди Руҳуламинӣ

                   Ғазали наврӯзӣ

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ дил барафрӯзӣ.

Чу гул гар хӯрдае дорӣ, худоро сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ.

Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти май лаъл аст,

Ки зад бар чархи фирӯза сафири тахти фирӯзӣ.

Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам бияфшонӣ,

Ба гулзор ой, к - аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ.

Чу имкони хулуд эй дил дар ин фирӯза айвон нест,

Маҷоли айш фурсат дон ба фирӯзию беҳрӯзӣ.

Тариқи комбахши чист тарки коми худ кардан,

Кулоҳи сарварӣ он аст, к - аз ин тарк бардӯзӣ.

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Надонам навҳаи қумрӣ ба тарфи ҷӯйборон чист?

Магар ӯ низ ҳамчу ман ғаме  дорад шабонрӯзӣ?

Майе дорам чу ҷон софию сӯфӣ мекунад айбаш,

Худоё ҳеч оқилро мабодо бахти бад рӯзӣ.

Ҷудо шуд ёри ширинат кунун танҳо нишин, эй шамъ,

Ки ҳукми осмон ин аст, агар созӣ вагар сӯзӣ.

Ба уҷби илм натвон шуд зи асбоби тараб маҳрум,

Биё соқӣ, ки ҷоҳилро ҳанитар мерасад рӯзӣ.

Май андар маҷлиси Осаф ба наврӯзи ҷалолӣ нӯш,

Ки бахшад ҷуръаи ҷомат ҷаҳонро сози наврӯзӣ.

На Ҳофиз мекунад танҳо дуъои хоҷа Тӯроншоҳ,

Зи мадҳи осафӣ хоҳад ҷаҳон идию наврӯзӣ.

Таҳияи Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97