Хушқадам Хусрав унвони ҷаҳонпаҳлавониро ба даст овард

Хабари хуб 12.11.2018 13:09

Варзишгари тоҷик Хушқадам Хусравов дар рӯзи саввуми мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки 11-уми ноябр дар Бухарест пойтахти Руминия баргузор шуд, унвони саввумин ҷаҳонпаҳлавони тоҷикро ба даст овард.

Хушқадам Хусрав дар сабқати самбои варзишӣ дар рақобатҳо дар вазни зери 62 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Руслан Багдасаряни русиягиро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Ин дар ҳоле аст, ки дар таърихи варзиши тоҷиқ вай пас аз Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин варзишгари Тоҷикистон аст, ки медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самборо ба даст овардааст. Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов аз шогирдони мураббии варзидаи гуштӣ Муҳаммадшариф Сулаймонов маҳсуб мешаванд.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Носир Бозоров варзишгарони зерин: ҶомӣҲасан (то 52 кг), Акмалиддин Каримов (то 57 кг), Хушқадам Хусравов (то 62 кг), Мустафо Ҳасанов (то 68 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 74 кг), Зафар Олимшоев (то 82 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Муҳаммадризо Қурбонзода (то 100 кг), инчунин варзишгароне, ки дар мусобиқаҳо оид ба самбои размӣ иштирок намуданд – Сорбон Латифов (то 62 кг), Умедҷон Муҳиддинов (то 68 кг), Беҳрӯз Зуҳуров (то 74 кг) ва СолеҳҲасанов (то 90 кг) шомил буданд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Бухарест, ҳамчунин довари дараҷаи байналмиллалӣ Маҳмуд Абдуллоев ба ҳайси ҳакам намояндагӣ кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97