ё фалсафаи қурбонӣ ва ё забҳи гӯсфанд дар маросимҳои мазҳабии исмоилиёни Бадахшон
"Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусулмонони кишвар имконият ва шароити мусоид муҳайё гардид, ки аз арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва динии худ ба таври васеъ баҳравар шуда, бо истифода аз ҳуқуқи озодиҳо маросимҳои диниро озодона анҷом диҳанд"
Аз паёми Эмомалӣ Раҳмон, аз 4.11.2011.
Қурбонӣ аз замони Одам то ойини ориёиҳову яҳуду насорову ислом
Забҳ ва қурбонӣ маросиме аст, ки дар аксари динҳо ва мазҳабҳои дунё мавқеи муҳим дорад. Ҳадафи оини қурбонӣ ин аст, ки ҳангоми иҷро намудани он инсон дар назди Худованд мавриди озмоиш қарор мегирад. Вожаи "қурбонӣ" аз "қурбон" бармеояд ва дар луғатномаҳо ба маънои наздик будан ба Худои таъоло омадааст. Қурбонӣ махсус ба забҳи ҳайвон гуфта мешавад, ки ҳангоми маросим дар роҳи ризои Худо забҳ мешавад. Яъне бо забҳи ҳайвон инсон ба Худованд наздик мешавад.
Агар ба таърихи қурбонӣ бингарем, он аслан аз замони Ҳазрати Одам (С) шурӯъ шудааст (ниг. сураи Моида, ояи 27).
Вақте ки ду фарзанди ҳазрати Одам Ҳобил ва Қобил миқдори гандумро ба унвони қурбонӣ тақдим намуданд, дар ин замон ба хости Худо қурбонии Қобил қабул нагардид ва қурбонии Ҳобил пазируфта шуд, вале дар қарнҳои баъдӣ ин расм дар тамоми динҳои ориёӣ, яҳудӣ, насоро ва ислом мисли як ибодати муҳим ҷорӣ гардид.
Қурбонӣ дар дини ислом
Оини қурбонӣ махсусан дар дини мубини ислом мавқеи хосеро ишғол мекунад. Ҳазрати Зайд ибни Арқом ривоят мекунад, ки саҳобагон аз пайғамбари ислом мепурсанд: "Эй Расули Худо, ин қурбониҳое, ки мебинем, чист? Пайғомбар гуфт: Ин суннати падаратон Иброҳим аст". Пас саҳобаҳо гуфтанд; чи фоида (фазилат) доранд? Пайғомбар гуфт, ба ивази ҳар як мӯйи чаҳорпо як некӣ ба қурбонкунанда мерасад. (Ибни Моҷа, 1265.) (Муҳаммадфаррухи Абдуллозода. Қурбонӣ ва тарзи адои он.)
Аз ҳазрати Оиша ривоят аст, ки пайғомбар фармуд: Ҳеҷ амали фарзанди Одам дар рӯзи наҳр (иди қурбонӣ) дар пешгоҳи Худованд аз қурбонӣ кардан маҳбубтар нест. Чорпои қурбонишуда рӯзи қиёмат бо шох ва мӯй ва тамомии аъзои он дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи чорпои қурбонӣ мерезад, ҳанӯз ба замин нарасида савобаш назди Худованд навишта мешавад. Пас бо хушҳолӣ қурбонӣ кунед!" (ривояти Ибни Моҷа ва Тирмизӣ) (Муҳаммадфаррухи Абдуллозода. Қурбонӣ ва тарзи адои он).
Аз андешаҳои боло аён гардид, ки суннати қурбонӣ маҳдуд ба як мазҳаб ё дин набуда, он аз ҷониби пайравони тамоми адён анҷом дода мешавад ва хусусияти умумибашариро касб намудааст.
"Хун кардан"-и исмоилиёни Бадахшони мо
Дар таълимоти исмоилиёни Бадахшон маросими қурбонӣ мисли таълимоти динҳои дигар мақоми хосеро ишғол мекунад. Дар ин диёр аз ҷониби исмоилиён аз замонҳои қадим то солҳои наздик дар маросимҳои гуногун ба мисли маросимҳои "Чароғравшан", "сур", "санги асосии хонаи навро гузоштан", "хонаи нав пӯшондан" ва оини "Худоӣ" гӯсфандеро забҳ мекарданд. Одатан онҳо ин забҳкуниро "хун кардан" мегӯянд. Вале мутаассифона солҳои охир воъизони исмоилияи дур аз фарҳанги мо дар Бадахшон саъй намуданд, ки маросими қурбониро дар расму оинҳои гуногуни мардуми Бадахшон манъ созанд ва онҳоро аз байн бубаранд. Ин мубаллиғон аввал қурбониро дар сур (тӯй), яъне ҳангоми омадани шоҳмард ва арӯс, ҳангоми ниҳодани хишти аввали хонаи нав ва пӯшондани хона манъ намуда, ба маросимҳои муҳими "Чароғравшан" ва "Худоӣ" часпиданд. Дар натиҷа забҳи гӯсфандро манъ сохта маросимҳоро беқурб ва беарзиш гардонданд. Ҳатто онҳо ба баҳонаи манъи қурбонӣ суннати "Худоӣ"-ро, ки дар Бадахшон ба мисли "Чароғравшан" дар фарҳанги мо мақоми асосиро ишғол мекард ва дар кори ба эътидол овардани вазъи ахлоқии ҷомеа нақши асосиеро ишғол мекард, барҳам додан мехоҳанд.
Дар дин ҳеч иҷборе нест
"Мубаллиғони мазҳабӣ" моро бо зуроварӣ маҷбур мекунанд, то мо аз фарҳанги аҷдодии худ, ки бахши фарҳанги тоҷик ва махсусан фарҳанги исломӣ ҳисоб меёбанд, даст бикашем. Вале тавре дар Қуръони маҷид Худованд фармудааст: "Ло икроҳа фид дин қад табаянар рушду миналғай фаман йакфуру биттоғути ва йуъмин биллоҳи фақад истамсака бил ъурватил вусқо ло анфисома лаҳо валлоҳу самиъун алим" (Сураи Бақара, ояи 256).
Яъне дар дин ҳеҷ иҷборе нест. Роҳ аз бероҳа ошкор шудааст. Пас ҳар ки ба Тоғут куфр биварзад ва ба Худованд имон биёварад ба ростӣ ба риштаи устувор, ки онро гусастан нест чанг афканда ва он шунавои доност Худованд. (Қуръони карим. Тарҷумаи Маҳмуди Салавотӣ.)
Дар аҳодиси Пайғамбари ислом низ маҷбур кардани ин ё он фарди мусулмон дар иҷрои ин ё он маросим, ё даст кашидан аз он бо роҳи зуроварӣ маҳкум шудааст. Масалан, доъии исмоилӣ Қозӣ Нӯъмон дар китоби худ "Даъоим -ул-ислом" аз қавли пайғомбари ислом чунин ҳадисеро нақл кардааст: "Расули Худо дар рӯзи иди қурбон хутба хонд ва фармуд: "Эй мардум, ҳар кас сарватманд аст бояд шаъоири Худоро бузург шуморад ва қурбонӣ кунад ва ҳар касе ки мол ва сарвате надорад, Худо ҳеҷ касро бештар аз ҳадди тоқаташ таклиф намекунад" (Қозӣ Нӯъмон, "Даъоим - ул ислом" ҷ. 2. Кобул,1372. с183).
Ҳамчунин Қозӣ Нӯъмон дар китоби худ ривояти дигареро оид ба маросими Қурбонӣ меорад, ки дар он гуфта мешавад: "Ва аз эшон (Пайғомбар) аст, ки рӯзи иди Қурбон бар Фотима (с) ворид шуд ва ба ӯ фармуд: "Бархез ва қурбонии худро анҷом бидеҳ ва бад он, ки аввалин қатраи хуни қурбонӣ рехта шавад каффораи ҳамаи гуноҳони ту мебошад. Ва дар рӯзи қиёмат гӯшт, устухон, пашм ва ҳама чизи он қурбониро дар мизони аъмоли ту қарор медиҳанд ва Худо барои ту савоби онҳоро 70 бор мекунад" (Даъоим -ул -ислом, ҷ. 2. с184).
Танзими нооқилона чароғи маҳфилҳоро хомӯш мекунад
Аммо мутаассифона мубаллиғони мазҳабии Бадахшон анҷом додани қурбонӣ дар оини "Чароғравшан"-ро, ки яке аз суннатҳои муҳими исмоилиёни Бадахшон ҳисоб мешавад, ба сари он "сарфиёт" ва "бори гарон" барои хонавода бор карда, онро бе ягон асос ва далели илмӣ аз байн бурданд. Вале тавре аз фалсафаи қурбонӣ дар маросимҳо аён гардид, ин қурбониҳо, махсусан забҳи гӯсфанд дар оини "Чароғравшан" барои шикамсерӣ набуда, он фалсафаи амиқ дорад, ки бо таърихи ислом ва адёни дигар робитаи қавӣ дорад ва дорои арзишҳои умумибашарӣ ва мафҳумҳои муштараки эътиқодӣ мебошад. Масалан, аҳли насоро ҳангоми қурбонӣ дастҳои худро бар сари гӯсфанд ё буз мегузоштанд, ки гӯё тавассути ин амал гуноҳони онҳо бар сари ҳайвон мегузаштанд. Пас аз ин ҳайвонро забҳ мекарданд ва хунашро мерезонданд. Ба ақидаи онҳо гӯё бо ин амал ҷон бо рехтани хун покиза мешавад.
Дар маросими "Чароғравшан" низ забҳи гӯсфанд дорои ин хусусияти фалсафӣ мебошад. Яъне дар ин маросим барои ин гӯсфандро забҳ мекунанд, ки гӯё бо рехтани хуни он рӯҳи шахси фавтида аз гуноҳон покиза шуда, ба асли худ пайваст мегардад. Вақте ки шахсе мефавтад, хешовандони ӯ мегӯянд, ки барои ӯ бояд гӯсфандеро забҳ кунанд ва тамоми русумоти мазҳабиро пурра анҷом диҳанд, то ин ки барои хуруҷи рӯҳи ӯ чизе зима (дар амон будан) нашавад ва ба асли худ пайваст гардад.
Дар маросими "Чароғравшан" аз гӯшти он гӯсфанди забҳшуда ғизои табаррукӣ ё насибаро таҳия мекунанд ва дар фарҷоми маросим онро барои ҳозирин тақсим мекунанд. Аҷиб ин аст, ки номи ин маросим ё даъват ба истилоҳи дигар "мансуба" гуфта мешавад, ки ин калима аз вожаи "насиба" бармеояд. Қобили ёдоварӣ аст, ки ин ғизои табаррукӣ (насиба) барои шикамсерӣ набуда, ҳозирин аз он фақат як қаляи кӯчакро тановул мекунанду халос.
"Чароғнома"-и "Чароғравшан"
Моҳи июли соли 2009 матни ягонаи "Чароғнома" барои суннати "Чароғравшан" аз ҷониби Оғохони IV тасдиқ гардид. Пас тавре аз таълимоти исмоилия бармеояд, матне ки бо фармони Имом тасдиқ шудааст, ба ягон кас аз муридони исмоилӣ иҷоза нест, ки онҳо бидуни амри Имом ба ин матн ё ба суннат тағйиротро ворид намоянд. Ба ин хотир агар мо ин матни тасдиқшударо мавриди таҳлил қарор диҳем, дар он забҳи гӯсфанд ҳамчун оини муҳим қабул шудааст.
Масалан, агар ин матни тасдиқшударо варақгардон кунем, ҷумлаи аввали он чунин оғоз меёбад: "Дар оғози маросими "Чароғравшан" яке аз ходимони даъват гӯсфандеро бо тартиби махсус омодаи забҳ мекунад. Ходими дигар чароғдон, қадре гандуми нимкуфта, намак ва кордро рӯи табақе мегузорад ва онро бардошта, дуруд мефиристад" ("Чароғнома" саҳ.1).
Пас аз ин дар саҳифаи аввал гуфта шудааст: "Ходими даъват табақро назди халифа ё мукӣ мегузорад ва халифа ин ояро бо овози паст мехонад ва дар корд ва гандум дам мекунад" ("Чароғнома", саҳ1). Дар саҳифаи чаҳоруми ҳамин ҷо зикр шудааст: "Пас аз хондани дуъои такбир гӯсфандро забҳ мекунанд ва халифа ё мукӣ ин оёт ва дуъоҳоро мехонад…" (саҳ.4). Дар саҳифаи 21-уми "Чароғнома" чунин омадааст: "Муноҷот, ки баъд аз тақсими табаррук хонда мешавад…" .
Аз ин ҷумлаҳои марбут ба забҳи гӯсфанд аён мегардад, ки Имом ҳеҷ гоҳ дар маросими "Чароғравшан" расми қурбониро манъ накардааст ва аз байн бурдани он кори шахсони алоҳида мебошад.
Ба ҳарфи Имоми замон амал накарданд
Дар баробари матни "Чароғнома" (таҳрири нав) ҳамчунин муқаддима ва дастури иҷрои он низ барои халифаҳо тақсим шуд, ки он ба қалами яке аз роҳбарони боломақоми дарбори Оғохон Шафиқ Соҷиддино тааллуқ дорад ва ба истилоҳи онҳо "меморандум" ном дорад. Дар ин дастур зикр шудааст, ки қурбонӣ дар суннати Носири Хусрав мавқеи хосеро ишғол мекунад, вале гуфта шудааст, ки набояд бори сангини молӣ ба гардани хонаводаи ғамзада бор кунанд. Барои ин гуфта шудааст, ки Имом амр намудаанд, ки бояд дар оянда ду намуди дигари қурбонӣ; рӯзаи як рӯзи пурра ва хидмати ифтихориро дар назар гиранд. Ҳарчанд Имом фармуданд, ки дар баробари забҳи гӯсфанд ин ду алтернативаи дигарро дар оянда дар назар гиранд, вале мутаассифона пешвоёни мазҳабӣ бидуни амри Имом забҳи гӯсфандро пеш аз он ки ҷамоат барои он омода гардад, онро аз байн бурданд ва дар миёни мардум ихтилофи сахтеро ба вуҷуд оварданд. Тааҷҷубовар ин аст, ки забҳи гӯсфандро манъ карданд ва ғамзадаҳо ин ду алтернативаро, яъне хидмати ифтихорӣ ва рӯза доштанро низ ба ҷо намеоранд. Агар мо жарфтар ба мазмуни ин дастур ворид шавем, дар он ҳеҷ гоҳ забҳи гӯсфанд манъ нашудааст, балки дар баробари қурбонии гӯсфанд ду алтернативаи дигар дар назар дошта шудааст. Яъне аз миёни ин се намуди қурбонӣ бояд ғамзада худ интихоб кунад ва дар ин ихтиёрот набояд халифаҳо ва мубаллиғони мазҳабӣ ӯро бо зӯроварӣ маҷбур кунанд. Зеро дар дин анҷом додани маросимҳо маҷбурӣ нест. Мумкин аст, шахсе пайдо шавад, ки тамоман ин намуди маросимҳоро анҷом додан намехоҳад. Пас касе набояд ӯро маҷбур кунад. Адолат ин аст, ки ғамзада бояд аз миёни ин се навъи қурбонӣ бо ихтиёри худ якеро интихоб кунад.
Дар дастури мазкур ҳамчунин ояи 37-уми сураи "Ҳаҷ"-и Қуръони карим оварда шудааст: "Гӯшт ва хуни шутурон ба Худо намерасад, он чи ба ӯ мерасад, парҳезкории шумо" . Ин ояро гӯё ба хотири манъ намудани забҳи гӯсфанд дар ин дастур овардаанд. Вале мутаассифона овардани ин оя барои манъи забҳи гӯсфанд дар маросими "Чароғравшан" бе асос мебошад ва ҷанбаи илмӣ нахоҳад дошт. Яъне ин оя дар мисоли суннати "Чароғравшан" бе мавқеъ истифода шудааст.
Тафовути ҷоҳилияти дирӯз ва имрӯз
Дар "Тафсири Ҳусайнӣ" оид ба шарҳи ин оя чунин зикр шудааст: "Оварданд, ки аҳли ҷоҳилият хуни қурбониҳои худро бар девори Каъбаи муаззама мемолиданд ва онро сабаби тақарруб мепиндоштанд. Ва дар замони ислом низ муъминон ба ҳамон қоидаи собиқаи доъияи олудагии муҳтарами Каъбаи муаззамаро доштанд. Ҳақ субҳона аз он наҳй карда фармуд: "Намерасад ба Худои таъоло гӯштҳои қурбонӣ, ки садақа медиҳанд ва на хунҳои эшон, ки ба вақти қурбонӣ мерезанд, валекин мерасад ба маҳали қабули вай" (Тафсири Ҳусайнӣ, саҳ.736).
Яъне дар замони ҷоҳилият мардум шутуронро қурбонӣ намуда, хуни онҳоро рӯи девори Маккаи муаззама мемолиданд, ки ин амали онҳо тибқи амри илоҳӣ манъ карда шуд. Вале забҳи ин шутурон дар даври ҷоҳилияти қабл аз ислом ба забҳи гӯсфанди маросими "Чароғравшан" ҳеч иртиботе надорад. Зеро мо ҳеҷ гоҳ дар маросими "Чароғравшан" шутурро забҳ намекунем. Вале тавре хабар дорем, дар Макка забҳи шутурон ба забҳи гӯсфандон табдил дода шуда ва ҳар сол дар маросими ҳаҷ аз ҷониби ҳоҷиён миллионҳо гӯсфанд забҳ мешаванд.
Аз андешаҳои боло чунин хулоса бармеояд, ки маросими қурбонӣ дар байни исмоилиёни Бадахшон мавқеи хосеро ишғол мекунад ва ҳеҷ кас ҳақ ва ҳуқуқ надорад, ки ин паҳлӯи фарҳанги моро, ки аз фарҳанги исломӣ сарчашма мегирад, аз байн бибарад. Балки мо вазифадор ҳастем, то аз байн бурдани онро пешгирӣ кунем ва дар ин масъалаҳо ихтиёрро ба соҳиби маърака ҳавола намоем.
Ин ҷо суханони худро хотима медиҳем ва ният дорем, ки дар оянда ин мавзӯъро ба таври васеъ таҳқиқ намоем ва номи он афроде, ки ин хидмати хирсонаро анҷом додаанд ва ба фарҳанги мо зарар расонидаанд фош созем ва матолибе бо забонҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ доир ба ин "корнамоиҳо" -и онҳо ба нашр расонем.
Қурбонназар Тавуров, муҳаққиқи соҳаи фалсафа