Гӯри Имом Ғаззолӣ дар Тӯс хор аст

Фарҳанг ва адаб 19.11.2011 09:58

Ғаззолӣ мусалмононро аз тарси файласуфҳо наҷот дод

Imom_GhazoliНому осори Имом Абуҳомиди Муҳаммади Ғаззолӣ 900 сол боз мояи ифтихори тамоми форсизабонон ва башарияти бедори ҷаҳон аст. Имом Ғаззолӣ бузургтарин донишманди дин ва андешапардози миллати мост, ки осори Ӯ, бахусус "Кимиёи саодат"- аш аз хонданитарин китобҳои дин ва ахлоқи исломӣ маҳсуб мешаванд.

Аллома Иқболи Лоҳурӣ мефармояд, ки Ғаззолӣ нахустин донишманде буд, ки дар инкори фалсафа китоб навишт ва аҳли шариатро аз тарсе, ки аз файласуфҳо доштанд, озод кард. Донишманде фармудааст, ки "Агар чунин мебуд, ки Худованд баъд аз Муҳаммад (с) паёмбари дигаре барангезад, он бешак Имом Ғаззолӣ мебуд". Ғаззолӣ дар эҳёи улуми дин ва кулли донишҳои замонаш ангуштнамо ва то кунун камназир аст. Ин олими бузург беш аз шаш сол сафири давлати Салчуқиён дар Исфаҳон буд ва баъдан ба вазифаи раиси Дорулфунуни Низомияи Бағдод таъин гардид. Дар иддае аз мамолики ҷаҳон ба шинохти Ҳуҷҷат- ул- Ислом Имом Ғаззолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд ва дар бархе аз донишгоҳҳои Аврупо ва қораи Араб марказҳои омӯзишу тадриси осори ин нобиғаи оламшинохта мавҷуд аст.

Дар мазори Ғаззолӣ не чароғе, не гуле

Ва оё донишмандони мо ва хонандаи ҳушманди тоҷик хабар дорад, ки бо вуҷуди ин ҳама бузургиву манзалату ҷоҳу ҷалол мадфани ин олими шаҳир ва алломаи камназир дар маҳалли Тобирони Тӯс дар ҳоли табоҳе қарор дорад. Ва аз ин имоми ҷасур, охирин муҷаддиди аср як хокдоне боқист, ки касоне ба он макон рафтаву онро дидаанд, бо дили садреш аз он ҷо баргаштаанд. Марде, ки бо ҷасорати хеш, бо офаридани китобе ба исми "Мақосид- ул- фалосифа" ба қавле гардани фалсафаи машшоӣ ва файласуфони шаккокро барои 800 сол шикаст ва хидматҳои пурарзише барои дини Худо анҷом дод, имрӯз дар мазори покаш ҷуз харобазоре не мақбара асту не сангу катибае. Ба қавле:

Бар мазори мо ғарибон не чароғе, не гуле,

Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле.

Магар дар Тӯс ҳамшаҳрии бузурги хешро намедонанд?

Ба дарки он хадамоти бузурге, ки Имом Ғаззолӣ барои Ислом ва эҳёи улуми дин анҷом дод, касе метавонад бирасад, ки аз таърих ва рӯзгори зиндагии Ғаззолӣ як каме огаҳӣ дошта бошад. Барои касоне, ки мехоҳанд бо он замони пурҳаводис, кашмокашҳои аҳли дин, бархӯрду низоъҳои мазҳабӣ ошноӣ дошта бошанд, хуб мебуд, агар шоҳасари офаридаи шарикдарс, ҳамшаҳрӣ ва дӯсти Имом Ғаззолӣ Ҳаким Низомулмулк;"Сиёсатнома"- ро боре бихонанд. Ва гӯри ин сиёсатмадори бузург ҳам дар Исфаҳон ҳоли табоҳ дорад ва тоза ба тармими он пардохтаанд.

Чанде қабл, замоне, ки дар Ирон мусофират доштам ва ба зиёрати мақбараи Ҳаким Фирдавсӣ ба Тӯс мерафтем, аз роҳбалади хеш хоҳиш кардем, ки моро сари мазори Имом Ғаззолӣ бубарад, вале посухаш ин буд, ки намедонад мазори Ғаззолӣ дар куҷост. Ва мутаассифона аз чанд нафаре ҳам, ки пурсидем, касе дақиқан намедонист, ки ин оламшинохтаи Тӯс- дар кадомин мавзеъи ин шаҳри бостонӣ хок шудааст.

Ғаззолӣ бояд шойистаи эҳтирому арҷгузорӣ бошад!

Ирон кишвари ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони мо, мояи ифтихори кулли форсизабонони олам аст. Ёдгориҳои Тахти Ҷамшед ва садҳо кушку маъбадҳои замони зардуштиву қабл аз исломӣ то ҳанӯз дар ин сарзамин хуб нигаҳдорӣ мешаванд, вале чаро хокдони як марди мусалмон, як ориф ва донишманди ислом?, гӯри як иронии забардасти илм беқадр ва хор бошад? Ин ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул нест!

Магар бузургонамонро аз рӯи мансубияти диниву мазҳабӣ бояд эҳтиром кунему арҷ бигзорем? Ва Ғаззолиро чӣ ҷурмест, ки дар Тӯс зода шуду он ҷо мадфан ёфт? Албатта Ғаззолии бузургу зинданом эҳтиёҷе ба он надорад, ки сари гӯри ӯ мақбара дуруст бикунанд, мо ҳастем, ки анҷоми чунин кореро бояд вазифаи имонӣ ва қарзи сангини худ бидонем. Ин мутафаккири беназир дар ахири солҳои ҳаёташ аз мардум канор рафт ва як зиндагии гумномиро ихтиёр карда, гӯшанишин шуда буд. Зиёд афродеро медонем, ки гӯрашон олӣ, вале худ гумноманд, навиштаву осоре ҳам агар доранд, касе намехонаду намедонад, аммо Имом Ғаззолӣ, ки мазораш харобу валангор аст, аммо ному осораш баландовозаву ҷаҳонгир мебошад.

Агар масъулини шаҳри Тӯс ва ҳукумати Ирон, ки зиёд аз алоиқи фарҳангӣ, ҳамдинӣ ва ҳамзабонӣ бо Тоҷикистон мегӯянд, мазори Имом Ғаззолиро обод кунанд, бешак ин амал боъиси боло рафтани обрӯ ва эътибори Ҷумҳурии Исломии Ирон ҳамчун кишвари посбони дину бузургони дин хоҳад шуд.

Ин арбада бо Ирони нозанин аз хотири силоҳи ҳастаӣ нест

Ирони бузург ифтихори Ислом ва муслимини ҷаҳон аст ва он ки имрӯз бархе қудратҳои ҷаҳонӣ ва зӯргӯёне дар олам мехоҳанд болои ин кишвари исломӣ ҳамла бикунанд, маҳз ҳамин ифтихори Ислому мусалмонони дунё будани ин сарзамини нозанин аст. Соҳиби силоҳи ҳастаӣ будани Ирон баҳонае беш нест. Агар чунин бошад, Покистон низ, ки як дигар кишвари исломӣ аст, кайҳо чунин силоҳ дорад. Ва он солҳост, ки шарики стротежии Амрико дар минтақа аст. Ин сиёсати дугонаи Амрико ва муттаҳидинаш имрӯз дигар барои ҳама ошкор аст.

Мо ҳаққи маънавии дигаргуна амал карданро ҳам надорем, зеро хуни мо, фарҳанги мо, дини мо, забони мо як аст. Аз ин рӯ аз давлати Ирон мехоҳем, ки сари масъалаи обод кардану гиромӣ доштани мазори Имом Ғаззолӣ нек андеша намоянд. Тавфиқ рафиқ бод!

Толибшоҳи Сайидзода

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97