Иқбол ва Халилӣ: Ду тан дар як пайкар

Фарҳанг ва адаб 15.10.2011 10:16

Ду шоири ваҳдатсаро

Du_paikar_dar_yak_tanМутолиаи осори Халилулоҳи Халилӣ бармало месозад, ки ӯ ба Иқболи Лоҳурӣ арҷи фаровон ниҳода ва аз осораш ба гунаи мухталиф мустафид буда. Дар воқеъ устод Халилӣ ба аллома Иқбол сахт ақидаманд буд ва иродати фавқулодда бузург дошт. Аз ин рӯ мо дар саросари осори Халилӣ нақши андешаву афкори Иқболро ба вузӯҳ боздид менамоем, зеро устод Халилӣ, ки масҳури афкору орои Иқбол буд, низ мисли Иқбол шоире озодихоҳ, бедоргар, мардумгаро ва масъул буд ва мехост кишвараш озоду ободу шукуфо ва халқаш пешрафтаву мутараққиву мутамаддин бошад. Лиҳозо, барои вай беҳтар аз Иқбол шоире сармашқу раҳнамо андешаманду мубориз ва шеъре пурҳарорату дастурдиҳанда ва инқилобию иҷтимоӣ пайдо кардан муҳол буд. Ҳамин буд, ки ӯ бе ҳеч дудилагӣ афкору ғояҳои ӯро пазируфт ва мисли вай барои наҷоти миллату кишвар ва ваҳдати мусалмонон камари ҳиммат баст ва билкул рӯ ба Иқболу ашъори ӯ овард. Чунонки Иқбол низ рӯ ба Мавлавӣ оварда буд, ӯ низ дилбастагию шефтагии худро ба ин марди инқилобию озодиҷӯю ҳакиму мубориз ва наҷотдиҳандаи мусалмонони Шарқ тавассути ашъораш ба намоиш гузошт. Рӯи ҳамин асос, ӯ борҳо дар ашъораш аз Иқбол ба унвони "ҳаким", "донои Шарқ" ёд мекунад ва азамату бузургии ӯро меситояд:

Хатм бар Иқбол шуд рои ҳама,

Буд ин маънӣ тааннои ҳама.

Наъраҳояш сӯи гардун мешуданд,

Дар фазо мисраъи гулгун мешуданд 1

****   ****   ****      

Файласуфи Шарқ, донои ҳаким,

Ҳиндро овози вай "Зарби Калим". 2

Даме бо Иқбол

Бояд гуфт, ки Иқбол соли 1933, бо даъвати Нодиршоҳ ба Афғонистон меояд. Устод Халилӣ низ дар пазироии Иқбол ба унвони мизбон ширкат меварзаду ин дидорбиниро барои худ як рухдоди муҳим ва бузург талаққӣ менамояд ва ашъоре ба ин муносибат эҷод мекунад, ки "Даме бо Иқбол" ном дорад ва бо ин абёт шурӯъ мешавад:

Буд асре баргрезону хазон,

Шаҳри Кобул рашки гулзори ҷинон…

Нури хуршедаш зи ҳар рӯзе фузун,

Осмонаш софу нағзу нилгун…

Ман дар ин фархундарӯзи дилнавоз,

Гаштам аз бахти ҳумоюн сарфароз.

Ҳукм шуд аз сӯи давлат ногаҳон,

То ба боғ оям ба номи мизбон.

Бо рафиқони дигар шомил шавам,

Ҳамдами мардони соҳибдил шавам…

Меҳмонон вориди бӯстон шуданд,

Дар сарои хештан меҳмон шуданд…

Дар миёна ҳазрати Иқбол буд,

Офтоби шеърро тимсол буд.

Орифи розошнои Мавлавӣ,

Асри ҳозирро чароғи маънавӣ…

Он ки баъд аз кишвари поки Ҳиҷоз

Бо дару девори афғон гуфт роз…

Осиёро хонда нақши обу гил,

Гуфта афғонро дар он пайкар чу дил… 3

Зиёрати мазори Иқбол

Устод Халлӣ бори дигар баъд аз марги Иқбол, соли 1330-и шамсӣ, ба зиёрати мазори Иқбол шарафёб мешавад. Ӯ таҳти таъсири ҳамин боздид шеъри "Ба оромгоҳи орифи Шарқ"-ро месарояд ва нақши бузурги ӯро дар бедории мардуми Шарқ, аз ҷумла мардуми Афғонистон, таъкид ва таъйид менамояд:

Турбати Иқболро кардам тавоф,

Давлате дидам дар ҷон ҷо бехилоф.

Дидаи бедори ӯ андар маном

В-он ду дасти теғ хуфта дар наём.

Мушти хокаш бурда бар гардун сабақ,

Тобад аз ҳар заррааш анвори ҳақ…

Зинда аз вай расму роҳи маънавӣ,

Равшан аз вай хонақоҳи Мавлавӣ.

Аз Саноӣ сӯзҳо дар синааш

В-аз наи Балхӣ наво дар нағмааш.

Ин навоҳо аз наывои кибриёст,

Корвони хуфтаро бонги дарост…

Бар мазораш буд лавҳе тобдор,

Ёдгори сарзамини кӯҳсор.

Дар дили он санг аз афкори вай

Бозхондам беҳтарин ашъори вай. 4

Халилӣ соли 1343 вориди Покистон мегардад ва боз ба зиёрати оромгоҳи Иқбол меравад ва дар ҳамин мавқеъ шеъри "Чашми уқоб"-ро месарояд. Худи ӯ дар ин бора дар оғози ин қасида чунин менависад: "Дар соли 1363/1964 мелодӣ бар фарози турбати омӯзгори бузург-аллома Иқбол арза шуд".5 Инак, матни он қасида, ки дар ситоиши Иқбол гуфта:

Эй, ки моро гардиши чашми уқоб омӯхтӣ,

Дидаи бедори худро аз чӣ хоб омӯхтӣ?

Шоми ҷамъеро намудӣ аз фурӯғи файз рӯз,

Тирашабро рӯз кардан з-офтоб омӯхтӣ.

Хуфтагонро бо садои шӯълаангези қалам

Сад такон додиву чандин инқилоб омӯхтӣ.

Гардани аҳрор дар юғи асорат буд хам,

Банд бигсастан ба мардум аз рақоб омӯхтӣ.

Ҳар суолеро, ки мушкил буд бар ақли салим,

Аз дабистони дил онро сад ҷавоб омӯхтӣ.

Бо "Рамузи бехудӣ", рози худӣ омехтӣ,

Мушти хоки мурдаро рафтори об омӯхтӣ.

Хоҷаро - гуфтӣ, нанӯшад баъд аз ин хуни фақир,

Бенаворо роҳу расми эътисоб омӯхтӣ.

Мавлавӣ дар гӯши ҷонат гуфт розе бас бузург,

З-он муаллим маънии уммулкитоб омӯхтӣ.

Дар куҳантаърихи Шарқ ангехтӣ шӯри навин,

Шавкати поринаро аҳди шабоб омӯхтӣ. 6

Дар Каъба ҳам ба ёди Иқбол

Иқбол таркиббанди "Каъба ва Иқбол"-ро соли 1966 ба муносибати солгарди Иқбол иншо намудааст. Воқеан, ӯро барои иштирок дар ин бузургдошт ба Лоҳур даъват карда буданд, аммо ба сабаби сафар ба зиёрати Каъба натавонист, ки дар он ширкат варзад. Лиҳозо, ин шеърро ба масобаи як навъ маъзаратнома навишт ва ба Лоҳур равон намуд:

Эй маҳфили ошиқони Иқбол

В-эй маҷамаи ошиқони Иқбол.

Будем ба орзу, ки имсол

Ойем ба остони Иқбол.

Сад бӯса занем аз сари шавқ,

Бар хоки сипеҳршони Иқбол…

          

Будем бад-ин умед шодон,

К-омад хабаре зи кишвари ҷон.

Ин мужда чу Офтоб як бор

Тобид ба кулбаи дили тор.

Эҳроми ҳарими шавқ бастем,

Парвозкунон ба сӯи дилдор.

Мондем рухи ниёз бар дар,

Судем сари адаб ба девор.

Ин узри ман, ар ба хоки Иқбол,

Эй бохабарон, кунед тазкор,

Аз турбати ӯ садо барояд,

К-аҳсант ба ин хуҷастакирдор.

Чун ёфт Халили бутгари мо

Дар кӯи Халили бутшикан бор.

Ин хилъати нав муборакаш бод

В-ин тоҷи тироз торакаш бод!

Ёри ошнои Афғонистон

Халилӣ рисолае дар ҳаҷми ҳаштод саҳифа ба номи "Ёри ошно" низ дорад, ки дар он аз алоқамандии Иқбол ба сарзамини Афғонистон сухан мегӯяд. Ин рисола аз бахшҳои "Ёри ошно" ("Бо ёри ошно сухани ошно бигӯ", "Ошноӣ бо аҳрори Ҳиндустон", "Давлати дидор", "Хостаи мо аз ин нигошта", "Иқбол, Покистон, Ҳиндустон", "Афғонистон ва Иқбол"), "Роҳбарони нахустин" ("Ҳаким Саноӣ",

"Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммади Балхии Румӣ", Саид Ҷамолиддини Асадободӣ", "Иқбол ва миллати Афғонистон", "Дар васфи шаҳри Кобул гӯяд", "Дар васфи Ғазна ва мазори султон Маҳмуд", "Шӯридаи Ғазна", "Хирқаи мубораки пайғамбари ислом дар шаҳри Қандаҳор", "Афкори Меҳрогули Афғон", "Иқбол дар дили мардуми Афғонистон" ва "шукуфаҳои шаҷараи ихлос" ("Турбати Иқбол", "Чашмаи уқоб", "Каъба ва Иқбол", "Билоли аср") фароҳам омадааст. Зимнан бояд гуфт, ки ҳам Иқбол ва ҳам Халилӣ-ҳар ду ба Мавлоно ишқ меварзанд, ба азамату нубуғи ӯ қоиланд, сари таъзим фуруд меоранд ва масҳури орову андешааш мебошанд. Лиҳозо, ӯро меситоянд, ашъорашро тазмину пайравию бозсозӣ менамоянд. Ин мисолҳо андаке аз бисёранд:

Иқбол;

Пири Румӣ-муршиди равшанзамир,

Корвони ишқу мастиро амир. 8

***     ***       ***

Рӯи худ бинмуд пири ҳақсиришт,

К-ӯ ба ҳарфи паҳлавӣ Қуръон навишт.

Халилӣ;

Ҷовидонӣ ҷони вай ин "Маснавӣ"-ст,

Дам ба дам аз ҷони қудсӣ дар навист.

"Маснавӣ" чун қулзуми маввоҷи ӯст,

Ин китоби маърифат меъроҷи ӯст. 10

Иродати ҳарду шоир ба Саноӣ

Ҳар ду шоир ба Саноӣ низ иродати зиёд доранд. Ин эътиқоду иродат ва алоқаи онҳо ба афкору андешаи Саноӣ дар осори эшон таҷаллӣ ёфтааст:

Он ҳакими ғайбдон соҳибмақом,

Туркҷӯши Румӣ аз зикраш тамом.

Дар фазои марқади ӯ сӯхтам,

То матои нолае андӯхтам. 11

                                               Иқбол

Ғазна гар сӯхт, Саноӣ кунад овоз баланд,

Сӯхт гар шаҳри Ҳарӣ, Хоҷаи Ансоре ҳаст. 12

***   ***       ***    

Хусраво, дар боргоҳат армуғон овардааст,

Аз шабистони Саноӣ достон овардаам. 13

                                                 Халилӣ

Таассури Халилӣ аз Иқбол дар саросари осори ӯ ҳувайдост. Ин таассурро мо ҳам дар судҷӯӣ аз мавзӯву мазмун, ҳам дар орову афкор ва ҳам ғояву ормон бармало боздид менамоем. Аммо мо дар ин мавқеъ бо овардани намунаҳо иктифо менамоем:

Тарош аз тешаи ху ҷодаи хеш,

Ба роҳи дигарон рафтан азоб аст.

Агар аз дасти ту кори нодир ояд,

Гуноҳе ҳам агар бошад, савоб аст. 14

                                                  Иқбол

Боз кун роҳро ба нерӯят,

Шерваш такя кун ба бозӯят.

Роҳ дур асту пеш бояд рафт,

Лек бо пои хеш бояд рафт. 15

                                     Халилӣ

Соҳили афтода гуфт: гарчи басе зистам,

Ҳеҷ на маълум шуд, оҳ, ки ман чистам?

Мавҷи зи худ рафтае тез хиромиду гуфт:

Ҳастам, агар меравам, гар наравам, нестам! 16

                                                                          Иқбол

Мавҷ шав, мавҷ, ки ларзад зи ту соҳил шабу рӯз,

Ҷунбиши зиндагӣ аз хоби гаронбор махоҳ! 17

                                                                       Халилӣ

Зиндагӣ ҷаҳд асту истеҳқоқ нест,

Ҷуз ба илми анфусу офоқ нест. 18

                                              Иқбол

Чун мурда ба кӯи зиндагон аст,

Ҳар қавм, ки ҷунбише надорад. 19

                                             Халилӣ

***         ***       ***

Орзуро дар дили худ зинда дор,

То нагардад мушти хоки ту мазор. 20

             *** *** ***

Зиндагӣ бар орзу дорад асос,

Хешро аз орзуи худ шинос. 21

                                          Иқбол

Дарҳои умедро агар барбастанд,

То марг бувад, рахнаш деворе ҳаст.22

*** ***   ***

Манеҳ зинҳор аз каф шамъи умед,

Агар хоҳӣ расӣ рӯзе ба ҷое.

                                        Халилӣ

Фасоди асри ҳозир ошкор аст,

Сипеҳр аз зиштии ӯ шармсор аст.

Агар пайдо кунӣ завқи нигоҳе,

Дусад шайтон туро хидматгузор аст. 24

                                                       Иқбол

Асри мо асри фиреб асту фасод,

Асри зулму кизбу кибр асту инод. 25

                                             Халилӣ

Ҳамсадоийи Бедордилон

Тавре ки аз ин намунаҳои андак низ мебинем, шеъри Халилӣ аз лиҳози мавзӯву мазмун, ғояву сувари хаёл, вожагону таркибот ва амсоли ин бо шеъри Иқбол ҳамнавою ҳамсадо аст. Худҷӯиву худёбӣ, такя бар хештан, яъне аз дигарон таваққуи ёрӣ надоштан, васфи озодиву истиқлол, растагорӣ аз таассубу хурофоту бардагию ақибмондагӣ, аз хоби ғафлат бедор кардани ҳамватанон, ташвиқи кору кӯшиш, фаъолиятмандӣ ва ҳаракату амал, муборизаҷӯӣ, мардонагӣ, шуҷоат, баландҳимматӣ, муқовимат бо мушкилоти зиндагӣ, сахткӯшӣ, қавидилӣ, ҷустуҷӯ, орзупарварӣ, хушбинӣ, арзиши илму ҳунар, ақлу хирад, шукӯҳи инсон, ваҳдати мусалмонон ва ғайра мавзӯъҳое мебошанд, ки Иқболу Халилӣ дар ашъори худ мутаранним шудаанд ва бад -ин тартиб дарси бедорию ҳушёрӣ ба ҳамватанони худ ва кули мардуми Шарқ додаанд. Бад - ин маънӣ, ҳар ду шоир ҳам шоирони паёмрасону адолатҷӯву масъуланд ва рисолати таърихии худро дар он мебнанд, ки ҳамватнони худро аз хоби ғафлат бедор созанд, ба сӯи илму донишу тамаддун раҳнамоӣ кунанд ва аз хорию зории мусулмонон, ки дар ҳавзаи таассубу хурофоту нодонию ақибмондагӣ ба сар мебаранд, бикоҳанд, то эшон низ мисли соири бани башар дар ҳолати созандагию зебоӣ, тафохуру рушду нумуву шукуфоӣ ва боландагӣ зист намоянд ва аз неъматҳои дунё баҳраманд гарданд. Бад-ин маънӣ, ҳарду ахтаре буданд, ки дар уфуқи тираву тори Шарқ тобиданд ва аз розу рамзи зиндагӣ сухан гуфтанд ва тухми умеду орзуву зиндагию ҳақиқату адолату муборизаву озодиву ваҳдатро дар синаи мардуми мазлум кишт карданд. Ҳамин гуна кору пайкор ва ҷонфидоиву хидматҳояшон буд, ки адибон дар ҳаққашон суханҳое хонданию ба ёд супурданию ҷовидона гуфтаанд ва бад ин тартиб дури маънӣ суфтаанд. Чунончи:

Сар зад аз Лоҳур рахшон ахтаре,

Он ки Покистон ҳаменозад бад-ӯ.

Худ на Покистон, ки хоки Ҳиндро,

Хомаи Иқбол бахшид обрӯ…

Ҳар кӣ чун ӯ зинда гардонад сухан,

Дар ҷаҳон ҳаргиз намирад номи ӯ. 26

                                       Қосими Расо

Ва:

Дар шеъру адаб доди сухан дод Халилӣ,

Аз пешравон пештар уфтод Халилӣ…

Пурсанд гар имрӯз, ки устоди сухан кист?

Гӯем ҳамоҳанг, ки устод Халилӣ.

То ном зи Афғону зи Ирон ба ҷаҳон аст,

Номи ту ба таърих бимонад Халилӣ.

                                                  Ҳабиби Яғмоӣ

Ҷамолиддин Саидзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97